Перейти к основному содержанию
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба масъалаҳои илму маориф иброз намуданд, ки омӯзиши пиряхҳо яке аз самтҳои муҳимми илми ватанӣ ва ҷузъи сиёсати давлатии мо мебошад.

Тавре ба мо маълум аст, чандин давлатҳои саӣёраи рӯи замин аз набудани оби ошомидани бисёр танқиси мекашанд, ва аӣни ҳол аз нарасидани оби нӯшоки чандин кӯдакони рӯӣи олам фавтида истодаанд. Миллати тоҷик ифтихор аз он дорад, ки Тоҷикистон ва Сарвари башардўсти он ҳанӯз аз соли 2003 талоши худро барои ҳифзи иқлим ва об оғоз карда буданд.

18-уми март соли 2003 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷумани сеюми ҷаҳонӣ бахшида ба мушкилотҳои об, дар шаҳри Киотои Ҷопон, чунин қаӣд кардаанд: «Мушкилоте, ки мо имрӯз дар бораи таъминоти об муҳокима мекунем, сол то сол барои тамоми башарият аҳамияти бештар паӣдо менамояд».

Соли 2009 дар Копенгаген, ҷаласаи тарафҳо оид ба тағйирёбии иқлим ва баъдан дар ҷаласаҳои сатҳи баланд дар Фаронса, Швейтсария, Амрико, баъдан моҳи марти соли 2021 дар нахустин ҷаласаи роҳбарони Эътилофи обу иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша доштанд, ки аз хусуси босуръат об шудани пиряхҳо дар баробари истеъмоли аз ҳад зиёди об, ки вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисод аст метавонад ба оқибатҳои манфиву мудҳиш бирасонад. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши пиряхҳо ва махзанҳои барф дар сатҳи ҷаҳонӣ ва хусусан дар манотиқи куҳсор шуда метавонад. Дастовардҳои илмию техникӣ дар шароити муосир, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таҳаввулоти куллиро ба миён овард.

Табиист, ки зоҳир намудани чунин имтиёзу ғамхориҳо ва ба низом даровардани фаъолияти кории кормандони Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо (МДИ МОП АМИТ) боиси пешрафти кори он мегардад. Дар Марказ барои ҷалб намудани ҷавонон ба омўхтани илми пиряхшиносӣ, докторантура, магистра ва доктор PhD шароитҳо муҳаё карда шудааст.

Самараи нишондодҳои фаъолияти кормандон дар қиёси дигар муассисаҳо намунаи ибрат мебошад. Ояндаи МДИ МОП АМИТ боз ҳам шукуфон аст, ва бояд кайд кард, ки муносибати софдилонаву озодона ва самимияти роҳбарият, мо коргаронро водор менамояд, ки минбаъд содиқонаву аҳлона ва бо масъулияти баланди ватандориву ватансозӣ фаъолият карда барои пеш бурдани корҳои илмиву таҳқиқоти аз дилу ҷон саҳмгузорӣ кунем ва ҳамеша дар талоши он бошем, ки ҷомеаи мо дар замони муосир пешрафта бошад.

Ҳамкории мо бо давлатҳои ҳориҷӣ омили асосии ҳар як муносибат мебошад ва ин барои мо кормандони муассиса боиси ифтихор аст. Боварии комил дорам, ки фаъолтар сохтани робитаҳои баӣни МДИ МОП АМИТ ва давлатҳои хориҷӣ ки яке аз ҳадафҳои асосии барои рушду нумӯи мамлакат, имрӯзу ояндаи муносибатҳои ҳамаҷонибаи мо мебошад, мусоидат менамояд, ва равшан аст, ки барои ҳаллу фасли ин гуна муносибатҳо Директори МДИ МОП АМИТ эътибори ҷиддӣ медињанд.

Пиряхҳо хосияте доранд, ки ҷараёни дарёҳои кишварамонро дар тӯли солҳои бардавом танзим менамоянд. Феълан дар сатҳи кураи Замин пиряхҳо дар ҳаҷми зиёда аз 30 млн км3-ро ташкил медиҳанд, ки ин 2/3 ҳиссаи заҳираи оби нӯшокиро дар бар мегирад. Чи хеле ки ба мо маълум аст пиряхҳо абадӣ нестанд, хусусан дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво аз моҳи апрел то ноябр гарм буда зери таъсири гармшавии иқлим ва обшавии пиряхҳо ба кам шудани заҳираҳои оби нушокӣ оварда мерасонад.

Хушбахтона 14 - уми декабри соли 2022 дар Маҷмааи Умумии СММ зимни иҷлосияи 77 – ум, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи “Соли 2025- соли баӣналмилалии ҳифзи пиряхҳо"-ро, пешниҳод намуда, бо иттифоқи оро аз ҷониби 153 кишвари олам қабул гардид. Он яке аз қаътномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони “Рӯзи баӣналмилалӣ ва ҳам Соли баӣналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дарҷ гардидааст.

