«Бовар дорам, ки таҷлили ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Сада ба арҷгузориву гиромидошти расму ойинҳои миллӣ, таҳкиму густариши боз ҳам бештари ҳисси миллӣ, ҳувияту худшиносии мардуми кишварамон ва ба ин васила вусъат гирифтани раванди ободониву пешрафти Ватани маҳбубамон мусоидат мекунад».
Эмомалӣ РАҲМОН
Ҷашни Сада яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон, ба шумор рафта, дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамчун падидаи фарҳангӣ, фалсафӣ ва иҷтимоӣ ташаккул ёфтааст. Ин ҷашн на танҳо як маросими суннатӣ, балки шакли махсуси ҷаҳонбинӣ ва ифодаи муносибати инсон бо табиат, меҳнат, нур ва хирад мебошад. Ин ҷашн дар тақвими кишоварзӣ ҳамчун оғози омодагӣ ба кишти баҳорӣ ва нишоне аз поёни давраи сарди зимистон шухрат ёфтааст. Маъно ва моҳияти вожаи "Сада" аз калимаи "сад" гирифта шуда, ба 50 рӯз ва 50 шаб боқимонда то фасли баҳор ишора мекунад. Ҷашн гирифтани Сада дар фасли зимистон, ҳангоми омодагӣ ба истикболи баҳор нишон медиҳад, ки ниёгони мо меҳнат, сабр ва умедро ҳамчун арзишҳои асосии зиндагӣ дар маркази ҷаҳонбинии худ қарор додаанд. Яъне дар маърифати суннатии тоҷикон, Сада рамзи гузариш аз сардию торикӣ ба гармӣ ва рӯшноӣ, аз сукут ба ҳаракат ва аз интизорӣ ба амал мебошад. Сада бо оташи дурахшони худ сардии зимистонро бо равшанӣ ва гармии баҳор мепайвандад ва мардум бесаброна барои таҷлили бузургтарин ҷашни баҳор Наврӯзи оламафруз омодагӣ мегиранд:
Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,
Мужда бипзиру бидеҳ хилъату кораш битароз.
Муҳақиқон бар он ақидаенд, ки таърихи Сада, ки дар асл як ҷашни аҷдодӣ мебошад решаи он ба давраҳои пеш аз ислом бармеояд. Тавсифи чашни Сада дар давраи ҳукмронии Сомониён ва Ғазнавиён дар асарҳои таърихӣ ва бадеӣ, ба хусус дар қасидаҳо хеле зиёд ба назар мерасад. Чуноне ки аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд таърихи Сада ба давраҳои қадимӣ ва афсонаҳои марбут ба қаҳрамони таърихӣ Ҳушанг алокаманд аст. Абулқосим Фирдавсӣ дар "Шоҳнома" пайдоиши Садаро ба ҳодисаи кашфи оташ тавассути Ҳушанг нисбат медиҳад.
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Ин ривоят на танҳо қиссаи пайдоиши ҷашн, балки рамзи пешрафт, нур ва умед мебошад. Аз ин ру аз нигоҳи таърихӣ, Сада танҳо як ойини марбут ба оташ нест, балки таҷассумгари дониши қадимаи инсон дар бораи қонуниятҳои табиат мебошад. Оташ дар ин ҷашн на ҳамчун унсури парастиш, балки ҳамчун рамзи кашфи илмӣ, пешрафти маънавӣ ва пирӯзии ақл бар ҷаҳолат маънидод мегардад.
Баракати Истиқлолияти кишвари азизамон мебошад, ки ҷашни Сада дубора эҳё гардид. Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон парлумони ҷумҳурӣ охири моҳи октябри соли 2017 ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироту илова дохил намуд, ки мутобиқи он ҳамасола санаи 30 - юми январ дар саросари кишвари махбубамон Ҷашни Сада бо шодиву фарах таҷлил мегардад. Дар деҳоту минтақахои мухталифи Тоҷикистон ва инчунин дар байни тоҷикони Осиёи Миёна ин урфу одат то хол боқ и мондааст. Дар чиллаи зимистон барои нек омадани соли Бахору Навруз мардум дар байни боғи худ хору хасу буттаву чӯбҳои хушки дарахтонро ҷамъ оварда оташ афрӯхта, шодмонӣ менамоянд. Наврасону ҷавонон дар гирди ин оташ бозиву шӯхӣ ва ҳунарнамоӣ менамуданд. Ин ҳамон нишонаи ҷашни Сада аст, ки мардум онро, бо эътиқод ба гузашта, то замони мо овардаанд. Яъне Сада аҳли заҳматкашро ҳушдор месозад, ки аз фароғати зимистона берун омада, омодагиро ба мавсими нави кишоварзӣ ва боғдорӣ оғоз намоянд.
Кобили зикр аст, ки сиёсати фарҳангие, ки дар Паёмхои Пешвои миллат инъикос меёбад, аз ҷумла эътирофи байналмилалии мероси фарҳангӣ заминаи устувор барои ҳифз ва густариши ҷашнҳои миллиамонро фароҳам месозад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид ба амал оварда гуфта буданд, ки “Бояд дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии “ЮНЕСКО” ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд. Чунки худшиносии миллӣ пойдевори бақои ҳар давлату миллат аст”. Ҷашни Сада дар ҳамин замина ҳамчун ҷузъи фарҳанги зинда хизмат мекунад, ки на танҳо гузашта, балки имрӯз ва ояндаи миллатро бо ҳам мепайвандад. Ин ҷашн на танҳо маросими суннатӣ, балки унсури муҳими худшиносии миллӣ аст, зеро эҳё ва таблиғи Сада ҳамчун ҷашни миллӣ ба таҳкими ҳувияти фарҳангӣ ва идомаи пайванди таърихии наслҳо мусоидат мекунад.
Боиси ифтихор аст, ки санаи 6 декабри соли 2023 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон “Ҷашни Сада” аз тарафи ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд. Дар Паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни САДА дар таърихи 01.02.2025 Пешвои миллат, мухтарам Эмомали Рахмон дуруст кайд карданд, ки: «Имрӯз ин се ҷашни миллии мо – Наврӯз, Сада ва Меҳргон бо номҳои равону зебои тоҷикии худ аз ҷониби мардуми фарҳангпарвари ҷаҳон пазируфта шудаанд ва таҷлил карда мешаванд. Зеро дар ҷашнҳои миллии мо на танҳо арзишҳои фарҳанги бостонӣ ва ниятҳои неку созандаи мардуми мо бозтоб гардидаанд, балки онҳо ифодакунандаи ғояву ормонҳои пурарзиши башарӣ низ мебошанд».
Дар замоне, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ ба якнавохтии фарҳангҳо ва заъфи арзишҳои миллӣ оварда мерасонанд эҳё ва густариши ҷашнҳои бостонӣ, аз он ҷумла Сада ба ҷомеа имкон медиҳад, ки пайванди худро бо решаҳои таърихӣ нигоҳ дорад. Он мардумро ба ҳам меорад, ҳисси ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмиро тақвият мебахшад. Дар ин замина, Сада ҳамчун унсури фарҳанги шаҳрвандӣ арзишҳои умумимиллӣ: заҳматдӯстӣ, ҳамкорӣ ва эҳтиром ба табиатро тарғиб менамояд. Он рамзи пайванди наслҳо, эҳтиром ба мероси ниёгон ва арҷгузорӣ ба табиат ва нерӯи ҳаётро тасвир месозад.
Бояд қайд кард, ки рӯҳия ва сиёсати фарҳангие, ки дар Паёми имсола аз чониби Пешвои миллат, мухтарам Эмомали Рахмон ироа шудааст ба эҳё ва гиромидошти ҷашнҳои миллии бостонӣ, аз он ҷумла Сада пайванди ногузастанӣ дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати фарҳангии худ ба эҳёи мероси таърихӣ ва арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Шаҳодат ба ин гуфтаҳо ҳамчун як ҷашни фарҳангӣ ва таърихӣ дубора зинда гардидани Чашни Сада ва дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани он мебошад. Имрӯз ҷашни Сада чун падидаи фарҳанги асили аҷдодӣ ба як ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллии мо табдил ёфтааст. Таҷлили он дар муассисаҳои таълимӣ, марказҳои фарҳангӣ ва шаҳру нохияхои кишвар, ба хусус дар пойтахти азизамон - Душанбе ба як анъанаи зебои миллӣ табдил ёфтааст. Дар ин айём маросимҳои бошукӯҳ, намоишгоҳои ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ ташкил ва баргузор карда мешаванд.
Хулоса, имрӯз мардуми хирадсолори тоҷик зери сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд оинҳои қадимаи худ, аз он ҷумла Садаро ҳифз ва эҳё намуда, барои наслҳои оянда мерос гузоранд. Таҷлили Иди Сада насли наврас ва ҷавононро бо таърихи пурғановати халқамон шинос менамояд, арзишҳои фарҳангиро эҳё мекунад ва барои рушди худшиносии миллӣ ва пос доштани анъанаҳои миллӣ заминаи мустаҳкам ва арзишмандро муҳайё месозад.
Юсуфӣ Фарзона, корманди илмии Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
