Skip to main content

Имрӯз, 7 ноябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати 60-солагии Ташкилоти ҷамъиятии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Ҳамоиш бо ҳузури олимон, муҳаққиқон, намояндагони мақомот ва аъзои фаъоли ташкилот доир шуда, ҳамчун ҷаласаи муҳими баррасии масоили ҳифзи мероси таърихӣ ва фарҳангӣ ҳисобида шуд. Ба кори конфронс академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кароматулло Олимов, ҳусни оғоз бахшид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии худ ҳозиринро ба муносибати 60-солагии Ташкилоти ҷамъиятии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ самимона табрику таҳният гуфта, таъкид кард, ки дар тӯли 60 соли фаъолияти худ, Ташкилот бо дастовардҳои назаррас дар самтҳои ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, ҳамзамон бо ташкили корҳои омӯзишӣ ва таҳқиқоти илмӣ-назариявӣ барои таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди фарҳангии ҷомеа саҳми босазо гузоштааст. Гуфта шуд, ки нақши Ташкилот на танҳо дар ҳифзи мероси таърихӣ маҳдуд нест, балки ба таҳким ва тарғиби арзишҳои фарҳангӣ ва таърихӣ, омӯзиши мероси миллӣ ва муаррифии он дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ низ равона шудааст.

Дар идомаи конфронс директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хоҷазода Шералӣ Раҷаб, дар суханронии хеш зикр намуд, ки фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дар давоми 60 сол на танҳо дар ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, балки дар рушди ташкили корҳои омӯзишӣ ва таҳқиқоти илмӣ-назариявӣ, ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ, ва муаррифии мероси миллӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ саҳми муассир гузоштааст. Зикр гардид, ки ин дастовардҳо бояд ҳамчун намунаи ҳамкории пойдор миёни ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти давлатӣ дар ҳифз ва рушд додани мероси фарҳангӣ ва таърихӣ истифода шаванд.

Дар идомаи конфронс олимон ва муҳаққиқон масоили муҳими ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, стратегияи муҳофизат ва барқарорсозии онҳо, ҳамчунин нақши ёдгориҳои таърихӣ дар тарбияи худшиносии миллӣ ва рушди фарҳангро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ҷараёни чорабинӣ баромадҳо ва пешниҳодҳои гуногун оид ба таҳкими фаъолияти ташкилот, ҳамкорӣ бо муассисаҳои фарҳангӣ ва рушди таҳқиқоти илмӣ-назариявӣ садо дод.

Бояд гуфт, ки фарҷоми конфронс ба қадршиносии хизматҳои шоистаи Ташкилоти ҷамъиятии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ бахшида шуд ва ба рушди минбаъдаи фаъолияти он дар ҳифзи мероси таърихӣ ва фарҳангӣ ишора гардид. Ҳозирин инчунин ба нақши муассир ва дастовардҳои 60 соли фаъолияти ташкилот эътироф ва арҷгузорӣ карданд.