(30 июн “Рӯзи байналмилалии астероид”, ҳадаф: огоҳии мардум аз хатари эҳтимолии астероидҳо ва дигар объектҳо ба Замин)
Дар солҳои охир таваҷҷуҳи олимон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба омӯзиши объектҳои ба Замин наздикшаванда (ОЗН) ба таври бесобиқа афзудааст. Объектҳои ба Замин наздикшаванда яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ ва воқеӣ барои амнияти сайёраи мо ба шумор мераванд. Ин объектҳо метавонанд астероидҳо ё кометаҳо бошанд, ки дар мадорҳои худ ба мадори Замин наздик шуда, ё ҳатто онро бурида мегузаранд. Бо дарназардошти суръати баланди ҳаракат ва андозаи онҳо, дар ҳолати бархӯрди чунин объект бо Замин, мумкин аст паёмадҳои харобиовар ва фоҷиаборе ба вуҷуд оянд.
Тибқи маълумотҳои Маркази НАСА оид ба омӯзиши объектҳои наздикшаванда ба Замин, то имрӯз зиёда аз 16 ҳазор чунин объект ошкор ва ба қайд гирифта шудааст. Баъзе аз онҳо ба таври доимӣ назорат карда мешаванд, зеро имкони наздикшавии хавфноки онҳо ба Замин дар оянда мавҷуд аст. Бо афзоиши технологияҳои мушоҳидавӣ ва баландравии дақиқии телескопҳои замонавӣ ва кайҳонӣ, ҳар сол садҳо объекти нав ошкор мешаванд.
Бархӯрди як ОЗН бо Замин метавонад боиси рӯй додани заминларзаҳои шадид, сӯхторҳо, сунамӣ ва ҳатто тағйироти глобалии муҳити зист гардад. Таҷрибаи таърихӣ низ ин масъаларо тасдиқ мекунад. Масалан, бархӯрди эҳтимолии як астероиди бузург ба Замин тақрибан 66 миллион сол пеш боиси нест шудани динозаврҳо ва бисёре аз намудҳои дигари ҳаёт гашта буд.
Аз ин рӯ, омӯзиш, мушоҳида ва таҳқиқи ОЗН барои пешгирӣ ва таҳияи чорабиниҳои муҳофизатӣ аҳамияти ҳаётӣ доранд. Ин таҳқиқот на танҳо дар соҳаи астрономия ва кайҳоншиносӣ муҳим мебошанд, балки барои рушди стратегияи мудофиаи сайёравӣ, ҳамоҳангсозии байналмилалӣ ва ҳифзи муҳити зист низ нақши муҳим мебозанд.
Ба ин хотир, ташкили барномаҳои муштарак байни муассисаҳои илмии ҷаҳонӣ, васеъ кардани шабакаҳои мушоҳидавӣ ва таҳияи технологияи баргардонидани ё безараргардонии ин гуна объектҳо вазифаҳои муҳим ва афзалиятноки илм ва амнияти ҷаҳонӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар таърихи мушоҳидавӣ, як қатор ҳодисаҳои марбут ба бархӯрди ҷирмҳои кайҳонӣ ба Замин сабт шудаанд, ки таъсири ҷиддӣ ба бор овардаанд. Яке аз чунин ҳодисаҳои маъруф, ҳодисаи метеорити Тунгус мебошад, ки 30-юми июни соли 1908 дар қаламрави Сибир (Федератсияи Россия) рух дод. Андозаи тахминии ҷирми воридшуда тақрибан 50–100 метр буда, таркиши он боиси нобудшавии даҳҳо миллион дарахтон дар масоҳати беш аз 2000 километри мураббаъ гардид. Ин ҳодиса то ҳол ҳамчун яке аз мудҳиштарин ва таъсиргузортарин таркишҳои метеорӣ дар замони муосири мушоҳидавӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳодисаи барҷастаи дигар, ки дар қаламрави Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, суперболиди 23-юми июли соли 2008 мебошад, ки дар осмони қисми ғарбии ҷумҳурӣ рух дода, бо садои пурқуввати таркиш ва дурахши шадид ҳамроҳӣ шуд. Ин падида таваҷҷуҳи зиёдро дар байни аҳли илм ба вуҷуд овард. Олимони Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса таҳқиқоти васеъ гузаронида, як қатор мақолаҳои илмиро дар маҷаллаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ба нашр расониданд.
Ҳодисаи дигар, ки таваҷҷуҳи ҷаҳониро ба худ ҷалб кард, 15-уми феврали соли 2013 дар наздикии шаҳри Челябински Федератсияи Россия рух дод. Таркиши метеор дар атмосфера бо иқтидори тақрибан 400–500 килотонни ТНТ ба амал омада, ба ҷароҳатҳои зиёди инсонӣ ва хисоротҳои моли оварда расонд. Ин ҳодиса, пас аз Тунгус, дуюмин ҳодисаи бузурги таркиши ҷирми осмонӣ дар атмосфера ба ҳисоб меравад, ки аз ҷониби мардум ва дастгоҳҳо ба таври густурда сабт шудааст.
Астероиди Апофис – як таҳдиди эҳтимолӣ ба Замин
Дар асри 21 омӯзиши объектҳои ба Замин наздикшаванда (ОЗН) аҳамияти афзоянда пайдо кардааст. Ин гурӯҳи ҷирмҳои осмонӣ, ки асосан аз астероидҳо ва кометаҳо иборатанд, бо сабаби хатари эҳтимолии бархӯрд бо сайёраи мо таҳти назорати доимии астрономҳо қарор доранд. Яке аз чунин объектҳои маъруф ва хатарнок, ки таваҷҷуҳи зиёди ҷомеаи илмиро ба худ ҷалб намудааст, астероиди Апофис (99942 Apophis) мебошад.
Астероиди Апофис бори аввал 19-уми июни соли 2004 аз ҷониби астрономҳои амрикоӣ дар Расадхонаи Китт-Пик (ИМА) кашф гардид. Тибқи маълумоти мушоҳидавӣ, диамтери он тақрибан 340 метр буда, аз ҷиҳати назариявӣ дар сурати бархӯрд метавонад ба минтақаи васеъи рӯйи Замин харобиҳои азим расонад. Астероид бо суръати тақрибан 30 км/с ҳаракат мекунад ва мадораш Заминро бурида мегузарад.
Хатар ва наздикшавӣ дар соли 2029
Баъд аз кашфи Апофис, ҳисобҳои аввалия нишон медоданд, ки эҳтимолияти бархӯрди он бо Замин дар соли 2029 метавонад ба 2.7% расад, ки ин як нишондоди хеле нигаронкунанда барои муҳаққиқон ба ҳисоб мерафт. Аммо бо зиёд шудани мушоҳидаҳои астрономӣ ва такмил ёфтани моделҳои мадорӣ, ин хатари эҳтимолӣ пурра рад гардид.
Бо вуҷуди ин, 13-уми апрели соли 2029, Апофис аз масофаи тақрибан 31000 км аз назди Замин мегузарад, ки ин наздиктар аз мадори муқаррарии моҳвораҳои геомарказӣ аст. Дар натиҷа, он дар баъзе минтақаҳо — махсусан дар Аврупо, Африқо ва Осиё — бо чашми оддӣ дидан мумкин аст. Ин ҳодиса яке аз наздиктарин гузариши як астероиди бузург нисбат ба Замин дар таърихи мушоҳидавии кайҳонӣ хоҳад буд.
Пешгӯиҳои солҳои минбаъда
Баъд аз соли 2029, муҳаққиқон эҳтимолияти наздикшавии хавфноки Апофисро дар солҳои 2036 ва 2068 низ баррасӣ карданд. Ҳисобҳои муосир, аз ҷумла натиҷаҳои таҳлили NASA дар соли 2021, нишон доданд, ки дар 100 соли наздик Апофис ба Замин бархӯрд нахоҳад кард. Бо вуҷуди ин, он дар феҳрасти объектҳои таҳти назорати доимӣ қарор дорад.
Аҳамияти илмӣ
Наздикшавии Апофис ба Замин як имконияти нодир барои омӯзиши сохтор, таркиб ва рафтори астероидҳо мебошад. Олимон ният доранд дар вақти гузариши соли 2029 онро бо радиотелескопҳо, Расадхонаҳои рӯйизаминӣ ва ҳатто зондҳои кайҳонӣ таҳқиқ намоянд. Апофис метавонад дар рушди илмҳои астероидшиносӣ, дифои сайёравӣ ва омодагӣ ба таҳдидҳои кайҳонӣ нақши муҳим бозад.
Бо вуҷуди он ки астероиди Апофис дар ояндаи наздик хатари воқеӣ надорад, он ба таври равшан нишон медиҳад, ки омӯзиш ва назорати мунтазами ҷирмҳои осмонӣ барои таъмини амнияти инсоният ва муҳити зист аҳамияти бузург доранд. Омӯзиши Апофис на танҳо ҷанбаҳои илмӣ, балки аҳамияти стратегии глобалӣ низ дорад ва дар оянда метавонад ба таҳияи барномаҳои мудофиавии сайёравӣ замина гузорад.
Рӯзи астероидро кӣ таҳия кардааст?
Муаллифони идея инҳо буданд:
Брайан Мэй, астрофизик ва навозанда (гитаристи гурӯҳи рокии Queen);
Григорий Рихтерс, коргардон ва муаллифи сенарияи филми фантастикии «51 дараҷаи кунҷӣ» дар бораи бархурди астероидҳо ба Замин;
Даника Рамей, президент ва директори фонди Бунёдии B612, ки барои муҳофизати Замин аз астероидҳо бахшида шудааст;
Рассел Швайкарт, олим – пажӯҳишгар, астронавти НАСА ва ҳаммуассиси фонди Бунёдии B612.
Идораи СММ оиди фазои кайҳонӣ корро дар омӯзиши ОЗН барои мудатҳои тулонӣ қабул намуд, ки таҳдиди чунин объектҳо зимни бархӯрд ба Замин масъалаи ҷаҳонӣ гардида, ҷустуҷӯи ҳалли онро дар сатҳи байналмилалӣ талаб менамояд. Тадбирҳо оид ба чунин таҳдид, аз ҷумла ошкор кардани ин гуна объектҳо ва банақшагирии амалҳои дахлдор ба манфиати амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ амали муштаракро талаб мекунанд.
Дар асоси тавсияҳо ва вокунишҳои байналмилалӣ оиди таҳдиди бархурди ОЗН соли 2013 аз ҷониби Кумитаи истифодаи фазои Кайҳон бо мақсади осоишта пешниҳод гардид, ки Шабакаи байналмилалии огоҳсозии астероидҳо ва Гурӯҳи машваратии банақшагирии миссияи кайҳонӣ таъсис дода шавад ва билохира соли 2014 ин ниҳодҳо таъсис дода шуданд.
Шабакаи байналмилалии огоҳсозии астероидҳо (ШБОА) маълумотро бо кишварҳо мубодила мекунад, то онҳоро дар пешгӯӣ ва кам кардани таъсири астероид дастгирӣ кунад.
Гурӯҳи машваратии банақшагирии миссияи кайҳонӣ (ГМБМК) як форумест, ки агентиҳои кайҳонӣ аз кишварҳои гуногунро муттаҳид мекунад, ки технологияҳои тағйир додани масири ОЗН - ро муайян кунад. Ин гурӯҳ инчунин ҳадаф дорад, ки дар мавриди татбиқи тавсияҳо оид ба дифои сайёра аз таҳдиди бархӯрд бо объектҳои ба Замин наздикшаванда мувофиқат кунад.
Мутахассисон пешниҳод доранд, ки мониторинги кайҳон пурқувват карда шавад. Объектҳои хатарнок – кометаҳо, астероидҳо ва пораҳои онҳо – метеороидҳо хуб омӯхта шаванд. Роҳҳои пешгирии бархӯрӣ пешбинӣ гарданд. Объектҳои андозаашон 50 метр ва зиёд аз он барои Замин бениҳоят хатарноканд.
Созмони миллали муттаҳид ин пешниҳодҳоро ба эътибор гирифта, ибтидо аз соли 2016 рӯзи 30 июнро Рӯзи байналмилалии астероид эълон намуд ва ҳамасола таҷлил карда мешавад. Дар аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон маъракаҳои махсус ба ин муносибат гузарнода мешаванд.
Таҳияи ходими калони илмӣ ва лаборанти калони Институти астрофизикаи АМИТ: Хуҷаназаров Ҳ.Ф., Пирова В.С.