Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии низоми иқтисодии байналмилалӣ, муносибатҳои иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ касб намудааст. Ҷумҳурии мардумии Чин пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалин давлатҳое буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва муносибатҳои дипломатиро 4 январи соли 1992 барқарор намуд.
Дар тӯли зиёда аз се даҳсолаи истиқлолият муносибатҳои Тоҷикистону Чин аз сатҳи ҳамкориҳои оддии дипломатӣ ба сатҳи шарикии стратегӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ расида, имрӯз Ҷумҳурии мардумии Чин яке аз шарикони калидии иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва инфрасохтории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Муҳимияти таҳқиқи мавзӯъ дар он зоҳир мегардад, ки рушди муносибатҳои ду кишвар ба равандҳои иқтисодии Тоҷикистон, махсусан ба рушди инфрасохтор, саноат, энергетика, нақлиёт, гардиши савдо ва бозори меҳнат таъсири назаррас расонидааст.
Дар назарияи иқтисоди байналмилалӣ ҳамкориҳои иқтисодии байнидавлатӣ ҳамчун воситаи муҳими таъмини рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва густариши равандҳои интегратсионӣ арзёбӣ мегарданд.
Мувофиқи назарияи «манфиати муқоисавӣ»-и Давид Рикардо давлатҳо тавассути тахассусёбӣ ва ҳамкории иқтисодӣ метавонанд самаранокии иқтисодиро баланд бардоранд. Дар ин замина Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, маъдан ва мавқеи транзитӣ барои Ҷумҳурии мардумии Чин аҳамияти муҳими геоиқтисодӣ дорад.
Аз ҷониби дигар, Чин ҳамчун иқтисоди дуюми ҷаҳон ва яке аз бузургтарин сармоягузорони байналмилалӣ барои Тоҷикистон манбаи муҳими сармоя, технология, инфрасохтори муосир, бозори истеъмолӣ, таҷрибаи идоракунӣ, рушди саноат ба ҳисоб меравад.
Дар доираи ташаббуси глобалии «Як камарбанд, як роҳ» Тоҷикистон ҳамчун кишвари пайвасткунандаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ мавқеи муҳимро ишғол менамояд.
Таҳаввули муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Чинро метавон ба ду марҳила дарҷ кард:
- марҳилаи ташаккули муносибатҳо (1992-2000) - дар солҳои аввали истиқлолият иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони иқтисодӣ дар вазъияти мураккаб қарор дошт. Дар ҳамин давра Ҷумҳурии мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмакҳои аввалияи иқтисодӣ ва гуманитарӣ расонид.
Дар ин марҳила созишномаҳои асосии иқтисодӣ ба имзо расиданда, муносибатҳои тиҷоратӣ оғоз гардиданда, заминаҳои ҳуқуқии ҳамкориҳои сармоягузорӣ ташаккул ёфтанд. Дар ин давра ҳаҷми гардиши савдо дар соли 1995 ҳамагӣ тақрибан 8 – 10 млн долларро ташкил медод. Бо вуҷуди ин, ҳатто дар ҳамин давраи мураккаб Ҷумҳурии мардумии Чин сиёсати ҳамкории дарозмуддатро нисбат ба Тоҷикистон роҳандозӣ намуд.
- марҳилаи дигар ин, марҳилаи густариши ҳамкориҳо (2001 – 2012) - дар ин давра таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2001 барои рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва амниятии Тоҷикистону Чин заминаи нав фароҳам оварда, гардиши савдои хориҷӣ босуръат афзоиш ёфт.
Динамикаи гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Чин тайи солҳои охир тамоюли афзоиши босуръатро нишон медиҳад. Агар соли 2000 ҳаҷми савдои дуҷониба ҳамагӣ 15 миллион долларро ташкил медод, пас соли 2003 ин нишондиҳанда ба 39 миллион доллар расида, нисбат ба соли 2000 2,6 маротиба афзоиш ёфт. Дар соли 2005 гардиши савдо ба 92 миллион доллар баробар шуда, афзоиш 6,1 маротибаро ташкил намуд. Соли 2008 ҳаҷми савдо то ба 340 миллион доллар расида, нисбат ба соли 2000 22,6 маротиба зиёд гардид. Дар соли 2010 гардиши савдои хориҷӣ ба 435 миллион доллар баробар шуда, 29 маротиба афзоишро нишон дод. Ин раванд дар соли 2012 низ идома ёфта, ҳаҷми савдои байни ду кишвар ба 682 миллион доллар расид, ки нисбат ба соли 2000 45 маротиба бештар мебошад.
Аз таҳлил бар меояд, ки омилҳои зерин ба афзоиши босуръати гардиши савдо ба беҳтар гардидани фазои сиёсӣ ва сармоягузорӣ, афзоиши талаботи бозори Тоҷикистон ба молҳои саноатии Чин, рушди инфрасохтори нақлиётӣ, тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ дар доираи СҲШ, паст будани иқтидори истеҳсолии дохилии Тоҷикистон вобаста буд.
Дар ин марҳила Чин тадриҷан ба яке аз шарикони асосии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт. Ҳаҷм ва сохтори сармоягузорӣ имкон дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Чинро ба яке аз сармоягузорони асосии иқтисоди эътироф намояд. Ҳаҷми сармоягузории мустақими Чин ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар марҳилаи солҳои 2005 то 2024 аз 55 млн доллари ИМА то ба 520 млн доллари ИМА арзёби намудан мумкин аст. Дар ин давра (солҳои 2005–2024) ҳаҷми сармоягузории Чин тақрибан 9,5 маротиба афзоиш ёфта, ин нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармояи чинӣ ҳамчун бозори дорои имкониятҳои стратегӣ арзёбӣ мегардад.
Ҳиссаи сармоягузорӣ Чин ба соҳаҳои афзалиятнок, аз қабили энергетика 28%, нақлиёт ва роҳсозӣ 24%, телекоммуникатсия 7%, саноати кӯҳӣ 21%, сохтмон 14% ва дигар соҳаҳо 6% - ро ташкил медиҳад.
Таҳлил нишон медиҳад, ки қисми зиёди сармоягузории Чин ба бахшҳои инфрасохторӣ ва истихроҷи захираҳои табиӣ равона гардидааст. Ин ҳолат аз як тараф ба рушди инфрасохтор мусоидат менамояд, аз ҷониби дигар вобастагии иқтисодиро зиёд мегардонад.
Бинобар ин, ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва нақлиёти яке аз самтҳои калидии ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин ба ҳисоб меравад. Лоиҳаҳои муҳими муштарак аз қабили роҳи Душанбе – Чаноқ бо арзиши зиёда аз 300 млн доллар, роҳи Душанбе – Кӯлоб бо арзиши 280 млн доллар, нақби Шар-Шар бо арзиши 80 млн доллар ва роҳҳои байналмилалӣ зиёда аз 1 млрд доллар далели гуфтаҳои боло буда метавонад. Рушди инфрасохтори нақлиётӣ барои Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ дорад, зеро кишвар дорои релефи кӯҳӣ мебошад ва зиёда аз 93%-и қаламравро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Бинобар ин рушди ин самт тавассути амалисозии лоиҳаҳои муштарак метавонад вақти интиқоли борро кам намуда, робитаҳои минтақавӣ беҳтар карда, имконияти транзитии кишвар афзоиш дода, гардиши савдо зиёд намояд. Мувофиқи арзёбии коршиносон, танҳо таҷдиди роҳи Душанбе – Чаноқ ҳаҷми интиқоли молро зиёда аз 35% афзоиш додааст.
Самти дигари афзалиятноки ҳамкориҳои судманди шарики миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ин ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ мебошад ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар рушди инфрасохтори энергетикии Тоҷикистон саҳми назаррас дорад. Равона намудани сармоя дар рушди самтҳои асосии ҳамкорӣ аз қабили таҷдиди зеристгоҳҳои барқии «Душанбе-500» бо арзиши лоиҳавии 90 млн доллар, сохтмони хатҳои интиқоли барқ бо арзиши лоиҳавии 120 млн доллар, татбиқи технологияҳои энергетикӣ ва маблағгузории лоиҳаҳо бо арзиши лоиҳавии 150 млн доллар мувофиқи мақсад мебошад.
Рушди энергетика ба афзоиши иқтидори саноатии Тоҷикистон мусоидат намуда, рушди инфрасохтори энергетикӣ ба коҳиши маҳдудияти нерӯи барқ дар фасли зимистон мусоидат намудааст.
Дар баробари ҳамкориҳои иқтисодӣ рушди ҳамкориҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ низ вусъат дода шудааст. Тибқи маълумотҳои таҳлилгардида дар солҳои охир ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ байни Тоҷикистону Чин ба таври назаррас рушд намудаст. Таъдоди таҳсилкунандагони тоҷик дар Чин аз соли 2005 ки шумораи 120 нафар буд то соли 2024 зиёда аз 3500 нафарро ташкил медиҳад. Афзоиши шумораи донишҷӯёни дар Чин таҳсилкунанда ба омилҳои зерин вобаста мебошад. Пеш аз ҳами зиёд гардидани бурсияҳои Ҳукумати Чин, рушди ҳамкориҳои донишгоҳӣ, талабот ба мутахассисони забони чинӣ, ва рушди муносибатҳои иқтисодӣ мебошад.
Айни замон, омодасозии кадрҳои баландихтисос яке аз омилҳои муҳими рушди муносибатҳои иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ бо Ҷумҳурии мардумии Чин ба Тоҷикистон дар солҳои пандемияи COVID-19 бисёр назаррас буд. Дар ин давра миллионҳо вояи ваксина, таҷҳизоти тиббӣ, воситаҳои муҳофизатӣ, гурӯҳҳои тиббӣ барои кумак ирсол карда шуда буд. Кӯмакҳои башардӯстонаи Чин барои устувории низоми тандурустии Тоҷикистон дар давраи пандемия аҳамияти муҳим доштанд.
Дар баробари ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин мушкилот ва хатарҳои ҳамкориҳо ни звуҷуд доранд. Ин пеш аз ҳама нобаробарии савдо, яъне молҳои содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии мардумии Чин нисбат ба воридот хеле паст мебошад. Яъне тавозуни савдо миёни ин ду кишвар манфи арзиёби гадида содирот дар соли 2024 - 320 млн доллар ва воридот 1660 млн долларро ташки мекунад, тавозуни манфии савдо вобастагии иқтисодии Тоҷикистонро зиёд менамояд.
Дар баробари ин, масъалаи қарзи хориҷӣ, ки қисми муайяни қарзи хориҷии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин рост меояд дар баъзе солҳо зиёда аз 30 – 40%-и қарзи хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Гарчанде қарзҳо барои рушди инфрасохтор мусоидат менамоянд, аммо вобастагии аз ҳад зиёди қарзӣ метавонад хатари иқтисодӣ ба вуҷуд оварад.
Бинобар ин таҳлили илмии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин нишон медиҳад, ки дар тӯли солҳои истиқлолият ҳамкориҳои ду кишвар ба таври назаррас рушд намудаанд.
Ҷумҳурии Мардумии Чин имрӯз яке аз бузургтарин сармоягузорон, шарики асосии савдо, манбаи муҳими воридоти технологияҳои нав, иштирокчии калидии рушди инфрасохтор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Бо вуҷуди ин, барои таъмини рушди устувор Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд диверсификатсияи иқтисодиро тақвият дода шавад, истеҳсолоти содиротиро зиёд намуда, вобастагии воридотиро коҳиш дода рақобатпазирии иқтисоди миллиро баланд бардорем.
Мушовири президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и., профессор Қодирзода Фарҳод Анвар




