Перейти к основному содержанию

ДУШАНБЕ, 07.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини ҷумҳурӣ 9 марти соли 2024 таъкид намуданд, ки «ҳар фарди ин сарзамин ва ҳар наврасу ҷавони он, ки бо решаҳои таърихиву забонӣ ва фарҳангиву маънавӣ бо миллат ва халқи тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад, бояд бо ифтихор иброз намояд, ки ман тоҷикам, набера ва меросдори аҷдоди бофарҳанге ҳастам, ки барои рушди илму фарҳанг ва тамаддуни башарӣ, инчунин ҳифзи асолати дини мубини ислом хизмати басе арзишманд карда, дар олами ислом ҷойгоҳи сазоворро соҳиб гардидаанд».

— Воқеан дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйироти босуръати иҷтимоӣ-иқтисодӣ масъалаи ҳифзи ҳувияти миллӣ ва таҳкими худшиносӣ ба яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Аз дидгоҳи ҳуқуқӣ тоҷикият на танҳо унсури эҳсосӣ, балки падидаи ҳуқуқӣ-иҷтимоӣ аст, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1994 қабул шуда ва бо тағйироти солҳои 1999, 2003 ва 2016 такмил ёфтааст, ҳамчун ҳуҷҷати асосии ҳуқуқӣ пояи давлатдории муосирро муайян мекунад. Ин ҳуҷҷат на танҳо низоми сиёсӣ-ҳуқуқиро танзим менамояд, балки тоҷикиятро ҳамчун заминаи ҳуқуқии худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ таҳким мебахшад. Тоҷикият мафҳуми ҳуқуқӣ-иҷтимоӣ аст, ки ҳувияти миллӣ, мероси фарҳангӣ, забонӣ ва арзишҳои тоҷиконро дар бар гирифта, дар моддаҳои алоҳидаи Конститутсия инъикос ёфтааст.

Муқаддимаи Конститутсия тоҷикиятро ҳамчун заминаи ҳуқуқӣ барои худогоҳии миллӣ муайян мекунад, бо таъкид ба масъулият дар назди наслҳои гузашта ва оянда. Ин муқаррарот тоҷикиятро на ҳамчун мафҳуми абстрактӣ, балки ҳуқуқӣ нишон медиҳад, ки соҳибихтиёрӣ ва рушди давлатро дарк мекунад. Дар моддаи 1 Конститутсия Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ муайян шудааст, ки ин пояи ҳуқуқӣ барои ҳифзи тоҷикият аст. Тоҷикият дар заминаи худшиносӣ мебошад, зеро он миллатро ба ҳамбастагӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳидоят мекунад. Моддаи 2 Конститутсия забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ муқаррар мекунад, ки ин ҳуқуқи ҳифзи ҳувияти забонӣ аст. Тоҷикият бе забон вуҷуд надорад ва Конститутсия инро ҳамчун асоси ҳуқуқӣ барои худогоҳӣ эътироф мекунад. Аз нуқтаи назари ватандӯстӣ ин модда тоҷикиятро ҳамчун омили муттаҳидкунанда нишон медиҳад, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ муҳим аст. Дар моддаи 5 Конститутсия инсон ва ҳуқуқҳои ӯ арзиши олӣ эълон шудааст, ки ин пояи ҳуқуқӣ барои ҳифзи шаъну шарафи тоҷикон аст. Тоҷикият дар инҷо ҳамчун заминаи ҳуқуқӣ барои худшиносӣ амал мекунад, зеро он шаҳрвандонро ба эҳтироми ҳуқуқҳои фитрӣ даъват менамояд. Моддаи 43-и Конститутсия тоҷикиятро ҳамчун заминаи ҳуқуқии худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ муайян мекунад, зеро ҳифзи Ватан бе ҳисси амиқи миллӣ ғайриимкон аст. Ин муқаррарот на фақат уҳдадории ҳуқуқӣ, балки даъвати маънавӣ ба ҳар тоҷик аст, то истиқлолият ва ҳувияти миллиро ҳифз кунад. Моддаи 44-и Конститутсия ҳифзи табиат ва ёдгориҳои таърихиву фарҳангиро ҳамчун вазифаи ҳар шахс эълон мекунад. Ин муқаррарот тоҷикиятро ҳамчун заминаи ин вазифа муайян мекунад, зеро табиати Тоҷикистон – кӯҳҳои баланд, дарёҳои пурқудрат ва ёдгориҳои қадимае, чун Саразм, Ҳулбук, Панҷакент ва ғайра рамзи ҳувияти миллӣ мебошанд. Ҳифзи онҳо маънои ҳифзи худшиносии миллиро дорад, ки аз насл ба насл гузаштааст. Конститутсия тоҷикиятро ҳамчун заминаи ҳуқуқии худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ муайян мекунад, ки дар ҳама моддаҳо инъикос ёфтааст. Аз дидгоҳи ҳуқуқӣ ин ҳуҷҷат калиди ҳифзи ҳувият аст ва иҷрои он вазифаи ҳар шахс мебошад. Аз таҳлили муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки тоҷикият ҳамчун заминаи худшиносӣ маънои амиқи маърифатӣ дорад. Он на фақат ҳисси мансубият ба миллат, балки дарки ҳуқуқҳо ва уҳдадориҳои шаҳрвандӣ аст.

Дар таърих тоҷикон ҳамчун миллати фарҳангпарвар ва илмдӯст маъруфанд. Шоирону олимони бузурге, чун Абуабдулои Рӯдакӣ, Аблуқосим Фирдавсӣ ва Абуалӣ ибни Сино пояҳои тоҷикиятро мустаҳкам кардаанд. Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ ин мерос дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2009 «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2024 «Дар бораи фарҳанг» ҳифз мешавад, ки забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ ва фарҳангро маҷмуи арзишҳои моддию маънавии миллӣ муайян мекунад. Худшиносӣ дар ин замина маънои донистани ҳуқуқҳо ва иҷрои уҳдадориҳо дар соҳаи забон ва фарҳанг аст, ки барои пешгирии таъсири бегона муҳим мебошад. Аз дидгоҳи ватандӯстӣ ҳар тоҷик бояд ин меросро ҳамчун пояи худшиносӣ қабул кунад, то дар муқобили чолишҳои ҷаҳонишавӣ устувор бимонад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011 «Дар бораи амният» ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ дар соҳаи амният мафҳумҳои калидии амнияти миллӣ, манфиатҳои миллӣ ва манфиатҳои ҳаётан муҳимро муайян мекунад. Ин мафҳумҳо на танҳо пояи ҳуқуқии ҳимояи давлатро ташкил медиҳанд, балки тоҷикиятро ҳамчун заминаи ҳуқуқии худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ таҳким мебахшанд. Амнияти миллӣ ҳамчун ҳолати муҳофизатии манфиатҳои ҳаётан муҳим аз таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ тоҷикиятро ҳамчун заминаи ҳуқуқӣ барои ҳифзи ҳувият муайян мекунад.

Дар Қонун «Дар бораи амният» амният ҳамчун системаи ҳолатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тавсиф мешавад, ки қобилияти давлатро дар ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионӣ кафолат медиҳад. Тоҷикият дар ин замина ҳисси миллӣ ва масъулияти ҳар шаҳрвандро бедор мекунад, зеро ҳимояи манфиатҳо бе худшиносӣ ғайриимкон аст. Манфиатҳои миллӣ ҳамчун маҷмуи эҳтиёҷоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қобилияти давлатро дар ҳифзи ҳуқуқҳо ва арзишҳо таъмин мекунанд. Дар Қонун «Дар бораи амният» ин манфиатҳо ҳамчун асоси ҳифзи ҳувияти миллӣ иброз мешаванд, ки рушди устувор ва ваҳдати ҷомеаро кафолат медиҳанд. Тоҷикият дар ин замина заминаи ҳуқуқӣ барои худшиносӣ аст, зеро манфиатҳои миллӣ бе ҳисси мансубият ба миллат ва фарҳанг вуҷуд надоранд. Манфиатҳои ҳаётан муҳим ҳамчун маҷмуи эҳтиёҷоте, ки мавҷудияти шахсият, ҷамъият ва давлатро таъмин мекунанд, тоҷикиятро ҳамчун пояи ҳуқуқии ҳифзи арзишҳои асосӣ муайян мекунанд. Дар Қонун «Дар бораи амният» ин манфиатҳо ҳамчун ҳадафи амният иброз мешаванд, ки ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва пойдории давлатро дар бар мегиранд. Тоҷикият дар ин замина ҳамчун заминаи ҳуқуқӣ барои худогоҳӣ амал мекунад. Мафҳумҳои амнияти миллӣ, манфиатҳои миллӣ ва ҳаётан муҳим дар Қонуни «Дар бораи амният» тоҷикиятро ҳамчун заминаи ҳуқуқии худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ муайян мекунанд. Ин қонун ҳимояи ҳувияти миллӣ аз таҳдидҳоро кафолат медиҳад ва ҳар тоҷикро ба масъулият даъват мекунад. Яъне тоҷикият калиди амнияти пойдор аст.

