(Ба пешвози 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.
Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ
Мо сокинони Тоҷикистон шукрона аз он мекунем, ки дар диёру Ватанамон сулҳу суботу амонӣ барқарор буда, парчами он пайваста парафшониву нурафшонӣ менамояд, ки бо қудуми муборак ва ҷидду ҷаҳди шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи бонангу номус ба мову шумо чун туҳфаи нодиру гаронбаҳо ато гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки Истиқлолияти ҳар як миллат арзиши бузург ва муқаддас ба шумор рафта, яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини таърихӣ мебошад. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 эълон гардида, ба аҳли диёру Ватан имконият дод, ки роҳи мустақили сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худро интихоб намоянд. Бо вуҷуди ин, солҳои аввали истиқлолият кишвар бо мушкилоти зиёд, аз ҷумла ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардид, вале бо талошу заҳмат ва ваҳдати миллӣ, Тоҷикистон сулҳ ва субот барқарор шуд. Ҳамин тавр, дар тӯли 35 соли истиқлолият ин кишвари офтобӣ бо эҷоди мактаби сулҳу созандагӣ дар самтҳои гуногун ба дастовардҳои назаррас, аз ҷумла, рушди инфрасохтор, сохтмони роҳҳо, неругоҳҳои барқӣ, мактабҳо ва беморхонаҳо ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ноил гардида, соҳаҳои маориф ва илм рушд ёфта, имкониятҳои таҳсил барои ҷавонон бештар гардиданд. Яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад, ки заминаи асосии суботи сиёсӣ ва пешрафти иқтисодӣ фароҳам овард. Ҷашни 35-солагии истиқлолият барои Тоҷикистон марҳилаи муҳими таърихӣ буда, на танҳо рамзи озодӣ ва мустақилият, балки нишонаи пешрафт ва умед ба ояндаи дурахшон маҳсуб меёбад.
Бояд қайд кард, ки об сарвати фаровони ин сарзамин буда, манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудияти олам маҳсуб меёбад, ки ба зиндагӣ таровату ҳаловату покизагӣ мебахшад. Ҳамин тавр, ҳастии мову шумо инсонҳо, гулу гиёҳу буттаҳо, ҳайвоноту наботот растаниҳо ва зиндагии озоду ободу ором рабту вобастагии зич ба обу манбаъҳои асосии он, аз ҷумла дарёву яхпораҳо дорад. Мо сокинони Тоҷикистон ифтихор аз он мекунем, ки диёри арҷманди мо дорои чунин сарват бебаҳо мебошад, ки бузургони забону адаб роҷеъ ба поку тоза нигоҳ доштан, қадршиосӣ аз ҳар як катраи он таъкид намуда, ҳикояву достону шеърҳо эҷод карданду мекунанду хоҳанд кард. Ва ё ба ибораи дигар:
Зи ҷуе, ки хурдӣ аз он оби пок,
Набояд фикандан дар он сангу хок........эътирофу эҳтиром кард, ки тамоми мавҷудоти олам аз он истифода мебарад.
Маврид ба зикри хос аст, ки "Қадри зарро заргар медонад", масали машҳур миёни мардумони мо мебошад, ки моро водор месозад, то чунин неъмати бебаҳоро дар муқоиса ба халқу миллатҳои дигари ҷаҳон бештару беҳтар бидонем. Зеро сарзамин мо манбаи фаровони обу дарёҳову пиряхҳост, ки истифода ва мудирияти дурусти ҳамаи он заминаи хубро барои ҳамаи кишварҳои дунё фароҳам хоҳад овард.
Ин ҷо бояд қайд кард, ки қимати чунин сарвати бебаҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти кишвар сари вақт дарк карда, ба ҳамаи роҳбарони ҷаҳон таъкид намуд, то ҳар қатраи онро бояд ҳушмандона истифода кард. Дар доираи чунин хиради волои Президенти кишвар ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон ба мисоли соли "Оби Тоза","Об барои Ҳаёт" ва "Об барои рушди устувор", 2018-2028” пешниҳод гардида, даҳҳо семинару чорабиниҳои ватаниву ҷаҳонӣ доир гардид, ки тибқи нақша то ба имрӯз идома дорад.
Ҳамаи ин ташаббусҳои созандаи Президенти кишвар аз он шаҳодат медиҳад, ки барои дарки дурусти мафҳуми "Қадри зар, заргар шиносад; Қадри гавҳар, гавҳарӣ" худи инсон дар аввал бояд гавҳаршиносу заргаршинос буд, вагарна ҳамаи дороиву фаровониҳо талаф ёфта, аз даст хоҳанд рафт. Ҳамин тавр, моро ҳам фарз асту ҳам қарз то дар раванди шаклгирии ҷаҳони бисёрқутба аз ташаббусҳои созандаи роҳбари кишвар ҳимоят кард ва ба қадри обу дарёҳои диёру Ватан расида, сарфакорона истифода намуд.
