Skip to main content

Имрӯз, 13 октябр дар идомаи Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Криосфера, иқлим ва захираҳои обӣ: мушкилоти муосир ва ҳамкории байналмилалӣ” маросими расмии супоридани намунаи ях аз ҷониби Тоҷикистон ба ҷомеаи байналмилалии илмӣ, ки барои таҳлил ва ҳифзи дарозмуддат дар Анктартида таъин шудааст баргузор гардид.

Дар ин маросим президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ду намунаи яхро, ки дар натиҷаи экспедитсияи олимону муҳаққиқони дохиливу хориҷӣ аз Пиряхи рақами 3- и ҳавзаи Ховаркӯл гирифта шудаанд, ба ҷомеаи байналимилалии илмӣ супориданд.

Дар маросим зикр гардид, ки тадқиқоти мағзаи (керн) ях соҳаи мураккаб ва бисёрҷабҳа буда, таҷрибаву малакаи зиёдро талаб мекунад, бинобар ин дар ҳоли ҳозир амалӣ гардонидани он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконнопазир аст, зеро сармояи бузург, озмоишгоҳи муҷаҳҳазонидаи махсус ва мутахассисони варзидаро талаб мекунад.

Аввалин намунаи (керн) яхе, ки дар Тоҷикистон ба даст оварда шуд, имкон медиҳад, ки олимони тоҷик дар таҳлили он дар солҳои наздик ширкат варзанд. Ҳадафи асосии мо аз он иборат аст, ки олимони тоҷик дар давоми 10 соли оянда таҷриба ва малакаҳои заруриро барои гузаронидани тадқиқоти илмии намунаи ях дар сатҳи байналмилалӣ сайқал диҳанд.