Дар назарияи муосири давлатдорӣ яке аз нишондиҳандаҳои асосии соҳибистиқлолии давлат мавҷудияти низоми мустақили мудофиавӣ мебошад. Артиши миллӣ на танҳо сохтори ҳарбӣ, балки институти муҳими сиёсӣ-ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад, ки вазифаи ҳифзи соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва суботи конститутсиониро ба уҳда дорад. Аз ин лиҳоз, таҳлили нақши Артиши миллӣ дар низоми давлатдории навини тоҷикон аҳамияти илмӣ ва амалӣ дорад.
Дар илми сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи давлатӣ Артиш ҳамчун яке аз унсурҳои асосии давлат (дар баробари ҳудуд, аҳолӣ ва ҳокимияти сиёсӣ) арзёбӣ мегардад. Мувофиқи назарияи амнияти миллӣ, қобилияти мудофиавии давлат яке аз шартҳои муҳими пойдории сохтори сиёсӣ мебошад. Аз ин нуқтаи назар, Артиши миллӣ: кафили истиқлолияти давлатӣ;
механизми таъмини амнияти дохилӣ ва беруна; воситаи ҳифзи низоми конститутсионӣ; омили боздоранда дар муқобили таҳдидҳои геосиёсӣ мебошад.
Ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити мураккаби ибтидои солҳои 1990 амалӣ гардид. Аз ҷиҳати илмӣ, ин равандро метавон ҳамчун марҳилаи институтикунонии низоми мудофиавии давлат арзёбӣ намуд.
Дар ин замина, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули модели миллии низоми мудофиавӣ калидӣ арзёбӣ мегардад. Бо қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатии ислоҳоти ҳарбӣ заминаҳои институтсионалии рушди Артиши миллӣ фароҳам оварда шуданд.
Дар шароити муосир, ки низоми байналмилалӣ бо таҳдидҳои номунтазам (терроризм, экстремизм, ҷинояткории фаромиллӣ, муноқишаҳои минтақавӣ) тавсиф мешавад, Артиши миллӣ ҳамчун унсури муҳими механизми амнияти миллӣ амал мекунад. Аз нигоҳи таҳлили амниятшиносӣ, Қувваҳои Мусаллаҳ: омили нигоҳдории тавозуни стратегӣ дар минтақа; воситаи таъмини суботи сиёсӣ; кафили амнияти сарҳадӣ; ҷузъи таркибии сиёсати мудофиавии давлат мебошанд.
Муосиргардонии техникаи ҳарбӣ, такмили низоми идоракунӣ ва баланд бардоштани омодагии ҷангӣ нишон медиҳанд, ки рушди Артиши миллӣ дорои характери системавӣ ва стратегӣ мебошад.
Артиши миллӣ на танҳо сохтори низомӣ, балки мактаби иҷтимоишавии ҷавонон мебошад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба ташаккули: худшиносии миллӣ, масъулиятшиносӣ, интизом, эҳсоси ҳимояи давлат мусоидат менамояд. Ин омилҳо дар маҷмӯъ ба таҳкими пояҳои маънавии давлатдорӣ мусоидат мекунанд.
Таҳлили назариявӣ ва амалӣ нишон медиҳад, ки Артиши миллӣ яке аз пояҳои стратегии давлатдории навини тоҷикон ба ҳисоб меравад. Он на танҳо воситаи ҳифзи амният, балки институти муҳими сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Раванди ислоҳоти ҳарбӣ ва муосиргардонии Қувваҳои Мусаллаҳ нишон медиҳад, ки сиёсати давлатӣ дар самти таҳкими қобилияти мудофиавӣ дорои характери дарозмуддат ва стратегӣ мебошад. Пойдории давлатдории миллӣ бевосита ба сатҳи рушди Артиши миллӣ вобастагӣ дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар минтақа ҳамчун давлати сулҳпарвар, ташаббускор ва дорои мавқеи устувори сиёсӣ шинохта шудааст. Мавқеи муҳими Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва саҳми он дар таҳкими суботи минтақавӣ бозгӯи сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Мо бояд шукргузор бошем, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол фазои сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ пойдор мебошад. Ин неъмати бузург ба шарофати сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин заҳматҳои содиқонаи фарзандони Ватан ва фаъолияти самарабахши Қувваҳои Мусаллаҳ таъмин гардидааст.
Ҳифзи сулҳ ва субот вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат минбаъд низ дар роҳи ҳифзи истиқлолият ва амнияти кишвар саҳми арзандаи худро хоҳад гузошт.
Ба ҳамватанони азиз сулҳу саодат, ба хизматчиёни ҳарбӣ саломатӣ ва сарбаландӣ ба Тоҷикистони маҳбубамон пешрафту шукуфоии орзу менамоям.
Бӯризода Анвар Маҳмад - Директори Институти астрофизикаи АМИТ

