Перейти к основному содержанию
Сиёсати хориҷӣ яке аз муҳимтарин ҷанбаҳои ҳаёти сиёсии кишварҳо дар низоми байналмилалӣ ба шумор меравад ва бақою ҳаёти як кишвар ба он вобастагӣ дорад ва тасмимоту ҷиҳатгириҳои кишварҳо дар заминаи сиёсати хориҷӣ мустақиман бо зиндагии мардум, беҳбудӣ ва амнияти онҳо сари кор дорад. Ба назари бисёре аз коршиносон ва сиёсатмадорони ҷаҳон, манфиатҳои миллӣ чароғи роҳнамои кишварҳо ва давлатҳо дар раванди ҳаракати онҳо дар масири пешрафту тараққӣ аст.

Ба манзури ҳифзи манфиатҳои миллии худ ҳар давлате сиёсати хориҷии муайяне ба роҳ мемонад. Ин сиёсат фаъолиятҳои давлат ва дигар ниҳодҳои сиёсии ҷомеа дар пиёдасозии манфиатҳо ва ниёзҳои худ дар арсаи байналмилалӣ аст. Сиёсати хориҷӣ идомаи сиёсати дохилӣ мебошад, ки ба кишварҳои дигар нигаронида шудааст. Сиёсати хориҷӣ, монанди сиёсати дохилӣ, бо низоми иқтисодии ҳоким, сохти ҷамъиятию сиёсии давлат робитаи маҳкам дорад ва ифодакунандаи он дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ҳадафи асосии сиёсати хориҷӣ таъмини шароити матлубу мусоиди ба ҳақиқат пайвастани манфиатҳои кишвар, таъмини амнияти миллӣ, осудаҳолии мардум, ҷилавгирӣ аз вазъиятҳои буҳронӣ мебошад.

Фаъолияти давлатҳо дар ҳавзаи сиёсати хориҷӣ, дар маҷмӯъ, муносибатҳои байналмилалӣ, яъне маҷмӯи муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, низомӣ ва дигар робитаҳои байни кишварҳо, миллатҳо, созмонҳои сиёсию илмию фарҳангию мазҳабиро дар арсаи байналмилалӣ шакл медиҳанд.

Сиёсати хориҷӣ сиёсати куллии кишвар дар ҳавзаи байналмилалӣ мебошад. Ин сиёсат муносибатҳои як кишварро бо кишварҳои дигар ва миллатҳои дигар мутобиқ ба усулҳо ва ҳадафҳои кишвар, ки бо шеваю равишҳои гуногун амалӣ карда мешаванд, муайян месозад.

Сиёсати хориҷии ҳар кишвар бо сиёсати дохилии он дарҳамтанидагии сахте дорад ва намоёнгари низоми сиёсию ҷамъиятии он кишвар мебошад. Ҳар кишваре бо ворид шудан ба муносибатҳои байналмилалӣ манфиатҳои миллии худро, алалхусус дар ҳавзаи амният, ҳифзу посдории сулҳ, ҳаллу фасли масъалаҳое, ки дар пешрафти иҷтимоӣ ба вуҷуд меоянд, бо манфиатҳои умумибашарӣ пайванд медиҳад.

Шаклгирии сиёсати хориҷӣ мутобиқ бо пеш омадани ниёзҳои воқеии кишвар барои ворид шудан ба равобити вижа бо ҷаҳони хориҷ ба зуҳур мепайвандад. Аз ин рӯ, сиёсати хориҷӣ маъмулан дертар аз сиёсати дохилӣ тарҳу шакл мепазирад. Маъмулан равобити хориҷӣ ҳамчун хоҳиши донистану такмил намудани роҳу равиши бархӯрд ва ҳаллу фасли ин ё он масъалаи ҳаёти ҷамъиятӣ оғоз мешавад. Ва вақте ин ниёз доимӣ ва ҳадафманд мегардад, ба сиёсат, яъне ба фаъолияти мушаххасе, ки ҳадаф аз он ҳаллу фасли масъалаҳои муайян мебошад, табдил мегардад.

Ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ гардад ва сиёсати мустақили посухгӯ ба манфиатҳои мардум ва кишваоро роҳандозӣ намояд. Ба манзури ба таври муассир ба роҳ мондани сиёсати хориҷӣ дар ҷумҳурӣ мақомоти давлатии таъминкунандаи фаъолиятҳои хориҷӣ ва заминаи ҳуқуқии равобити хориҷӣ ба вуҷуд оварда шудаанд. Заминаи ҳуқуқии сиёсати хориҷӣ, усулҳо ва ҳадафҳои сиёсати хориҷии ҷумҳуриро Конститутсияи Тоҷикистон, Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини татбиқи сиёсати ягонаи хориҷӣ», Консепсияи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо «Дар бораи хизмати дипломатӣ», «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, дигар асноди меъёрии ҳуқуқии марбут ташкил медиҳанд.

Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳияти худ сулҳҷӯёна, қонунгароёна, башардӯстона буда, дар якҷоягӣ бо дигар ҳавзаҳои сиёсати давлат барои боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва таъмини амнияти онҳо роҳандозӣ мегардад.

Пойбандии Тоҷикистон ба ҳуқуқи байналмилалӣ дар моддаи 10-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин сабт гардидааст: «Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд».

Сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 11-и Конститутсия чунин ифода ёфтааст: «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад».

Дар моддаи 11-и Конститутсия дар мавриди узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба созмонҳо ва иттиҳодияҳои байналмилалӣ чунин таъйинот сабт шудааст: «Тоҷикистон вобаста ба манфиатҳои олии халқ метавонад ба иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ дохил шавад, аз онҳо барояд, бо кишварҳои хориҷӣ робита намояд. Давлат бо ҳамватанони берунмарзӣ ҳамкорӣ мекунад».

Ҳимояи давлатро аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар Конститутсия дар моддаи 16 ин тавр таъйин кардааст: «Шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат мебошад».

Асосу пояи сиёсати хориҷии Тоҷикистон эътирофи мутақобилаи манфиатҳо бо таваҷҷуҳ ба авлавияти манфиатҳои миллӣ, талош дар барқарории сулҳу амният, шаффофият дар роҳандозии сиёсати хориҷӣ ва равобиту ҳамгироии гусутурда бо тамоми кишварҳои сулҳдӯст, бартарии ҳуқуқи байналмилалӣ, эҷоду тавсеаи равобити хориҷии дуҷониба ва чандҷониба мебошад.

Тоҷикистон – бо пойбандӣ ба ҳуқуқи эътирофшудаи байналмилалӣ – сиёсати хориҷии худро бар асоси усулҳои баробарии кишварҳо ва эҳтироми соҳибистиқлолии онҳо, истифода накардан аз зӯрӣ ва таҳдид ба зӯрӣ, дахолатнопазирии марзҳо, ҳаллу фасли мусолиҳатомези ихтилофҳо, дахолат накардан ба умури дохилии кишварҳои дигар ба роҳ меандозад.

Усули эътирофи баробарии кишварҳо ва эҳтироми соҳибистиқлолии онҳо ба ин маънӣ аст, ки Тоҷикистон истиқлоли кишварҳо, низоми сиёсӣ, идеологӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ ва ҳаққи онҳоро ба интихоби шарикони равобити байналмилалӣ эҳтиром менамояд.

Усули истифода накардан аз зӯрӣ ва таҳдид ба зӯрӣ ба ин маънӣ аст, ки Тоҷикистон дар равобити байналмилалӣ аз истифодаи абзорҳои низомӣ, сиёсӣ ё ҳар шакли дигари фишор нисбати кишварҳои дигар ба манзури заиф кардани истиқлоли сиёсӣ ё иқтисодии онҳо истифода намекунад.

Усули дахолатнопазирии марзҳо ба ин маънӣ аст, ки Тоҷикистон тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии марзи миёни кишварҳоро эътироф менамояд. Тоҷикистон аз ҳар гуна иқдом ба тасарруфи бахш ё тамоми хоки кишвари дигар дурӣ меҷӯяд.

Усули ҳаллу фасли мусолиҳатомези ихтилофҳо дорои ин маънӣ мебошад, ки Тоҷикистон ҳама гуна ихтилофоти эҳтимолиро бо кишварҳои дигар, аз ҷумла муноқишаҳои марзиро, бо равиши мусолиҳатомез ва ба хотири ба хатар наандохтани сулҳу амният ва манфиатҳои халқҳо ҳаллу фасл менамояд.

Усули дахолат накардан ба умури дохилии кишварҳо, аз як тараф, баёнкунандаи ҳаққи ҳар миллат барои таъйини роҳу равиши тавсеаи кишвари хеш бошад, аз сӯи дигар, уҳдадории кишварҳо ба худдорӣ кардан аз мудохила ба салоҳияти кишварҳои дигар дар ҳаллуфасли масъалаҳои ҳаёти дохилиашон мебошад.

Тоҷикистон – бо садоқати худ ба ин усулҳо – ҷонибдори як низоми байналмилалии тавоно ба эҷоди фазои мусоиди ҳамкориҳои густурдаи сиёсӣ, бистари амният, эътимод ва ҳамсоягии нек аст. Кишвари мо ҷонибдори шаффофият дар сиёсати хориҷӣ, барқарорӣ ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷониба бо тамоми давлатҳои ҷаҳон – бо авлавият бахшидан ба равобити мустақим ва чандҷониба бо кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, дар навбати аввал бо Федератсияи Россия, таҳкими ҳамкориҳои дӯстона бо кишварҳои минтақа, пеш аз ҳама, бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, тавсеаи муносибатҳо бо кишварҳои ҳавзаи ҷаҳони ислом, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳиндустон, ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон, Фаронса, Италия ва дигар кишварҳои Аврупо – мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифи қатъии истифодаи ҷанг ҳамчун василаи ҳаллу фасли масъалаҳои байнидавлатӣ ва байналмилалӣ буда, ҷонибдори аз байн бурдани ҳар гуна муноқишаҳои байни давлатҳо ва бартараф кардани иллати ихтилофи назарҳо аз роҳи дипломатӣ мебошад.

Тоҷикистон – бо авлавият додан ба усулҳои умумибашарӣ дар равобити байни давлатҳо – ҳаргиз неруҳои мусаллаҳи худро барои ҳамла ба кишвари дигар истифода нахоҳад кард, ба истиснои мавриди ҳамлаи берунӣ гардидани худ ва кишварҳое, ки бо Тоҷикистон паймони кумаки мутақобили ҳарбӣ доранд. Тоҷикистон моил нест шомили блокҳо ва созмонҳои таҷовузкор шавад.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асри ХХI аз лиҳози зеҳнӣ, иқтисодӣ, технологӣ ин қадар пешрафт кардааст, ки ҷанг набояд абзори сиёсати хориҷӣ бошад, зеро ҳама гуна ҳаққу ҳуқуқи давлатҳо ва миллатҳо дар муайян кардани сарнавишти худ, баробарӣ, эҳтироми истиқлолият ва тамомияти арзии давлатҳо, дахлнопазирии марзҳо, ки санадҳои байналмилалӣ кафолат медиҳанд, халалдор мегарданд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки пайравӣ аз се роҳи асосии таъмин кардани амнияти байналмилалӣ имкон медиҳад, ки вазъияти буҳронии пешомада дар равобити байни давлатҳо бо роҳи осоишта ҳаллу фасл гардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳони он аст, ки низоми навини ҷаҳонии дар ҳоли ташаккул комилан озод аз ҷангҳову даргириҳо, зулму ситам, хушунату таассуби фарҳангиву мазҳабӣ, бегонаситезӣ ва устувор бар пояи ҳамкориҳои баробару мутақобилан судманд ва мушорикати ҳамаи кишварҳои ҷаҳон бошад. Ва мубориза бо таҳдиду чолишҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризми байналмилалӣ, дар ҳамбастагии зич ва ҳамкории якҷояи давлатҳои дунё бар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ, пеш аз ҳама Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, сурат пазирад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори эҷоди созукорҳои муассири ба ҳам танидани манфиатҳои миллӣ ва талошҳои байналмилалӣ, якҷоя кардани кӯшиши ҳамаи кишварҳои ҷаҳон баҳри омода кардани иқдомот барои мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои нав мебошад.