Хулоса, аз таҳлили муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои марбут ба забон, фарҳанг ва амният, инчунин суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки тоҷикият ҳамчун заминаи ҳуқуқӣ ва маънавии худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ калиди пойдории давлат ва миллат аст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи ҳувияти миллӣ талаби замон аст. Аз ин рӯ, пешниҳод мешавад, ки лоиҳаи миллии «Ман тоҷикам» ташкил карда шавад. Ҳадафи он таҳкими ҳисси ифтихор аз ҳувияти миллӣ дар байни шаҳрвандон, хусусан ҷавонон мебошад. Лоиҳа ба суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя мекунад: «Ҳар фарди ин сарзамин… бояд бо ифтихор иброз намояд, ки ман тоҷикам». Ҳадафҳои асосии лоиҳа бояд ба таҳкими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ байни шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои миллӣ: забон, фарҳанг, таърих ва мероси ниёгон, ҳифзи ҳувияти миллӣ аз таъсири манфии ҷаҳонишавӣ ва бегонапарастӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулият нисбат ба Ватан, табиат ва ёдгориҳои фарҳангӣ, муттаҳидсозии ҷомеа дар асоси манфиатҳои миллӣ ва ҳаётан муҳим равона карда шаванд. Самтҳои амалии лоиҳа бояд маърифатӣ-таълимӣ (ворид кардани машғулияти ҳатмии «Тоҷикиятшиносӣ» ва «Ман тоҷикам» дар мактабҳо, коллеҷҳо ва донишгоҳҳо, таъсиси марказҳои омӯзиши ҳувияти миллӣ дар маҳалҳо); расонаӣ ва таблиғотӣ (истеҳсоли филмҳо, барномаҳои телевизионӣ ва маводи таблиғотӣ бо шиори «Ман тоҷикам», озмунҳои ҷумҳуриявӣ оид ба эссе, шеър ва рассомӣ дар мавзуи ҳувияти миллӣ); фарҳангӣ-ҷамъиятӣ (баргузории фестивалҳо, машваратҳо ва чорабиниҳои оммавӣ дар рӯзҳои ид, таъсиси клубҳои «Ман тоҷикам» дар муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳо); рақамӣ (таҳияи аппликатсия ва платформаи онлайн бо маводи таърихӣ, забонӣ ва фарҳангӣ, ҳаштагҳои #МанТоҷикам ва #Тоҷикият дар шабакаҳои иҷтимоӣ); байналмилалӣ (тарғиби ҳувияти тоҷикӣ байни муҳоҷирони тоҷик ва ҳамватанон дар хориҷа тавассути сафоратҳо ва марказҳои фарҳангӣ) бошанд.

Лоиҳаи «Ман тоҷикам» метавонад ҳамчун механизми амалии таҳкими тоҷикият амал кунад ва ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат мусоидат намояд. Ин ташаббус ҳувияти миллиро мустаҳкам намуда, миллатро дар муқобили чолишҳои муосир устувор месозад. Иҷрои он вазифаи ҳар ватандӯст барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст.

Бознашр аз сомонаи АМИТ "Ховар" https://khovar.tj/2026/01/to-ikiyat-zaminai-hudshinos-on-sha-rvandonro-ba-e-tiromi-u-u-oi-fitr-davat-menamoyad/

Дониёр САНГИНЗОДА, муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва

Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор