Рӯзи 16-уми ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – дар тақвими миллии мо ҳамчун рамзи эҳтиром ба роҳбари сиёсиву давлатмарде сабт шудааст, ки дар марҳалаи барои тақдири давлату миллат ниҳоят сарнавиштсоз бо иродаи қавӣ, ҷасорати нодир ва хирадмандии сиёсӣ тавонист миллатро аз вартаи нестӣ раҳонода, пояҳои давлатдории миллиро аз нав эҳё намояд ва Тоҷикистонро ба масири рушди беназир, суботи устувор ва пешрафти ҳаматарафа ворид созад.
Дар ин рӯз мо нақше, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат ва меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ дар таърихи давлатсозии тоҷикон гузоштаанд, бо ифтихор ва қадрдонии амиқ ёдрас мешавем, зеро маҳз бо зиракии сиёсӣ, хирадмандии баланди давлатдорӣ, иродаи беандоза устувори шахсии ин фарзона фарзанди миллат, тамоми ҳаракати сиёсиву иҷтимоии миллат ба самти ягонагӣ, ҳамгироӣ ва суботи устувор равона гардид. Он замоне, ки ҷомеа ба низоъи мусаллаҳона, парокандагии фикрӣ, буҳронҳои шадиди иқтисодӣ ва таҳдиди воқеии нобудшавии давлат дучор шуда буд, маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҷавонмарди иродаи халқ ба арсаи сиёсат қадам ниҳоданд ва масъулияти пурмухолифат, вале ҳаётии наҷоти давлату миллатро ба зимма гирифтанд.
Бо сиёсати меҳварӣ ва тадбирҳои дурбинонаи Пешвои миллат, дар муддати ба назар кӯтоҳ, заминаҳои сулҳи пойдор гузошта шуда, раванди муқобилиятҳои дохилӣ қатъ гардид ва Тоҷикистон ба марҳалаи созандагиву бунёдкорӣ ворид шуд. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки бо ташаббус, заҳмати пайгирона, иродаи матин ва нуфузи шахсии Президенти кишвар ба имзо расид, имрӯз ҳамчун намунаи нодири дипломатию давлатдорӣ дар ҷаҳони муосир эътироф мешавад.
Маҳз аз ҳамин нуқта Тоҷикистон ба марҳалае ворид шуд, ки аз як кишвари ҷангдида ба давлати босубот, аз ҷомеаи пароканда ба миллати муттаҳид, аз иқтисоди хароб ба иқтисоди рушдёбанда табдил ёфт. Дар давраи роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои иқтисоди миллӣ аз нав бунёд гардида, инфрасохторҳои муҳими роҳу нақлиёт, энергетика, саноат, маориф, тандурустӣ, варзиш, фарҳанг, ободонии шаҳрҳо ва деҳот, эҳё ва тармими роҳҳои байналмилалӣ, сохтмони неругоҳҳои азими барқӣ, кашидани хати интиқоли барқ, васеъшавии робитаҳои байналмилалӣ ва садҳо лоиҳаҳои ҷаҳонисоз бо сифати баланд амалӣ гардиданд.
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаҳои глобалии об, амнияти энергетикӣ, экология, ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор, ки бо сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат тариқӣ меёбанд, имрӯз кишвари моро дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати фаъол, бо нуфуз ва дорои мавқеи устувор муаррифӣ менамоянд.
Дар баробари ин, сиёсати иҷтимоии роҳбарияти олии кишвар, ки инсонро ҳамчун арзиши олӣ ва меҳвари давлатдорӣ арзёбӣ мекунад, ба беҳбудии сатҳи зиндагии мардум, рушди маорифу тандурустӣ, болоравии мақому нақши ҷавонон, густариши имкониятҳои занон, ва пойдории амнияти ҷомеа мусоидат намуд.
Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич магистранти курси 2 -юми ихтисоси идоракунии давлатии
Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
