Имрӯз, 20 феврал дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ – адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Маҳфили навбатӣ ба фаъолиту хизматҳои ходими давлатӣ, муаррихи барҷаста, узви фахрии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирзоамин Мирсаидзода бахшида шуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба кори маҳфил ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки донишманди маъруф Мирзоамин Мирсаидзода, ки зиндагиномаи ӯ рамзи садоқату вафодорӣ ба обу хоки меҳани аҷдодӣ ва ибрати наслҳост, бо кору пайкор ва хидматҳои камназираш ифтихори Ватану ҳамдиёрон мебошад.
Таъкид гардид, ки аз ҷониби Мирзоамин Мирсаидзода ҳамчун эҷодкори сермаҳсул ва заҳматпеша китобҳои “Душанбе дар шоҳроҳи Ваҳдат”, “Дари кушоди худшиносӣ”, “Душанбе-қалби Тоҷикистон” иборат аз чаҳор ҷилд ва китоби “Рустами Эмомалӣ-дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” рӯи чоп омадаанд, ки ҳар яке аз ин китобҳо ба хонандаи худ таъсири муҳиме дар худшиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба сулҳу Ваҳдат ва Истиқлоли давлтӣ хоҳанд дошт.
Қайд гардид, ки дар китоби “Душанбе - қалби Тоҷикистон” бисёр мушикофонаву воқеъбинона ба шукуфоию сарсабзиҳо ва зебоиҳои пойтахти тоҷикон шаҳри Душанбе, ки бо заҳмату талошҳои роҳбарияти пойтахти кишвар амалӣ гаштааст, баҳои ҳаққонӣ додашуда, мақоми шаҳри Душанбе ва нақши он ҳамчун маркази сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат бисёр ба таври барҷаста инъикоси хешро ёфтаанд. Тамоми матолибе, ки дар чаҳор қисми китоби “Душанбе-қалби Тоҷикистон” ҷойгир шудаанд, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба нашр расида дар таблиғ ва шиносонидани дастовардҳои пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе барои ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам сайёҳон, нақши боризе хоҳад дошт.
Гуфта шуд, ки Мирзоамин Мирсаидзода дар китоби Душанбе-қалби Тоҷикистон афкору андешаи инсонҳои нек ва шахсиятҳои бузург, рӯҳи ҷовидонаи онҳоро ба тасвир додаанд, ки бо мутолиаи он завқи зебоипарастӣ ва эҳсоси Ватандориро дар замири ҳар хонанда бедор намуда, ӯро гоҳе ба сайри таърих ва гоҳи дигар ба олами ранго-ранги табиати дилпазири Душанбе мебарад.
Дар идомаи маҳфил муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар суханронӣ намуда, ба саҳми арзишманд ва хизматҳои шоистаи Мирзоамин Мирсаидзода дар рушди илм ва фарҳанг таъкид кард. Қайд гардид, ки асарҳои муҳими илмӣ ва адабии Мирзоамин Мирсаидзода на танҳо ҳамчун манбаи дониш ва маърифат, балки ҳамчун абзорҳои тарбиявӣ барои тарбияи насли ҷавон ва таҳкими худшиносии миллӣ хизмат менамоянд.
Инчунин, дар идомаи маҳфил академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор Азизӣ, узви вобастаи АМИТ Ҳайдаршо Пирумшоев, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода, муовинони ноҳияҳои Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур ва доктори илмҳои таърих Қурбонова Ширин маъруза намуда, доир ба саҳми арзишманд ва нақши фарҳангиву таърихии Мирзоамин Мирсаидзода дар рушди илм, тарбияи кадрҳои наврас ва баланд бардоштани худшиносӣ ва эҳтироми миллии шаҳрвандон фикру андешаҳои хешро баён карданд.
