Skip to main content

Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945, ки ин сол 80-солагии ғалабаи халқи шуравиро дар он ба шакли мутантан сокинони сайёра ҷашн мегиранд, дар таърихи мардуми шуравӣ мақоми хоссаро соҳиб мебошад. Воқеан ин пирӯзии мардуми шуравӣ муҳимтарин ҳодисаи таърихии асри XX буд, ки боиси тағийроти ҷиддӣ дар харитаи сиёсии ҷаҳон гардид ва муддати зиёда аз ҳафт даҳсола ҷомеаи инсониро аз бархӯрдҳои рӯёрӯ эмин нигоҳ дошт. Ин ҷанги ватанӣ на танҳо бархӯрди ҳарбӣ, балки муборизаи идеологӣ ва маънавии мардуми шуравӣ баҳри озодӣ, истиқлол ва ҳифзи арзишҳои волои инсонӣ аз неруҳои сиёҳи инсонбадбин ва ғосибгаро буд. Сарчашмаи асосии пирӯзии мардуми шуравӣ дар ин ҷанги мудҳиш ва хонумонсӯз, пеш аз ҳама ваҳдат, якдилию ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳиссиёти баланди ватандӯстӣ буд. Фарзандони ҳар як халқу миллат, сокинони шаҳру деҳот, ҳатто ҳар як оилаи шуравӣ дар ин мубориза саҳми боризи худро гузошта, дар ҷабҳа бо тиру туфанг, дар ақибгоҳ бо меҳнати шабонарӯзӣ баҳри таъмини ғалаба муборизаи шадид мебурданд. Сокинони Тоҷикистон низ ба мисли дигар халқу миллатҳои шуравӣ дар сафи пеши мубориза бо неруҳои аҳримании фашистӣ ҳам дар ҷабҳаи ҷангӣ ва ҳам дар ақибгоҳ қарор доштанд. Пайвастагии ҷабҳа ва ақибгоҳ яке аз омилҳои муҳимтарини мубориза ба муқобили фашистон ва озодкунии манотиқи истилошудаи мамлакати ягона маҳсуб меёфт.

Яке аз манбаъҳои муҳимми ифодакунандаи пайвастагии ҷабҳаю ақибгоҳ дар таърихи солҳои ҷангии халқи тоҷик ин номаҳо аз ҷабҳа ба ақибгоҳ ва баръакс аз ақибгоҳ ба ҷабҳа мебошанд, ки дар бойгониҳо ва ё саҳифаҳои матбуоти даври солҳои ҷанг маҳфуз мондаанд. Таҳлили мазмуну мундараҷаи ин номаҳо нишондиҳандаи беҳтарини ҳамбастагии ҷабҳаю ақибгоҳ, ифодакунандаи муҳимтарини эҳсоси ватандӯстӣ ва иродаи шикастнопазири мардуми шуравӣ дар муқобили хатарҳои бузург мебошанд. Ин номаҳо на танҳо воқеияти ҷанг ва муборизаи ҷанговаронро тасвир мекунанд, балки рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ва ҳамбастагии мардумро нишон медиҳанд. Онҳо ҳамчун манбаи таърихӣ ва адабӣ арзиши бузург доранд, зеро таъсири ҷанг бар зиндагии одӣ, эҳсосоту орзуҳои онҳо ва муносибати байни ҷабҳа ва ақибгоҳро инъикос менамоянд.

Ҳадафи мо низ дар ин мақола таҳлил ва баррасии чанде аз номаҳое, ки аз ҷониби ҷанговарони Артиши Сурх ба меҳнаткашони ақибгоҳ, хусусан вилояту навоҳии Тоҷикистон ва ифшои арзишмандии сарчашмавии онҳо дар баррасии нақши тоҷикону тоҷикистониён дар пирӯзии таърихии мардуми шуравӣ бар фашизм мебошад. Зеро таҳлили мазмуни мактубҳои ҷангӣ, омӯзиши рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳамбастагии мардум дар замони ҷанг, инчунин нишон додани аҳаммияти таърихии онҳо барои нигоҳдорӣ ва таҳкими хотираи миллӣ ниҳоят зарур мебошад. Аз ҷониби дигар ин номаҳо на танҳо барои омӯзиши таърих, балки барои таълими насли ҳозира ва оянда низ зарур буда, ифодакунандаи ҳамбастагӣ, садоқат ва иродаи қавии падарону модарон дар муқобили ҳамагуна хатару мушкилот мебошад. Дар замони мо, ки ҷаҳон бо мушкилиҳои ҷадид ва таҳдидҳои бузург рӯ ба рӯ аст, ин арзишҳо ҳамчун намуна барои ибрат ва таҳкими сатҳи маънавии насли имрӯзу оянда ба таври воқеӣ метавонанд хидмат кунанд.

Яке аз номаҳои машҳур ин «Мактуби муҳофизаткунандагони Сталинград» ба кишоварзону меҳнаткашони вилояти Ғарм мебошад, ки 12 январи соли 1943 дар саҳифаи рӯзномаи «Болшевики Ғарм» чоп шуда буд. Муаллифони нома зодагони вилояти Ғарм, ҷанговарон Шодаков Саид, Хомушев Шаъбон, Додов Раҳим, Ғарфоров Ғозӣ, Каримов Саъдулло ва Қодиров Ёралӣ буданд, ки дар қатори дигарон қаҳрамонона дар муҳорибаи Сталинград ширкат намуда, баҳри озодии марзу буми кишвар мубориза мебурданд.

Мактуби муҳофизаткунандагони Сталинград!

«Рафиқон колхозчиён ва колхозчизанон, коргарон ва коргарзанон ва ҳамаи меҳнаткашони вилояти Ғарм! Мо иштироккунандагони фронти Сталинград ба шумо, ки дар ақибгоҳи дур барои торумор намудани фашизми хунхӯри Германия фидокорона меҳнат карда истодаед, саломи оташини худро мефиристем.

Мо дар мудофиаи Сталинград иштрок карда, шоҳиди онем, ки истаилогарони фашистии немис бо вуҷуди талафоти хеле калон доданашон ин қалъаи мустаҳками соҳили Волгаро гирифта наметавонанд. Даҳҳо ҳазор аскару афсарони фашистӣ дар ин ҷо ба худ қабр ёфтанд.

Мо ваъда медиҳем, ки даррандагони, фашистиро комилан торумор намуда, хоки шуравиро аз гитлерчиён озод мекунем.

Мо колхозчиён ва колхозчизанон, коргарон ва коргарзанон ва ҳамаи меҳнаткашони вилояти Ғармро даъват мекунем, ки ба фрот ба мамлакат бо меҳнати садоқатмандонаи худ боз ҳам зиёдтар ёрӣ расонанд, ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтаашонро пурра ва барзиёд иҷро намоянд.

Бо салом, аскарони сурх Шодаков Саид, Хомушев Шаъбон, Додов Раҳим, Ғарфоров Ғози, Каримов Саъдулло ва Қодиров Ёралӣ».

Номаи муҳофизони Сталинград ба меҳнаткашони вилояти Ғарм дар замоне навишта шудааст, ки сарнавишти Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳал мешуд. Сталинград дар он давра ба як рамзи муқовимат ва устувории халқҳои шуравӣ мубаддал гашта буд.

Дар оғози мактуб, ҷанговарони Артиши Сурх ба колхозчиён, коргарон ва тамоми аҳолии вилояти Ғарм муроҷиат намуда, аз заҳмату кушишҳои онҳо дар ақибгоҳ изҳори сипос мекунанд. Ин нишон медиҳад, ки дар он замон тамоми қишрҳои ҷомеа дар роҳи ғалаба саҳм мегузоштанд – бархе бо ҷонфидоӣ дар ҷанг ва дигарон бо меҳнати садоқатмандона дар ақибгоҳ. Ҷанговарон бо ифтихор қайд мекунанд, ки фашистон бо вуҷуди талафоти зиёд наметавонанд Сталинградро забт кунанд. Истифодаи ибораҳое, ки талафоти гарони душманро таъкид мекунанд, на танҳо воқеияти ҷангро нишон медиҳад, балки барои боло бардоштани рӯҳияи меҳнаткашон низ нигаронида шудааст. Дар охир ҷанговарон ваъда медиҳанд, ки фашистонро пурра торумор мекунанд ва замини ватанро аз истилогарон озод месозанд. Ҳамзамон, онҳо ҳамватаннони худро даъват мекунанд, ки бо меҳнати шуҷотмандонаи худ ба ҷабҳа ва ғалаба ба фашизм нақши босазои худро расонанд. Ин даъват таъкид мекунад, ки ғалаба танҳо бо муборизаи якҷояи ҷанговарон ва меҳнаткашон имконпазир аст.

