(Дар ҳошияи сафари давлатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин)
Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии низоми муносибатҳои байналмилалӣ, рушди ҳамкориҳои байни давлатҳо аҳаммияти бештар касб намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ сиёсати хориҷии худро бар асоси принсипҳои ҳамкории мутақобилан судманд, эҳтироми манфиатҳои миллӣ ва таҳкими робитаҳои дӯстона бо кишварҳои ҷаҳон ба роҳ мондааст. Дар ин замина, муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчун яке аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии кишвар мавқеи махсусро ишғол менамояд.
Ҷумҳурии Мардумии Чин имрӯз ба ҳайси яке аз қудратҳои бузурги иқтисодӣ ва сиёсӣ дар низоми байналмилалӣ шинохта шуда, дар минтақаи Осиёи Марказӣ нақши муҳим мебозад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чинро на танҳо ҳамсоягии ҷуғрофӣ, балки манфиатҳои муштараки сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва фарҳангӣ ба ҳам мепайванданд. Дар солҳои охир муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи шарикии стратегӣ расида, соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ, аз ҷумла иқтисод, савдо, энергетика, инфрасохтор, амният ва фарҳангро фаро гирифтаанд.
Тағйирёбии муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар марҳалаи муосир таҳти таъсири омилҳои дохилӣ ва байналмилалӣ сурат гирифта, ба равандҳои нави геосиёсӣ ва иқтисодии минтақа алоқаманд мебошад. Татбиқи ташаббуси стратегии Ҷумҳурии Мардумии Чин - «Як камарбанд, як роҳ» - барои густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва рушди зерсохтори Тоҷикистон имкониятҳои нав фароҳам овардааст. Ҳамзамон, масъалаҳои амнияти минтақавӣ, мубориза бо терроризм, экстремизм ва таҳкими суботи сиёсӣ низ аз самтҳои муҳимми ҳамкории ду давлат ба шумор мераванд.
Таҳлили тағйирёбӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии хусусиятҳои сиёсӣ ва меъёрӣ-ҳуқуқии ташаккули давлатро тақозо менамояд. Заминаи муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991, пас аз қабули “Эъломия дар бораи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби Шурои Олӣ, гузошта шуд. Ҳамзамон, Шурои Олӣ аз парлумонҳои ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ ва давлатҳои ҷаҳон даъват намуд, ки Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро эътироф намоянд. Ин рӯйдод барои ташаккули сиёсати хориҷии кишвар аҳаммияти муҳим дошта, Эъломия нахустин санади ҳуқуқӣ дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ гардид, ки пайравии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба меъёрҳо ва усулҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ тасдиқ мекард.
Муҳимтарин рӯйдод барои мустаҳкам гардонидани усулҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 6 ноябри соли 1994 ба шумор меравад. Мутобиқи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид. Сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 11 – и Конститусия чунин ифода ёфтааст: «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва Истиқлоли сиёсии дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад».
Муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақа бар пояи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми мутақобила ба роҳ монда шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ ба принсипи дахолат накардан ба корҳои дохилии давлатҳо ва ҳалли масъалаҳои баҳснок тавассути музокироту гуфтушунидҳо такя менамояд. Дар ин замина масъалаҳои марбут ба сарҳад, обу энергетика ва амнияти минтақавӣ бо роҳи ҳамкорӣ ва муколама ҳаллу фасл мегарданд. Ҳамзамон, Тоҷикистон барои таъмини амният ва суботи минтақа бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамкории фаъол дорад, зеро дар шароити муосир ҳамгироии сиёсиву иқтисодӣ аҳаммияти бештар касб намудааст.
Таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қораи Осиё ба ҳисоб меравад. Бо талошҳои муштараки ҷонибҳо ин муносибатҳо то ба сатҳи шарикии стратегӣ расида, барои густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Ҷумҳурии Мардумии Чин аз ҷумлаи аввалин давлатҳое буд, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намуда, омодагии худро барои барқарор намудани муносибатҳои гуногунҷанба изҳор кард. Ба шарофати сиёсати дипломатии ду кишвар миёни Тоҷикистон ва Чин масъалаҳои ҷиддии ҳалталаб боқӣ намондаанд. Ду кишвар, ки дорои марзи муштарак мебошанд, санадҳои танзимкунандаи сарҳади давлатиро ба имзо расонидаанд. Аз ҷумла, Созишнома дар бораи сарҳади давлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин соли 1996 ба имзо расид.
Рушди ҳамкориҳои дуҷониба ба ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ низ мусоидат намуд. Моҳи январи соли 2011 Протокол оид ба демаркатсияи хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Чин аз ҷониби Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Ин санад ба масъалаҳои марбут ба сарҳад хотима бахшида, фазои эътимод ва ҳамдигарфаҳмиро байни ду давлат тақвият дод.
Ҷумҳурии Мардумии Чин имрӯз яке аз сармоягузорони асосии иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад. Бо дастгирии Чин дар Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои муҳимми инфрасохторӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳо, нақбҳо ва хатҳои интиқоли барқ амалӣ гардидаанд. Ифтитоҳи роҳи автомобилгарди ағбаи Кулма низ барои густариши тиҷорати наздисарҳадӣ ва рушди равобити иқтисодии ду кишвар мусоидат намудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мунтазам доир ба масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба ва мушкилоти байналмилалӣ мубодилаи афкор менамоянд. Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамеша сиёсати роҳбарияти Тоҷикистонро дар самти таъмини сулҳ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дастгирӣ кардааст. Дар маҷмӯъ, муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии Тоҷикистону Чин дар ҳоли рушд қарор дошта, барои густариши ҳамкориҳои минбаъда заминаи устувор фароҳам меоранд.
Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар асоси боварии мутақобила торафт таҳким меёбанд. Маҳз ҳамин эътимод боис гардид, ки аз соли 2006 инҷониб Тоҷикистон аз қарзҳои имтиёзнок бархӯрдор шуда, ба татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ оғоз бахшад ва барои расидан ба ҳадафҳои стратегии худ қадамҳои устувор гузорад.
Ҷумҳурии Мардумии Чин аз лиҳози сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон мақоми аввалро дар миёни шарикони иқтисодӣ соҳиб мебошад. Вижагии муносибатҳои ду кишвар дар сатҳи устувор ва пойдори ҳамкориҳо зоҳир мегардад. То имрӯз бо маблағгузории ин кишвар як қатор лоиҳаҳои стратегӣ, аз ҷумла шоҳроҳи Чанак–Хуҷанд–Душанбе, нақбҳои Шаршар, Чормағзак ва Шаҳристон, хатҳои интиқоли барқи «Ҷануб–Шимол», «Лолазор–Хатлон» ва дигар иншооти муҳими созандагӣ амалӣ гардидаанд.
Дар ин замина сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2014, ки онро сиёсатшиносон “Оғози марҳалаи нав дар ҳамкориҳои ду давлат” номидаанд, саҳифаи навро дар робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар боз намуд.
Дар татбиқи стратегияҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ робитаҳо бо Чин аҳаммияти махсус доранд. Дипломатияи муосири тоҷик дар Истиқлоли давлатӣ тавонист сатҳи баланди эътимодро миёни ду кишвари ҳамсоя ба вуҷуд оварда, заминаи мусоид барои густариши ҳамкориҳои судманд фароҳам созад. Ин муносибатҳо дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкориҳои Шанхай низ дар асоси беш аз 200 созишнома босуръат рушд мекунанд.
Рушди муносибатҳои иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин имрӯз суръат ва вусъати назаррас гирифта, ба заминаи мустаҳками қарордодӣ ва ҳуқуқӣ такя мекунад. Ин санадҳо ба таври фаъол амалӣ гардида, соҳаҳои гуногун, аз ҷумла энергетика, коммуникатсия, сохтмон, саноати сабук ва кишоварзиро фаро мегиранд. Дар натиҷа, Чин ба яке аз сармоягузорони асосии иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфта, нақши он дар татбиқи лоиҳаҳои муҳимми кишвар рӯ ба афзоиш аст.
Имрӯз Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин кишвар бо сиёсати фаъол ва нарми худ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор касб намуда, нуфузи худро пайваста густариш медиҳад. Чин дорои барномаҳои дақиқи рушди иқтисодӣ буда, онҳоро дар муҳлати муқарраршуда самаранок амалӣ месозад, ки ҳамин хусусият онро ба яке аз абарқудратҳои ҷаҳонӣ табдил додааст.
Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчун шарики боэътимоди Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ низ нақши муҳим дорад. Ҳамчун узви доимии Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид, он метавонад аз мавқеи Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳим пуштибонӣ намояд. Ин ҳама дар заминаи эътимоди мутақобила сурат гирифта, рамзи дӯстӣ ва бародарии ду кишвари таърихан бузург мебошад.
Тоҷикистон, ки ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардааст, дар солҳои 90-ум ва аввали солҳои 2000-ум дар шароити душвор қарор дошт. Дар ҳамин давра Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз кишварҳое буд, ки ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ намуда, худро ҳамчун шарики боэътимод муаррифӣ кард ва заминаи устувор барои рушди минбаъдаи муносибатҳо фароҳам овард.
Ҳамин тариқ, дар марҳалаи муосир муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба сатҳи шарикии стратегии устувор расидаанд. Ин раванд дар асоси таърихи тӯлонии робитаҳо, ки ба замони Шоҳроҳи абрешим мерасад, шакл гирифта, имрӯз бо мазмуни нави сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ густариш ёфтааст.
Тағйирёбии асосии ин муносибатҳо дар он ифода меёбад, ки ҳамкориҳо аз сатҳи робитаҳои оддии дуҷониба ба шарикии стратегӣ ва бисёрсамта табдил ёфтаанд. Ҷумҳурии Мардумии Чин имрӯз яке аз сармоягузорони асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар татбиқи лоиҳаҳои муҳимми зерсохторӣ, энергетикӣ ва нақлиётӣ саҳми назаррас мегузорад.
Дар баробари ин, ҳамкориҳо дар соҳаҳои амният, мубориза бо хатарҳои ҷаҳонӣ ва рушди устувори минтақа низ тақвият ёфтаанд. Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ба густариши ин робитаҳо заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Дар маҷмуъ, муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар марҳалаи муосир ба сатҳи баланди эътимод, манфиатҳои муштарак ва ҳамкории дарозмуддат расидаанд. Ин раванд барои рушди иқтисодӣ, таҳкими субот ва густариши мавқеи ҳар ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ аҳаммияти калидӣ дорад.
Раҳмонзода А.Ш. – н.и.т., дотсент, ходими пешбари илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва
Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврпуои АМИТ




