Перейти к основному содержанию

Вожаи «ваҳдати миллӣ» яке аз муҳимтарин қисми таркибӣ ва тавонбахши тафаккури миллӣ ва марказии консепсияҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Идеяи «ваҳдати миллӣ» дар масъалаи ташхиси самти асосии инкишофи давлатдории навини кишвар ҳамчун роҳнамо хизмат мекунад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд, ки «Ҳама гуна ҷомеа ба ҳадафу қутбнамое ниёз дорад, ки роҳи рушди устувори худро мутобиқи он муайян созад. Чунин андеша ва ҳадафи муттаҳидкунанда барои мо, бешубҳа, ғояи ваҳдати миллӣ ба шумор меравад». Аз ин лиҳоз, таваҷҷуҳи махсус ба «ваҳдати миллӣ» ба ин хотир сурат мегирад, ки амалан ҳар як неруи сиёсӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки консепсияи мушаххаси идеологиеро ба вуҷуд оваранд ва ба воситаи он модели махсуси рафтори иҷтимоиро ташаккул диҳанд. Маҳз «ваҳдати миллӣ» метавонад ҳамчун идеологияи ҷомеаи навбунёд пазируфта шавад ва ҷиҳати боло бурдани ҳувият, худшиносии миллӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатдории миллии тоҷикон хидмат намояд.

Дар шароити имрӯз вақте, ки сухан дар бораи идеяи миллӣ ва андешаи миллӣ меравад, бояд андешаҳо бештар атрофи «ваҳдати миллӣ» ҳамчун маҳаки асосии таъминкунандаи Истиқлоли давлатӣ гирд оварда шаванд. Зеро миллате, ки дар худ идеяи миллӣ надошта бошад, ба гумон аст, ки якпорчагии ҳудуд ва пойдории давлати хешро таъмин карда метавонад. Дар чунин ҳолат миллату давлат бештар қурбонии бозиҳои сиёсии таҷовузгарони хориҷӣ гардида, оқибат рӯ ба таназул хоҳад рафт. Тоҷикон аз ибтидои таърих миллати тамаддунофар ва соҳиби андешаи миллӣ бада, ҷавҳари асосии он дар пояи арзишҳое чун ватандӯстиву ваҳдати миллӣ бунёд ёфтааст.

Дар ҷомеаи Тоҷикистони муосир «ваҳдати миллӣ» ҳамчун идеология матраҳ гардида, вазифаи «сафарбарнамоӣ ва ҳамгироии одамон»-ро иҷро мекунад. Маҳз, ба воситаи идеология одамон муттаҳид гардонида шуда, барои ҳимояи манфиатҳои умумӣ сафарбар мешаванд. Бо дарназардошти нуктаҳои болозикр дар даврони Истиқлоли давлатӣ бо ташаббусҳои хастанопазирии Пешвои миллат идеяи миллии тоҷикон дар шакли идеологияи миллӣ зери унвони «ваҳдати миллӣ» таҷассуми худро пайдо намуд. Ваҳдати миллӣ муттаҳидкунандаи миллат, омили пойдорӣ ва созандагии давлат мебошад.

Дар ҷаҳон имрӯз кишваре дида намешавад, ки шаҳрвандони он намояндаи танҳо як миллат бошанд. Ба ин маъно Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки «Соҳиби давлати миллӣ гаштани мо ва таваҷҷуҳи хосса доштан ба низоми давлати миллӣ ҳаргиз маънои маҳдуд кардани ҳуқуқи дигар миллатҳоро надорад. Мо барои ҳифзи асолат, забон ва фарҳанги ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон ҳамаи имкониятҳоро фароҳам меорем». Бинобар ин, дар шароите, ки «ваҳдати миллӣ» ҳамчун консепсия ё идеология матраҳ мешавад ин масъалаи ҳассос бояд ба инобат гирифта шавад.

Ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ барои тоҷикон арзишмандтарин унсуре ба ҳисоб меравад, ки рӯҳияи содалавҳонаи музофотӣ ва маҳалгароиро бартараф намуда, сокинони ҳамаи навоҳии кишвар худро чун як воҳиди том, чун миллат бишиносанд ва дар талоши рушду пешрафти миллӣ аз як гиребон сар бароваранд.

