Дар замони муосир ҳар як миллатро донишмандони наҷиб ва асилаш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд. Ин олимони забардаст дар ҷаҳони маънӣ барои он чеҳраҳои шинохта эътироф мегарданд, ки афкори онҳо тараққиёти ҷомеаро ба садсолаҳо пеш мебаранд ва дар амалӣ шудани орзуву ормони мардум, миллат ва башарият нақши боризеро иҷро менамоянд.
Аз ин рӯ, дар раванди бархурди фарҳангӣ барои ҳифзи арзишҳои миллии хеш, миллати мо ба шахсиятҳои ҷаҳонӣ, ё чуноне, ки мегӯянд, олимони ҷаҳоншумул ниёз дорад. Шахсияте, ки таҳлилҳо ба ифтихораш бахшида шудаанд, доктори илмҳои сотсиология, профессор Шоназар Шоисматуллоев бешак аз чунин афроди сарбаланд ва бузурги миллати тоҷик мебошад. Устод Шоназар Шоисматуллоев бо фаъолияти пурсамарва натиҷадори худ ба чунин сарбаландию сарафрозӣ расида, ба яке аз чеҳраи шинохташудаи миллат ба ҳисоб меравад.
Устод Шоназар Шоисматуллоев донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ)-ро бо ихтисоси муаллими фанҳои забон ва адабиёти рус хатм намудааст. Дар солҳои 1970–1971 таҷрибаомӯзи Институти таҳқиқотҳои мушаххаси иҷтимоии Академияи илмҳои ИҶШС буд. Солҳои 1971–1974 таҳсил дар аспирантураи Институти таҳқиқотҳои сотсиологии АИ ИҶШС-ро давом дода, аз солҳои 1988–1989 курси такмили ихтисоси ҳамин институтро хатм менамояд. Солҳои 1993–1997 ба ҳайси докторанти Институти сотсиологияи Академияи илмҳои Федератсияи Россия фаъолият намудааст. Дар соли 1977 дар мавзӯи «Омилҳои иҷтимоии интихоби касб» дар шӯрои диссертатсионии назди Институти таҳқиқотҳои сотсиологии АИ ИҶШС рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои фалсафа аз рӯйи ихтисоси 09.00.09 – сотсиологияи таҷрибавӣ мушарраф мегардад. Соли 2000 дар мавзӯи «Ҷойивазкунии иҷтимоии байнинаслӣ ва таҳаввулоти рафтори иҷтимоии ҷавонон дар ҷомеаи буҳронӣ» рисолаи докторӣ дифоъ карда, унвони доктори илмҳои сотсиологияро аз рӯи ихтисоси 22.00.04 – сохтори иҷтимоӣ, институтҳо ва равандҳои иҷтимоӣ соҳиб гардид. Бо қарорҳои дахлдори ВАК, соли 2003 ба унвони дотсент ва соли 2005 ба унвони профессор аз рӯи ихтисос сарфароз гашта, соли 2008 ба ҳайси узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб шудааст [1].
Устод осори зиёди илмие таълиф намудаанд, ки машҳуртарини онҳо “Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият: дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ ва иҷтимоӣ – фарҳангӣ”, “Тоҷикистон дар оинаи меросият ва ивазшавии наслҳо”, “Зӯроварӣ нисбати занон: дирӯз ва имрӯз”, “Маълумоти духтарон”, “Зан ва нашъа (ҳаммуалиф)”, “Наслҳо дар системаи таълимот”, “Тоҷикистони шуравӣ”, “Характери байналхалқии худмуайянкунии ҳаётии ҷавонон (ҳаммуалиф)”, “Роҳи ҳаётии як насл (ҳаммуалиф)”, “Хислати интернатсионалии худмуайянкунии ҳаётии ҷавонон”, “Ибтидои роҳ. Насл бо таҳсилоти миёна (ҳаммуалиф)”, “ҲКИШ ва раванди барқароршавии якрангии иҷтимоии ҷамъияти шуравӣ” , “Механизмҳои асосии ташаккули ҳувияти аҳолӣ дар Тоҷикистон”, “Сабабҳо, хатарҳо ва роҳҳои пешгирии экстремизм дар Тоҷикистон (таҳлили натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ) “Ватандӯстӣ, маърифати ҳуқуқи. ҳувияти миллӣ ва муқовимат ба экстремизм дар шароити муосири Тоҷикистон (маводи натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ”, “Масъалаҳои иҷтимоӣ- иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (маводи таҳлилӣ оид ба натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ)” ва “Сотсиология” мебошанд, ки дар омӯзиши сотсиологияи ватанӣ ниҳоят нақши калон ва ҳалкунанда доранд [2, с.86].
Масъалаҳои асосии таҳқиқоти илмии профессори Ш. Шоисматуллоев ба омӯзиши худмуайянкунии касбӣ ва иҷтимоии насли наврас, таҳаввулоти системаи таҳсилоти умумӣ ва касбӣ, инкишоф ва тағйироти сохтори иҷтимоӣ, табақабандӣ ва ҷойивазкунии иҷтимоӣ, нобаробарии гендерӣ ва равандҳои дигари иҷтимоӣ равона шудаанд. Ӯ муаллифи беш аз 150 асари илмӣ, аз ҷумла як қатор монографияҳо, мақолаҳои таҳлилӣ ва дастурҳои таълимӣ мебошад.
Дар асарҳои «Ибтидои роҳ: насл бо маълумоти миёна», «Характери интернатсионалии худмуайянкунии ҳаётии ҷавонон» ва «Роҳҳои ҳаётии як насл», ки бо ҳаммуаллифии сотсиологҳои маъруф аз Москва, Екатеринбург, Барнаул, Эстония, Латвия, Литва, Белоруссия ва Украина таҳия шудаанд, хусусиятҳои хоси сохтори иҷтимоии ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ таҳлил гардидаанд. Дар ин асарҳо имконияту маҳдудиятҳои касбӣ, сатҳу сифати зиндагӣ, тарзи ҳаёт ва таъсири онҳо ба худмуайянкунии касбӣ ва иҷтимоии насли наврас баррасӣ шудаанд. Ин таҳқиқотҳо дар асоси натиҷаҳои ду марҳилаи лоиҳаи муқоисавии илмӣ-таҳқиқотии лонгитюдӣ таҳти унвони «Роҳҳои наслҳо», ки як барномаи умумииттифоқӣ буд ва муҳаққиқонро аз Россия, Украина, Белоруссия, Эстония, Латвия, Литва, Молдова, Қазоқистон ва Тоҷикистон муттаҳид мекард, таҳия шудаанд. Аз соли 1985 то соли 1998 чаҳор марҳилаи ин лоиҳа бо дарназардошти шароитҳои иҷтимоии мураккаб ва марҳилаҳои мухталифи синну соли иштирокчиён — аз хатми мактаб то расидан ба мақоми устувори иҷтимоӣ ва камолоти иҷтимоии ҷавонон (30-солагӣ) — амалӣ карда шуданд.
Профессор Ш. Шоисматуллоев дар ҳайати Шурои ҳамоҳангсозии лоиҳа қарор дошта, роҳбарии бевоситаи таҳқиқотҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дошт. Дар асоси натиҷаҳои марҳилаҳои сеюм ва чоруми лоиҳаи илмии лонгитюдӣ «Роҳҳои наслҳо» як қатор асарҳои муҳими илмӣ ба нашр расидаанд. Аз ҷумла, монографияҳои «Насл дар системаи таълимот» , диссертатсияи докторӣ таҳти унвони «Ҷойивазкунии байнинаслӣ ва таҳаввулоти рафтори иҷтимоии ҷавонон дар ҷомеаи буҳронӣ» ва «Тоҷикистон дар оинаи меросият ва ивазшавии наслҳо» мебошад. Дар ин асарҳо равандҳои рушди сохтори иҷтимоӣ-синфӣ, иҷтимоӣ-ҳудудӣ ва иҷтимоӣ-демографӣ дар Тоҷикистон, вазъи системаи таҳсилоти умумӣ ва касбӣ дар даврони шуравӣ, хусусиятҳои дигаргунсозиҳои баъди шуравӣ, инчунин масъалаҳои ҷойивазкунии иҷтимоӣ ва худмуайянкунии касбии ҷавонон таҳлил ва арзёбӣ шудаанд.
Ба таҳқиқоти масоили мавқеъ ва нақши зан дар ҷомеа, тақсимоти меҳнат дар оила, зӯроварии хонаводагӣ ва дигар падидаҳои иҷтимоии марбут ба занон асарҳои зерин бахшида шудаанд: «Зан ва нашъа», «Маълумоти духтарон» ва «Зӯроварӣ нисбати зан: дирӯз ва имрӯз» мебошанд, ки дар онҳо масъалаҳои шуғли занон дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ, монеаҳои иҷтимоӣ дар роҳи таълим ва рушди шахсии духтарон, нақши зан дар устувории оила, ҳамчунин мавзӯи ташвишовари нашъамандӣ ва таъсири он ба занон баррасӣ шудаанд.
Масъалаҳои васеъ миқёси ташаккули муносибатҳои бозорӣ дар Тоҷикистон, роҳҳои коҳиши камбизоатӣ, рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳаввулоти сохтори иҷтимоӣ, таъсири оқибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба табақабандии аҳолӣ, Ваҳдати миллӣ ҳамчун омилҳои устувории давлат ва низоми муносибатҳои гендерӣ дар асарҳои муштараке чун «Ҷамъияти муосири Тоҷикистон: равандҳои дигаргунсозиҳо» ва «Тоҷикистон дар замони истиқлолият: дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ ва иҷтимоӣ–фарҳангӣ» таҳлил шудаанд. Мавзуҳои мазкур инчунин дар мақолаҳои илмии охири солҳои фаъолияти илмии профессор Ш. Шоисматуллоев мунтазам инъикос ёфтаанд[3].
Устод Ш. Шоисматуллоев умри бобаракти худро ба омӯзиши сотсиология бахшида, асарҳои бузурге маҳз дар ин самт таълиф намудаанд. Устод донишманде, ба ҳисоб мераванд, ки дар воқеъ тамоми ҳастӣ ва вуҷуди хешро барои илм ва хизмати халқу Ватан бахшидааст ва дар тули фаъолияти илмии худ зиёда аз 29 нафар шогирдонро тарбия намуда, ба самти илм равона намудаанд, ки аз инҳо 4 нафар доктори илм ва 25 нафар номзади илм мебошанд. Профессор Ш. Шоисматуллоев ба қуллаҳои баланди фатҳи илм расида ва соҳиби чандин ҷоизаҳо аз ҷумла “Медали 50 соли фаъолияти пурсамар”, “Аълочии маориф ва илми ҶТ”, “Хизмати шоистаи Тоҷикистон” ва даҳҳо Ифтихорномаҳо мебошанд.
Чилаева Муҳайё Тоҳировна – корманди кафедраи фалсафаи Раёсати
тайёр кардани кадрҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
АДАБИЁТ:
1. Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ : – [Манбаи электронӣ] URL: https:/ /ifppanrt.tj /index.php/node /205 (санаи истифодабарї 19.01.2026)
2. Комилов Д. Р. Қобилов М. З. Фалсафаи тоҷик аз аҳди бостон то замони истиқлол [Матн] / Д. Р. Комилов, М. З. Қобилов. Philosophical sciences. No 4. International scientific journal «endless light in science». – Казахстан –2024. С 79-88.
3. Шоисматуллоев Ш. Рушди нерӯи инсонӣ - падидаи муҳим дар сиёсати иҷтимоии давлат. –[Манбаи электронӣ] https://ravshanfikr. tj/shinokhti-masoili-i-timo-va-sijos/rushdi-ner-i-inson-padidai-mu-im-darsijosati-i-timoii-davlat.html?tmpl=component&print=1(санаи муроҷиат 19.01.2026)

