Перейти к основному содержанию

Имрӯз 3-уми апрели соли 2026 дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами сотсиологияи муосир дар Тоҷикистон» баргузор гардид.

Конференсия ба фаъолияти узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сотсиологӣ, профессор Шоназар Шоисматуллоев бахшида шуда, муҳаққиқону олимони соҳаҳои гуногуни илмро гирди ҳам овард.

Конференсияро директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ифтитоҳ намуданд.

Дар оғози ҳамоиш ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор Саломиён Муҳаммадовуд бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, таъкид кард, ки рушди илми сотсиология дар шароити ҷаҳонишавӣ барои дарки амиқи равандҳои иҷтимоӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ аҳамияти калидӣ дорад.

Ҳамзамон саҳми арзишманди профессор Шоназар Шоисматуллоевро дар ташаккули мактаби миллии сотсиология махсус зикр намуда, чунин изҳор дошт: «Илм на танҳо василаи дарки воқеият, балки пояи устувори пешрафти ҷомеа мебошад ва сотсиология ҳамчун оинаи ҷомеа моро ба шинохти амиқи равандҳои иҷтимоӣ раҳнамун месозад».

Дар идомаи қисми пленарии конференсия як қатор олимони маъруф бо маърузаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд. Аз ҷумла, Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз дар мавзуи нақши Пешвои миллат дар эҳёи худшиносии миллӣ суханронӣ намуда, масъалаҳои муҳимми сиёсиву фарҳангиро баррасӣ кард. Қурбонов Абдураҳмон вазъи маорифро таҳлил намуда, дурнамои рушди онро дар шароити муосир арзёбӣ намуд.

Ҳамзамон, маърузаҳои Гарибшоев Гарибшо ва Мирзода Фирӯз ба мероси илмӣ ва саҳми профессор Шоназар Шоисматуллоев бахшида шуда, аҳаммияти мактаби илмии ӯ дар рушди сотсиологияи миллӣ таъкид гардид. Зиёев Идибек ба ҷанбаҳои фалсафии шахсияти олим таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Дар маърузаи Улмасов Раҳмон масъалаҳои муҳоҷират ва таъсири он ба тағйироти иҷтимоӣ мавриди таҳлил қарор гирифт, ки яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи муосири Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар навбати худ, Шоназар Шоисматуллоев дар баромадашон масъалаи ташаккули ҳувияти шаҳрвандиро баррасӣ намуда, мушкилоту дурнамои онро дар шароити имрӯза таҳлил карданд.

Дар бахшҳои минбаъдаи конференсия мавзуъҳои гуногуни марбут ба рушди мактаби миллии сотсиология, равандҳои иҷтимоӣ, муҳоҷират, тағйирёбии арзишҳо, нақши оила ва ҷавонон, инчунин, таъсири ҷаҳонишавӣ мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд. Маърузаҳо нишон доданд, ки ҷомеаи Тоҷикистон дар марҳилаи тағйироти ҷиддӣ қарор дошта, омӯзиши илмии ин равандҳо барои таҳияи сиёсати самараноки иҷтимоӣ ниҳоят муҳим мебошад.

Дар умум, конференсия ҳамчун як майдони муҳимми мубодилаи афкор ва таҷриба арзёбӣ гардида, барои рушди минбаъдаи илми сотсиология ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ заминаи мусоид фароҳам овард.