Перейти к основному содержанию
Дар партави дастуру супоришҳои хирадмандонаи сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба пешвоз ва ҷашнгирии санаҳои муҳими таърихӣ ва эҳё кардани сунатҳои таърихии миллии ниёгонамон ҷойгоҳи хосе дорад. Яке аз ин ҷашнҳои муҳими таърихӣ, ки шукуҳи худро садсолаҳои дигар гум накардааст, ҷашни Сада мебошад, ки ҳама сола тамоми кормандони соҳа дар фазои озод ва мутантан бо шодию нишоти бепоён ҷашн мегиранд. Ин ҷашни таърихӣ ба 29-30-юми январи солшумории мелодӣ рост меояд.

Садаро дар сарчашмаҳои таърихӣ ҳамчун ҷашни нуру рушноӣ, гармиву дилоройии хуршед ном мебаранд. Сада номи ҷашни бузурги ориёиҳо ва пайвандҳои ин шаҷара, хусусан эронитаборҳо, яъне мо – тоҷикон мебошад, ки қариб то охирҳои асри XII мелодӣ гузаштагонамон ҷашн мегирифтаанд. Сада ҷашни пиру ҷавон, зану мард ва маҷмӯъ ҳамаи хурду калон аст. Моҳияти ҷашни Садаро пирӯзии рӯшноӣ ба торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрӯхтани оташҳои бузург таҷлил мекарданд. Дар нишондодҳои таърихӣ омадааст, ки мардум бо афрӯхтани оташ фасли баҳор ва гармию равшаниро даъват мекардаанд, ки ин мардумро аз омодагиҳо ба корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ огоҳ менамуд.

Ҷашни Сада, ки таърихи дуру дароз дорад дар рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ таҷлил мегардид, ки баробар ба 30-ми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ мафҳуми “Сада”-ро чунин тафсир кардаанд, ки “Сада” аз шумораи сад (100) гирифта шудааст ва он иборат аз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз будан ва фарорасидани Наврӯзро ифода мекунад. Ин ҷашн ёдгорест аз даврони ориёиҳо, ки дар сарчашмаҳои таърихӣ пайдоиши онро бо паҳлавони асотирӣ Ҳушанг нисбат медиҳанд. Ин аст, ки ҳакими бузург Абулқосими Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” оид ба асос гузоштани ҷашни Сада ҳикоят мекунад, ки боре шоҳ Ҳушанг бо наздиконаш ба шикор меравад ва дар кӯҳсор мори дарозу тирарангро мебинад. Ҳушанг санги калонеро бардошта ба сӯйи мор ҳаво медиҳад, мор гурехта меравад, аммо ин санг ба санги дигар бархӯрда, шарора меҷаҳад ва хасу хошоки хушк оташ мегиранд. Мардум то ин замон тарзи афрӯхтани оташро намедонистанд ва Ҳушангу наздиконаш аз ошкор шудани рози оташафрӯзӣ шод шуда, онро неъмати худовандӣ мехонданд. Шоҳ Ҳушанг ба худо шукр мекунад, ки ба мардум сирри афрӯхтани оташро ошкор намуд ва ӯ ба шаҳраш баргашта, ин рӯйдодро ҷашн мегирад.

Ҷашнгирии иди Сада аз замони ориёиҳо сар карда то даврони салтанати ғазнавиёну салҷуқиён дар баъзе минтақаҳо то замони муғулҳо маъруф буда, дар дарбор ва байни мардум дар қатори ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардид. Иди Сада ва таҷлили он аз тарафи шоҳон қатъ шуда, он ба ҷашни мардумӣ табдил ёфт ва то замони мо омада расидааст.

Аз нуқтаи назари муҳаққиқон мафҳуми Сада моҳияти хуршед, рӯшноӣ ва оташ пеши назар меояд, ки ҳар кадомаш ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии калон дорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки зинда мондани тамоми мавҷудоти зиндаро бидуни рушноӣ тасаввур имконнопазир аст.

Дар ин бора Пешвои миллат дар асари “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” чунин гуфтааст: “Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва таҳлука меандохт, ба хусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед, чун унсури тавонно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст”.

Бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, ҷашнҳои миллии мо марҳила ба марҳила эҳё гардида, имрӯз дар ҳаёти мардуми мо ҷойгоҳи арзишманд пайдо намудаанд.

Сада ҳамчун яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик аз ҷумла ҳамин оинҳои эҳёшудаи мо буда, дар чанд соли охир дар саросари мамлакат бо шукӯҳи хос таҷлил мегардад. Ин ҷашн муждаи баҳор ва гузаштани сардиҳои зимистон аст.

Ҷашни Сада дар қатори дигар ҷашнҳои миллӣ аз ҷумла Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон яке аз ҷашнҳои қадими ориёӣ мебошад. Агар Наврӯзро мувофиқи фарҳанги тақвими миллиамон сари сол бишиносем ва аввалин ҷашни сол бидонем, пас Меҳргон ҷашни дувуми сол ва Сада ҷашни севуми соли тақвими миллӣ аст, ки ҳамзамон оғози заминасозие барои ҷашни Наврӯз - сари соли оянда мебошад. Дар ҳар яке аз ин ҷашнҳо андешаву гуфтор як шиор буд, муттаҳидӣ, ваҳдату баҳамойи ва шодмониву сипосгузорӣ ва якдиливу шикастнопазирӣ. Ҳамин ҷузъиётҳои муҳиму устувор буд, ки ин ҷашнҳои хоси табиат ва моли ниёгони тоҷик дар дарозои таърихи бостон то имрӯз боқӣ мондаанд.

Анъанаҳои ҷашни Сада афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он. Шодиву хушҳолӣ ва бузургдошти Худои гармию фурӯғӣ. Дар Тоҷикистон, ҷашни Сада аз соли 2017 расман таҷлил мешавад.

Ходими илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои

Тоҷикистон , Озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтика Абирова Бахтинисо