Зан–модар дар тамаддуни башарӣ яке аз арзишмандтарин ва муқаддастарин мавқеъро ишғол менамояд. Ӯ сарчашмаи ҳаёт, рамзи меҳру муҳаббат, таҷассумгари покӣ ва пояи устувори пойдории ҷомеа ба шумор меравад. Ҳар як инсон аз домони поки модар ба дунё омада, дар оғӯши гарми ӯ нахустин сабақҳои зиндагӣ — муҳаббат, садоқат, инсондӯстӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсониро меомӯзад. Аз ҳамин лиҳоз, модар нахустин омӯзгор, аввалин мураббӣ ва мактаби ибтидоии тарбия барои ҳар як фарзанд мебошад.
Бузургии зан–модар пеш аз ҳама дар рисолати муқаддаси ӯ — офаридани ҳаёт ва тарбияи насли инсонӣ зоҳир мегардад. Модар бо меҳри беандоза ва ғамхории бепоён фарзандро ба воя расонида, ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят менамояд. Маҳз бо дуои неки модар ва дастгирии маънавии ӯ инсон метавонад ба қуллаҳои баланди дониш, маърифат ва камолоти инсонӣ бирасад. Аз ин рӯ, меҳри модар ҳамчун муқаддастарин эҳсос дар зиндагии инсон мақоми хос дорад ва ҳамеша чароғи роҳнамои фарзандон маҳсуб меёбад.
Дар фарҳангу анъанаҳои миллӣ арҷгузорӣ ба зан–модар ҷойгоҳи хоса дорад. Ҷомеае, ки занро гиромӣ медорад, дар асл ба арзишҳои олии инсонӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ эҳтиром мегузорад. Зеро зан–модар на танҳо тарбиятгари фарзанд, балки бунёдгузори муҳити маънавии ҷомеа ва нигаҳбони суннатҳои неки миллӣ мебошад. Маҳз тавассути меҳру муҳаббат, сабру таҳаммул ва бурдбории модарон фазои орому солими оила ва ҷомеа ташаккул меёбад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста ба мақому манзалати баланди зан–модар ишора намуда, таъкид менамоянд, ки зан–модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, рамзи покӣ, сабру таҳаммул ва идомабахши ҳаёти инсон мебошад. Ин андешаи пурҳикмат бозгӯи он аст, ки тарбияи насли солиму ватандӯст пеш аз ҳама аз домони поки модар оғоз меёбад.
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мақому манзалати занону бонувон дар ҷомеа боз ҳам баланд гардида, барои иштироки фаъолонаи онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Занони тоҷик имрӯз дар рушди илму маориф, фарҳанг, иқтисодиёт, сиёсат ва дигар бахшҳои муҳими ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд. Онҳо бо фазлу заковат, масъулиятшиносӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар пешрафту ободии кишвар нақши арзанда доранд.
Зан–модар на танҳо тарбиятгари насли оянда, балки нигаҳбони арзишҳои маънавӣ ва фарҳангии миллат низ мебошад. Модарон бо заҳмати шабонарӯзӣ ва муҳаббати беканор фарзандонро дар рӯҳияи худшиносӣ, ифтихори миллӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанг ва садоқат ба Ватан тарбия менамоянд. Маҳз чунин тарбия асоси бунёди ҷомеаи солим, пешрафта ва мутамаддин мегардад.
Дар васфи зан–модар бузургтарин шоирону адибони тоҷик суханҳои пурҳикмат гуфтаанд. Аз ҷумла, устоди сухан Мирзо Турсунзода дар байти пурмазмуни худ чунин мефармояд:
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,
Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо.
Зан агар оташ намешуд, хонаи мо сард буд,
Бе чароғи равшане дар шом мемондем мо.
Ин суханони пурҳикмат бозгӯи ҳақиқати равшананд: агар меҳру муҳаббати зан–модар набошад, зиндагӣ гармӣ ва маънии аслии худро аз даст медиҳад. Маҳз муҳаббати поки модар аст, ки ба зиндагии инсон равшанӣ мебахшад ва ӯро ба роҳи неку созандагӣ ҳидоят менамояд.
Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба зан–модар қарзи инсониву виҷдонии ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Гиромидошти модар дар асл гиромидошти зиндагӣ, оила, миллат ва ояндаи давлат аст.
Дар ин айёми фархунда ба ҳамаи модарону бонувони гиромӣ сиҳатмандии бардавом, рӯзгори ободу осуда, саодати зиндагӣ ва комёбиҳои бепоён орзу менамоем. Бигзор хонадони ҳар яки онҳо пур аз меҳру муҳаббат, сулҳу оромӣ ва файзу баракат бошад. Нури чеҳраашон ҳамеша тобон, қалбашон пур аз умед ва умрашон дарозу пурсаодат бод.
Саидзода Ҳалим Азиз - доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири кафедраи
забонҳои хориҷии назди Раёсати тайёр кардани кадрҳои илмии АМИТ
