«Оғози ҳастии арзишманди ҳар зуҳуроти зинда вуҷуди иродаи озод аст. Вуҷуди иродаи озод калиди мураккаби ҳамоиши мавзуни низоми умум, низоми саодатовару равиши устувори татбиқи адли умум аст. Инсон дар ҳар шакли зиндагиаш бидуни озодии ихтиёр саодатманд буда наметавонад, маҳз озодии ихтиёр ба ӯ истиқлолияти фикрӣ ва мустақилияти зиндагиро фароҳам меорад. Соҳибихтиёрии иттиҳоди сиёсӣ аз соҳибихтиёрии субъектони он манша мегирад».
Аксиомаи ҳуқуқӣ
Ҷаҳон дар остонаи ҳазораи се бо роҳҳои мураккабу печида инсониятро ба сӯйи ояндаи номуайян ҳидоят менамояд, ки шинохту пешбинии ҳодисоти он ба беҳтарин ва баргузидатарин ашхоси илмии даврони нав осон ба даст намеояд. Ҳодисоти оламгири охири қарни гузашта бо силсилаи пошхӯриҳои низоми кишварҳои сотсиалистию истиқлоли давлатҳои миллӣ тавлидгари як сиёсату як мафкура буда, пошхӯрию парокандашавиро барои қисмате аз кишварҳо ва муттаҳидию ваҳдатро ба иддаи дигари давлатҳо чун ҳодисоти таззод рӯйи харитаи ҷаҳон овард. Барҳамхӯрии давлати шуроҳою муттаҳидии миллати олмон, пошхӯрии давлатҳои мураккаби Аврупои Шарқию муттаҳидии давлатҳои Аврупои Ғарбӣ идомаи мантиқии як сиёсати ҷаҳонӣ буд. Сиёсате, ки оқибатҳои мухталифро ба сиёсати ояндаи халқу миллатҳо инъом кард.
Азбайнравии таззоди мафкуравӣ ва тавлиди таззоди усулӣ ба зоҳирёбии манфиати кишварҳо таъсир расонида, наққошони ояндаи авзои сиёсии инсониятро (архитекторҳои ояндаи олам) ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ кард. Назарияи интиҳои таъриху одами ниҳоӣ (Ф. Фукуяма) ба мушкилиҳои таърихие рӯ ба рӯ шуд, ки нишона аз интиҳои таърих надошта, хабар аз ибтидои даврони нав менамуд. Андешаи машҳуру дилфиреби ҷаҳони сармоядории муноқишаи тамаддунҳо (С. Хантингтон) бо мафкураи гуфтугӯи тамаддунҳо (Хотамӣ) бархурд, консепсияи тахтаи бузурги шоҳмоти ҷаҳонӣ (З. Бжезинский) воситаи паҳнгардии ғояҳои инқилобҳои рангоранг гашт. Шинохти таърих аз даричаи форматсионӣ (марксизм), дарки инкишоф аз назари фавворавӣ (флуктуатсионӣ – назарияи П. Сорокин), биниши ҷомеаи инсонҳо аз назари тамаддунӣ (А. Тойнби) бо асрору мушкилиҳои нав ба нав рӯ ба рӯ шуд, ки назири онро ҷомеаи инсонӣ ёд надошт.
Ин ҳама дар назари мо асирони воқеии муаммоҳои имрӯз чун қонунияти зиндагӣ ногузир ва муътадил менамояд. Ҳар нафаре, ки аз рӯзгори гузаштагон хуб огоҳӣ дорад, ба осонӣ пай мебарад, ки таърих дар ояндаи наздику дур нисбат ба ин даврон хеле баланд ва ҷиддӣ ҳарф хоҳад зад. Ин давронест, ки бо ҳама мушкилиҳояш чунин муносибатро арзанда аст, зеро маҷмуи ҳодисоту лапишҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодию ҳуқуқии он то он дараҷа тақдирсозу тағйирпазиранд, ки садоҳои он ба умқи садсолаҳои оянда ба ҳайси як даврони гардиши куллӣ бидуни мушкилӣ хоҳад расид. Ин даврон бо вуҷуди он ки бисёре аз равандҳои пошхӯрию бархурдҳоро дорост, ба ҳар халқ ва ҳар кишваре чизе дода, инъоме бахшидааст. Барои мо тоҷикон соҳибистиқлол шудан бузургтарин неъмат буд.
Яке аз рукнҳои муҳимми бунёди давлат истиқлоли давлатист. Истиқлол танҳо бо эълон намудану қабули санади соҳибихтиёрӣ ва Эъломия анҷом наёфта, ҳуқуқи халқу миллатро ба таъсиси ҳокимияти давлатии мустақил дар дохили кишвар амалӣ намудану онро чун субъекти соҳибихтиёр ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ва майдони муборизаи ҳастӣ ворид сохтан аст. Аз дидгоҳи ҳуқуқи конститутсионии муосир истиқлоли давлатӣ сарчашмаи худро аз соҳибихтиёрии давлатӣ мегирад. Соҳибихтиёрии давлатӣ як навъи соҳибихтиёрии умумист. Соҳибихтиёрӣ усулан ба се навъ тақсим мешавад: халқӣ, миллӣ ва давлатӣ[1].
Соҳибихтиёрии халқӣ дар ифодаи иродаи халқ ҳамчун манбаи ҳокимияти давлатӣ зоҳир меёбад, яъне халқ сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатист. Барои соҳибихтиёрии халқӣ демократия ва институтҳои демократӣ, қонуният ва низоми интихоботи озод, пинҳонӣ ва шаффоф хизмат мекунанд. Ба як маънӣ халқ дар муайян намудани тарзи зиндагӣ, шакли идора ва низоми иқтисодию иҷтимоӣ соҳибихтиёр аст. Соҳибихтиёрии миллӣ ҳуқуқи миллат мустақиман бе дахолати дигар миллатҳо ҳуқуқи худро дар муттаҳид шудан, таъсис додани давлати мустақил ва муайянкунии мақоми сиёсии худ фаҳмида мешавад.
Натиҷаи амалӣ шудани соҳибихтиёрии миллӣ таъсиси давлати миллист ва ҳамроҳшавӣ ба он ташаккули соҳибихтиёрии халқӣ ба табиати давлати миллӣ аломати мардумсолорӣ демократияро зам менамояд. Соҳибихтиёрии миллӣ ҳуқуқи миллат ба худмуайянкунии миллист. Соҳибихтиёрии халқӣ ҳуқуқи истисноии мардум ба соҳибихтиёрии сиёсӣ ва давлатист. Одатан дар давлатҳои федеративӣ ҷумҳуриҳои аъзои он соҳибихтиёрии халқӣ ва миллиро доранд, аммо соҳибихтиёрии давлатиро, ки мустақилияти давлатро ҳамчун соҳибихтиёрии сиёсӣ дар дохил ва хориҷ муаррифӣ менамояд, доро нестанд. Чунин ҳуқуқ ба аъзои федератсия ва ё штатҳо дар баъзе аз кишварҳо ба тариқи маҳдуд пешниҳод шудааст. Умуман соҳибихтиёрии давлатӣ, ки ба истиқлолияти давлатӣ анҷом мепазирад, зинаи охирини соҳибихтиёрист, ки мустақилияти давлатро дар дохил ва хориҷ муаррифӣ менамояд. Ба қавли устод Ашурбой Имомов «Соҳибихтиёрии давлатӣ волоият ва мустақилияти ҳокимияти давлатӣ дар дохил ва муносибатҳои хориҷи кишвар аст. Соҳибихтиёрии давлатӣ дар конститутсияҳо муаррифӣ гардида, нишонаи муҳимми давлат аст. Танҳо давлати соҳибихтиёр ҳуқуқи дар муносибатҳои байналхалқӣ ҳамчун субъекти мустақил баромад карданро дорад»[2]. Соҳибихтиёрии давлатӣ ба соҳибихтиёрии сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва дохилию хориҷӣ тақсим мешавад, ки, дар маҷмуъ, мустақилии давлатӣ ва ё истиқлоли онро мефаҳмонад. Соҳибихтиёрии сиёсӣ ҳокимияти ягонаи давлатӣ дар ҳудуди муайян, ҳуқуқӣ – низоми ягонаи сарчашмаҳои ҳуқуқӣ, қонунҳои ягона ва тартиботи якхеларо баён мекунад. Ҳамин тавр соҳибихтиёрии давлатӣ, ки ба истиқлоли комили давлат дар муносибатҳои дохилӣ ва хориҷӣ анҷом меёбад, давлатро ҳамчун падидаи томи комилҳуқуқ муаррифӣ кардан аст.
Ба андешаи ҳуқуқшиноси шинохтаи ватанӣ, профессор А. Имомов, соҳибихтиёрии Тоҷикистон хусусияти хоси он буда, ҳокимияти олии ягона ва истиқлоли ӯро ифода мекунад[3]. Ба андешаи устод А. Имомов, соҳибихтиёрии давлатӣ дар заминаи соҳибихтиёрии халқ амалӣ мегардад ва яке аз шаклҳои ифодаи соҳибихтиёрии халқ соҳибихтиёрии миллӣ мебошад[4]. Ҳамин тавр, мо алоқамандии устувори соҳибихтиёрии давлатӣ, халқӣ ва миллиро мушоҳида мекунем, ки он бо рукнҳои асосии васлкунанда ҳокимияти олии давлатӣ, ваҳдат ва истиқлолияти давлатӣ[5], ягонагӣ ва умумияти худро ҳифз менамояд.
Дар илми конститутсияшиносӣ ва давлатшиносии муосир ду назарияи созишномавии қудрати соҳибихтиёрии миллат ва халқ вуҷуд дорад. Яке назарияи суверенитети муассисӣ ва дуюм назарияи суверенитети созишномавӣ ё шартномавӣ. Ба назари Бернард Як, назарияи суверенитети муаассисӣ, ки ҷонибдорони он Ҷ. Лок, Т. Пейн ва дигарон мебошанд, миллат ва халқ хамчун сарчашмаи ташаккули соҳибихтиёрӣ ва қудрат ҳуқуқҳои номаҳдудро аз таъсиси қудрати сиёсӣ то парокандагии он дар даст дорад[6]. Аммо дар назарияи суверениттети шартномавӣ миллат ва халқ сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ буда, ҷиҳати риояи созиш пайваста ва мудом кӯшиш менамояд ва ҳуқуқҳои пароканданамоии қудрати қонуниро дар даст надорад.
Таҷрибаи солҳои охир суиистифода ва норасоиҳои назарияи суверенитети муассисиро аз бисёр ҷиҳат бар зарари давлатҳои миллӣ собит кард. Назари Г. Гегел доир ба дигар сифатҳои халқ ба сони абстраксияи номуайян, тасаввуроти бешаклӣ, беқудратӣ, бе ниҳодҳои идоравӣ[7] ва озодманиши вайронкунанда дар шароити нави давлатҳои демократӣ аз худ на танҳо ҷиддӣ хабар доданд, балки ҳамчун кашишҳои популистӣ дар муқобили дигар рақибони анъанавиаш, ҳуқуқ ба сарчашмаи қудрати қонунӣ будани худро дар кишварҳои рушдкардаи демократӣ низ ба тарзҳои ғайриҳуқуқӣ муаррифӣ намуд. Сазовор ба қайд аст, ки эътирофи ғояи шартномавии таъсиси қудрат ва идораи ҷомеа ҳамчн усули намуна ва одилона дар таҷрибаи динҳои ҷаҳонии зардуштия ва баъдан яккахудоии яҳудия, насрония ва ислом[8] низ ба назар мерасад.
Ба хотири муттаҳид шудан ба ташкилотҳои байнидавлатӣ ва иҷрои ҳадафҳои боз ҳам васеътар мумкин аст, ки давлатҳо баъзе аз рукнҳои соҳибихтиёрии худро маҳдуд кунанд ва ё ба маслиҳати якдигар вогузор намоянд. Маълум мешавад, ки ҳар як навъи соҳибихтиёрӣ чӣ қадар қимати бузургу беандозаро барои халқу миллатҳо дорост. Тоҷикистон то пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ соҳибихтиёрии халқӣ ва миллиро нисбатан дошт, аммо пас аз пош хӯрдани Иттиҳод, ки дар асоси шартнома ҳуқуқҳо маҳдуд шуда буданд, ҳуқуқҳои соҳибихтиёрӣ то соҳибихтиёрии давлатӣ ба Тоҷикистон насиб гашт. Ба кишвари мо зарур буд, ки ба мафҳум ва аҳаммияти ин неъматҳои олӣ дуруст сарфаҳм рафта, онро ба манфиати умум истифода намояд.
Истиқлоли миллӣ ва мушкилиҳои сиёсати ҷаҳонӣ
Эълон намудани истиқлоли кишвар, аз роҳи вазнину ноҳамвор ҳифз намудани он аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ва баромад ба низоми давлатҳои ҷаҳонӣ бо мақсади эътирофи миллати соҳибдавлат дар назди мардуми Тоҷикистон тайи беш аз се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ вазифа ва муаммоҳои мухталифи сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро пеш гузошта истодааст. Дар сарҳади ду тамаддуни аз назари иқтисод тафовутдошта (капитализм ва сотсиализм), ду идеологияи таърихан ноошно (дунявият ва ислом) ва гуруҳи забонҳои аз қадим дар рақобат буда (забонҳои форсӣ ва туркӣ), давлати Тоҷикистон қарор гирифта, баъд аз пошхӯрии низоми давлати шуравӣ нуктаи ниҳоят дарднок ва осонгирро мемонд. Аз ин ҷост, ки давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ, ки аз қадим нисбат ба ҳавзаи Осиёи Миёна иштиҳои хуб доштанд, пас аз озодшавии мулкҳои Осиёи Миёна нақшаҳои стратегии худро нисбат ба ин минтақа тарҳрезӣ намуда, бо ҳар роҳу восита кӯшиши ба ҷониби худ кашидани онҳо ва гирифтани фоидаҳои муайянро аз минтақа ҷустуҷӯ менамуданд. Ба ин минтақа ҳам он давлатҳое, ки замоне дар ин сарзаминҳо империяи бузургро таъсис дода буданд…, онҳое, ки дар замони нав ба ин минтақаҳо роҳ ёфта буданд… ва ҳам онҳое, ки аз тақсимоти таърих дар ибтидои асрҳои миёна ва замони мустамликадории даврони навини асри ХIХ аз ин ҳудуд маҳрум монда буданд…, лекин ҳанӯз ҳисобу китоби худро бо онҳое, ки дар ин минтақа нуфуз доштанд, баробар кардан мехостанд (Германия, Фаронса, Британияи Кабир[9]), дастдарозӣ намуда, имконияти фурӯ бурдани луқмаи навбатии омодагардидаро дар даст доштанд…
Ба қавли идеологи стратегии ШМА – Збигнев Бжезинский, ки оламро чун тахтаи шоҳмоти ҷаҳонӣ байни қудратҳо тақсим намуда, вазифаи шоҳиро ба амрикоиҳо додааст, ба ин сарзаминҳо ба ҷуз аз давлатҳои номбаршуда чанд кишварҳои бузурги дигари минтақа низ метавонанд дастдарозӣ намоянд[10]. Осиёи Марказӣ аз назари манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ тайи се сад соли охир аз нуктаҳои ҳассосу диққатҷалбкунанда барои абарқўдратони олам аст. Ин ҳолат вазъи ўро дар ҳама лаҳзаҳои ҷунбишҳои иҷтимоӣ ва ҳарбьӣ ба маротиб ноором менамуд .
Чунин нооромӣ ва ғаразҳои геополитикӣ зери пардаи ҳама муносибатҳои дӯстонаи давлатҳо дар ҳавзаи Осиёи Миёна пас аз пошхӯрии низоми Шуравӣ аз нав лапишхои тоза касб кард. Воқеият нишон дод, ки ҳамаи ин кўшишу ѓиромиҳои сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ дар назди иродаи қавии халқу миллатҳо, ки роҳи бебозгашти хешро ба сохибихтиёрию истиқлолият муайян намудаанду ҳамдигарфаҳмию ваҳдатро аз ҳама неъматҳо боло медонанд ва пайравии худро бо Пешвои содиқу ватанправараш устуовр нигноҳ медоанд, ҳеҷ аст ва ҳеҷ мемонад…
Барои ин, мардуми ин кишварҳо ва давлатҳои тозаистиқлол, чи тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо таъкид намудаанд, бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, дар роҳи муттаҳид сохтани қишрҳои мухталифи ҷомеа дар атрофи арзишҳои олии давлат саҳмгузор бошанд. Онҳо бояд ба таҳкими давлатдорие даст зананд, ки он аз таҷрибаи хуби пешқадами ҷаҳонӣ, аз решаҳои фарҳанги миллӣ ва дастовардҳои ҷаҳонӣ истифода намуда, дар асоси ақли созанда ва хиради тамизкунандаи неку бад ба бинои давлати миллӣ иқдом намоянд. А. Имомов дуруст қайд менамояд, ки соҳибихтиёрии давлатии Тоҷикистон неъмати бузургест, ки миллати тоҷик ва тамоми мардуми ҷумҳурӣ ба он комёб шудааст. Аз ин рӯ, соҳибихтиёрии ҷумҳуриро қадр кардан, пойдории онро устувор гардонидан ва ҳифзи онро таъмин намудан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди он мебошад[11].
Воситаҳои ҳуқуқӣ ва маънави ҳимояи истиқлоли сиёсӣ
Яке аз омилҳои муҳимми ҳимояи истиқлол дар кишварҳои тозаистиқлол ташаккули амалии андешаи давлати миллӣ, ҳуқуқи миллӣ ва ҷорӣ намудани реҷаи шоистасолорӣ дар онҳо аст. Идеяи соҳибихтиёрӣ, ки дар ибтидои мустақилгардии давлатҳои собиқ шуравӣ ба якчанд омилҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва миллӣ такя менамуд, тадриҷан дар байни ин омилҳо ҷавҳари аслии истиқлолиятро ҳамчун омили муҳимми идеологӣ ҷустуҷӯ менамояд. Ин хеле воситаи муҳим буд, зеро шакли сохтори федеративӣ, ташкили принсип ва арзишҳои идора ва ҳуқуқэҷодкунии интернатсионалӣ, имкони ташаккули ғояи миллати ҷудогонаро тадриҷан заиф мегардонд. Интернатсионализм, махлутгардии беҷо баъзан сунъӣ ва ассимилатсияи сохта зина ба зина ба шаклҳои зоҳирёбии ягонагии миллатҳои ҷудогона таъсири манфӣ мерасонд. Таърихи начандон тӯлонӣ шаҳодати он аст, ки чунин маҳак ва ҷавҳари асосии мафкуравии давлатҳои соҳибистиқлолро идеяи (ғояи) давлати миллӣ бар дӯши худ мегирад. Акнун давлатҳо воситаи муҳимми ҳимояи истиқлолияти худро дар ҷавҳари аслии худ – мафкураи давлати миллӣ, мебинанд. Аҷиб он аст, ки агар дар зинаи ибтидои истиқлол, мустақилгардӣ дар давлатҳои сермиллат мафкураи миллӣ омили муҳимми такондиҳанда набошад ҳам, вале баъдан вай ба чунин як унсури такондиҳанда табдил меёбад. Соҳибихтиёрии миллӣ аз зинаи амали воқеии худ убур намуда, то ба соҳибихтиёрии давлатӣ хидмат мекунад. Давлати соҳибистиқлол ба зинаҳои баландтари муносибатҳо ворид мешавад.
Оид ба сарҳади соҳибихтиёрии миллӣ ва ғояи давлатдории миллии демократӣ
Аҷоиби дигар он аст, ки агар дар ибтидо мақсади он давлатҳое, ки парокандагии империяҳои бузургро, ки дар асоси миллатҳои мухталиф бунёд ёфта буд, ба нақша гирифта, омили баланд бардоштани худшиносии миллии ин халқҳоро бисёр мехостанд, зеро он такондиҳандаи парокандашавии империяҳои сермиллат буд (ИҶШС, Чехословакия, Югославия ва ғ.), вале баъд аз ноил шудан ба чунин мақсад бо ҳар роҳу восита садди роҳи баланд рафтани чунин унсурҳои худшиносӣ дар ин давлатҳои тозаистиқлол гаштанд. Маълум буд, ки дигар мустаҳкамгардии истиқлолияти онҳо ба манфиати ин даллолони таърихӣ, ки воридсозии давлатҳои кӯчакро ба фазои ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иқтисодии худ ба нақша доштанд, мусоидат намекард. Вале онҳо қонунияти то кунун кашфшудаи андешаи давлати миллиро ҳамчун воситаи муҳимми муқобилияти онҳо дар набардҳои байналмилалӣ аз мадди назар дур карда буданд.
Андешаи давлати миллӣ ва ё ҳуқуқи миллӣ дар аксари давлатҳои рӯ ба инкишоф ва давлатҳои мутараққӣ дар даврони ҳассоси ҳифзи истиқлолият хамчун воситаи муҳимми муҳофизати истиқлолият хидмат менамуд ва дар оянда низ хоҳад кард. Муҳаққиқ Ф. Фукуяма баланд рафтани худшиносии миллиро дар чунин ҳолатҳо дуруст таъкид намудааст: «Миллатчигӣ айни ҳол дар Аврупои Шарқӣ ва ИҶШС, ки дергоҳ ба худшиносии миллии халқиятҳои онҳо монеъ мешуданд, хеле боло рафтааст. Миллатгароӣ ҳамчунин дар давлатҳои куҳна ва устувори миллӣ низ вақтҳои охир ба тағйирпазирӣ рӯ овардааст. Даъвати худшиносии миллӣ дар Аврупои Ғарбӣ ба худшиносии универсалӣ табдил ёфтааст, ки аз бисёр ҷиҳат ба даврони се чор қарни пеш, ки бо созиши дин рӯйи кор омада буд, мувофиқат дорад».[12] Яъне миллатгароӣ ва худшиносии миллӣ дар даврони навтарин аз сари нав нақш ва нуфузи худро дар ҳалли масъалаҳои муҳимми давлатӣ тақозо дорад. Давроне, ки пешгӯии анҷомёбии таърих бо ғалабаи пурраи демократияи либералӣ дар интиҳои асри ХХ рух надод, давроне, ки назарияи «мубориза барои эътирофнамоӣ»-и Гегель, Маркс ва Фукуяма ҳамчун воситаи муҳимми инкишофи таърих аҳаммияти худро ҳамчун маҳаки пешбаранда гум кард, таърих ба анҷом нарасида, баръакс, унсурҳои дар назар архаистию куҳнашудаи идеологӣ чун миллатгароӣ, тобеияти динӣ ва ғ. аз сари нав дар раванди инкишофи давлатҳои мутамаддин садо баланд намуда истодаанд, пешгӯии ояндаи наздик барои аҳли илми ҷамъиятшиносӣ мубрам аст. Таҳлили ҳамин омилҳои вусъатгирифта риштаест, ки ба кушоиши роҳи ояндаи инкишофи давлатҳои дар паҳнои он қоматафрохта мусоидат хоҳад кард.
Сиёсати дарҳои боз маънии кандани дарҳоро надорад\
Дар солҳои аввали истиқлолият мардуми таҳҷоӣ ва ҳукуматҳои тозаистиқлол ба хотири он, ки бародарҳои нав ва миллатҳои соҳибдавлат онҳоро бо дӯстию меҳру муҳаббат ба оғӯш гирифта, мавқеи онҳоро тавассути созмонҳои байналмилалӣ дар ҷаҳони нав муаррифӣ менамоянд, озодона манфиатҳои давлатии худро бо оғуши кушод ба дӯстони гирду атроф боз менамуданд… Онҳо ҳанӯз намедонистанд, ки ин ҳама дӯстию оғушбозкуниҳо решаҳои ғализи ҳақталабию нусратёбиҳои зиёдро дорад, ки на ҳамеша ба манфиати давлатҳои тозаистиқлол буданд. Ҳамин тавр, вазъияти дар назар ором ва дар асл ноором буда, ҷараёнҳои мухталифу мавҷҳои ноаёнро дар ботин нигоҳ дошт, ки ҳар лаҳза имкони киштии тозаистиқлоли давлатҳои ин минтақаро чаппа кардан доштанд.
Давлатҳои минтақаи Осиёи Миёна, ки саргарми истиқлолияти ба осонӣ бадастомада буданд, имкони таҳлили чунин иштиҳои бениҳоят вазнини атрофиёнро надоштанд, зеро вақт ва таҷрибаи кофӣ надоштан ба онҳо чунин имконро фароҳам наоварда буд. Ин буд, ки аввалин шуда мардуми Тоҷикистон ба ин гирудорҳо фурӯ рафт. Неъмати бузург он аст, ки аз ин вазъият мардуми Тоҷикистон ва Ҳукумати он сари вақт бо ҳамгироӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдат берун баромаданд.
Тоҷикистон бо қабули Конститутсияи соли 1994 чун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ ва ягона роҳи кишвардорию сохтори давлатӣ, табиати қудратофарию реҷаи сиёсии ояндаи худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Интихоби ҳар яке аз ин роҳҳо бо таҳлили чуқури авзои сиёсии кишвар ва ҷаҳон сурат гирифта, дар ҳамон даврон роҳи ягона ва асосии халосии миллат ва халқиятҳои минтақа буд, ки ягонагии мардумро дар харитаи сиёсии ҷаҳон чун давлати мустақили Тоҷикистон муаррифӣ карда метавонист.
Аммо проблемаҳо, душвориҳо ва масъалаҳои ҳалталабе, ки ҳар як давлати моро дар пешорӯйи буҳронҳои вазнини сиёсию ҳуқуқӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ қарор медод, мавҷуд буданд ва аз ҳар сӯ пайдо шуда ҳалли худро талаб намуда, ба мазмуни давлатдорию ҳуқуқи мо махсусиятҳою аломатҳои фарқкунандаро ворид менамуданд. Ҳамагӣ ин масъалаҳо собит менамуданд, ки ҳанӯз роҳ дар бунёди давлати ободу зебо ба пуррагӣ ҳалли худро наёфта, қонуниятҳою унсурҳои нонавиштае, ки ҳар як метавонад бо тақдири миллат ва давлат ба осонӣ бозӣ намуда, ҳама кӯшишу ормонҳои моро дар як замон барбод диҳад, ҳанӯз зиёданд.
Яъне мо роҳро муайян кардаем, вале усули ҳаракати мошинаи давлатиро, ки қудрати пеш бурдани бори вазнини миллат ва халқи Тоҷикистонро бар дӯш дорад, бо суръати ҳаракати тағйирёбандаю унсури нигоҳ ва боздорандаи он дар ҳолатҳои болоравию фурӯравии роҳ ба пуррагӣ дар назар нагирифтаем. Ҳамагӣ таҳлили амиқи илмиро аз назари иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ талаб намуда, ҳамзамон инқилоби илмии фанҳои дақиқро хостор аст. Барои ин аз чӣ бояд сар кард? Ба чӣ бояд диққат дод? Махсусияти давлатдории тоҷиконро имрӯз аз чӣ бояд донист? Кадом унсурҳо аломатҳои ҳатмии ин равандро таҷассум менамоянд? ва дигар саволҳои муҳим ҳамагонро ба ташвиш оварда буд. Дар ин маҷро муайян намудани мафҳуми давлатдории тоҷикон ҳамчун ҷараёни пайдоиш, инкишоф, шаклдигаркунии давлат ва ҳуқуқ дар давраҳои муайяни таърихӣ, меросият ва тағйирпазирии сиёсӣ, ҳудудӣ ва ҳуқуқии ҷамъият ва умуман раванди дурударози таърихии давлатӣ-ҳуқуқии халқи тоҷик аҳаммияти боризро дороанд.
Эҳёи ватандӯстӣ ва ташаккули садоқат ба принсипҳои бунёдии адолат
Охирҳои садаи ХХ ва ибтидои ҳазораи се бо тағйирёбии низоми идорӣ ва ҳуқуқии собиқ давлатҳои шуравӣ дар звенои татбиқи ҳуқуқ проблемаҳо ва душвориҳои назаррасе ба миён омаданд, ки олимони назариявӣ ва соҳавӣ дунболи ҳалли онҳо ба роҳҳои мухталифи илми ҳуқуқ ворид гардида, бо пешниҳод намудани ҷараёну назарияҳои мухталифи ҳуқуқӣ ба даъвати навбатии таърих ҷавоб меҷустанд. Дар баробари ин раванди васеъгардии олами илми ҳуқуқ мушоҳида мешуд. Баҳси асосӣ сари масъалаи боздоштани ҷараёни то рафт қувват гирифтаистодаи девалватсияи ҳуқуқ ва нигилизми ҳуқуқӣ меистод, ки майдони васеи сабзиши худро дар равандҳои озодигардии афкори умум аз назария ва идеологияи ҳокими коммунистӣ, аз як сӯ ва дар ноустувории низоми идории кишварҳои истиқлолият касбкарда, аз сӯйи дигар, ёфта буд. Дар асл ин раванд ногузир ва интизорӣ буд. Зеро дар харобаи империяи бузурги ҷаҳонӣ сабзиши истиқлолиятҳои нави сиёсӣ бо қудрату ҳашамат ва мақому мартабаи қаблӣ аз ҳар ҷиҳат номумкин буд. Воқеан, истиқлолияти ба тозагӣ касбкардаи ҷумҳуриҳои шуравӣ ба истиқлолияти ҳуқуқии онҳо дар ибтидо комилан дар шакли идеологияи қаблӣ мусоидат накард.
Гузариш ба низоми ҳокимият майдони мувофиқи ҳуқуқиро талаб мекард, аммо, мутаассифона, муҳайё намудани ин майдон кори саҳл набуд. Таҷриба нишон дод, ки мақоме, ки бояд ба бунёди роҳи ҳуқуқии ҷомеаи озоду истиқлол кӯшиш менамуд, зери таъсири манфиатҳои мухталиф ба нуқтаи марказии майдони муборизаи манфиатҳо табдил ёфт
Ба ҳар ҳол раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ, ҳокимиятхоҳии миллат, муборизаи сиёсии халқ ҳамчун унсурҳои муҳимми худшиносии миллӣ зина ба зина эҳё шуда, дар қатори дигар кишварҳои тозаистиқлол давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон дар ҳолатҳои вазнин барои якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ ва ҳастии миллати сиёсӣ мубориза бурда, номи тоҷику давлати Тоҷикистонро ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид намуд. Ин амал пас аз таърихи ҳазорсолаи суқути давлати Сомониён, воқеан, ҳодисаи наҷиб ва таърихие буд.
Миллат ва халқе, ки анқариб ҳазор сол тақдири вазнини бедавлатиро бар дӯш дошта, донишмандону шоирону равшанфикронаш пояи давлатдорию низоми ҳуқуқии халқҳои ғосибро ташаккул дода, дар ҷаҳонгардии нуфузи халқиятҳои саҳронишину бодиянишин саҳмгузорӣ намуд, бо қаҳрамонию далерӣ ва қавииродагии хеш тайи ин муддат забон, адаб ва илми хешро маҳфуз дошта, то ба ин дами умед – субҳи давлатдории навин расид. Умед аст, ки ин субҳи ҷовидонагии давлатдории тоҷикон абадӣ буда, дигар камбудиҳои гузаштагонро такрор нанамуда, ин неъмати бебаҳо – истиқлолият ва озодиро аз даст нахоҳем дод. Дар ин самт зарур аст, ки ба чанд масъалаҳо афзалиятҳо бахшем.
Пеш аз ҳама, дар шинохти воқеияту манфиати халқу миллат ба хатоӣ роҳ надода, вазифаи муқаддаси худро дар назди гузаштагон, имрӯзиён ва ояндагон бояд аз ёд набарорем. Дўст доштани Ватан, муҳаббат ба низоми идора ва соҳибони фармонро тибқи эътиқодамон ҳифз кунем, ифтихор аз давлату соҳибихтиёриро бояд дар қалбамон ҳамчун инсони соленҳи замону макон дошта бошем.
Онҳое, ки аз шаббодаи озодиҳои либералӣ мадҳуш мешаванд, аққалан ба осори бунёдгузорони таълимоти озодихоҳону адлгустарони замони нав, бояд назари таҳлилӣ дошта бошанд. Шарл Луи Монтескё – бузургтарин озодипараст ва донандаи асрори ҳуқуқ бо эҳсоси ватандўстӣ ва ифтихор аз давлати буржуазии Фаронса, дар ибтидои китоби «Руҳул қавонин» навишта буд: «Агар дар байни мавзуъҳои беохири гуногуне, ки дар ин китоб гуфта шудаанд, чизе бошад, ки бар хилофи интизориҳои ман метавонад касеро ранҷонад, (пас бояд донист, ки) дар он чизе ҳадди ақал бо нияти бад гуфта нашудааст. Ақли ман табиатан ба танбеҳ майл надорад. Афлотун ба осмон ташаккур гуфт, ки дар замони Суқрот таваллуд шудааст, аммо ман осмонро шукр мегӯям, ки тақдир маро ба даврони ҳукумате тавлид кунонд, ки ман дар итоати он зиндагӣ мекунам, ба ман супориш шудааст ба онҳое, ки муҳаббат ба онҳо дорам, итоат кунам»[13].
Дигар ин ки ҳар як соҳаи ҳаёт бо назардошти талаботи воқеӣ ба манфиати ҷамъият ва давлат бояд тарзе ба роҳ монда шавад, ки арзиши муайянкунанда, тақдирсоз ва умумиятдоштаи одамият – ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ба таври зарурӣ ҳаддалимкон мадди назар гирифта шаванд.
Садаи ХХ ва ХХI ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун маҳаки муҳимму марказии инкишоф ва баҳодиҳии воқеияти давлату давлатдорӣ муайян кардааст. Ба ин хотир ҳама арзишҳои дигар бояд баҳри амалишавии он нигаронида шуда, дар хизмати он гузошта шаванд. Давлат, сиёсат ва ҳама гуна манфиат, ба қавли И.Кант, бояд назди ҳуқуқи инсон сари таъзим фуруд оранд. Ба назари мо, роҳи ягона ва асосии баромад ва инкишофи ояндаи давлатдории мо маҳз дар ҳамин арзиши марказӣ, ки моддаи 5 Констутсияи кишвар аз соли 1999 онро ҳадаф ва арзиши олӣ ҳисоб кардааст, нуҳуфта шудааст.
Ба инобат бояд гирифт, ки ҳуқуқи инсон, аз як ҷониб, дар алоҳидагӣ ҳамчун падидаи ҳуқуқӣ дар қатори дигар арзишҳои ҳуқуқӣ неъмати ҳуқуқии хоса аст, аз ҷониби дигар, ҳар як ҳуқуқу озодиҳо дар алоҳидагӣ ва ё дар шакли дастаҷамъӣ – наслҳои ҳуқуқи инсон ҳамчун арзиши муттахидшуда дар шакли муфрад низ баромад менамоянд. Масалан, ҳуқуқ ба ҳаёт, саломатӣ, озодии ҳаракат, озодии виҷдон, эътиқод, меҳнат ва ғ. дар алоҳидагӣ чунин нақшро иҷро мекунанд.
Гузашта аз он, арзишҳои ҳуқуқӣ дар шаклҳои мақсадҳо, принсипҳо, қоидаҳо, усули ҳалли баҳсҳо, расмиёти баррасии парвандаҳо ва ғайра дар иртибот бо васлияти ҳаводиси таърихии гузаштаю имрӯза ва оянда баромад карданашон мумкин аст, ки ҳар яке дар мавқеи худ муҳим ва ҷиддӣ арзёбӣ мегардад. Барои ин зарур аст, ки илми ҳуқуқшиносӣ ва раванди ҳуқуқэҷодкунӣ бо таҳлилҳои устувори мантиқӣ, аналитикӣ, дастрасии дастовардҳои ҷаҳонӣ ва таърихӣ ҳама гуна арзиш, манфиат, принсип ва усулҳои ҳуқуқиро дар мизони адл тарзе ҷо ба ҷо гузорад, ки ҳақиқат, озодӣ, адолат ва баробарии инсонҳо зарар наёбанд.
Холиқзода А.Ғ. – директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими пешбари илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.
Бобоҷонзода И.Ҳ. – мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
[1]Конституция Российской федерации: научно-практический комментарий // Под ред. академика Топорнина. – М., 2003. – С. 97.
[2]Арутюнян Г.Г., М.В. Баглай. Конституционное право. Энциклопедический словарь. – М.: 2006. – С. 471.
[3]Имомов А. Ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2004. – С. 195.
[4]Имомов А. Асари номбаршуда. – С. 196-197.
[5]Ҳамон ҷо. – С. 197.
[6]Бернард Як. Национализм и моральная психология сообщества / Пер. англ. К. Бандуровского. – М.: Издательство Института Гайдара, 2017. – С. 176.
[7]Гегель Г.Г.В. Философия права. – С. 320-321.
[8] Ниг.: Ҷомеу-л-мутун. Панҷ ганҷи эътиқодии ҳар муъмин. Мураттиб ва мутарҷим: Суннатуллоҳи Яъқуб. Душанбе 2014. -102с.
[9]Бжезинский З. Великая шахматная доска. Господство Америки и его геостратегические императивы. – М., 2006. – С. 163.
[10]Бжезинский З. Великая шахматная доска. Господство Америки и его геостратегические императивы. – М., 2006. – С. 163.
[11]Имомов А. Ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2004. – С. 195.
[12]Фукуяма Ф. Конец истории и последний человек. – М., 2005. – С. 21.
[13]Шарль Луи Монтескье. О духе законов. Предисловие. – М.: РИПОЛ классик, 2018.
-С. 3.