Skip to main content
Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз неъмати бебаҳоест, ки дар баробари дигар музаффариятҳои миллӣ барои рушду инкишофи шахс, миллат ва дастовардҳори бузурги илмию фарҳангиро эҳдо намуд. Аз ҷумла, эҳёи забони модарии мо ва мақоми давлатӣ гирифтани он ин ҳама аз файзи истиқлолу озодиест, ки барои бедории миллӣ заминаи мондагоре хоҳанд монд.

1212Воқеан, забон ба тафаккури азалӣ ва хиради эҷодӣ сару кор дошта, бузургтарин ҳикмати он дар муоширату муносибати инсонҳо ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, пеши мо саволҳои мухталифе ба миён меоянд: Мо чӣ тавр афкор ва эҳсосоти худро дар қолаби сухан мерезем ва оё қолаби сухан сурат ва моҳияти афкор ва эҳсосоти моро иваз мекунад? Андешаҳо низ вобаста ба ин хеле гуногун матраҳ мегарданд. Масалан, донишманде ибрози андеша дорад, ки «Нахустин устоди ҳунари суханварӣ на Афлотуну Арасту, балки модар аст, ки забону сухани ширину рӯҳнавозаш ба зеҳну тафаккури мо бунёди худшиносиро гузошта, дунёи хаёли моро зебову рангин менамояд».

Оё ихтилофи забонҳо дар фаҳмиши байналмилалӣ ва ҳамзистии ҷаҳонӣ таъсир мегузорад? Вобаста ба ин масъала агар ба таърихи забони модарии мо назар афканем, воқеан , ин ёдгории таърихӣ ва решаҳои бунёди он сарчашмаи бисёр забонҳои дигари дунёст.Замоне онро ориёӣ, замоне авестоӣ, сипас бохтарӣ, баъдан паҳлавӣ ва билохира, форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ хондаанд.

Замоне ин забон дар қатори забонҳои чинию ҳинду бобулӣ ба тамаддунҳои гуногун таъсир дошт, махсусан, ба Юнони Қадим. Нақши пойи вожаҳои ин забонро Куруши Кабир, Дориёюш, Хашиёршоҳ ва Ардашер то ба ҷануби Юнон бурда буданд. Ҳатто имрӯз ҳам садои пойи вожаи “боракалло”-и мо дар тамоми Юнон гӯшрас аст.

Буд замоне, ки забони модарии мо дар зери тасарруфи ҳомиёни нисбатан пурқудрати бодянишин монда буд, аммо ин забон бар сари онҳо ҳукми шоҳона дошт.

Замоне, ки лашкари араб ба кишварҳои мо ҳамла кард ва нуфузи дину забонашро афзун намуд, касе аз мардуми таҳҷойии номдори форсу тоҷик араб нашуд. Аммо замоне, ки арабҳо Мисру Сурияро тасарруф намуданд, онҳо ҳамаро араб карданд ва имрӯз Мисру Сурия сарзамини арабист.

Бузургии забони модарии мо ин аст, ки дар тули қарнҳо асолати миллиро нигоҳ дошта тавонист. Ҳатто муғулҳои бодянишин тавассути он исломро қабул намуда, забони тоҷикиро то ба Ҳиндустон бурданд.

Ҳикмати дигаре дар забони модарии мо ин хат аст. Хате, ки ширинтарин хобҳою ёдҳою созҳоро рӯйи сангу коғазу қалбҳо тасвир намудааст. Хат ин анъанаи бузурги ҳама давру замон аст. Ба андешаи мо, агар забони тоҷикӣ дар рӯзгори мардуми мо афзори тарбияи инсоният бошад, пас хат олоти зеҳну тафаккури олимону донишмандон ва маърифатнокӣ мебошад.

Дар ин ҷо ҳикматеро аз гӯфтаҳои Расул Ғамзатов пеши рӯ меорем, ки дар муколама бо Абӯтолиб чунин савол медиҳад: «Забонҳои шумо ба кадом забонҳо қаробат доранд, ба кадом гурӯҳҳо тааллуқ доранд?». Абӯтолиб ҷавоб медиҳад: Тотҳо мегӯянд, ки забони тоҷикиро медонанд ва ғазалиёти Ҳофизро хонда метавонанд, аммо ман аз онҳо суол мекунам: агар шумо забони Саъдӣ ва Хайёмро донед, пас чаро онҳо барин наменависед?

Албатта, ин муаммои дигар аст, ки ба дарки фасоҳату қаробат ва истеъдод вобастагӣ дорад, аммо ба андешаи мо, аз ҳама қисми фарқкунандаи ҳар як забон муайян намудани ҳис, эҳтиром, зебоӣ, дастрас будан, дӯстдорӣ ва ба қалб наздик будан аст. Инсон танҳо ва танҳо бо шарофияти забон хирадманду боақл мегардад, зеро забон ҳамеша афзори ақл ва роҳнамои тафаккур буд, ҳаст ва мемонад.

Бештари мардумон гумон мекунанд, ки мо хатти ниёгони худро аз арабҳо мерос гирифта бошем, вале ин тавр нест, гузаштагони мо дар шаклгирии ин хат саҳми босазое доштаанд. Ба замми ин, хатти қадимаи ниёгонамон бо навиштаҳои мехии ҳахоманишӣ, паҳлавӣ, авастоӣ ва сипас порсии қадим мисли занҷири пайдарпайиҳо роҳи пурпечутобе тай намудааст.

Ба ин маънӣ забоншиноси англис Ҷеймс Дор низ ҷустуҷӯҳои гуногуне нисбати хатту забони гузаштагони мо намуда, мегӯяд: “Забони модҳо бо забони авастоӣ мутобиқ буда, бешак, забони такаллуми онҳо ориёӣ будааст ва ҳамчунин бо забони порсиҳо низ қаробату наздикӣ доштааст”. Ин ҳама наздикиҳо албатта назди таърих шоҳиданд, аммо маълум аст, ки пушидатарин розҳои инсонӣ дар дунё бо ин хатту бо ин забон васф шудааст.

Ҳамин тариқ, масъалаи фаҳмиши ҷустуҷӯи маъниҳо дар забон маҳфуз мебошад. Бе забон на ҳаёт, на шуур, на тафаккур, на ҳиссиёт, на таърих, на рушти ҷомеа имконпазир аст. Ҳамаи он чизе, ки ба инсон робитаи наздик дорад, ифодаи худро дар забон меёбад. Забон тарзи ҳастии инсон, хосияти моҳиятноки ҳастӣ ва фаъолияти маърифатиe буда, дар он фаҳмиш аз сифати маърифат ба сифати ҳастӣ табдил меёбад.

Бояд тазаккур дод, ки Забон василаи ифодаи фикру андеша ҳаст, бо тафаккур пайванди азалӣ ва абадӣ дорад.Агар ба масъалаи забон аз дидгоҳи фалсафи сиёсӣ таваҷҷуҳ кунем, дар зеҳни мо он ба сурати вуҷуди мудаббир намоён шуда, тору пуди ҳастиро мутаҳаррик месозад. Беҳуда нест, ки файласуфи шаҳири қарни ХХ - М. Ҳайдеггер дар ин маврид мегуяд : "Фикру андеша ба вуҷуд сухан мебахшад ва забон хонаи вуҷуд аст".Забонро ба хонаи вуҷуд ташбеҳ додани Ҳайдеггер чунин маънӣ дорад, ки дар ҷаҳону ҳастӣ садо ва забон фазои зиндагиро рангоранг месозанд, маънӣ ва мақом мебахшанд. Садо ва ҳуруф забонро ба вуҷуд меоранд. (Хонларӣ П. Таърихи забони форсӣ. -Теҳрон, 1348.-С-15). Ин аст, ки забон ифодагари фикр ва андешаи башарист.

Ҳамин тавр, маънои забон бо тамоми гуногунии системаи аломатҳояш аҳамияти худро абадан нигоҳ дошта, моро водор менамояд, ки нисбати бузургии чунин арзиши бебаҳо ифтихор дошта бошем ва забони давлатиро муқаддас донем.

Мувофики таҳқиқоти Академияи илмҳои Фаронса дар дунё зиёда аз 2796 забон мавҷуд аст, ки онҳо ба ёздаҳ гурӯҳи калон ва понздаҳ гурӯҳи забонҳои хурд тақсим мешаванд. Мардумоне, ки бо ин забонҳо сухан меронанд, аз ҳафт то ҳашт ҳазор лаҳҷаву гуйишро истифода мебаранд. Олимони немис бошанд, тасдиқ менамоянд, ки халқҳои ҷаҳони имрӯза бо 4 ҳазор забон суҳбат мекунанд. Дар таҳқиқоти илмӣ қариб, ки 5600 забони зинда ва мурдаро мавҷуд медонанд. (Ниг.: Язык которого нет… 1988-Мн.: Нар. асвета.1988. С. 5-6.).

Умуман, дар илмҳои забоншиносию ҷомеашиносӣ дар бораи шумораи умумии забон ва диалекти гуиши гуногуни мардумони кураи Замин баҳсҳои хеле шавқоваре мавҷуд аст, ки диққати ҳаводорони ин мавзӯъро ба худ ҷалб менамояд. Аммо муҳимаш ин аст, ки ҳар кас мехоҳад мақоми забони модарии худро хубтару авлотар донад. Асрори мантиқии ин ҳолат бештар аз тарбияи шахсият ва ифтихори ватандорӣ вобастагӣ дорад, ки дар қатори дигар омилҳо забонро яке аз воситаҳои асосии миллатсозӣ ба ҳисоб мегиранд.

Дар диёри азизи мо забон ва лаҳҷаҳои зиёде ҳаст, ба монанди: яғнобӣ, шуғнонӣ, бартангӣ, сарикӯлӣ, язгуломӣ, ишкошимӣ, мунҷонӣ, вахонӣ, ринӣ, сангличӣ ва ҳоказо.

Умуман, гурӯҳҳои забонҳои бадахшонӣ хатти мустақил надоранд ва ҳамаи онҳо ба шохаи эронии оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ мансубият доранд. Дар вақти гуфтугӯ танҳо намояндагони се диалекти онҳо якдигарро мефаҳманду халос. Аз ин рӯ, забони муоширати байни ин гуфторҳо аз қадиммулайём забони ноби тоҷикӣ мебошад. Ҳамзамон, аҳолии ин минтақаи Тоҷикистон аксар ду ва ё сезабона буда, дар фаҳмашон хусусиятҳои билингвистӣ доранд.

Ҳамин тавр, забони тоҷикӣ забони муошират, забони дину ойин ва такягоҳи асосии ҳувияти миллии тоҷикистониён мебошад. Бинобар ин, ҳар нафаре, ки тавонад сухани хешро дар зеҳну тафаккури дигарон бештар ҷой намояд, вай дар ҳимояву эҳтироми забони хеш муваффақтар мегардад.

Донишманди қарни VIII Асмаӣ мегӯяд, ки: “Марде ба фарзандонаш чунин тавсия кард: фарзандонам, забону гуфтори хешро ислоҳу тарбият кунед, зеро гоҳе, ки ниёз ва ҳодисае барои касе пеш меояд ва дӯст дорад, ки худро дар он ҳангом зебо созад, аз нафаре маркаб ва ҷомаи ӯро ория (қарз) мегирад, вале ҳаргиз касеро намеёбад, ки забонашро ба ӯ қарз диҳад”. (Шайх Муфид.Мусанифот.Ҷ.2,с 91)

Дарвоқеъ, забонро қарз ва ё туҳфа кардан, ғайриимкон аст, аммо хусусиятҳои гуногуни забонҳои бузург метавонанд мардумони дигар қавму миллатҳоро ба худ ром намуда, зеҳнияти онҳоро тағйир диҳад.

Дар Афғонистон низ ормуриҳо ва пошоиҳо, ки бо забони форсӣ гап мезананд, худро тоҷик меҳисобанд. Бояд гуфт, ки этноними «тоҷик» дар чунин ҳолат бештар бо ду маънӣ истифода мешавад. Якум, он ҳамчун умумияти генетикию этнозабонии одамонро ифода менамояд, ки забони тоҷикӣ-форсӣ барои онҳо забони модарӣ мебошад. Дуюм, мафҳуми «тоҷик» бештар умумияти генетикӣ ва фарҳанги як қатор халқҳои Осиёи Миёнаро низ ифода менамояд. Барои мисол, мо метавонем инро ба мафҳуми «славян» ё «миллатҳои славянӣ» муқоиса намоем, яъне ба мисли мафҳумҳои «тоҷик» ва «тоҷиктаборон».

Дар ин ҷо бояд тазаккур дод, ки Ҳокимияти Советӣ соли 1929 дар Тоҷикистон ба ҷойи алифбои арабиасос алифбои лотиниро ҷорӣ намуд ва баъдан соли 1940 ба ҷойи он ҳуруфи кириллиро бо шаш ҳарфи нав ворид кард. (Ниг.: Loқenz, 1994, P.172-173).Аввалин маротиба забони тоҷикӣ соли 1989 мақоми давлатӣ гирифт ва Қонун дар бораи забони давлатӣ қабул шуд.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда замони соҳибистиқлолӣ боз барои рушду пешрафти забону анъанаву дигар сунатҳои миллӣ уфуқҳои нави таҳлилу баррасиҳоеро пайдо намуд, ки барои устувории хотираи таърихӣ ва аз нав барқарор намудани саҳифаҳои фаромӯшшудаи таърихӣ заминаи воқеӣ ба миён овард.

Ҳамин тавр, забон яке аз бузургтарин омилҳоест, ки на танҳо бартарияти инсонро аз дигар махлуқоти олам фарқ мекунонад, балки бузургӣ, ифтихор ва бобарории ҳар як миллату халқиятро муаррифӣ менамояд. Акнун забони модарии мо мақоми давлатӣ гирифт, Қонуни забон ба арсаи сиёсати нав ворид гашт. Забони модарии мо ба ҳама пастию баландиҳои тақдир нигоҳ накарда, дарзамони соҳибистиқлолӣ боз рӯ ба эҳёгарӣ ниҳода, асолати таърихии миллати моро нигаҳдошта тавонист.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи ҳамзабонони худро ба «Рӯзи забон» табрику таҳният гуфта, дар рӯшди забону ғановати фарҳангӣ муваффақиятҳои бардавом орзу менамоям.

Муҳаммад Абдураҳмн-узви вобастаи АМИТ, доктори илм сиёсӣ, профессор