Ягонагии миллӣ худро ба сифати як ҷузъи миллат шинохтан, дар ҳифзи он худ ва кулли ҷомеаро маъсул донистан ва дар роҳи татбиқи марому мақсадҳои миллат саъйу кӯшиш намуданро дорад. Барои ҳифзи тамомияти арзии кишвари маҳбубамон чунин эҳсос бояд дар замири ҳар як сокини кишварамон, сарфи назар аз мансубияти милливу мазҳабӣ ҷой дошта бошад ва барои ташаккули ифтихори ватандории онҳо мусоидат намояд.

Ваҳдати миллӣ ин воситаи дарки ягонагии иҷтимоии этникӣ дар қаламрави давлати миллӣ мебошад, ки аз иттиҳоди мардуми ҳама навоҳӣ ва минтақаҳои кишвар фаро расида, аз дарки зарурати ҳамзистии миллӣ, эътироф ва шинохти зарурати ягонагии ҳама мардуми қаламрави давлати миллиро ба миён хоҳад овард ва кишварро чун шарти ҳатмии ҳастии миллӣ устувор хоҳад кард.

Агар ваҳдати миллӣ ба таври дақиқу амиқи илмӣ ба хотири ояндасозӣ мавриди омӯзишу таҳқиқи донишмандони соҳаи ҷомеашинос ва сиёсатшинос қарор гирифта, роҳҳои самараноки ташаккул додани он дар ҷомеаи парешонтаркиби мо дарёфт гардад, пас он манфиат дучанд ба бор оварда, арзишмандтар мегардад. Бинобар ин, оянда ва дурнамои некбинонаи ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, ба дониш ва диди илмӣ, ахлоқу мафкураи устувори миллӣ ва фарҳангсолории элитаи сиёсӣ, қишрҳои фарҳангӣ, маърифатӣ ва дар умум, фаъолони иҷтимоӣ вобастагӣ дорад. Яъне, ваҳдати миллӣ бо роҳи ҳидоят намудани ҷомеа ба сӯйи илму маърифат ташаккул меёбад.

Яке аз унсурҳои муҳим дар таърифҳои ваҳдати миллӣ — ин ҳадафҳо ва арзишҳои муштарак мебошанд, ки миллатро муттаҳид месозанд. Ин мафҳум дар шарҳи ваҳдати миллӣ бо ибораҳои мухталиф баён мегардад, ба мисли: ормон ва мароми умумимиллӣ, қаламрави давлати миллӣ, пешрафт ва тараққиёти ҳаматарафаи ҷомеа, арзишҳои маънавии усулӣ, дастовардҳои илмӣ, техникӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, инчунин самти рушду манофеи умумии миллӣ.

Ваҳдати миллӣ — ин ҳамандешӣ ва ягонагии ҳадафҳое мебошад, ки тамоми миллат дар масъалаҳои сарнавиштсоз, аз ҷумла ҳифзи якпорчагии сарзамин, манофеи миллӣ, арзишҳои меҳварии ҷомеа ва шаъну эътибори Ватан ва ҳамватанон ба он иттифоқ доранд.

Хушбахтона, имрӯз идеяи миллии тоҷикон дар мафҳуми «ваҳдати миллӣ» таҷассум ёфта, ҳамчун ҳиссиёти ботинӣ дар қалби мардум ҷой гирифтааст. Ин арзиш на тавассути шиор, балки бо дарки иҷтимоӣ пойдор гардидааст ва дар Тоҷикистон ба унвони сармояи иҷтимоӣ шинохта мешавад.

Сарвари давлат низ дар суханронии худ ба аҳамияти ин мафҳум таъкид карда, онро чун консепсияи умумимиллӣ чунин маънидод намудаанд: «Ба воситаи ин ғояи асосии умумимиллӣ (яъне андешаи ваҳдати миллӣ) мо метавонем ҳамаи табақаҳои ҷомеаро муттаҳид гардонем. Ваҳдати миллӣ... ин неъмати муттаҳидсози ҷомеа аст». Ин суханҳо бо воқеият тавъам мебошанд. Таърих собит сохт, ки маҳз рӯй овардан ба ваҳдати миллӣ ба мардуми тоҷик имконият дод, ки дар марҳалаи душвори ҷанги дохилӣ бо роҳи мусолиматомез сулҳро таъмин намоянд ва иттиҳодро барқарор созанд.

Қодиров З.Қ. – номзади илмҳои фалсафа, дотсент, ходими калони илмии шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатниносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