Фарзанди арзандаи халқ

(Мактуби полковники гвардиячи Ушаков ба сокини Душанбе Раҳимзода).

«Салом, рафиқи муҳтарам Раҳимзода! Мо мехоҳем дар бораи он нақл кунем, ки бародари Шумо лейтенанти гвардиячӣ Раҳимов Ғафур, ки ба қисми ҳарбии мо даъват шудааст, фарзанди арзандаи халқ аст. Ӯ командири ротаи тирандозӣ мебошад, ки дар Фронти марказӣ амал мекунад. Дар муборизаи зидди истилогарони фашистӣ қаҳрамонӣ нишон дод: бо 8 нафар аскарони сурх ба яке аз пунктҳои душман зада даромада, ҷойгиршавии нуқтаҳои отатифишони душманро муайян намуд ва бо ҳамин ба даст оварда шудани деҳаро таъмин кард.

Барои мардонагӣ ва қаҳрамониаш дар мубориза бар зидди истилогарони фашистӣ рафиқ Раҳимов ба гирифтани ордени Байрақи Сурх пешкаш карда шудааст. Мо бо фарзанди Тоҷикистон фахр мекунем, мехоҳем, ки дар бораи корнамоиҳои ҷангии ӯ хешовандон, рафиқонаш ва тамоми мамлакат донанд, то ки тамоми ҳамдиёронаш баҳри кори умум чи тавре ки Ғафур дар ҷанг барои несту нобуд кардани ӯрдуҳои гитлерӣ меҷанганд, кор кунад».

Ин мактуб, ки ба Раҳимзода равона шудааст, як намунаи арҷгузорӣ ва эътирофи қаҳрамонии сарбози Артиши Сурх – лейтенанти гвардиячӣ Раҳимов Ғафур мебошад. Дар он саҳм ва мардонагии ӯ дар ҷанг таъриф ва бо далелҳои мушаххас тасвир мешавад.

Муаллифони мактуб бо эҳтиром ва ифтихор нақл мекунанд, ки Раҳимов Ғафур ҳамчун командири рота дар Фронти марказӣ фаъолона иштирок дошта, бо ҳамроҳии як гурӯҳи аскарон ба нуқтаи душман зада даромадааст. Тавсифи корнамоиаш нишон медиҳад, ки ӯ бо ҷасорат ва зиракии худ ҷойгиршавии нуқтаҳои оташфишони душманро муайян намуда, шароитро барои пирӯзии нерӯҳои шуравӣ фароҳам овардааст.

Ин ҷасорат ва фидокорӣ бо як ордени олии ҳарбӣ – Ордени Байрақи Сурх қадр карда шудааст, ки онро танҳо шахсони воқеан қаҳрамон дар набардҳо мегирифтанд. Дар мактуб бо ифтихор таъкид мешавад, ки Раҳимов фарзанди арзандаи халқи Тоҷикистон аст ва чунин корнамоиҳои ӯ бояд барои тамоми ҳамдиёрон намунаи ибрат бошад.

Хулоса, ин мактуб на танҳо арҷгузорӣ ба як қаҳрамони ҷанг аст, балки даъват ба меҳнат ва садоқат ба Ватан барои ҳамватанон низ мебошад. Он бо услуби хоси давраи ҷанг навишта шуда, эҳсоси ифтихор ва ватандӯстиро дар худ таҷассум мекунад.

Номаи дигар, ки бо номи “Тамоми халқ ҳамроҳи мост” дар саҳифаи рӯзномаи ноҳиявии “Мубориза барои пахта” 1 апрели соли 1943 чоп шуда буд, изҳори миннатдорӣ аз номи ҷанговарон ба сокинони ноҳияи Қумсангир, ҳашт нафар занони меҳнаткаш, ки новобаста аз мушкилоту танқисии иқтисодии худ дар қатори дигар сокинони ҷумҳурӣ ба ҷанговарони ҷабҳа туҳфа ирсол намуда буданд.

Умуман, дар солҳои ҷанг сокинони ҷумҳурӣ барои кӯмак ба ҷабҳа беш аз 1 миллиард рубл пул, 40 ҳазор пуд (655,2 тонна) гандум, 150 вагон хӯрокворӣ, 532 ҳазор либоси гарм, 123 ҳазору 80 дона пӯсти гӯсфанд, 993,4 килограмм пашм, беш аз 25 ҳазор метр матоъ ва туҳфа фиристода буданд.

Тамоми халқ ҳамроҳи мост

(Мактуби гурӯҳи ҷанговарони ордендор ба занони ноҳияи Қумсангир)

Салом, рафиқони азиз Рябстева, Никитина, Воробёва, Ефимова, Монукян, Ершова, Стрюкова, Пазухина!

Мо, ҷанговарон, командирон, коркунони сиёсии батареяи миномётӣ, ба шумоён саломи самимонаи фронтии худро фиристода, барои туҳфаҳои ба мо фиристодаатон аз таҳти дил миннатдорӣ баён мекунем.

Рафиқони азиз! Имрӯз мо туҳфаи шуморо гирифтем ва ҳар яки мо меҳру муҳаббат ва ғамхории шуморо дар ҳаққи худ ҳис кардем.

Дар рӯзҳои муҳорибаҳои шадид бо фашистони ғоратгар, дар зери тиру туфанг ҳар яки мо медонем, ки танҳо нестем, ҳамроҳи мо тамоми халқи советӣ аст, ки ҳар соат, ҳар дақиқа бо меҳнати ҳалоли худ дар ақибгоҳ ҳамроҳи мо ғалабаро бар душман таъмин менамояд.

Фашистони ғоратгар ба ҳаёти осоиштаи мо халал расонданд, мехоҳанд, ки моро ғулом гардонанд. Ин нияти онҳо барбод хоҳад рафт. Ба ягон мушкилиҳо нигоҳ накарда, мо ғалаба мекунем. Мо шумоёнро бовар мекунонем, ки супоришҳоятонро бечунучаро иҷро мекунем. Агар лозим шавад, барои Ватани ҷоноҷонамон, барои халқамон, барои шаҳру деҳотамон ҳатто ҳаётамонро дареғ намдорем.

Мактуб гурӯҳи ҷанговарони ордендор ба занони ноҳияи Қумсангир (ҳоло ноҳияи Ҷайҳун) ҳамчун посух ба туҳфаҳо ва дастгирии занони ин ноҳияи аз тарафи ҷанговарон, командирон ва кормандони сиёсии батареяи миномётчиён навишта шудааст. Он на танҳо изҳори миннатдорӣ, балки ифодаи ҳамбастагӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстиро низ дар бар мегирад.

Муаллифон бо самимият ба занони ақибгоҳ муроҷиат намуда, аз дастгирии онҳо сипосгузорӣ мекунанд. Онҳо қайд менамоянд, ки дар шароити сахти ҷанг, таҳти ҳамлаҳои душман, ҳар як сарбоз худро танҳо эҳсос намекунад, зеро тамоми халқ дар паҳлуи онҳост. Ин таъкид мекунад, ки ғалаба танҳо бо талоши муштараки ҷанговарон ва меҳнаткашони ақибгоҳ имконпазир аст.

Дар идомаи мактуб, душманон ҳамчун фашистони ғоратгар тасвир мешаванд, ки мехоҳанд халқи шӯравиро ғулом гардонанд. Аммо ҷанговарон бо итминон изҳор медоранд, ки ин нияти душман амалӣ нахоҳад шуд. Истифодаи ибораҳои пурқувват ва устувор, ба монанди «мо ғалаба мекунем» ва «ҳатто ҳаётамонро дареғ намедорем», ҳисси садоқат ва фидокорӣ ба Ватанро нишон медиҳад.

Ин нома як намунаи равшани рӯҳбаландӣ, ҳамбастагии мардум ва артиши шуравӣ дар солҳои ҷанг мебошад. Он баёнгари иродаи шикастнопазир ва боварии қатъӣ ба пирӯзӣ бар фашизм аст.

Номаи дигар, ки бо унвони «Ҳаёти худро дареғ надошта» аз номи сокинони деҳаҳои гуногуни ноҳияи Тавилдара - Аслон Раззоқов (аз деҳаи Олукӣ), Хушак Гулмамадов (аз деҳаи Сағирдашт), Абдуллоев ва Ғаниев (аз деҳаи Чухкаҳ) дар саҳифаи рӯзномаи “Болшевики Тавилдара” 1 майи соли 1944 дарҷ гардида буд, бо мазмун ва муҳтавои худ, ки ишора ба пирӯзӣ ва шикасти фашизм дорад, фарқкунанда аст.

Ҳаёти худро дареғ надошта

(Ба колхозчиён ва колхозчизанони кишлоқи Сағирдашт)

«Падарон, модарон ва бародарон!

Мо, фарзандони шумо - ҷанговарони Армияи Сурх, бо истилогарони фашистии немис ҷангида истодаем. Техникаи ҳарбиро омӯхта, ба муҳорибаҳои шадид тайёрӣ мебинем. Мо қасам ёд мекунем, ки Ватани маҳбуби худро ҳамчун гавҳараки чашм ҳимоя карда, барои он нисор кардани ҳаёти худ тайёрем. Он рӯз дур нест, ки ко душманро торумор карда, бо суруди Ғалаба ба назди шумо бармегардем.

Мо боварӣ дорем, ки шумоён ҳам тамоми колхозчиёни райони Тавилдара барои баланд бардоштани ҳосили ғалла ва мева тамоми қувваи худро сафарбар мекунед. Бо ин шумоён ба ғалабаҳои нав ба нави мо дар фронт мадад мерасонед.

Бо саломи фронтӣ Аслон Раззоқов (аз. қ. Олукӣ), Хушак Гулмамадов (аз қ. Сағирдашт), Абдуллоев ва Ғаниев (қ. Чухкаҳ).

Ин мактуб аз номи ҷанговарони Артиши Сурх ба колхозчиён ва заҳматкашони деҳаи Сағирдашт навишта шудааст. Дар он рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан ва иттиҳоди қавии байни ҷабҳа ва ақибгоҳ таҷассум ёфтааст. Ҷанговарон ба ҳамдеҳагони худ, «падарон, модарон ва бародарон»-и худ муроҷиат намуда, бо як самимият ва эҳтироми амиқи сарбозона ба меҳнату заҳмати онҳо арҷгузорӣ менамоянд. Онҳо аз тарафи худ хабар медиҳанд, ки ба муҳорибаҳои сахти дар пеш истода омодагӣ дида, техникаи ҳарбиро меомӯзанд, зеро ғалаба на танҳо бо шуҷоати сарбозон, балки бо донишу малакаи онҳо низ ба даст хоҳад омад. Савганд ёд мекунанд, ки Ватанро ҳамчун гавҳараки чашм ҳимоя мекунанд ва агар лозим шавад, ҳатто ҷони худро дареғ нахоҳанд дошт. Истифодаи чунин калимаҳо на танҳо садоқати онҳоро нишон медиҳад, балки ба мардуми ақибгоҳ низ илҳом мебахшад, то барои ғалаба бештар меҳнат кунанд.

Дар охири мактуб, онҳо итминон доранд, ки колхозчиёни ноҳияи Тавилдара низ тамоми кӯшишро барои афзоиши истеҳсоли ғалла ва мева ба харҷ медиҳанд ва таъкид менамоянд, ки саҳми ақибгоҳ дар ғалаба ҳамон қадар муҳим аст, ки муборизаи ҷанговарон дар ҷабҳа.

Номаи маҳрамонаи нахустин генерали тоҷик Мастибек Давлатович Тошмуҳаммадов (1908-1988) ба бародараш Акрам, ки онро рӯзномаи “Бадахшони Сурх” 23 июли соли 1943 чоп намуда буд, дорои мазмуни хуби тарбиявӣ ва масъулиятнокии шаҳрванди шуравиро ифода менамояд. Генерал-майори оянда (он вақт майор) М. Тошмуҳаммадов ҳангоми навиштани нома ҳамагӣ 35 сол дошт ва аз навиштаи ӯ маълум мегардад, ки пеш аз кадом як муҳорибаи вазнини ҷангӣ қарор дорад.

Ба ғалаба боварии комил дорам!

(Аз мактуби майор Мастибек Тошмуҳаммадов ба бародараш Акрам)

Акрам! Пас аз фурсате муҳорибаи сахт барои озод намудани заминҳои мо ва одамони советӣ, ки дар асиранд, сар мешавад. Ҳар яки мо, ҳар як ҷанговар медонад, ки ӯ дар ҳар сари қадам бо марг дучор шуданаш мумкин аст. Ману ту коммунист ҳастем. Мо доимо тайёрем ҳамаи мушкилиҳоро аз сар гузаронем, то ки душмани инсоният фашизмро несту нобуд кунем. Агар бо ман ягон ҳодисае руй диҳад, ту ҳамчун коммунист бояд худро ба даст гирӣ ва ба падару модарамон бифаҳмонӣ, ки ҳозир чӣ ҳодисаҳои муҳим руй дода истодаанд. Ман боварӣ дорам, ки душман несту нобуд карда, хоки мамлакати мо озод карда мешавад ва ман ба хона, ба назди шумоён бармегардам.

Салом ба рафиқконамон. Мастибек».

Ин мактуб як намунаи равшани ҳисси масъулият, ватандӯстӣ ва садоқати ҷанговарони шуравӣ мебошад. Мастибек Тошмуҳаммадов ба бародараш Акрам муроҷиат намуда, эҳсосоти худро дар бораи муҳорибаи пешомада ва мубориза бар зидди фашизм баён мекунад. Аз оғози мактуб маълум мешавад, ки майор дар остонаи як муҳорибаи сахт қарор дорад. Ӯ бо ҷиддият таъкид мекунад, ки озод кардани заминҳои ишғолшуда ва халос кардани одамони шуравӣ, ки дар асорати душмананд, вазифаи муқаддаси ҳар як ҷанговар аст. Ин нишонаи равшани мақсади олии онҳо – озодии халқу Ватан мебошад.

Мактуб инчунин ҳисси худогоҳии баланди ӯро нишон медиҳад. Вай мефаҳмад, ки дар ҳар лаҳза метавонад бо марг рӯ ба рӯ шавад, аммо ин ӯро аз мубориза бознамедорад. Мастибек ва бародараш худро коммунист мешуморанд ва ӯ таъкид мекунад, ки ҳар гуна мушкилиро бояд бо иродаи қавӣ пушти сар кунанд.

Дар қисмати муҳимми мактуб, ӯ бародарашро вазифадор мекунад, ки агар бо ӯ ҳодисаи нохуше рух диҳад, худро ба даст гирад ва ба падару модарашон вазъияти ҷанг ва аҳаммияти он барои сарнавишти миллатро бифаҳмонад. Ин далели садоқати ӯ ба мақсади бузургтар аз ҳаёти шахсӣ мебошад.

Дар охир, ӯ бо итминони комил изҳор медорад, ки душман шикаст хоҳад хӯрд ва хоки шуравӣ озод мешавад. Ин боварӣ ба ғалаба рӯҳияи баланди ҷанговаронро нишон медиҳад ва баёнгари он аст, ки онҳо ҳамеша бо умед ба ғалаба ва матонат меҷангидаанд.

Ҳамин тавр таҳлили панҷ номаи аз ҷабҳаи ҷанг ба ақибгоҳ фиристодаи сарбозон нишон медиҳад, ки робитаи ҷабҳа ва ақибгоҳ яке аз муҳимтарин манбаи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад. Номаҳои таҳлилшуда на танҳо ифодакунандаи эҳсосоти шахсии аскарон мебошанд, балки дар онҳо руҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан ва марзу буми он, боварӣ ва эътимод ба ғалаба аз ибтидо ошкор мегардад. Таҳлил нишон медиҳад, ки воқеан фиристодагони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои ҷангӣ бо ҷасорату мардонагӣ ва дар ақибгоҳ бо меҳнати фидокорона дар Ғалабаи бузург бар неруҳои фашистӣ ҳиссаи арзишманд гузоштаанд.

ҚОЗИЗОДА Шуҳратҷон ходими илмии шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