Аз Ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳои баӣналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва тағӣирёбии иқлим идома хоҳад ёфт, чунки масъулияти аҳли саӣёраро зарур аст, ки мушкилотҳои умумиҷаҳониро дастаҷамъона метавон ҳал кард.

Бузургтарин пиряхҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ҷоӣгиранд. Тибқи иттилои “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, баландии пиряхҳое, ки аз нишебиҳои қуллаи Сомонӣ сарчашма мегиранд ба 7400 метр аз сатҳи баҳр мерасанд.

Бузургтарин пиряҳи Осиёи Марказӣ — Ванҷях аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад. Шумораи зиёди пиряхҳои Тоҷикистон дар қисмати Помир ҷойгир мебошанд.

3 январи соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ­– Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо” имзо гузоштанд.

Қонуни мазкур аз муқаддима, 4 боб ва 20 модда иборат буда, дар доираи ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хоса ташаббуси нави Сарвари давлат оид ба масъалаҳои обу иқлим ва Қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии СММ оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки дар иҷлосияи 77-уми СММ аз 14 - уми декабри соли 2022 қабул шудааст, таҳия гардидааст. Бо ин мақсад, лоиҳаи қонуни мазкур дар шакли мукаммал таҳия гардида, он асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии ҳифзи пиряхҳоро ҳамчун объектҳои муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои обӣ муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба пешбурди корҳои омӯзишӣ, илмию таҳқиқотӣ, мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо ва тадбиқи сиёсати давлатӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳоро танзим мекунад.

Бо қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2025 то майи соли 2026 дар кишвар Озмуни «Ҳифзи пиряхҳо - омили муҳимми таъмини ояндаи дурахшони инсоният» эълон гардидааст.

Гуфта шуд, ки 12 декабри соли равон ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо ва криосфера аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ҷонибдорӣ ёфта, дар доираи ниҳодҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун иқдоми муҳим ва саривақтӣ барои ҳалли мушкилоти глобалии тағйирёбии иқлим ва таъмини амнияти обӣ пазируфта шуд.

Маҳз ин ташаббус мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати пешсаф дар пешбурди рӯзномаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва криосфера боз ҳам таҳким бахшида, саҳми назарраси ҷумҳуриро дар ҳамоҳангсозии талошҳои ҷаҳонӣ барои коҳиши пайомадҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи захираҳои обӣ ва таъмини рушди устувор собит менамояд.

16 декабр зимни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» оид ба масъалаи мазкур таваљљуњ карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «соли 2025 бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025 - 2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера» эълон гардиданд. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат аз ҳамаи сохторҳои дахлдор даъват намуданд, ки фаъолияти илмӣ ва амалиро дар ин самт густариш дода, дастовардҳои худро дар арсаи байналмилалӣ васеъ муаррифӣ намоянд.Ҷаноби Олӣ қайд намуданд, ки мавзуи ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳаммияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ дорад.

Ба таъкиди Роҳбари давлат, мавзуи ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳамияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ дорад.

Дар робита ба ин пешниҳод гардид, ки Муассисаи давлатии илмию таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ба Муассисаи давлатии илмию таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» табдил дода мешавад.

Президенти Академияи миллии илмҳо академик Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун санади муҳими стратегӣ самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодӣ, илму маориф, амнияту суботи сиёсӣ ва сиёсати хориҷии ҷумҳуриро муайян намуда, барои фаъолияти минбаъдаи ниҳодҳои илмӣ роҳнамо ва барномаи амалӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин санади муҳим ба масъалаҳои рушди илм, татбиқи инноватсия, тақвияти иқтидори кадрӣ ва истифодаи самараноки дастовардҳои илмӣ дар иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.

Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми кормандони марказро Дар робита ба пешниҳод гардидани Муассисаи давлатии илмию таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ба Муассисаи давлатии илмию таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» табдил дода мешавад, табрик намуда ба шумоён саодатмандӣ, хонаободӣ, осмони софу беғубор, сулҳу салоҳ, осоиштагӣ ва ба корҳояшон фаъолияти пурсамарро таманно дорам.

Хулоса иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” барои тамоми кормандони илмие, ки барои омузиши омилҳои ба пиряхҳо таъсиркунанда машғуланд нишонаи ибрат бояд бошад. Боиси ифтихори ҳар як корманди Муассисаи давлатии “Маркази омӯзиши приряхҳо”-и назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аст, ки инро ҳамчун як падидаи бузург дониста арзи сипос ва миннатдории хешро барои ташабуссҳояшон изҳор менамоянд. Мо кормандони ин Муассиса ваъда медиҳем, ки барои амалӣ гашатани нақшаҳо дар ин самт кушишу ғайрати худро дареғ надошта, барои беҳтару хубтар намудани фаъолияти ин Муассиса дар ҳамаи самтҳо саҳми арзандаи худро гузорем.

Абдуллоева М. К. Корманди МОП АМИТ.