Skip to main content
Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар миллат бузургтарин дастоварди таърихист, ки заминаи ташаккули ҷомеаи пешрафта ва давлатдории муосирро фароҳам месозад. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлол дар соли 1991 ба марҳилаи навини рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ ворид гардид, ки он ба таври мусбат ба таҳкими пояҳои илм ва техника низ таъсири амиқ гузошт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки «Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми мо бузургтарин дастоварди таърихӣ буда, маҳз он имконият дод, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол роҳи рушди озод, пешрафти иқтисодӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллиро интихоб намояд».

Дар робита ба илм ва техника бошад, Пешвои миллат пайваста ишора мекунанд, ки бидуни рушди илму дониш ва навовариҳои техникӣ пешрафти давлат ғайриимкон аст.

Бо талошҳои пайгиронаи давлат ва Ҳукумати мамлакат дар замони истиқлолият садҳо муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ва марказҳои тадқиқотӣ таъсис ёфта, самтҳои муҳимми илм, аз ҷумла физика, химия, технологияҳои иттилоотӣ, энергетика ва фанновариҳои муосир рушд ёфтанд. Ин иқдомҳо на танҳо рушди кадрҳои баландихтисосро таъмин намуданд, балки заминаи татбиқи стратегияҳои миллӣ дар соҳаи инноватсия ва амнияти илмӣ-техникиро гузоштанд.

Яке аз самтҳои муҳим ва калидӣ дар давраи истиқлолият таъсиси Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ (ҳоло Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ) дар назди АМИТ мебошад. Ин ниҳод, ки бо дастури Президенти мамлакат таъсис ёфтааст, нақши бузурге дар ҳифзи амнияти миллӣ, пешгирии хатарҳои вобаста ба истифодаи манбаъҳои радиоактивӣ ва таъмини назорати давлатӣ дар соҳаи амнияти ҳастаӣ ва радиатсионӣ мебозад. Бо фаъолият ва назорати доимии он, Тоҷикистон дар қатори давлатҳои амн аз ҷиҳати истифодаи фанновариҳои ҳастаӣ қарор гирифта, ҳамзамон ба талаботи байналмилалӣ дар ин соҳа ҷавобгӯ мебошад.

Бояд зикр кард, ки истиқлолият имконият фароҳам овард, то кишвар сиёсати миллии худро дар соҳаи илму техника ва фанноварӣ амалӣ намояд. Истиқлол, чунон ки Пешвои миллат таъкид мекунанд, на танҳо рамзи озодӣ, балки омили рушди созанда ва худшиносии миллӣ буда, заминаи устувори пешрафти илм, навоварӣ ва технологияҳои муосирро таъмин намуд.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди илму техника нақши сарнавиштсоз дошта, шароити мусоидро барои ташаккули заминаҳои илмӣ, рушди кадрҳои соҳибихтисос ва амнияти миллӣ фароҳам овард. Бо дастгирии роҳбарияти давлат, бахусус бо сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз илму техника дар кишвар ба як омили асосии рушди устувор ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ табдил ёфтааст.

Қурбонов А.С.-Директори филиали АХБРЯ дар вилояти Хатлон