Таҳлили татбиқи аснод ва маромномаҳои Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зиндагии иҷтимоӣ ва сиёсии кишварамон ва натиҷаҳои таърихии он то ба имрӯз ба хулосаҳои мушаххас овардааст. Яке аз вазифаҳои муҳими Иҷлосияи XVI-ум заминаи таҳкими робитаҳои бисёрсамтаро бо тамоми кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ гузошт. Яъне марҳалаи нав дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз Иҷлосияи таърихии XVI-ум оғоз гардид.
Усули асосии нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол 19-уми ноябри соли 1992 аз тарафи Раиси нави Шурои Олии ҷумҳурӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон” эълон гардида буд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хушӣ пазируфта шуд ва дастгирӣ ёфт. Он масъалаҳо аз рӯйи тартибе, ки дар Муроҷиатномаи мазкур омадаанд, чунинанд:
1. Ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ;
2. Барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо ҳамаи кишварҳое, ки мехоҳанд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси баробарҳуқуқӣ ва муносибатҳои муфиди тарафайн ҳамкорӣ кунанд;
3. Аъзо шудан ба созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ;
4. Мустаҳакам кардан ва боз ҳам инкишоф додани муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба бо Давлатҳои Муштаракулманофеъ, пеш аз ҳама, бо Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон;
5. Дар асоси усули баробарӣ, ҳамкории дутарафаи судманд, ки кишварҳои хориҷӣ интихоб намудаанд, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар, барқарор намудани муносибат бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, бо Афғонистон, Покистон, Чин, Эрон, давлатҳои дигари Осиёву Африқо ва Аврупою Амрико;
6. Ёфтани ҷойгоҳи муносиби худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ.
Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон натанҳо робитаҳои судманде бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ шинохта шавад.
Барқарории робитаҳои хориҷӣ ва шиносонидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил яке аз муҳимтарин ва дар айни ҳол мушкилтарин бахшҳои давлатсозӣ дар солҳои аввали Истиқлоли сиёсӣ буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани асноди робитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадҳо зербинои сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бунёд намуда, эълон кард, ки инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, мазҳабӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ арзиши олӣ мешуморад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Иҷлосияи 17-уми Шурои Олии ҷумҳурӣ 26 –уми июни соли 1993 зикр намуданд, ки “баъд аз иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ дар сиёсати хориҷии мо марҳалаи нав оғоз ёфт. Инчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар Иҷлосияи XVIII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистои дар таърихи 28 декабри соли 1993 зимни зарурати танзими консепсияи сиёсати хориҷии кишвар таъкид намуда буданд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи мавқеи ҷуғрофӣ, мавқеи геосиёсӣ ва манфиатҳои иқтисодиаш ба 5 ҳавзаи сиёсӣ дохил мешавад.
Ҳавзаи якум Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст, ки бо вуҷуди душвориҳои солҳои аввали ташаккулаш ба сӯи таҳкими робитаҳои ҳамаҷиҳата тамоили ботинӣ дорад.
Ҳавзаи дуюм Осиёи Марказист, ки кунун рӯ ба ваҳдати иқтисодию сиёсӣ овардааст.
Ҳавзаи сеюм фазои зисту амали давлатҳои ҳамсояи форсизабон аст, ки ҳанӯз ба ягон иттиҳоди муштараки сиёсӣ ё иқтисодӣ нарасида бошанд ҳам, онҳоро нафақат ҳамбастагии таърихӣ ва мазҳабию фарҳангӣ, балки дурнамои воқеии рушди миллӣ бо ҳам ҷазб мекунанд.
Ҳавзаи чаҳорум доираи нуфузи давлатҳои мусулмоннишини Шарқ аст, ки онҳоро на фақат ягонагии дину ойин ва суннатҳои рӯҳонӣ, балки имконот ва эҳтиёҷоти рушди миллӣ низ ба ҳам мепайванданд.
Ҳавзаи панҷум ҷомеаи байналмилалист, ки ҷамъбастагии зоҳирию ботиниаш беш аз пеш қувват мегирад ва ҳам оҳиставу пайваста ба сӯи тамаддуни воҳиди умумибашарӣ роҳ мепаймояд.
Дар маркази доираи диққати кишварҳо ва минтақаҳои номбаршуда қарор гирифтани Ҷумҳурии Точикистон се омили асосӣ дорад: иқтисодӣ, низомӣ ва сиёсӣ. Диққати он кишварҳоро, пеш аз ҳама, сарватҳои зеризаминӣ ва рӯизаминии Ҷумҳурии Тоҷикистон – тилло, нуқра, пахта, арзиз, мис, оҳан, уран, ҳамчунин мавқеи стратегии он ва равандҳои сиёсию иҷтимоие, ки солҳои охир дар сарзамини мо ба вуҷуд омадаанд, ба худ ҷалб намудааст. Махсусан масъалаи об имрӯз дар сиёсати муносибатҳои байналмилалии ҷумҳурӣ як таҳаввули сиёсиро ба вуҷуд овардааст. Илова бар ин Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бисёрии ин кишварҳо бозори муносибу мувофиқи фурӯши молҳояшон мебошад. Махсусан, барои он кишварҳое, ки молҳояшон дар бозори ҷаҳонӣ ба рақобати сахти кишварҳои ғарбӣ ва давлатҳои пешрафтаи шарқӣ рӯбарӯст. Аз ин рӯ, ҳамаи онҳо кӯшиш доранд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нуфуз дошта бошанд, то хостаҳои сиёсию иқтисодӣ ва низомиашонро бароварда созанд.
Яке аз ҷанбаҳои таҳаввулии сиёсати хориҷӣ ин иштироки фаъолонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад, ки дар ин маврид низ комёбиҳои ҷумҳурӣ чашмрасанд. Аз ҷумла, чандин ташаббуси кишвар, бахусус дар ҳаллу фасли масъалаҳои об ва энергетика, ҷилавгирӣ аз офатҳои табиии марбут ба об, ҳифзи пиряхҳо, мубориза алайҳи терроризм, тундгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз байн бурдани мушкилоти Афғонистон аз ҷониби соири кишварҳои ҷаҳон дар СММ дастгирӣ ёфтанд.
Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир хусусияти таҳаввулотиро дорост, ки он имконият медиҳад бо давлатҳои ҷаҳон бештар муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро ба роҳ монад. Дар муносибат бо давлатҳои ҳамсарҳад ва давлатҳои сохти демократӣ дошта, Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дӯстӣ, дахолат накардан ба сиёсати дохилии дигар давлатҳо, ҳал намудани масъалаҳо бо роҳи осоиштаро пурра ҷонибдорӣ менамояд.
Азбаски кишварҳои гуногун нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон хостаҳои гуногун, манфиатҳои гуногун доранд ва аксар хостаҳои онҳо бо хостаҳо ва манфиатҳои давлатҳои дигар дар тазод мебошад, байни ин кишварҳо рақобате вуҷуд дорад. Ин рақобати онҳо ба вазъи Ҷумҳурии Тоҷикистон бе таъсир нахоҳад буд.
Имрӯз дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки акнун чоряк аср таҷриба пушти сар дорад, муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои бисёрҷониба мавқеи махсус доранд. Зарурати иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ин созмонҳо аз он бармеояд, ки кишвар дар таҳкими амнияту суботи байналмилалӣ пайваста талош меварзад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 34 соли Истиқлоли сиёсии хеш тавонист, бо барқарор намудани муносибатҳои ду ва бисёрҷониба бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ марҳала ба марҳала мавқеи сиёсии худро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам гардонад. Дар ин марҳалаи начандон тӯлонии таърихи муосир Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидояти роҳбарияти кишвар ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, обрӯ ва эътибори хешро боло бурд, ҳамкориҳои судмандро таҳкиму густариш бахшид ва то имрӯз бо аксари давлатҳои ҷаҳон робитаҳои хубу манфиатовар ба роҳ мондааст.
Бояд гуфт, ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, пеш аз ҳама, ба таҳкими ҳамкориҳою танзими муносибатҳо нигаронида шуда, мавзӯи обро аз чаҳорчӯбаи фаҳмиши классикии ақибмондаи собиқи он раҳоӣ мебахшанд, дар навъи нигариш ва истифодаи обҳои фаромарзӣ миёни кишварҳои минтақа раванди муколама дохил карда мешавад, аз таҷрибаи пешрафтаи якдигар ва ҷаҳон дар ҳалли масъалаҳои баҳсноку низоъангез, аз ҷумла, идоракунии захираҳои оби дарёҳои сарҳадгузар истифода карда мешавад.
Барои ба ҳадафҳои ин ташаббусҳо расидан аз ҷониби кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ чорабиниҳои зиёде бо иштироки роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Ҳамчунин, дар асоси Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ як қатор чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ дар пойтахти кишварамон бо иштироки намояндагони кишварҳои аъзои СММ ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ гузаронида шуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати “дарҳои кушода” ҳамкории мутақобилан судмандро бо як қатор созмонҳои иқтисодӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки Осиёии рушд, Бонки исломии рушд, Бонки Авруосиёии рушд, Бонки навтаъсиси осиёии сармоягузории зерсохторӣ ва ғайра.
Дар самти ҳамкории иқтисодии хориҷӣ қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона бо шарикони анъанавӣ, монанди Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон ҳамкории наздик ба роҳ мондааст. Дар ин ҷо ҳамсояи ҳаммарзи бузург Ҷумҳурии Халқии Хитойро, ки тавассути сармояҳои муассири хеш ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар мусоидати назаррас мерасонад, наметавон махсус зикр накард. Ҳамзамон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории устуворро бо кишварҳои хориҷии дур, аз ҷумла кишварҳои қаламрави Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба роҳ монда, мунтазам кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки онҳоро васеъ ва амиқ намояд.
Ҳадафи асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи манфиатҳои стратегии кишвар дар арсаи байналмилалӣ буда, он аз тариқи фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори ҳамаҷонибаи мамлакат, мусоидат ба таҳкими беш аз пеши пояҳои истиқлолияту соҳибихтиёрии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кӯшишҳои пайгирона ҷиҳати дарёфти ризоият ва манфиатҳои мутақобила бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ҷараёни иҷрои вазифаҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии кишвар амалӣ мегардад.
Ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии мустақили бисёрсамта ва сиёсати “дарҳои кушода”-ро, ки ба талаботи манфиатҳои олии давлативу миллӣ ҷавобгӯ буда, ҳадафи ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судмандро бо кишварҳои гуногуни олам пайгирӣ мекунад ва ба эҳтироми бечунучарои ҳуқуқи байналмилалӣ асос ёфтааст, татбиқ менамояд.
Дар марҳалаи кунунӣ принсипҳои асосӣ ва анъанаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалли масъалаҳои афзалиятноки рушди кишвар, аз ҷумла таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, тақвияти ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона шуд. Дар ин муддат сиёсати «дарҳои кушода», ҳамчун фарҳанги ҳамзистӣ бо олами имрӯз аз ҷониби роҳбарияти кишвар муаррифӣ гардида, дар асоси он сиёсати хориҷии бисёрсамта, ботавозун ва прагматикӣ тарҳрезӣ шуд ва тавсеаву таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои гуногуни олам роҳандозӣ гашт. Ба шарофати ин сиёсат Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ мустаҳкам сохта, бо назардошти манфиатҳои миллӣ тавозуни муносибатҳо ва манфиатҳои худро таъмин кард. Сиёсати “дарҳои кушода” меҳвари сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷассум мекунад. Бархе аз натиҷаҳои ин сиёсатро метавон чунин баршумурд:
1. ҳар сол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон табодули мол сурат мегирад. Соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи яке аз созмонҳои бонуфузтарини дунё — Созмони Умумиҷаҳонии Тиҷорат гардид;
2. то имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам беш аз 2100 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонидааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ-техникӣ, амният, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳоро фаро мегиранд;
3. ағлаби ташаббусҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳаллу фасли мухолифати шаҳрвандӣ тариқи гуфтушунид, мусоидат ба ҳалли мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, як зумра ташаббусҳо оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, инчунин дигар пешниҳодҳои арзишманди роҳбарияти Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ ва дастгирӣ пайдо намудаанд.
Бояд хотирнишон сохт, ки дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бештар аз 350 санади байналмилалӣ ба мисли конвенсияҳо, хартияҳо ва эъломияҳои байналмилалӣ аъзо шуда, уҳдадориҳои худро дар мавриди расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбуди вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли он иҷро менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони илмию фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) низ муаллифи чандин ташаббус буда, ҳамовозии ин созмонро ба даст овардааст, ки ба чанде аз онҳо ишора мекунем:
1. соли 2002 пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба ҳайси “Шаҳри сулҳ” сазовори ҷоизаи ЮНЕСКО гардид;
2. соли 2003 “Шашмақом” ҳамчун мусиқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳайси шоҳкориҳои шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ба феҳристи ЮНЕСКО ворид карда шуд;
3. соли 2010 бо қарори 34-умин ҷаласаи Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шаҳраки қадимаи «Саразм» ба феҳристи мусаввараҳои мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд;
4. соли 2013 бо қарори 36-умин ҷаласаи Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО “Боғи миллии Тоҷикистон – кӯҳҳои Помир” ба феҳристи Мероси табии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид;
5. соли 2013 дар шаҳри Париж, дар қароргоҳи ЮНЕСКО муаррифии китоби «Меъмори сулҳ», дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил дар кишвар бахшида шуда буд, баргузор гашт;
6. соли 2013 бо эътирофи пайравии пайваста ба ҳадафҳои ташаккули сулҳи пойдор ва пешбурди рушди устувор, аз ҷумла тавассути ташаббусҳо оид ба пешбурди ҳамкорӣ ва муколамаи байналмилалӣ дар соҳаи об, табодули донишҳои илмӣ ва мусоидат ба пешрафт дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва ҳадафҳои рушди дар сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳанг шуд;
7. соли 2013 дар шаҳри Париж дар рафти 37-умин иҷлосияи Конфронси генералии ЮНЕСКО ҷашнҳои 3000-солагии Ҳисор, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон) ва 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ба феҳристи ҷашнҳое, ки бо иштироки ЮНЕСКО дар солҳои 2014-2015 таҷлил мешаванд, ворид гардиданд.
Доираи дигари ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли масъалаҳои амниятӣ, мубориза бо таҳдиду чолишҳои замони муосир, аз ҷумла терроризм, тундгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро дар бар мегирад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истиқлоли сиёсӣ дар самти мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир ҳамкории босамаре бо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ — СММ, Созмони Аҳдномаи ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Ҳамкории Шанхай ва ғайра ба роҳ монда, инчунин иштирокчии фаъоли амалиёти сулҳҷӯёнаи СММ гардидааст.
Бинобар ин, ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тавассути қатъномаи махсуси СММ «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ки аз минбари баланди СММ 24 сентябри соли 2024 садо дод, барои ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мояи ифтихору сарбаландӣ аст. Ин ташаббус давоми мантиқии ҳамаи ташаббусҳои пешинаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлиму экология буд, ки дар асоси онҳо СММ 10 қатънома қабул намуд. Барои дарки он ки дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи сулҳу суботу ваҳдат масъалаи меҳварӣ маҳсуб меёбад.
Ҳамин тариқ, марҳалаи нав дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, дар баробари ҳаллу фасли масъалаҳои рӯзмарра, асосҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, принсипҳои роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷӣ мушаххас гардида, тадриҷан санадҳои зарурӣ таҳия ва қабул карда мешаванд.
Инчунин, ҷомеаи ҷаҳонӣ азму иродаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷодаи ободию осоиши Ватан, ташаббусҳои созандаву некбинона, нигоҳи боэътимоду хайрхоҳона ба масъалаҳои ҷаҳонии муосир ва иштироки фаъол дар ҳалли онҳо эътироф ва эҳтиром мекунад. Бешак, ин навъи нигариш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, заминаро барои барқарории робитаҳои созанда бо ҳамаи кишварҳои олам ва нақшофарии Ҷумҳурии Тоҷикстон дар арсаи минтақаву ҷаҳон дар оянда низ фароҳам хоҳад кард.
РАҲМОНЗОДА Азимҷон Шералӣ, ходими пешбари илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
