Перейти к основному содержанию

Мардуми Тоҷикистон таҳти роҳбарии сарвари ғамхору раҳнамои худ бо барқарорсозии сулҳу осоиш ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ роҳ ёфта, имконоти дар чаҳорчӯби қонун ҳаллу фасл намудани ихтилофоти дохилиро нишон доданд.

Маҳз бо баракати сулҳу оштӣ якпорчагии Ватани азизи мо ҳифз гардида, имкони ба роҳ мондани зиндагии осоишта, амнияту ваҳдати сартосарӣ ва гузаронидани чорабиниҳои бузурги умумимиллӣ, ки ба тарғибу ташвиқи ғояҳои муттаҳидкунанда, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва худшиносию худогоҳии мардум равона гардида буданд, ба даст омад.

Барои расидан ба ин ҳадафи олӣ Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки қувваҳои солими ҷомеа, аз ҷумла ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, сохторҳои фарҳангӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро муттаҳид созад.

Иштироки фаъол ва саҳми арзандаи Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва давлатҳои нозир чун Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои исломии Эрон, Афғонистон ва Покистон, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва дигар созмону давлатҳо низ, пеш аз ҳама, аз талоши сулҳҷӯйӣ, дасту дили поки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва инчунин аз сиёсати хориҷии «дарҳои кушода»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъдтар ба сатҳи «сиёсати бисёрсамтӣ» бардошта шуд, сарчашма мегирифт.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон яке аз бузургтарин сабақҳои мактаби сиёсатмадорӣ ва давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифт. Таҷрибаи ба даст овардани сулҳи миёни тоҷикон ҳамчун намунаи нодири сулҳофарӣ ва ҳалли ихтилофи дохилӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуд ва ҳоло барои пешгирии чунин моҷароҳо дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон мавриди истифода қарор дорад.

Ин таҷрибаи таърихии ба Ватан ва ба макони зист баргардонидани қариб як миллион нафар гурезаҳо ва ташкил кардани ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамчун модели нодири сулҳофарӣ эътироф гардид.

Аз ҷумла, Кофи Аннан, собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ки он солҳо ба таври мунтазам ва огоҳона раванди сулҳи тоҷиконро пайгирӣ мекард, пас аз анҷоми бомуваффақияти он дар яке аз ҷаласаҳои Шӯрои амнияти СММ таъкид намуда буд, ки «таҷрибаи сулҳи тоҷикон сазовори он аст, ки ҳаматарафа омӯхта шавад». Ва барои чунин натиҷагирӣ далел ҳам дошт. Зеро сулҳи Тоҷикистон яке аз амалиётҳои бобарори сулҳофаринии СММ ба шумор меравад. Муқовимати сиёсӣ ва низомӣ дар кишвари мо дар кӯтоҳтарин муддат дар севуним сол ё 1171 рӯз ба сулҳу оштӣ расид. Ҳол он ки низоъҳои дигар, аз қабили низоъҳои арабҳову исроилиён, инглисиҳову ирландиҳо, покистониҳову ҳиндиҳо, қазияи Афғонистон ва ғайра солҳои сол идома доранд.

Сабаби аслии барори фаъолияти сулҳофаринии СММ дар Тоҷикистон, ба назари мо, дар он буд, ки талошҳои сулҳхоҳонаи саривақтии ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ба манфиатҳои миллии худи тоҷикон ва кишварҳои манфиатдори қазияи Тоҷикистон созгор омад. Идомаи муқовимати мусаллаҳона на танҳо ба манфиати тарафҳои даргири тоҷик набуд, балки ба манфиатҳои кишварҳои минтақа низ рост намеомад.

Далели он ки тарафҳои даргири қазияи Тоҷикистонро маҳз дарки зарурати ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба сулҳу оштӣ ба музокирот водор сохта буд, ин аст, ки дар муҳимтарин санадҳое, ки дар ҷараёни музокироти сулҳи тоҷикон ба имзо расида буданд, як нукта гаштаю баргашта таъкид ёфтааст, ки тарафҳо «барои таъмини риояи манфиатҳои олии халқ ва давлати тоҷик азми қатъӣ дошта, бо дарки хатари ҳалокатбори муқовимати низомию сиёсӣ ва масъулияти бузурги худ барои ояндаи халқ ва давлати тоҷик... ба созиш расиданд». «Мо - гуфта буданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кобул рӯзи 19 марти соли 1995 - манфиатҳои олии мардуми тоҷик ва мамлакати азияткашидаамонро ба инобат гирифта, ба хотири ноилшавӣ ба сулҳу ризоият дар Тоҷикистон, муҳайё сохтани шароити мусоид барои ободонию шукуфоии ҳақиқии Ватан... мулоқот доир сохтем».

Манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар арафа ва рафти музокироти сулҳи тоҷикон, пеш аз ҳама, аз ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон, тамомияти арзӣ ва давлатдории тоҷикон иборат буд. Зеро дар он вақт, хатари ҷиддии аз байн рафтани давлати тозаистиқлол ва навбунёди Тоҷикистон, халалдоршавии тамомияти арзии он ва ба минтақаву маҳалҳои ҷудогона қисмат шудани он таҳдид мекард.

Хушбахтона, тарафҳои даргири тоҷикон ба шарофати ақлу фаросати меросиашон сари вақт дарёфтанд, ки ҷанг роҳи ҳалли мушкилашон нест, балки наҷоти миллат, кишвар ва давлаташон дар сулҳу оштӣ ва дар ҳамдигарфаҳмию якпорчагист.

Мо аз он ифтихор дорем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон барои ҷаҳониён намунаи ибрат буда, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф гардидааст. Таърих кам ёд дорад, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар чунин муҳлати кӯтоҳ хотима ёбад ва ҷонибҳои даргир боз ба ҳам дасти дӯстиву бародарӣ дода, ба хотири бақои давлат, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, амнияти халқу миллат ва арзишҳои миллӣ бо ҳам муттаҳид гардида, фаъолияти солими дастгоҳи воҳиди давлати хешро ба ободии кишвар равона карда бошанд.

Аз ин хотир, имрӯз ва минбаъд тамоми неруҳои сиёсӣ ва ҳар як фарди солимфикри Тоҷикистони азиз бояд дастовардҳои сулҳ, истиқлоли давлатӣ ва асосҳои давлатдории миллии тоҷиконро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, барои таъмин намудани рушду нумӯъ ва пешрафту шукуфоии Ватани аҷдодӣ ва шукргузорӣ аз ҳаёти осоиштаю созандаи мардум пайваста ҷаҳду талош намоянд.

Номзади илмҳои техникӣ ходими пешбари илмии озмоишгоҳи “Маводҳои ба коррозия устувор”-и

Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Худойбердизода Саидмири Убайдулло