Тоҷикистон дар саҳни сиёсати дохилии худ – ба манзури тақвияти ҷанбаҳои калидии сиёсати хориҷӣ – дар робита бо мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, радикализми мазҳабӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, хатарҳои муҳити зист, тағйири иқлим ва таҳдидҳо ба амнияти иттилоотӣ ва озуқавӣ ба иқдомҳои сиёсию ҳуқуқӣ, иттилоотию тарғиботӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар иқдомҳои вижа мепардозад.

Ба ҳамин наҳв, мақомот ва ниҳодҳои давлатии масъул ба иҷрои сиёсати хориҷии созанда ва сулҳдӯстонаи Тоҷикистон, бар тибқи ин усулҳои бунёдӣ, дар тӯли солҳои гузашта дар вазъияти ҷаҳони пур аз таҳдиду чолишҳо озодиву истиқлол, тамомияти арзӣ, амнияти ҷомеа ва суботи устувори сиёсию иҷтимоии кишварро таъмин намуда, кафили пешрафту тараққии Ватани маҳбубамон ва меҳнати созандаи мардуми шарифи Тоҷикистон гардидаанд ва бо итминон метавон гуфт, ки ин рисолати муқаддасро дар оянда ва ҳамеша шарофатмандона иҷро хоҳанд кард.

Хотиррасон кардани ин ҳақиқат, ки расидан ба истиқлоли миллӣ дар охирин даҳаи садаи бист барои миллати тоҷик на оғози давлатдорӣ, балки бозгашт ба саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ аст, хеле муҳим мебошад. Тоҷикистони имрӯз ҳамчун давлати соҳибистиқлол шакли эҳёшудаи Давлати Сомониён аст, ки ба иллати ҳаводиси таърих зиёда аз як ҳазору сад сол пеш аз арсаи сиёсати ҷаҳонӣ фурӯ афтод. Давлати Сомониён, дар навбати худ, шакли идомаёфтаи Давлати Сосониён буд, ки низ замоне бар пояи усули давлатдории Империяи Ҳахоманишӣ бунёд гашта буд. Тоҷикони Моваруннаҳр ва Хуросон, ки дар сарчашмаҳои таърихӣ «порс» номида мешаванд ва дар замони ҳукмронии арабҳо номи «тоҷик»-ро гирифтанд, ҳамон ориёиҳое ҳастанд, ки ҳамеша омили давлатҳо ва империяҳои бузург буданд, ки дар дунёи бостон ба вуҷуд омадаву фурӯ пошидаанд.

Ҳамон тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон иброз доштааст, ифтихори тоҷикон аз решаҳои ориёии худ ҳаргиз маънои рӯҳияи истисногароӣ ё бартариҷӯӣ ё, бадтар аз ин, нажодпарастӣ доштани тоҷикон набуда, як ҳисси одии ба ҳар инсон хоси қаноатмандиву ризоят аз ҳувияти таърихии худ аст. Оё боиси ифтихору ризояти мо – тоҷикону эрониёну афғонистониён – нест, ки маҳз ниёгони мо – ориёиёни бостон – на танҳо поягузори давлатҳо ва империяҳои аввалин дар ҷаҳон, балки эҷодкори нахустин эъломияи ҳуқуқи башар мебошанд. Устувонаи Куруши Бузург, ки ҳамчун нахустин эъломияи ҳуқуқи башар шинохта шуда, дар соли 1971 Созмони Милали Муттаҳид онро ба ҳамаи забонҳои расмии Созмон мунташир кардааст, нишонаи он аст, ки ниёгони мо нахустин бунёдгузорони ҳуқуқи башар, яъне низоми демократӣ ва дипломатия дар ҷаҳон, ба ҳисоб мераванд. Дар бахше аз ин дастур аз забони Куруши Бузург омадааст: «Артиши бузурги ман ба оромӣ вориди Бобул шуд, нагузоштам ранҷу нороҳатӣ ба мардуми ин шаҳр ва ин сарзамин ворид шавад. Онҳоро аз зери юғи асорат хориҷ сохтам, ба бадбахтиҳои онон поён бахшидам ва мо ҳамагӣ шодмона ва дар роҳи сулҳу оштӣ мақоми баланди худовандгори бузургро сутудем. Ман ҳамаи шаҳрҳоеро, ки вайрон шуда буданд, аз нав сохтам».

Фарҳанги инсондӯстӣ ва рӯҳияи некукории ориёиҳоро бисёре аз бузургони илму адаби ҷаҳон сутудаанд. Донишманд ва шоири баландовозаи олмонӣ Гёте сахт фирефтаи гуфтору сурудаҳои Зардушт буд ва ӯро марди бисёр бузург ва навиштаҳояшро шукӯҳманд бознамуд кардааст. Гёте Зардуштро хирадманде ба шумор меоварад, ки ҷаҳон камтар ҳаммонанди ӯро дидааст. Ӯ дар навиштаҳояш дар бораи Зардушт аз ӯ ҳамчун пешвои маънавие ном мебарад, ки ҳамвора дар андешаи хушбахтию осоиши мардум будааст ва ҷуз ростӣ ва покдилӣ сухан нагуфтааст.

Таърихнависи бузурги юнонии замони бостон Ҳеродот, ки пас аз асре аз даврони Куруши Бузург зиндагӣ кардааст, дар бораи ин абармард чунин менависад: «Ҳеҷ порсе ёфт намешавад, ки битавонад худро бо Куруш муқоиса кунад. Аз ин рӯ, ман китобамро дар бораи порсиён ва юнониён навиштам, то кирдорҳои шигифтангезу бузурги ин ду миллати азим ҳеҷ гоҳ ба фаромӯшӣ супурда нашаванд. Куруш сардори бузург буд. Дар замони ӯ порсҳо аз озодӣ бархӯрдор буданд ва бар бисёре аз миллатҳои дигар фармонравоӣ менамуданд, ба илова, ӯ ба ҳамаи миллатҳое, ки зери фармонравоии ӯ буданд, озодӣ мебахшид ва ҳама ӯро ситоиш мекарданд».

Файласуф ва таърихнигори аҳди бостон Ксенофонт дар бораи Куруш чунин навиштааст: «Куруш нобиғаи бузург, инсони воломаниш, сулҳталаб ва нексират буд. Ӯ дӯсти инсонҳо ва толиби илму ҳикмату ростӣ буд. Куруш ақида дошт: пирӯзӣ бар кишваре ин ҳақро ба кишвари ғолиб намедиҳад, ки ба ҳар зулму кори ғайриинсонӣ даст занад. Ӯ барои дифоъ аз кишвараш, ки ҳарсола мавриди тохтутози бегонагон қарор мегирифт, империяи қудратманд ва инсониро поя гузошт, ки собиқа надошт. Ӯ дар набардҳо кишоварзону афроди ғайринизомиро ба оташи ҷанг намекашонд. Ӯ миллатҳои мағлубро шефтаи худ кард, ба сурате ки қавмҳои шикастхӯрда, ки Куруш ононро аз дасти подшоҳони худкома наҷот дода буд, вайро худовандгор меномиданд. Ӯ бартарин марди таърих, бузургтарин, бахшандатарин, покдилтарин инсони ин замон буд».

