Перейти к основному содержанию

Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар қодиранд, ки бузургтарин неъмати зиндагии мардуми тоҷик - истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои таърихии он - сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва зиндагии осудаи халқи Тоҷикистонро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди муҳими давлатӣ 33 сол пеш таъсис ёфтаанд ва то имрӯз ҳамчун сипари боэътимоди Ватан нақши ҳалкунанда дар таъмини истиқлолият ва ҳифзи тамомияти арзии кишвар мебозанд. Ин ниҳод на танҳо қудрати низомӣ ва амниятӣ дорад, балки ҳамчун як омил дар ташаккули ҳувият ва худшиносии миллӣ низ нақши калидӣ дорад ва таъсири он ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар — аз сиёсӣ ва иқтисодӣ то иҷтимоӣ ва фарҳангӣ — пайвастагии зич дорад. Таъсиси Артиши миллӣ дар марҳалаи ҳассоси солҳои аввали истиқлолият, бо вуҷуди мушкилоти сиёсӣ ва таҳдидҳои амниятӣ, заминаи устувори таҳкими давлатдорӣ ва барқарорсозии суботи иҷтимоиро фароҳам овард.

wqТашаккули Артиши миллӣ дар заминаи зарурати таъмини амнияти давлат ва ҳифзи сохти конститутсионӣ сурат гирифт. Дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта Тоҷикистон бо мушкилоти ҷиддии дохилӣ ва таҳдидҳои амниятӣ рӯбарӯ буд. Маҳз дар ҳамин давра бо иродаи сиёсӣ ва тадбирҳои роҳбарияти давлат, таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пояҳои артиши миллӣ гузошта шуданд. Пояҳои ҳуқуқӣ ва ташкилӣ ба воситаи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳ», ба роҳ монда шуда, принсипҳои асосии фаъолияти низомӣ муайян гардиданд ва заминаи ибтидоӣ барои рушди минбаъдаи Артиши миллӣ фароҳам оварда шуд. Дар марҳилаи ибтидоӣ ташкили қисмҳои ҳарбӣ, таъмини кадрҳои асосӣ ва оғози омӯзиши тактикӣ ва стратегӣ хос буд, ки таҷрибаи муосири низомиро тадриҷан ворид кард ва ҳамоҳангӣ бо дигар сохторҳои қудратӣ таъмин гардид.

Дар тӯли 33 сол Қувваҳои Мусаллаҳ аз марҳилаи ибтидоӣ ба марҳилаи муосир ва касбият гузаштанд. Имрӯз сохтори онҳо аз ҷузъу томҳои гуногун иборат аст, ки дар бар мегирад Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қӯшунҳои мобилӣ ва воҳидҳои махсус. Фаъолияти ин ҷузъу томҳо бо принсипҳои омодабошии доимӣ, таъмини вокуниши фаврӣ ва мутобиқшавӣ ба таҳдидҳои муосир таъмин гардидааст. Такмили сохторӣ ва ҷорӣ намудани таҷҳизоти муосир иқтидори мудофиавии кишварро дар сатҳи баланд нигоҳ медорад. Баланд бардоштани сатҳи касбият ва омодабошии ҷангии ҳайати шахсӣ яке аз самтҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Машқҳои муштараки дохилӣ ва байналмилалӣ, ворид намудани стандартҳои ҷаҳонӣ ва ҳамоҳангсозии тадбирҳои омӯзишӣ сатҳи касбият ва омодабошии ҷангии ҳайати шахсиро хеле баланд намуд.

Дар баробари таҳкими иқтидори низомӣ, рушди инфрасохтор низ аҳамияти калидӣ дошт. Бунёд ва таҷдиди қисмҳои ҳарбӣ, марказҳои омӯзишӣ, хобгоҳҳо ва анборҳо барои таҷҳизоти муосир самаранокии амалии Артиши миллӣ ва қобилияти ҷавобгӯи таҳдидҳоро таъмин намуд. Таъмини техника ва таҷҳизоти замонавӣ, аз ҷумла техникаи автомобилӣ, таҷҳизоти муосири пайвастшавӣ ва таҷҳизоти мудофиавӣ, инчунин такмили омодабошии ҷузъу томҳо ба таъмини вокуниши фаврӣ ва амнияти сарҳадот мусоидат кард. Барои беҳтар намудани сифати хизмат ва фароғати ҳайати шахсӣ, чораҳои иҷтимоӣ ва иҷтимоии моддӣ, аз ҷумла кӯмак ба оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, амалӣ шудаанд.

Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун сипари давлат нақши меҳварӣ дар ҳифзи сулҳу субот ва амнияти кишвар доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи дорои аҳамияти геостратегӣ қарор дошта, масъалаҳои марбут ба амнияти сарҳадӣ, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аҳамияти хос доранд. Ҳамоҳангӣ бо дигар сохторҳои давлатӣ ва омодабошии доимӣ кафолати таъмини суботи дохилӣ ва амнияти минтақавиро таъмин менамояд. Дар ҳамин замина таҳияи стратегияҳои мудофиавӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосир барои идоракунии таҳдидҳо аҳамияти махсус дорад.

Хизмат дар сафи Артиши миллӣ на танҳо вазифаи низомӣ, балки мактаби мардонагӣ ва ватандӯстӣ ба ҳисоб меравад. Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳисси масъулиятшиносӣ яке аз вазифаҳои стратегии давлат мебошад. Ин раванд на танҳо қобилияти мудофиавии Артиши миллӣ, балки худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ ва ҷавобгӯи талаботи рушди устувори ҷомеа мебошад.

Дар тӯли 33 сол Артиши миллӣ марҳила ба марҳила рушд намуда, ба ниҳоди касбӣ ва муназзами давлатӣ табдил ёфтааст. Қонунигардонии низомӣ ва қабули стратегияҳои соҳавӣ заминаи устувори таҳкими иқтидори мудофиавиро фароҳам овард. Ҷорӣ намудани стандартҳои нави техника ва таҷҳизот ба мутобиқшавӣ ба таҳдидҳои муосир мусоидат кардааст. Имрӯз Артиши миллӣ қодир аст бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва ҳамоҳангӣ бо сохторҳои дигари давлатӣ амнияти кишварро бо сарбаландӣ таъмин намояд.

23 феврал — Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон — рамзи садоқат ба Ватан, масъулият ва ифтихори миллӣ мебошад. Таҷрибаи 33 соли хизмат, заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсати пайгиронаи роҳбарияти давлат имкон медиҳад, ки Артиши миллӣ минбаъд низ рисолати муқаддас — ҳифзи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва сулҳу суботи кишварро бо сарбаландӣ иҷро намояд. Таърихи 33 соли хизмат, дастовардҳои сохторӣ, такмили кадрҳо ва мутобиқшавӣ ба таҳдидҳои муосир шаҳодати он аст, ки Артиши миллӣ ҳамчун сипари давлат боқӣ мемонад ва нақши стратегии худро дар таъмини амнияти миллӣ боэътимод идома медиҳад.

Алишер РАҲИМЗОДА, директори Институти математикаи

ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон