Skip to main content

Санаи 31 марти соли равон дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯз бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид.

Дар чорабинӣ намоиши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои дастӣ, зардӯзӣ, чодардӯзӣ, хӯрокҳои гуногуни миллӣ ва бозиҳои анъанавии наврӯзӣ баргузор шуд. Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки аз қадим мардум ҳангоми фаро расидани Наврӯз ба покизагии муҳити зист, сабзкорӣ ва корҳои созандагӣ машғул мешаванд.

Пайки Наврӯзи имсола ҳамчун сароғози соли нави аҷдодӣ бо шукуҳу шаҳомати хос барои ҳар як шаҳрванди мамлакат хотирмон хоҳад буд. Зеро имсол мардуми шарафманди Тоҷикистон 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Бо ифтихор ва шукргузорӣ аз Ватани маҳбуби соҳибистиқлол, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва оромию осудагии давлат имрӯз Тоҷикистон ба мамлакати ободу зебо, гулафшон ва боғу бӯстони биҳиштосо табдил ёфтааст.

Дар фарҷоми чорабинии тантанавӣ аз ҷониби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, директори Агентӣ, профессор Илҳом Мирсаидзода ва дигар меҳмонони олиқадр ба ҳамаи кормандон барои иштироки фаъолона ва саҳми арзанда дар корҳои ободонӣ ва созандагӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз сипосгузорӣ ва миннатдорӣ баён карда шуд.