Перейти к основному содержанию

Яке аз суханони маъруфи шахсияти ҳарбии рус Михаил Скобелев (1844–1882) чунин садо медиҳад: «Ман омодаам дар парчами худ нависам: Русия барои русҳо ва ба забони русӣ ва ин парчамро то ҳадди имкон баланд бардорам». Ин сухан, шояд барои як фармондеҳи низомӣ, ки рисолати ў ҳифзи сарзамин аз душманони хориҷист, мантиқи худро дошта бошад. Аммо дар диди ҷаҳони имрўза, ки дар он ҷаҳонишавӣ, ҳамбастагии фарҳангҳо ва муколамаи тамаддунҳо ба меъёри асосии зиндагии башарӣ табдил ёфтааст, чунин андеша дигар наметавонад арзиши умумибашарӣ дошта бошад. Зеро инсони асри XXI ба ҷои бархўрду тафриқа, ҳамзистии тамаддунҳо, баҳамоии арзишҳои маънавӣ ва хизмат ба инсоният ниёз дорад. Гуфтори М. Скобелев, ки рӯҳияи миллатгароиро тараннум мекунад, имрўз ҳамчун нишонае аз тафаккури маҳдуди қавмӣ талаққӣ мегардад. Маҳз ҳамин гуна шиорҳо ва даъватҳо боис шудаанд, ки миллатгароии шадид ва тафриқаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ дар ҷомеаи муосир боз ҳам боло гиранд.

Аммо барои мардуми тамаддунофари тоҷик, ки решаҳои таърихияш дар умқи инсондўстӣ ва хирадпарварӣ ҷой дорад, парчам на рамзи таассуб ва ҷудоӣ, балки нишонаи ваҳдат, ифодаи ҳамбастагии мардумон ва ҷамъоварии арзишҳои олитарини инсонӣ мебошад. Парчам барои тоҷик рамзи нур, сулҳ, ва муҳаббат ба инсоният аст, рамзи он аст, ки хизмат ба инсон болотар аз ҳар марзу миллат меистад. Ҳамин гуна, агар барои генерал М. Скобелев парчам рамзи миллатгароӣ бошад, барои миллати тоҷик он аламгоҳи андешаҳои башардўстона, нишонаи ваҳдати ҷаҳонӣ ва парчами муҳаббат ба инсон аст, Парчаме, ки дар боди ҳавои муфарраҳ ҷилва мекунад, на бо оташи ҷангу мубориза, балки бо нафаси оромии сулҳ, бо нури дониш ва бо шуълаи хирад, парчами ҷаҳондўстист, рамзи ваҳдати инсонҳо, покии ниятҳо ва эҳсоси олии масъулият дар баробари башарият. Ин парчам на нишони таассуб, балки ойинаи рўҳи созанда аст. Он дар зери нурҳои офтоби маърифат паёми дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмиро ба ҳамаи миллатҳо мерасонад. Ҳар лаҳзаи ҷунбиши он дар бод, гўё садои умеду осоишро ба гўш мерасонад, садое, ки инсонро ба хидмат, ба меҳр ва ба шукуфоии ҷаҳон даъват мекунад. Ин гуна парчам, дар ҳақиқат, на танҳо матои рангаи бардошташуда, балки рамзи орзуҳои башар, ҷилваи инсондўстӣ ва нишонаи ҳувияти маънавии миллате аст, ки сулҳро болотар аз ғалаба ва хирадро болотар аз қудрат медонад. Ин қазоват дуруст аст, ки парчам ҷилваи рӯҳи миллат, рамзи ифтихор, нигини давлатдорӣ ва нишони ҳувияти миллӣ аст. Он мисли офтоби равшан дар осмони ҳастии ҳар як халқ медурахшад ва мавҷҳои рангораш дар бод на танҳо зебоии зоҳирӣ, балки бузургии маънавиро инъикос мекунанд. Аз аҳди бостон то рўзгори муосир парчам ҳамеша нишонаи ҳокимият, истиқлол ва шуҷоати мардум будааст. Дар замонҳои қадим он рамзи ҷасорати сарбозон, иттиҳоди қавмҳо ва эҳтироми муқаддас ба ватану сулолаҳо маҳсуб мешуд. Аммо бо гузашти асрҳо, маънои он аз ҳадди низомӣ берун рафта, ба зинаи баландтари маънавӣ расид: имрўз парчам оинаи рўҳи давлат, симои фарҳанг, тарҷумони таърих ва пойгоҳи арзишҳои миллӣ аст. Дар ҷаҳони муосир, ки марзҳои фикриву фарҳангӣ торафт тангтар мегарданд, парчам на танҳо аломати шиносоии давлатҳо, балки рамзи ваҳдату ягонагӣ, суруди ифтихори шаҳрвандӣ ва нишонаи ҳузури миллӣ дар саҳнаи ҷаҳонӣ мебошад. Ҳар боре ки он бар фалак меҷунбад, гўё садои ниёгон, ормонҳои озодӣ ва орзуи сулҳи умумибашарӣ дар мавҷҳои он метанад.

Парчам мактуби таърихии миллат ба ҷаҳон аст, ки дар он бо забони рангҳо ва рамзҳо маънои амиқи вуҷуд, фарҳанг, хирад ва иродаи халқ навишта шудааст.

