Перейти к основному содержанию

Чӣ гунае, ки медонем, чанде пеш дар доираи лоиҳаи Артемида 2 (Artemis II) кайҳоннавардон ба мадори Моҳ сафар карданд. Ин сафар аз 1 то 11-уми апрели соли 2026 идома карда, дар доираи он кайҳоннавардон аз фосилаи хеле наздик сатҳи Моҳро мушоҳида намуда, аз минтақаҳои гуногуни он садҳо аксҳои нодиру ҷолиб гирифтанд. Ин яке аз рӯйдодҳои муҳимми солҳои охир дар самти омӯзиши кайҳон ва кайҳоннавардӣ ба шумор меравад, зеро ба шарофати он на танҳо тасвирҳои тоза ва баландсифат, балки маълумоти арзишманд барои шинохти беҳтари хусусиятҳои сатҳи Моҳ ба даст омада, дастгоҳу таҷҳизоти нави кайҳоннавардӣ санҷида шуданд.

Дар раванди сафар аз тарафи кайҳоннавардон ва дастгоҳҳои худкор аксҳои хеле зиёд гирифта шудаанд, ки дар сомонаи НАСА дастраси омма мебошанд. Ин тасвирҳо на танҳо барои муҳаққиқон, балки барои ҳар шахсе, ки ба илми кайҳон, ситорашиносӣ ва омӯзиши ҷирмҳои осмонӣ таваҷҷуҳ дорад, манбаи бисёр арзишманд ба ҳисоб мераванд. Дар байни ин аксҳо манзараҳои гуногуни сатҳи Моҳ, аз ҷумла ҳавзаҳо, танӯраҳо, кӯҳсорҳо ва минтақаҳои дорои осори бархӯрдҳои қадима низ дида мешаванд. Барои ман, ҳамчун пажӯҳишгари тоҷик ҷолиб буд, ки оё дар аксҳои кайҳоннавардон танӯраҳое, ки ба номи донишмандони тоҷик номгузорӣ шудаанд ҳастанд ё не. Пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд дар акси рақами art002e012261 танӯраи Умари Хайёмро ёфтам, ки бо ранги сурх ишора шудаст. Ин акс тавассути дастгоҳи аксбардории NIKON D5 бо масофаи конунии 185 мм, рӯзи 6 апрел, соати 19:25 гирифта шудааст. Ҳарчанд, ки дар ҷомеаи мо Умари Хайём чун рубоисаро машҳур аст, вале аслан ӯ файласуфи барҷаста, риёзидони беназир ва астрономи бузург аст, ки аксаран дар бораи тақвими ӯ ва дақиқияти он шунидаанд.

Хидматҳои Умари Хайёмро дар соҳаи ахтаршиносӣ ба назар гирифта, Иттиҳоди байналмилалии астрономон соли 1970 танӯраеро дар сатҳи Моҳ ба шарафи ӯ номгузорӣ кардааст. Танӯраи Умари Хайём бо қутри тақрибан 69 километр ва умқи ~2,8 километр дар канори шимолу ғарбии танӯраи калонтари Почобут ҷойгир аст. Илова бар ин, лаби шимолу-ғарбиашро танӯраи нисбатан ҷавонтар – Зигмонди пӯшонда, гӯё пайғом медиҳад, ки ин минтақа аз чанд бархӯрди калони кайҳонӣ ҳосил гаштааст. Дар наздикиҳои танӯраи Хайём танӯраҳои Каннисаро ва Эллисон ҷой доранд. Маркази ин танӯра дар координатаҳои селенографии 58°13′ арзи шимолӣ ва 102°13′ тӯли ғарбӣ қарор дорад. Пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки ин танӯра тақрибан 4 млрд сол пештар пайдо шудааст.

Ҳарчанд танӯраи Умари Хайём дар қисмати нонамоёни Моҳ ҷойгир аст, вале аз сабаби ларзиши Моҳ (либратсия) дар баъзе ҳолат онро дар канори доси Моҳ мушоҳида кардан мумкин аст Шояд дар аксҳои дигари миссияи Артемида 2 низ танӯраҳои тоҷикон дида шавад, вале ҷустуҷӯ ва шиносоии онҳо вақту заҳмати зиёд талаб мекунад.

Ризои Баҳромзод