Дар шароити муосир, рушди устувори ҳар як давлат пеш аз ҳама ба сатҳи рушди илм, технология ва захираҳои зеҳнӣ вобаста мебошад. Эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун давраи рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ иқдоми саривақти ва муҳим мебошад, ки барои таҳкими пояҳои илмӣ ва таҳқиқоти муосир аҳамияти калон дорад. Ин раванд на танҳо ба пешрафти соҳаи маориф равона мегардад, балки ба баланд гардидани рақобатпазирии кишвар дар арсаи байналмилалӣ низ мусоидат менамояд. Илова бар ин, ин давра имкон медиҳад, ки кадрҳои зеҳнӣ ва олимони нав ва таҷрибадор барои таҳқиқотҳои бунёдӣ ва татбиқӣ омода гарданд.
Тайи ду даҳсолаи охир, тағйирёбии иқлим ба як аз мушкилоти глобалӣ ва таърихан бебаҳс дар асри XXI табдил ёфтааст. Ҳар сол мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳарорат боло меравад, пиряхҳо об мешаванд ва иқлими минтақаҳо ба таври назаррас тағйир меёбад. Фанҳои табиатшиносӣ дар чунин шароит нақши калидӣ доранд, зеро онҳо имкон медиҳанд равандҳои табииро таҳлил ва пешгӯӣ кунем. Масалан, физикаи атмосфера ва гидрология метавонанд тағйирёбии боришот, гармшавии ҳаво ва баландшавии сатҳи оби баҳрҳоро аниқ тасвир кунанд. Ин маълумотҳо имконият медиҳанд, ки стратегияҳои мутобиқшавӣ ва пешгирӣ аз офатҳоро таҳия намоем. Экология низ ба нигоҳдорӣ ва эҳёи муҳити зист кӯмак мерасонад, ва тадқиқотҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки кадом экосистемаҳо бештар аз тағйирёбии иқлим зарар мебинанд ва чӣ чораҳо бояд андешид.
Маълумотҳои илмӣ ва омори санҷидашуда исбот мекунанд, ки таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳити зист ва зиндагии инсонҳо мушкилоти ҷиддиро ба миён овардааст. Масалан, гармшавии ҳарорат дар Тоҷикистон тезтар аз миёнаи ҷаҳонӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар солҳои охир сатҳи миёнаи ҳарорат дар кишвар тақрибан 1,2 °C афзоиш ёфтааст, ки қариб ду баробар зиёдтар аз афзоиши миёнаи ҳарорат дар ҷаҳон мебошад. Ин гармшавӣ ба обшавии пиряхҳо ва тағйирёбии давраҳои обшавӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ таъсири мустақим дорад. Пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби тоза барои дарёҳои калон ва соҳаи гуногуни хоҷагии халқ хизмат мекунанд, вале солҳои охир аз гармшавии ҳарорат таҳти фишор қарор доранд. Дар Тоҷикистон аз 14 000 пирях зиёда аз 1 000 пирях нобуд шудаанд. Тибқи пешгӯиҳои коршиносон то соли 2050 бо афзоиши ҳарорат то 2 °C пиряхҳо дар баъзе ҳавзаҳои калидӣ метавонанд то 53-75 % миқдорашонро гум кунанд. Ин ноустувори ба коҳиши ҷараёни об дар рӯдхонаи Панҷ ва Вахш оварда мерасонад.
Инчунин, обшавии пиряхҳо ва тағйирёбии боришот метавонад ҷараёни об дар дарёҳо ва балансҳои гидрологии минтақаҳоро тағйир диҳад, ки барои кишвари мо, захираи оби ба манобеи пиряхӣ вобаста аст, таъсири иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ дорад.
