МОДАР - вожаест, ки барои ҳамаи мо зодаю парвардагонаш худ як ҷаҳон маънои бузургеро дорад. Зеро ҳама мо, чӣ хурду чӣ бузургсолон маҳз бо шунидани ин мафҳуми зебою дилоро дар зеҳнамон хоҳ - нохоҳ як намуд меҳрубонӣ, рамзи садоқат, меҳру муҳаббат, ғамхорӣ, розу ниёз ва ормонҳои дар дил нуҳуфтаю дилбохтагию самимият ва инчунин гӯиё як ҷаҳони фарохи беканор пеши чашмонамон бо он ҳама зебоию латофат ва назофаташ ҳувайдо мегардад.
Чунки маҳз ана ҳамин модарони басо ҳам азизу қадрдону меҳрубон ва заҳматқаринамон офарандагони ҳаёти башаранд ва маҳз эшон ҳастанд, ки бо он ҳама меҳру навозиши худ ҷаҳони моро боз ҳамеша пурҷило ва зеботару равшантар месозанд. Тавре, ки шоир низ хуб ифода кардааст:
Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.
ОҒОЗИ ФАСЛИ ЗЕБОИ БАҲОР. Дурусттараш санаи 8-уми март ҳамасола ҳамчун Рӯзи модарон таҷлил мегардад, ки ин рӯзи мубораку фархунда ва фаромӯшнопазир барои ҳар як инсони рӯйи олам ба андешаи шахсии ман як рӯзи басо хосса дар тақвими рӯзгори ҳамаи мост.
Маҳз дар ибтидои фасли баҳор ва айёми шукуфтанҳою сабзиданҳои табиат таҷлил гардидани ин санаи мубораку фархундапай, барои ҳамаи мо чӣ хурду чӣ бузург як фурсати басо ҳам қулаю муносибест, ки мо то тавонем он ҳама меҳру муҳаббат, розу ниёз, ҷонфидоӣ ва хидматҳои мондагори модаронамонро арҷ гузоштаю қадрдонӣ намуда, ҳамзамон ба хотири он ҳама заҳмату бедорхобиҳояшон бо тамоми ҳисси баланди эҳтиром чунин бигӯем: «Аҳсан, ташаккури бениҳоят зиёд бароятон модарҷони азизу меҳрубонам!». Ба ифодаи шоир, устод Ҳақдод Рашидов:
Аз ту Модар ибтидо ёбад ҷаҳону зиндагӣ,
Бе ту набвад равнақе дар бӯстони зиндагӣ.
ДУОИ МОДАР - дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёти мо чун ҳамеша ҳамроҳи мост - дар ғаму шодӣ, дар муваффақияту нокомӣ ва дар беҳтарин лаҳзаҳои ҳаёт. Барои ҳамаи мо гӯиё ин шахси наҷиб ҳамеша ҳамчун тимсоли чароғи роҳнамо роҳи дурусти зиндагиро нишон медиҳад ва моро ба сӯйи некию накӯкорӣ ҳидоят мекунад. Даст ба дуо бардошта ба мо роҳи сафед тақозо менамояд. Сафарат ҳамеша бехатару кушоиши кор ва тавфиқу комёбиҳои беназир таманно менамояду аз Парвардигори олам барои ҳар яки мо набераю фарзандони меҳрубонаш чӣ хурду чӣ бузургсол роҳи сафед мехоҳад.
МЕҲРИ МОДАР - ҳамеша шабеҳ ва тимсоли қалби поку беғубор ва беолоишаш аст. Маҳз ин меҳру муҳаббат чунон ҳам самимӣ, беинтиҳо ва беғараз буда, на ба умеди додани ҳадяву подош, балки аз самими қалб ва аз меҳру муҳаббати ӯ нисбат ба фарзанди дилбандаш сарчашма мегирад.
