Skip to main content
Аз 25 то 28 майи соли 2026 шаҳри Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба раванди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад. Дар шароити тағйирёбии босуръати иқлим ва афзоиши мушкилоти вобаста ба захираҳои об, масъалаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи об ва истифодаи оқилонаи он аҳаммияти бештар пайдо намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар рӯзномаи ҷаҳонии об тайи солҳои охир дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор касб намудааст ва як қатор иқдомҳои муҳимми сатҳи ҷаҳониро пешниҳод кардааст. Дар ин замина, баргузор гардидани Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе ҳамчун марҳилаи нави таҳкими рӯзномаи ҷаҳонии об ва иқлим баланд арзёбӣ мегардад.

Конфронси мазкур ҳамчун платформаи муҳимми сиёсӣ ва илмӣ барои муттаҳид намудани кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ ва коршиносон хизмат менамояд. Дар ҷараёни ҳамоиш масъалаҳои марбут ба захираҳои об, таъсири тағйирёбии иқлим ба низоми гидрологӣ, идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор мавриди баррасии васеъ қарор хоҳанд гирифт. Тайи ду даҳсолаи охир тағйирёбии иқлим боиси коҳиши пиряхҳо, зиёдшавии хушксолӣ ва афзоиши хавфи офатҳои табиӣ гардида, барои кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мушкилоти нави экологию иҷтимоиро ба миён овардааст. Дар чунин шароит масъалаи об тадриҷан аз доираи як масъалаи соҳавӣ берун рафта, ба яке аз омилҳои муҳимми суботи байналмилалӣ ва рушди устувор табдил ёфтааст.

Яке аз хусусиятҳои муҳимми конфронс дар он ифода меёбад, ки масъалаи об на танҳо ҳамчун захираи табиӣ, балки ҳамчун омили муҳимми таъмини суботи иҷтимоӣ, рушди иқтисодӣ ва амнияти экологии кишварҳоро арзёбӣ менамояд. Дар доираи муҳокимаҳо аҳаммияти истифодаи технологияҳои муосири сарфаи об, тақвияти мониторинги гидрометеорологӣ, ҷорӣ намудани механизмҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди ҳамкориҳои илмӣ миёни кишварҳо махсус таъкид карда мешаванд. Ин омилҳо барои коҳиш додани хавфҳои экологӣ ва таъмини истифодаи устувори захираҳои табиӣ аҳаммияти калидӣ доранд.

Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе бори дигар нишон медиҳад, ки Тоҷикистон имрӯз ба яке аз марказҳои муҳимми муколамаи байналмилалӣ дар масъалаҳои об табдил ёфтааст. Пешниҳодҳо ва ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон дар самти пешбурди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳаммияти калон доранд. Ин раванд имкон медиҳад, ки масъалаҳои обу иқлим дар сиёсати байналмилалӣ мавқеи устувортар пайдо намуда, барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ҷалби сармоягузориҳои экологӣ заминаи мусоид фароҳам гардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар солҳои охир сиёсати фаъолу пайвастаро дар сатҳи байналмилалӣ пеш мебарад, ки ҳадафи он таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи об ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мебошад. Зеро масъалаи об имрӯз на танҳо масъалаи миллӣ, балки мушкили глобали сайёраи Замин ба ҳисоб рафта, таъсири он ба амнияти экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳо рӯз то рӯз афзоиш меёбад.

Дар доираи ин ташаббусҳо Тоҷикистон дар баргузории силсилаи конфронсҳои байналмилалии «Раванди оби Душанбе» дар солҳои 2018, 2022 ва 2024 нақши муҳим дорад. Ин чорабиниҳо ба платформаи муҳимми муколамаи байналмилалӣ табдил ёфтааст ва масъалаҳои марбут ба идоракунии устувори захираҳои обро дар маркази таваҷҷуҳ қарор додааст. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки танҳо тавассути ҳамкории дастаҷамъона метавонем ба ҳалли мушкилоти вобаста ба обу иқлим ноил гардем. Дар идомаи ин раванд, Конфронси байналмилалии соли 2026 ҳамчун марҳилаи нав дар пешбурди уҳдадориҳои глобалӣ дар соҳаи об арзёбӣ мегардад, зеро он на танҳо барои таҳлили натиҷаҳои бадастомада, балки барои муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ ва таҳкими уҳдадориҳои кишварҳо дар самти Ҳадафҳои рушди устувор замина фароҳам меорад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз минбарҳои созмонҳои байналмилалӣ, махсусан Созмони Милали Муттаҳид, кӯшиш менамояд, ки масъалаи обро дар маркази рӯзномаи ҷаҳонӣ нигоҳ дорад ва барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба ҳифзи пиряхҳо, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва коҳиши оқибатҳои тағйирёбии иқлим саҳми назаррас гузорад. Бо дарназардошти аҳаммияти афзояндаи масъалаи об ва иқлим, Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ як қатор ташаббусҳои муҳимми Созмони Милали Муттаҳидро пешбарӣ намудааст, аз ҷумла Соли байналмилалии оби тоза (соли 2003), Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (соли 2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018-2028). Ин ташаббусҳо ба ташаккули мушкилоти глобалӣ оид ба нақши об дар рушди инсон ва ҳифзи муҳити зист мусоидат намудааст. Иқдомҳои мазкур на танҳо аҳаммияти илмӣ ва сиёсӣ доранд, балки дар амал низ ба таҳкими ҳамкории давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масъалаи идоракунии захираҳои об мусоидат менамоянд.

Дар баробари ин, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун яке аз кишварҳои пешсаф дар самти энергетикаи «сабз» шинохта мешавад, зеро зиёда аз 98 фоизи неруи барқ дар кишвар аз манбаъҳои гидроэнергетикӣ истеҳсол мегардад. Ин нишондиҳанда Тоҷикистонро дар қатори кишварҳои пешқадами ҷаҳон дар самти истеҳсоли энергияи барқароршаванда қарор медиҳад. Ҳамзамон чунин имконият фароҳам меорад, ки кишвар саҳми худро дар коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ ва мубориза бо тағйирёбии иқлим бештар намояд. Бо вуҷуди ин дастовардҳо, Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳӣ ва дорои экосистемаҳои ҳассос ба тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ шуда истодааст ва ин ба амнияти экологии минтақа хатари ҷиддӣ дорад. Беш аз 93 фоизи қаламрави кишварро минтақаҳои кӯҳӣ ташкил медиҳанд ва офатҳои табиӣ, аз ҷумла сел, ярч, хушксолӣ ва обшавии пиряхҳо ҳар сол ба иқтисоди миллӣ ва зиндагии аҳолӣ зарари ҷиддӣ мерасонанд.

Пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби тоза барои минтақаҳои васеи Осиёи Марказӣ аҳаммияти стратегӣ доранд ва коҳиши онҳо метавонад ба амнияти обии минтақа таъсири ҷиддӣ расонад. Пиряхҳои Тоҷикистон, ки беш аз 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро таъмин мекунанд, дар шароити гармшавии босуръати иқлим коҳиш меёбанд. Тибқи таҳлилҳои илмӣ, дар панҷ даҳсолаи охир зиёда аз ҳазору сесад пирях пурра аз байн рафтааст. Ин тамоюл на танҳо ба таъминоти об, балки ба мувозинати экологӣ ва иқлими минтақа таъсири манфӣ мерасонад. Пиряхи Федченко ҳамчун бузургтарин пиряхи минтақа низ коҳиши назаррасро таҷриба намуда, нишонаи равшани таъсири тағйирёбии иқлим дар сатҳи маҳаллӣ ва глобалӣ мебошад. Ин масъала зарурати таҳияи чораҳои фаврӣ ва ҳамоҳангшударо дар сатҳи байналмилалӣ тақозо мекунад. Дар ин замина Тоҷикистон пешниҳодҳои муҳимро, аз ҷумла соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳоро пешниҳод намуд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтанд. Ин иқдом боз як қадами муҳим дар таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар рӯзномаи глобалии обу иқлим ба ҳисоб меравад.

Имрӯз масъалаи об ва иқлим ба як занҷираи ба ҳам зич табдил ёфтааст. Ҳалли ин масъала танҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ, татбиқи технологияҳои нав, маблағгузории устувор ва аз баланд бардоштани сатҳи масъулияти давлатҳо вобаста мебошад. Бе чунин муносибати ҳамгироёна ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор, махсусан Ҳадафи 6, душвор хоҳад буд. Аз ин рӯ, Тоҷикистон минбаъд низ омода аст ҳамчун ташаббускори фаъоли байналмилалӣ дар таҳкими муколамаи ҷаҳонӣ оид ба об ва иқлим, рушди ҳамкорӣ ва татбиқи амалии қарорҳои қабулшуда саҳми арзандаи худро гузорад.

Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе на танҳо як чорабинии сиёсиву илмӣ, балки марҳилаи муҳимми ташаккули муносибати нави ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба масъалаҳои об ва иқлим мебошад. Натиҷаҳои ин ҳамоиш метавонанд, барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳкими сиёсати экологӣ, ҳифзи пиряхҳо ва таъмини рушди устувор заминаи мусоид фароҳам оваранд. Маҳз ҳамин гуна ҳамоишҳои сатҳи баланд имкон медиҳанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари хатарҳои иқлимӣ мавқеи ягона ва масъулияти муштаракро дарк намоянд. Тоҷикистон бо ташаббусҳои созандаи худ имрӯз ҳамчун яке аз кишварҳои пешсаф дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об эътироф гардида, метавонад дар оянда низ дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим ва экология нақши муассир дошта бошад.

Гулаҳмадзода А.А., Алиев Ф.А. Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