Вожаи “парчам” реша дар таърихи бисёр қадими забонҳои форсиву тоҷикӣ дорад ва аз вожаҳое маншаъ гирифтааст, ки маънои “алам”, “нишон” ё “баланд бардошташуда”-ро доранд. Ин вожа дар асл рамзи ифтихор ва болобардории нанг ва шарафи миллӣ буда, то имрўз ҳамин маънои поку пурифтихорро нигоҳ доштааст. Дар маънои илмӣ, парчам матои рангаест бо шакл, аломат ва рамзҳои муайян, ки ҳувияти гурўҳ, миллат, давлат ё созмонро таҷассум мекунад. Аммо парчам танҳо як матоъ нест, он забони хомўши таърих, оинаи шуури миллӣ ва нигини ҳувият аст. Дар илми рамзшиносӣ, парчам ҳамчун системаи мукаммали нишонаҳо таҳлил мешавад: ҳар ранг, ҳар хат ва ҳар аломат маънои амиқи хоси худро дорад. Он метавонад ба таърих, дин, фарҳанг, забон, хок, осмон ё табиати кишвар ишора кунад, гўё ҳар як ҷузъи он як ҳарфи сухани миллат бошад. Таърихи парчам ба ҳазорсолаҳо қабл бармегардад. Аввалин намунаҳои он дар тамаддунҳои Мисри қадим, Чин, Бобил ва Форс дида мешуданд. Дар он айём, парчам бештар ҳамчун нишонаи ҷангӣ истифода мешуд: лашкарҳо бо аломатҳои гуногун пеш мерафтанд, то фармондеҳон аз масофаи дур ҷузъҳои худро шиносанд. Яъне вазифаи аввалини парчам огоҳ кардан ва муаррифӣ буд, аломате, ки нишон медод: Ин ҷо мардуми мананд, ин рамзи ватани ман аст.

Парчам на танҳо рамзи давлатӣ аст, балки асос ва воситаи бедор кардани ҳисси ватандўстӣ, ифтихори миллӣ ва эҳсоси масъулият дар ҳар шаҳрванд ба шумор меравад. Дар мактабҳо, муассисаҳо ва чорабиниҳои давлатӣ он ҳамеша ҷилва мекунад, то дар шуури мардум ду паёми амиқро бедор созад, яъне аз як тараф, эҳсоси муҳаббат ва содиқонагӣ ба Ватанро пурқувват кунад ва аз тарафи дигар, нишон диҳад, ки ҳар фарди миллат зери болафшонии парчами давлатӣ аз озодӣ ва амният баҳра мебарад, аз хатар эмин аст ва метавонад бо болу пари умед ва орзуҳои худ дар осмони беғубор ва софи зиндагӣ парвоз кунад.

Ғайр аз ин, парчамҳо дар муносибатҳои байналмилалӣ низ нақши беназир ва муҳим мебозанд. Онҳо ҳамчун нишони шинохти давлатӣ, рамзи ҳувият ва василаи муаррифии фарҳанг ва таърихи миллӣ дар саҳнаи ҷаҳонӣ истифода мешаванд. Дар ташкилотҳои байналмилалӣ ва платформаҳои глобалӣ, парчам пайкари давлат ва эътимоди мардуми он аст. Ҳар боре, ки парчами кишвар дар майдонҳои варзишӣ ё минбарҳои сиёсӣ боло меравад, он на танҳо рамзи пирўзӣ, балки баёнгари эҳтироми тамоми ҷаҳониён ба давлат, ҳувият ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Баъди пирӯзии ваҳдат дар Тоҷикистон ва эътиқод ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, ки ба ҷаҳониён собит сохтанд, ки миллати тоҷик ҳам соҳибтамаддун ва ҳам соҳибтаърих аст, Парчами Тоҷикистон дар минбарҳои бузурги ҷаҳонӣ боло бардошта шуд ва эҳтироми ҳақиқии онро ба даст овард. Ин ҷилваи Парчам ба ҷаҳониён нишон дод, ки миллат метавонад бо ягонагӣ, арзишҳои маънавӣ ва ҳувияти фарҳангӣ ҷойгоҳи хос дошта бошад.

Аз ин рў, парчам ҳамчун рамзи асосии давлатдорӣ ва ҳувияти миллӣ, оинаи таърих ва фарҳанги миллат маҳсуб мешавад. Он мардумро муттаҳид мекунад, ҳисси ифтихор ва масъулиятро бедор месозад ва арзишҳои маънавии ҷомеаро дар худ таҷассум мекунад. Дар ҷаҳони муосир, ки муносибатҳои байналмилалӣ васеъ ва мураккаб шудаанд, эҳтиром ба парчам баробари эҳтиром ба миллат, арзишҳои умумибашарӣ ва озодии инсон аст. Парчами муқаддаси Тоҷикистони азиз чароғе аст, ки равшании ирода, ватандўстӣ ва арзишҳои маънавии миллатро ба ҷаҳон паҳн мекунад. Ҷойи тасдиқи ин калом аст, ки ҳар бор парчамро бар фалак мебардорӣ, ҳамон қадар роҳи ту ба сўи муваффақият ва шараф боз мешавад. Парфишон бодо мудомо Парчами миллии мо! Рамзи сулҳ, ифтихор ва ваҳдати миллат, нишонаи нерўи созанда ва ҳисси беандозаи муҳаббат ба Ватан!

ҚАЛАНДАРИЁН Ҳоким Сафар,

доктори илмҳои филологӣ, директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