Дар солҳои охир афзоиши офатҳои табиӣ низ мушоҳида мешавад. Тибқи таҳлилҳо ва оморҳои мавҷудбудаи идораҳои дахлдори соҳавӣ, аз соли 2020 то 2023 дар ҷумҳурӣ 1 826 ҳолати офатҳои табиӣ ба қайд гирифта шуд, ки зиёда аз 100 нафар ҷон бохтанд ва зиёда аз 30 миллион доллари ИМА ба иқтисодиёт хисорот ворид намудаст. Ҳар сол тақрибан 500-600 ҳолати фавқулодда ба қайд гирифта мешавад, ки 80-90 % онҳо ба хатарҳои табиӣ, аз ҷумла селҳо, ярчҳо ва боронҳои шадид марбут аст. Тағйирёбии иқлим ба кишоварзӣ ва хоҷагии халқ низ таъсири манфӣ мерасонад, зиёдшавии ҳарорат ва тағйирёбии боришот хавфи хушксолӣ, кам шудани ҳосили зироат ва бадшавии сифати заминҳоро афзоиш медиҳад, ки ба амнияти озуқаворӣ ва заҳмати кишоварзон таҳдиди ҷиддӣ ба бор меорад. Тоҷикистон, ки қисми зиёди захираҳои обиро аз пиряхҳо ва шабакаҳои гидрологӣ мегирад, гармшавии иқлим мушкилоти об, афзиши офатҳои табиӣ ва таҳдиди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мегардонад.
Барномаи рушди фанҳои табиатшиносӣ дар Тоҷикистон самаранокии илмӣ нишон медиҳад, зеро он имкон медиҳад, ки таҳлил ва моделсозии равандҳои табиӣ бо истифодаи маълумотҳои оморӣ ва таҷрибаҳои илмӣ амалӣ гардад. Ин барнома на танҳо барои дарки механизми тағйирёбии иқлим муҳим аст, балки заминаи илмӣ барои таҳияи стратегияҳои мутобиқшавӣ, ҳифзи муҳити зист ва коҳиши оқибатҳои манфии иқлим фароҳам меорад. Бо амалисозии пурраи барнома, Тоҷикистон метавонад мутобиқшавӣ бо иқлимро дар сатҳи давлатӣ ва минтақавӣ тақвият бахшад ва ба рушди устувор ва баландшавии рақобатпазирии кишвар дар арсаи байналмилалӣ замина гузорад.
Соли 2025 дар доираи амалишавии барномаи рушди фанҳои табиатшиносӣ фаъолияти илмии институт ба таври назаррас густариш ёфт. Бо мақсади беҳтар гардонидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ вобаста ба фанҳои табиатшиносӣ, озмоишгоҳҳо ва дастгоҳҳои нави таҳлилӣ бо таҷҳизоти замонавӣ аз ҷумла, лабораторияи комплексии сифати об ва экология бо стандартҳои байналмилалӣ муҷаҳҳаз ба истифода дода шуданд, ки дар он таҳлил ва мониторинги сифати об, омӯзиши равандҳои экологии муҳити зист ва назорати параметрҳои обу ҳаво. имконпазир аст.
Дар ҳамин сол ҳамкориҳои байналмилалӣ низ тақвият ёфтанд. Дар доираи барнома, Институт бо Ҷумҳурии Мардумии Чин озмоишгоҳи муштараки экологӣ таъсис дод, ки таҳқиқоти мониторинг ва самаранокии истифодаи манобеи табиӣ дар сатҳи байналмилалӣ дар он ба роҳ монда шуд. Ин озмоишгоҳ платформаи нав ва беназир барои ҳамкории олимони тоҷику чинӣ ва рушди илмҳои табиатшиносӣ ба ҳисоб меравад. Озмоишгоҳҳои нав дар доираи амалишавии барнома нишон медиҳад, ки Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ қадамҳои устувор ба сӯи таҳкими иқтидори -тадқиқот, баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ ва дастрасӣ ба маълумоти саҳеҳ дар соҳаҳои муҳими об, экология ва тағйирёбии иқлим мегузорад.
Фирдавс Алиев – муовини директор оид ба илм ва таълими
Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ








