Перейти к основному содержанию
Миллати форсу тоҷик ба башарият нобиғаҳои бисёре тақдим намудааст, ки дар соҳаҳои гуногуни тибби амалӣ ва назариявӣ, биология, химия, фалсафа ва як қатор соҳаҳои дигари илм осори бойи илмӣ гузоштаанд. Яке аз онҳо Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ мебошад, ки ҳамчун олими энсиклопедисти барҷаста, файласуф, табиб, омӯзгор, риёзидон, кимиёгар ва табиатшиноси асрҳои VIII—IX шинохта шудааст.

12312Закариёи Розӣ 28 августи соли 865 мелодӣ (соли 251 ҳиҷрӣ) дар шаҳри Рай, дар оилаи косиб ба дунё омадааст. Солҳои тифлию айёми ҷавонии ӯ дар зодгоҳаш шаҳри Рай мегузарад. Аз маълумоти «Китоб-ут-тиб — ул — Мансурӣ» бармеояд, ки донишманд дар аввалҳои умр бо касби заргариву саррофӣ шуғл варзида, дар як давраи муайян ба ҳаваси кимиёгарӣ дар пайи омӯхтани илми кимиё мегардад. Ӯ дар овони ҷавонӣ монанди дигар кимиёгарон аз пайи орзуи бо роҳи кимиёвӣ мубаддал гардонидани маъданҳо ба тилло ва нуқра мешавад. Абурайҳони Берунӣ (973-1048) дар «Феҳрасти майлу рағбат доштани Закариёи Розӣ» ном асараш дар бобати ба илми кимиё шавқу ҳавас доштани Закариёи Розӣ чунин гуфтааст: «Наздикӣ ба оташ ва бӯйҳои тунд чашми ӯро маъюб сохт ва ӯ ба сӯи муолиҷа ва мудово ва сипас ба илми пизишкӣ кашонид». Тибқи дигар маълумотҳо мутолиаи доимӣ сабаби хирагии чашми у мегардад.

Ӯ барои дармони дарди чашми худ назди каҳҳоле (сурмакаш, табиби чашм) рафт. Каҳҳол барои дармон понсад динор талаб кард ва ӯ ночор онро бипардохт. Сипас бо худ гуфт, ки «кимиёи воқеӣ илми тиб аст, на он ки ту бад-он машғулӣ». Баъдан аз илми кимиё дурӣ ҷуст ва ба илми тиб пардохт.

Тибқи маълумотҳои бадастомада Закариёи Розӣ пас аз чилсолагӣ ба илмҳои тиб ва фалсафӣ рӯй овардааст. Закариёи Розӣ барои фаро гирифтани нозукиҳои улуми тиббӣ ва фалсафӣ ба Бағдод меравад. Бағдод дар он рӯзгор маркази мутарҷимони забардасти осори илми юнонӣ ва арабӣ буд. Вуҷуди бемористонҳо дар замони Ҳорунуррашид (хилофаташ солҳои 786—809) ва Баромика боиси фароҳам омадани имконоти хубе барои мутолиоти Закариёи Розӣ гардид. Бархе аз сарчашмаҳо навиштаанд, ки Закариёи Розӣ бемористони Аздиро дар Бағдод идора мекард, ин ҳамон бемористоне будааст, ки Бадр — ғуломи Мӯътазид (хилофаташ солҳои 892—902) дар садаи IX бунёд карда будааст, ки баъдан бо номи «Бемористони Мӯътазидӣ» машҳур гардид, вале бо мурури айём ба «Аздӣ» маъруф гаштааст.

Закариёи Розӣ пас аз фарогирии улуми мухталиф муддате ба зодгоҳи худ — Рай рафт ва сарварии бемористони он ҷоро ба уҳда гирифт. Ӯ дар бахшҳои гуногуни китобҳои худ ба бемористони Рай ишора кардааст.

Баъди анҷоми таҳсили тиб дар Бағдод таҳти роҳбарии Табарӣ Закариёи Розӣ ба саёҳати Мисру Испания ва мамлакатҳои дигар мебарояд. Ӯ дар Мовароуннаҳру Хуросон, дар пойтахти Давлати Сомониён Бухоро чанде иқомат кардааст. Ӯ дар мубоҳисаҳои илмӣ ширкат варзида, дар мамолики сафарқардааш комёбиҳои илму маданиятро омӯхт ва ба инкишофи онҳо саҳми муайян гузошт, дар бисёр мамлакатҳо шогирдонро ба камол расонд. Вай табиби хосаи ҳокимони мухталифе буд, аҳли бисёр мамлакатҳо ӯро ба сифати духтури беҳамто мешинохтанд ва ҳокимонашон ӯро ба назди худ мехонданд.

Закариёи Розӣ илми тибро ба дараҷае мукаммал омӯхта, чунон табиби ҳозиқ шуд, ки муосирон ӯро «Ҷолинуси араб» (Гален -пизишк, ҷарроҳ ва файласуфи юнонитабори Руми Қадим) номиданд. Бидуни сардухтури шаҳри Рай, балки садри бемористони асосии хилофати Бағдод таъйин шудани Закариёи Розӣ далели обрӯю эътибори баланд ва табиби ҳозиқ будани вай мебошад. Закариёи Розӣ мероси илмии бисёр духтурони намоён, аз ҷумла мероси дастпарварони Академияи Ганди Шопурро ба хубӣ медонист ва мукаммал аз бар карда буд.

Муҳаммад Закариёи Розӣ қариб 238 китоб ва рисола навиштааст. Мутаассифона аксарияти онҳо несту нобуд гардида ва имрӯз фақат 30 ҷилд аз осори ӯ боқӣ мондаасту халос, ки аксарияташон ба забони арабӣ нигошта шудааанд. Мероси ба тиб бахшидаи ӯ зиёда аз 60 китобу рисолаҳоро дар бар мегирад.

Ба муҳимтарин асарҳои энсиклопедии донишманд «Китобу-л- ҳовӣ» ва «Китобу-т-тиб ул-Мансурӣ» дохил мешаванд. «Китобу-л- ҳовӣ» аз 30 ҷилд иборат буда, тамоми шохаҳои тиббӣ — назариявӣ ва амалиро дар бар мегирад. Асари муҳими тибии ӯ «Ал — ҳовӣ» инчунин ба номи «Ҳақоиқ доиратул - маорифи тиббӣ» ёд мешавад. Дар китоби мазкур назария ва комёбиҳои пешқадами илми тибби қадимаи юнонӣ, ҳиндӣ, арабӣ, форсиву тоҷикӣ, дар навбати аввал таҷрибаи амалии худи ҳаким гирд оварда шудааст. Ин асар соли 1279 ба забони лотинӣ тарҷума ва дар соли 1486 нусхаи чопии он дастраси аврупоиён гардид. Такроран ин шоҳасар ба забони лотинӣ боз ду маротиба дастраси табибону донишмандони мамолики зиёди ҷаҳон мегардад. Асари дигари Закариёи Розӣ «Китобу-л чадори вал хасба» (китоби сурхакон (гул) ва сурхак) (оспа ва корь) бо забони лотинӣ, юнонӣ, англисӣ ва немисӣ тарҷума шуда, 49 маротиба пайи ҳам нашр гардидааст, ки нишони маҳбубият ва маъруфияти асари мазкур дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Дар он ӯ фарқияти байни ин ду бемориро дақиқ баён кардааст, ки аввалин маротиба дар таърихи тибб буд. Ӯ нишонаҳо, аломатҳо ва роҳҳои гуногуни паҳншавии беморӣ ва роҳҳои табобатиро муқоиса карда, тавсияҳои амалӣ додааст. Ӯ инчунин қайд намудааст, ки касе ки як маротиба ба ин бемориҳо гирифтор шуда, шифо меёбад дар умри худ дигарбора ба ин бемориҳо дучор намегардад.

Асари ӯ дар Аврупо бо тарҷумаи лотинӣ («de Peste», «de Pestilentia») паҳн шуд. Олими англис Ҷекнер фақат баъди нашри англисии ин асар усулҳои табобати ин бемориҳоро пешниҳод кард

Закариёи Розӣ бо вуҷуди дониши олидараҷааш оид ба ҳама воситаҳои муолиҷа тарафдори он буд, ки бемориҳо то ба ҳадди имкон бо дору ва васоити оддитарин илоҷ карда шаванд. Ӯ мегуфт: «Ҳар гоҳ табиб муваффақ шавад, ки бемориҳоро бо ғизо (парҳез) дармон кунад, пас ба саодат расидааст». Фаъолияти илмии ин донишманди бузург ба тадриҷ ба Аврупо нуфуз намуд ва дар он ҷо бо номи «Abubater» ё «Razes» шуҳрат пайдо кард. Ба мисли уламои дигари замони хеш, ӯ ба офариниши олам имони комил дошт, аммо биниши ӯ биниши моддӣ буд ва аз ақидаҳои хурофотӣ сарфи назар менамуд ва пайваста машғули таҳқиқ буда, зиндагии фақирона дошт.

Закариёи Розӣ дар соҳаи тиб як қатор навгониҳоро ҷорӣ намудааст, ки то имрӯз актуалӣ буда, дар тибби ҷаҳонӣ васеъ истифода бурда мешаванд.

1. Закариёи Розӣ аз нахустин табибҳоест, ки тибро ба таҷриба ва амалия пайвастааст. Ӯ ин корро бо роҳи ҷорӣ намудани таърихи беморӣ, ки дар тибби имрӯза маъмул аст, ба анҷом расонид. «Китобу-л-ҳовӣ»-и дар заминаи чунин таърихҳои беморӣ таълиф шудааст.

2. Закариёи Розӣ дар соҳаи ҷарроҳӣ низ чандин ихтироъ ва кашфиёт дорад. Ӯ аввалин бор асбоби аз ҳалқ берун овардани ҷисмҳои бегонаро тасвир кард, пунба (пахта)-ро барои бастан ва зеҳро барои дӯхтани ҷароҳат ба кор бурдааст.

3. Ӯ тавсия кардааст, ки ҳангоми ҷарроҳии саратон бофтаҳои атрофи онро ҳарчи бештар бурида, ҷояшро доғ кардан зарур аст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ӯ аввалин маротиба ҷарроҳии бемориҳои саратонро анҷом додааст.

4. Ӯ аввалин шуда усули эмкуниро барои пешгирӣ кардани касалии сурхакон (оспа) ба кор бурдааст.

5. Дар тиб ихтисосро чорӣ намуд. "Як табиб наметавонад ҳама бемориҳоро табобат кунад".

6. Ӯ аввалин шуда барои аҳолии камбизоат «Дастури тиббӣ ба шахсоне, ки духтури шахси надоранд» офарид. Чӣ хеле дар боло қайд кардем, табиб барои табобати чашм аз олим 500 динор талаб мекунад. Ин нишонаи он аст, ки табобат гаронарзиш буда, барои аҳолии камбизоат дастнорас буд. Аз ин лиҳоз, Дастуре таҳия ва ба аҳолӣ пешкаш мекунад, ки дар он усулҳои пешгирии бемориҳо, табобат бо усулҳои дастрас, аз ҷумла бо гиёҳҳои шифобахш тавсия дода мешавад.

7. Ӯ дар бораи аҳамияти релеф барои сохтани беморхонахо навиштааст. Ӯ ба тозагӣ ва «ҷойи бинои беморхона» аҳамияти калон медод. Ӯ барои пайдо кардани макони беҳтарини беморхона дар Бағдод, порчаҳои гӯшти хурдро дар нуқтаҳои гуногун овезон кард. Маконеро, ки пораҳои гушт дертар ба вайроншавӣ оғоз карданд барои сохтмони беморхона мувофиқ мешуморид, чунки дар ин мавзеҳо микроорганизмҳо/бактерияҳо камтар вуҷуд доштанд.

8. Аввалин касест, ки дар тиб мархами сулфурро барои табобати бемории хоришак (чесотка) истифода бурдааст. Марҳами мазкур то ҳол дар илми тиб барои табобати бемориҳои пуст васеъ истифода мешавад.

9. Асбобҳои фарматсевтии офаридааш то ҳол истифода мешаванд: ҳован ва ҳовандаста (ступка и пестик).

10. Аввалин маротиба фарқи байни сурхакон (оспа) ва сурхак (кор)-ро тавсиф кардааст, ки дастоварди бузург дар таърихи тиб мебошад.

11. Ӯ сабабҳо, аломатҳо ва роҳҳои паҳншавии бемориҳоро дақиқ тавсиф карда, ба аҳамияти «ташхис» ва «мушоҳидаи клиникӣ» таъкид кардааст.

12. Ӯ таъсири доруҳо ва моддаҳои гуногунро меомӯхт ва ин таҷрибаро барои таҳияи доруҳои нав истифода мебурд.

13. Пеш аз ба беморон додани доруҳо, ӯ онҳоро дар ҳайвонот (масалан, маймун) санҷидааст, ки яке аз ибтидоии усули санҷиши дахлнок буд.

14. Яке аз усулҳои муҳими илмии ар-Розӣ ин ҷудо кардани «гурӯҳҳои назоратӣ» дар санҷиши таъсири табобат мебошад — масалан, ӯ пешниҳод карда буд, ки агар мехоҳанд таъсири фавти хуниро (phlebotomy, kumbe leeching) бар як ҳолати муайянро бодиққат омӯзанд, бояд беморҳоро ба ду гурӯҳ тақсим кунанд — ба гурӯҳи табобат ва гурӯҳи назорат — ва натиҷаҳоро муқоиса кунанд.

Муҳаммад Закариёи Розӣ ҳамчун пизишки варзида ба бемориҳое таваҷҷӯҳи хоса мекард, ки дар замони ӯ бештар ба назар мерасид. Вай дар бораи подагра ва радикулит, дарди руда, шамолкашӣ, фалаҷ, табобати ҷарроҳӣ ва шикаста, хунрезӣ ва махав, бемориҳои пӯст, парҳез ва давоҳои парҳезӣ ва бисёр мавзӯъҳои дигар муфассал ва дастрас навиштааст.

Закариёи Розӣ ба осори Арасту ва Афлотун шарҳи ҷолибе ба ёдгор гузоштааст. Китобе дар илми мантиқ навишта, дар бораи фалсафаи Фисоғурис (Пифагор) низ асаре нигоштааст.

Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ аксарияти илмҳои замонашро аз устодаш Ҷобир ибни Ҳайён фаро гирифта худ саромад ва устоди бузурги ин риштаҳои илм гардидааст. Ин дастовардҳои илмии Закариёи Розӣ ба илми Аврупо таъсири назаррас расонида, номи ӯро ба қатори саромадони тамаддуни башарӣ шомил гардонида аст.

Ҳикмати ар-Розӣ — омезиши дониш аз мутафаккирон бо таҷрибаи худ ва интиқоди назари ҳадди ақал бидуни далел — дар таърихии илм хеле аҳамият дорад.

Бояд қайд намуд, ки Ибни Сино низ аз асарҳои Розӣ истифода карда, дар «Қонуни тиб» аз ӯ иқтибосҳо овардааст.

Ҳамин тавр, ба хулоса омадан мумкин аст, ки ар-Розӣ бо маҳорати бузурги тиббӣ ва осори бойи абадзиндаи илмиаш на танҳо дар пешрафт ва равнақи тиббу табиатшиносии олам саҳми ниҳоят бузург дорад, балки ӯ дар таърихи илму маданияти ҷаҳонӣ ҷойи намоёнро ишғол намуда, аз намоёнтарин табибони даври худ буд. Аз натиҷаи корҳои амалии иҷронамудаи ӯ олимони даври Шарқу Ғарб васеъ истифода бурдаанд. Осор ва идеяҳои ӯ то ҳол актуалӣ буда, ба тадқиқот ва шакли таълимоти тиббии баъд аз ӯ таъсир расониданд.

Тибқи маълумотҳо файласуф ва табиби мушкилкушо, кимиёгари маъруф Закариёи Розӣ дар охири умри худ нобино шуда, дасташ аз кор монда будааст ва дар байни соли 320 ҳиҷрӣ ( 25 октябри соли 925 мелодӣ) аз олам чашм пӯшидааст.

Маъруфов Ашурмад Гадоевич - сардори Шӯъбаи илмҳои назариявӣ

ва фарматсевтии Шӯъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