Маврид ба зикри хос аст, ки кишвари Тоҷикистон яке аз ташаббускорони муҳим дар масоили обу пиряхҳо буда, баргузории конференсияи байналмилалии "Об барои рушди устувор",2018-2028 ва фестивалу барномаи фарҳангӣ таҳти унвони «Об-сарчашмаи ҳаёти башар» саривақтӣ буда, муҳим арзёбӣ мешавад.Мояи шарафу ифтихори мо тоҷикон аст, ки аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» баргузор мегардад.
Бояд қайд кард, ки чунин форуму конфронсҳо бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони рушд бо мақсади мусоидат ба пешрафт дар татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», ки бо Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 21 декабри соли 2016 эълон гардида, тавассути он манзараҳои ҷолиби табиат, мавзеъҳои сайёҳию истироҳатӣ ва иқтидори обию энергетикии кишвар хубтар муаррафӣ мешаванд. Дар доираи чунин конфронсу форумҳо масъалаҳои мубрами об баррасӣ гардида, тавассути он зарфияти обию энергетикии Тоҷикистон ва истифодаи захираҳои обӣ дар самти рушди иқтисод бештару беҳтар муаррифӣ мегарданд. Тоҷикистон ҳамчун давлати серобтарин ва дорои захираҳои бойи обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишвари ташаббускор дар соҳаи обу иқлим буда,аз дастовардҳои бузурги 35 соли Истиқлоли кишвар буда, сокинонро водор месозад, то қадршиносу заргаршинос буда, барои рушду пешрафти диёру Ватан якҷоя талош намуд.
Кишвари Тоҷикистон саршор аз обҳои тоза буда, оқилона истифода кардани об барои кишварҳои ҷаҳон ва ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистону Покистон низ манфиат хоҳад расонд. Дар китоби "Ҷаҳон дар соли 2020", ки аз ҷониби нависанда Ҳамиш Мекрой таҳия шудааст, об чун манбаи асосӣ ишора шуда, он ба мисли сузишворӣ ба як чолиши сиёсӣ дар байни кишварҳо дар солҳои баъдӣ табдил хоҳад ёфт. Бояд ёдовар шуд, ки 80% заминҳои Покистон, Миср ва 92% Ҳиндустон бо системаи обёркунии барқарор шуда, ҳамеша талош меварзанд, то аз технологияву барномаҳои навин истифода карда, ҳосилнокии заминҳояшонро муҳофизат намоянд.
Хулоса, метавон таъкид кард, ки мардуми мо бояд шукрона аз ин неъмати бебаҳо намоянд, ки дар сарзамини обҳои ошомиданӣ, кӯҳҳои баланди осмонӣ ва табиати зебои худододӣ дар зери сояи амну суботи миллӣ умр ба сар мебаранд. Ва бо истифода аз ин захираҳо ва талошу машваратҳои муфид метавонанд кишвари Тоҷикистонро ба як давлати пешрафтаи дунё табдил диҳанд. Ба қавли шоир Муҳаммад Иқбол:
Баҳри инсон чашми ман шабҳо гирист,
То даридам пардаи асрори зист...
Дар ниҳоят бояд зикр кард, ки Президенти сулҳовар ва мардуми сулҳпарвари Тоҷикистон дар доираи мактаби сулҳу субот баҳри сулҳу созандагии аҳли башар саҳм гузошта, Маҷмаи умумии СММ ҳамаи ташаббусҳои созандаи кишварро дар соҳаҳои гуногун ба хусус об бо қабули қатъномаи махсус пазируфт, ки хело муҳим арзёбӣ мешавад. Ҳамин тариқ, кишварҳои ҷаҳон пайваста пешниҳоду ибтикороти Президент ва мардумро ҳимоя намуда, тавассути форуму ҷаласаҳо дар ҳалли масоили мубрами обу иқлим муштаракона талош меварзанд. Ба андешаи нигорандаи сатрҳо дар доираи чунин форуму ҷаласаҳо кишварҳои ҷаҳон метавонанд аз унсуру моделҳои хос дар рушду пешрафти иқтисодӣ, фаъолсозии лоиҳаву барномаҳои муассири пазируфташуда дуруст истифода намуда, мудирияти минтақа ва ҷаҳонро дар доираи мактаби нодиру намунавии сулҳу дӯстиву созандагии Тоҷикистон таҳкиму тақвият бахшанд.
РАҲМОНОВ МИРСАИД - ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу
Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

