Перейти к основному содержанию

Хидматҳои арзишманди шоири тавоно ва ватансаро Камол Насрулло дар рушди адабиёти муосири тоҷик ва фаъолияти ибратбахши ҷамъиятии ӯ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои адабпарвару фарҳангдӯсти миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони баланди Шоири халқии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии адабии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, ордени «Шараф» ва даҳҳо ҷоизаҳои адабӣ қадршиносӣ шудааст.

Дар ин радиф дар маҳфили адабӣ- эҷодӣ, ки моҳи декабри соли гузашта ба ифтихори 75- солагии ӯ дар Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент ба номи Олим Бобоев баргузор шуда буд, ба шоир бо дастури мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калиди хонаи нав тӯҳфа шуда буд.

Санаи 7 май дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар манзили наваш, ки дар қабати дуюми бинои нави баландошёнаи истиқоматӣ дар маҳаллаи Навободи шаҳр ҷойгир аст, мулоқот намуда, ба ӯ ҳуҷҷати соҳибмулкии онро супориданд.

Манзили нави шоир аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо ҳама ҷиҳози рӯзгор таъмин карда шудааст.

Дар сӯҳбати гарму самимӣ Камол Насрулло ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ин ғамхорӣ ва тӯҳфаи арзишманд сидқан изҳори сипос намуд.