Имрӯз, 11 март президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб — муассисаи илмию таҷрибавии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази илмии Хатлон боздид ба амал овард.
Зимни боздид масъулини муассиса оид ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, нигоҳдорӣ ва парвариши навъҳои гуногуни рустаниҳо, инчунин корҳои ободониву сабзкорӣ дар ҳудуди боғ маълумот пешниҳод намуданд. Ҳамзамон масъалаҳои рушди минбаъдаи фаъолияти илмӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ ва беҳтар намудани шароити тадқиқотӣ дар боғи ботаникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки боғи ботаникӣ ҳамчун пойгоҳи муҳими илмӣ дар омӯзиш, нигоҳдорӣ ва муаррифии сарватҳои набототии кишвар нақши муҳим дошта, тақвияти корҳои илмӣ ва густариши ҳамкориҳо дар ин самт зарур мебошад.
Бояд гуфт, ки Боғи ботаникии Кӯлоб ҳамчун муассисаи илмию таҷрибавии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соли 1985 таъсис ёфтааст. Дар ин боғ олимон ба омӯзиш, нигоҳдорӣ ва парвариши навъҳои гуногуни рустаниҳо машғул буда, барои ҳифзи табиат ва рушди корҳои илмӣ тадқиқотӣ саҳм мегузоранд.
Ҳамзамон, зимни боздид роҳбарияти Академия ва дигар олимону кормандон дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуданд. Дар доираи ин маърака дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуда, ин иқдом ҳамчун қадаме дар роҳи ободонии боғ ва ҳифзи муҳити зист арзёбӣ гардид.