МОДАР - барои фарзанди худ ҳамеша ва дар ҳама ҳолат омода аст, ки аз хоби роҳат ва аз лаҳзаҳои фароғати худ бигзарад, шабҳои тӯлонӣ бо аллагӯйиҳову даст ба дуо бардоштанҳояш сипарӣ намояду дар ёди фарзанди дилбандаш ҳамеша ва ҳар лаҳзаҳои ҳаёт бедорхобӣ кашад, орзуҳои шахсии худро ба як канор гузораду ҳатто агар зарур ояд ӯ қодир аст ва инчунин ҳам метавонад, ки барои фарзанди дилбандаш ҷони худро фидо намояд.
Аз ин ҷост, ки имрӯзҳо дар ҷомеаи муосири мо модарони меҳрубон ва донишманд бо мавҷудияту маҳбубияти хеш дар пешрафти давлат ва рушди босуботи кишвари ҷоноҷонамон мудом нақши бисёр арзишманд ва боризи худро мегузоранд. Зеро модарони номдори мо ҳамчун олиҳаи ҳусну зебоӣ барои мо на танҳо ҳамчун як масъули ва тарбиятгари фарзандон, балки пояи устувори оила ва бунёдгузори ҷомеаи солим ва тимсоли нуру хирад ва шамъу рӯшноӣ ва чароғи ҳамеша фурӯзони рӯзу рӯзгорамон мебошанд.
Маҳз бо вуҷуди хеш онҳо ҳамеша бо сабру таҳаммул, меҳрубонӣ ва хирадсолории худ дар қалби фарзандон аслан ахлоқи ҳамида ва ҳисси баланди масъулият, маънавиёти баланду ватандӯстиро сайқал медиҳанд.
МОДАР ба мо фарзандони дилбанду баркамолаш дар ҳама лаҳзаҳои рӯзгор сабру таҳаммул, меҳру муҳаббат ва хислатҳои накӯи инсондӯстиро меомӯзонад. Ӯ намунаи ибрат аст, ки мо чӣ гуна бояд зиндагӣ намоему ҳамзамон дар раванди рӯзгор ҳамаи мо якдигарро дӯст доштану инчунин ба кулли хоҳару бародаронамон ҳамеша дасти ёрию рафоқат дароз намуданро тарғибу ташвиқ менамояду ҳамеша ҳар яки моро ба роҳи дурусти омӯхтани илму маърифат ва хештаншиносиву меҳру муҳаббат ҳидоят менамояд.
Беҳуда нест, ки тамоми шоирони олам низ дар авсофи Зан – Модар кулли беҳтарин ашъори худро бахшидаанд, ки ҳама гувоҳ аз бузургии ӯ гувоҳ аст:
Зан агар олиҳаи ҳусни замин гӯям кам аст,
Зан агар дар хонадон ҳуснофарин гӯям кам аст.
Гар набошад зан барои мо ҳаёту шодӣ нест,
Зан чароғи нозанини зиндагӣ гӯям кам аст!
Аз ин лиҳоз, Рӯзи Модар барои мо ҷавонон ҳамеша бояд ҳамчун як рӯзи меҳру муҳаббат ва сипосу қадршиносӣ бояд бошад. Пас, рафиқони азизу арҷманди ман, биёед дар ин рӯзи басо хотирмону ҳамзамон муборак ба кулли модарон пеш аз ҳама саломатии бардавом, умри дарозу тӯлонӣ ва беҳтарин хушрӯзию хушбахтиҳои олами атрофро таманно намоем.
Мо ҷавонон бояд ҳамеша қадри модарони худро донем ва ба онҳо мудом ва дар ҳама мавридҳои муносиб меҳру эҳтироми самимонаи худро зоҳир кунем. Зеро Модарон - чароғи ҳамеша фурӯзон ва тимсоли хуршеди дурахшону ҷовидонаи ҳаёти мо ҷавонони олам маҳсуб меёбанд.
Зан асту зиндагӣ доим баҳор аст,
Ҳаёту бахти инсон пойдор аст!
Ҳабибулло НУРУЛЛОЗОДА, мудири Шуъбаи корҳои ташкилӣ ва хоҷагидории Раёсати АМИТ