Ниёгони мо аз замонҳои бостон ба кишварҳои ҳамсоя эҳтиром мегузоштанд ва истиқлоли онҳоро ба расмият мешинохтанд ва то замоне, ки кишваре бо сарзаминашон сари ҷанг намебардошт ва даст ба ғорату чаповули мардум намезад, бо он кишвар равобиту бархӯрди сулҳҷӯёнаву мадорохоҳона доштанд. Зеро ҷавҳари ахлоқию инсонии ориёиён покӣ, ростӣ, некӣ, бахшояндагӣ ва муносибати дӯстонаву самимона бо ҳамнавъон буд.

Ба гувоҳи таърих ва таҳқиқоти илмии анҷомшуда бар асоси бозёфтҳои таърихии бадастомада, нахустин бор дипломатияи байналмилалӣ дар ҷаҳон аз сӯи давлати Ҳахоманишӣ дар робита бо кишвари Юнон ба кор гирифта шуд ва дар он тамомии усули байналмилалӣ ва дипломатӣ риоят шудааст. Аз ин рӯ, гуфтан мумкин аст, ки бунёдгузорони дипломатияи сиёсии байналмилалӣ низ ниёгони мо будаанд.

Давлатҳои Ҳахоманишӣ ва Сосониён бо кишварҳои замонашон, аз ҷумлаи Юнон, Рум, Бобул, Миср, Ошур, Чин ва ғайра, равобит ва додугирифти бозаргонӣ доштанд. Давлати Сомониён равобити тиҷоратии хориҷии фаъол бо Хазарҳо, Булғористон, Чин ва Рус дошт.

Овардани суханони роҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 1922–1953 И.В. Сталинро, ки яке аз огоҳтарин шахсиятҳои замони худ буд ва бар тавсифу таърифи миллате ё шахсе хеле кам сухан гуфтааст, лозим мешуморем: «Тоҷикон миллати хоссе ҳастанд. Онон куҳантарин миллати Осиёи Миёна мебошанд. Маънои тоҷик тоҷдор аст. Ва тоҷикон арзанда будани худро ба ин ном собит кардаанд.

Дар миёни миллатҳои ғайрируси мусулмони Иттиҳоди Шӯравӣ тоҷикон танҳо миллати ғайритурк буда, эронинажод мебошанд. Тоҷикон миллате ҳастанд, ки андешаву фарҳангашон шоири бузурге чун Фирдавсиро зодаву парвардааст.

Тоҷикон дорои фарҳанги бостонӣ, истеъдоди баланди ҳунарӣ, ҳисси зариф ҳастанд, ки дар осори мусиқӣ, таронаҳо ва рақсу вашташон ошкор аст.

Тоҷикон як миллати ғайриодӣ, соҳиби фарҳанги бузургу қадимӣ ҳастанд ва дар шароити давлати шӯравии мо ононро ояндаи бузурге дар интизор аст. Ва кумак кардан ба онон дар ин амр вазифаи тамоми халқи Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад».

Ҳақ ба ҷониби ин сиёсатмадори бузург аст. Мо, тоҷикон, бозмондагони ориёиён, Тоҷикистон – мероси муқаддаси ниёгонамонро бо корбурди ҳушу хираду фитрати фарҳангофаринӣ ва давлатофаринӣ, ки аз ниёгонамон ба мерос гирифтаем, дар роҳи расондан ба ояндаи бузург қадам мезанем. Он ояндаи бузурге, ки оғозаш рӯзи 9 сентябри соли 1991 гузошта шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузору роҳбари сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Яке аз вижагиҳои мумтози сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои боз»-и эъломнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Сиёсати хориҷии шаффоф ва усули «дарҳои боз» мусоидат ба он намуданд, ки Тоҷикистон узви шоистаи созмонҳои байналмилалӣ гардад ва равобити сиёсӣ ва ҳамкориҳои судмандро бо аксари давлатҳои ҷаҳон ба роҳ андозад. Тоҷикистон имрӯз дар арсаи сиёсати ҷаҳон симои хоси хешро дорад ва ҳамчун узви соҳибэътибори ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст.

Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирию пуштибонӣ шудани ибтикорҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахси Сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, бавижа дар ҳаллу фасли масъалаҳои обу энергетика, Сулҳу суботи ҷаҳонӣ, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, аз байн бурдани мушкилоти Афғонистон, баёнгари мавқеи вижаи Тоҷикистон дар низоми равобити байналмилалӣ ва обрӯи баланди роҳбари кишвари мо дар назди маҳофили сиёсии ҷаҳон аст.

Бо таваҷҷуҳ ба имкониятҳои беҳудуди энергетикаи обӣ, Эмомалӣ Раҳмон таъмини истиқлолияти энергетикиро яке аз самтҳои муҳимтарини стратегӣ ва афзалиятноки иқтисодии мамлакат муайян намуд. Дар давоми солҳои гузашта дар ин замина корҳои зиёде анҷом гирифта, дар нуқоти гуногуни мамлакат садҳо неругоҳҳои барқи обии хурд сохтаву ба истифода дода шудаанд ва бунёди неругоҳҳои хурди зиёде дар дасти кор мебошад.

Натиҷаи сиёсати оқилона ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва обрӯю эътибори ӯ чун сиёсатмадори сулҳофарин ва таъмингари суботи сиёсиву иҷтимоӣ аст, ки бо иштироки сармояи давлат ва ширкатҳои бонуфузи Федератсияи Россия неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» ва бо ҷалби сармояи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва маблағгузории дохилӣ неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» бунёд гардиданд, хаттҳои баландшиддати интиқоли барқ кишида шуданд, роҳҳо, пулҳо, нақбҳои мошингузар, корхонаҳои зиёди ватанию муштарак сохта шуданд.

Роҳбарияти Тоҷикистон ва шахсан Президент Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, бо ҳамватанони бурунмарзиамон робитаи мустақим барқарор намуда, онҳоро дар иқдомҳои созандаи фарҳангию иқтисодӣ ширкат медиҳад. Ҳамватанони бурунмарзӣ, ки дар гӯшаю канори гуногуни ҷаҳон кору зиндагӣ мекунанд ва Тоҷикистонро хонаи умеди худ медонанд, ҳамеша аз дастгирию пуштибонии давлати Тоҷикистон бархӯрдор ҳастанд.

Сиёсати хирадмандона ва фарогири Сарвари давлат имкон фароҳам овард, ки мардуми тоҷик, бо аз сар гирифтани рисолати олии тамаддунсозии хеш ва бо такя ба арзишҳои волои миллӣ ва арзишҳои фарҳанги муосири сиёсӣ, фасли тозаеро дар таърихи давлатдории дерини худ бинависад.

Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи таҳкими рукнҳои давлати воқеан соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон иқдомҳои муассир ба вуқӯъ пайвастаанд, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлат, бо ба инобат гирифтани манфиатҳои миллӣ, муайян шудаанд. Дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, барномаҳои густурдаи рушду тавсеа амалӣ мегарданд.

Итминон аст, ки Тоҷикистони азиз бо сарварии Президенти кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои наздик, бо бархӯрдорӣ аз рӯҳияи кӯшандаи мардум, дар сояи давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дар ҳамкориҳои густурда бо мамлакатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ ба пешрафтҳои бештаре аз ҳоло даст меёбад ва дар сафи кишварҳои мутараққии ҷаҳон мақоми шоистаи хешро касб менамояд.

Сайидзода Зафар Шералӣ - мудири шуъбаи ИДМ-и

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих