“Артиш такягоҳи давлат ва сипари миллат аст. Вазифаи асосии он таъмини амнияти Ватан, сулҳу субот дар кишвар ва тамомияти арзии он мебошад. Эътимоди халқ бояд комил бошад, ки Артиши миллии мо ба ҳифзи Истиқлолият ва амнияти мамлакатамон аз ҳама гуна дастдарозӣ ба мо қодир аст. Аз ин рӯ, Артиши мо бояд чунин Артише бошад, ки ба меъёрҳои низоми ҳарбии имрӯзу фардо пурра ҷавоб диҳад. Артише, ки ба манфиати давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд хизмат кунад ва тимсоли муҳаббати бепоён ба Ватани ягона гардад.”
Эмомалӣ РАҲМОН
Мусаллам аст, ки соли 1992 баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ сарфи назар аз он ки кишварамонро вазъи бениҳоят печидаи ҳарбӣ - сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, аммо Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худро ҳамчун бунёдгузори Артиши миллӣ ва дигар сохтору воҳидҳои низомии кишварамон муаррифӣ карда тавонистанд, зеро Артиши миллии кишвар маҳз дар замоне таъсис дода шуд, ки раванди тезутундшавии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат дар ҳолати вазнину ноором қарор дошт ва низомиёни касбӣ дар кишварамон, қариб ки набуданд.
Маврид ба зикр аст, ки Артиши миллии мо дар заминаи сифр холӣ ба вуқуъ пайваста аст. Нахустин маротиба дар ин замина интишори Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 24-уми декабри соли 1991 “Дар бораи ташкил намудани Горди миллӣ” буд. Рӯзи 18-уми декабри соли 1992 Қарори Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шуд, ки заминаи ҳуқуқии Артиши миллиро фароҳам овард.
Сипас, танҳо баъди ба сари ҳокимият омадани ҳукумати қонунӣ дар рафти баргузории Иҷлосияи сарнавиштсозу таърихии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масоили ташкил ва таъсиси Артиши миллӣ ба таври амалӣ сурат гирифт.
Ҳамин тавр, рӯзи 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе нахустин маротиба паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Лозим ба тазаккур аст, ки зимни ташкилу таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 1997 дар маҷмуъ се навъи асосии қӯшунҳо, аз қабили: Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ ва инчунин Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ иборат буданд. Ҳоло бошад, ба ғайр аз ҷузъу томҳои тобеи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар итоати Вазорати мудофиаи кишвари соҳибистиқлоламон қисму воҳидҳои низомии алоҳида ва мухталифи зиёде ва Литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ ва инчунин дигар идораҳои ҳарбӣ мавҷуданд, ки ҳамаи онҳо дар ибтидои таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта марбут ба иҷрои вазифаҳои муҳимми соҳавӣ корҳои зиёдеро дар самти ба худ марбута ба сомон мерасонанд.
Айни замон, мардуми шарифи кишварамон бо тамоми ҳастӣ идрок менамоянд, ки маҳз кулли ҷузъу томҳо ва сохторҳои марбутаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирию ҳидоятҳои Ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллатамон Сардори давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама вазъу ҳолат қудрати кофӣ доранд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳар гуна хавфу хатар ва таҳдидҳо муҳофизат менамоянд.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият ва инчунин иқтидори мудофиавии он вазифаи басо ҳам муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Аз ин рӯ, ҳар кадоми мо муваззафем, ки қарзи сарбозии худро ба иҷро расонем ва ҳамзамон ба Ватани ҷоноҷон ва соҳибиқболу соҳибистиқлоламон хизмат намоем.
Лозим ба тазаккур аст, ки маҳз дар замони ҷаҳонишавии босуръат ва инчунин бархурди тамаддунҳо артиши муосирро ҳаёт бо санҷишҳои мудҳише рӯ ба рӯ кардааст. Чунончӣ масоили хавфноке аз қабили терроризм ва экстеремизм барин мафҳумҳо айни замон кулли мамолики оламро ба таҳлука афкандааст. Аз ин рӯ, алайҳи ин гуна падидаҳои носолим тадбирҳои судманду дастаҷамъӣ андешидан лозим аст. Бинобар ин ҳамагонро зарур аст, ки аз як гиребон сар бароварда баҳри решакан кардани ин гуна омилҳои хатарнок тадбирҳои судманд андешидан даркор аст.
Аз мавриди муносиб истифода бурда, кулли сарбозони шуҷою диловари Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ходимони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни 23-юми феврал - Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, барояшон пеш аз ҳама саломатии бардавом ва хидмати хубу содиқона ба нафъи халқу меҳан орзумандам. Ид муборак, сарбозони асили Ватан!
Файзалӣ ҲАКИМОВ - ходими калони илмии Институти
зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи АМИТ








