Skip to main content

Имрӯз, 14 октябр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо намояндагони Маркази байналмилалии илмию техникӣ Андреа Чианг, Туна Онур ва Ҷош Стачник мулоқот доир намуд.

Мақсад аз мулоқот мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар самти сейсмологӣ мебошад. Дар мулоқоти имрӯза президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид дошт, ки Академияи милли илмҳои Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии илмию техникӣ ҳамкориҳои бисёрҷонибаро дар доираи якчанд лоиҳа ба роҳ мондааст.

Дар мулоқоти зикр гардид, ки Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасмим дорад дар заминаи Институти геология, сохтмонӣ ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маркази омӯзишӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисосро дар самти сейсмологӣ бо дастгири шарикони хориҷӣ роҳандозӣ намояд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо барои дар оянда гузаронидани конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ, семинарҳои илмӣ, гузаронидани таҳқиқотҳои муштарак дар самти сейсмологӣ бо иштироки олимони муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар ба мувофиқа расиданд. Бояд гуфт, ки ҳамкориҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии илмию техникӣ дар доираи лоиҳаҳои SNECCA ва SIMI ба роҳ монда шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи лоиҳаи SNECCA дар қаламрави Тоҷикистон модернизатсияи 5 истгоҳи рақамии васеи сейсмикӣ анҷом дода шуда, ҳамчунин 3 истгоҳи нави рақамии васеи сейсмикӣ таъсис дода шудааст. Ҳамчунин дар шаҳри Душанбе се истгоҳи сейсмикӣ, ки ба онҳо истгоҳҳои ҳаракатҳои шадиди хок ном дода шудааст, ташкил карда шудаанд.

Дар доираи лоиҳаи SIMI нигоҳдории истгоҳи сейсмикӣ «Симиганч», ки узви шабакаи ҷаҳонии GNS (шабакаи глобалии сейсмографӣ) мебошад ва бо таҷҳизоти муосири сейсмикӣ дар доираи лоиҳаи МНТС соли 2016 муҷаҳҳаз шудааст, амалӣ мешавад. Ҳамчунин коркарду таҳлили додаҳои ҳаракатҳои шадид, ки ҳам аз ҷониби истгоҳи сейсмикӣ «Симиганч» ва ҳам аз истгоҳҳои ҳаракатҳои шадид сабт мешаванд, иҷро карда мешавад