Skip to main content

123Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардумони ориёӣ буда, таърихи ҳазорсолаҳо дорад. Ин иди бостонӣ рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав ва ҳамбастагии инсон бо муҳити зист мебошад. Ҳамасола дар рӯзи баробарии шабу рӯз – 21 март – мардум Наврӯзро бо шукӯҳ ва шодмонӣ таҷлил мекунанд.

Наврӯз, ки таърихи беш аз се ҳазорсола дорад, аз қадимтарин ва пурмазмунтарин ҷашнҳои мардумони ориёӣ ба шумор меравад. Ин иди бостонӣ на танҳо рамзи эҳёи табиат ва оғози фасли баҳор аст, балки ҳамчун падидаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дар таҳкими ваҳдат, худшиносии миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ дорад.

Наврӯз имрӯз ба унвони мероси фарҳангии умумибашарӣ шинохта шудааст. Он мардумро ба эҳтироми табиат, дӯстӣ ва ваҳдат даъват мекунад. Наврӯз рамзи умед ба ояндаи нек буда, ба инсоният паёми сулҳ ва ҳамзистии осоишта мерасонад.

Наврӯз ҷашни зиндашавии табиат ва эҳёи маънавии инсон аст. Он мардумро ба покӣ, меҳрубонӣ ва ҳамбастагӣ ҳидоят мекунад. Наврӯз на танҳо як иди миллӣ, балки як падидаи фарҳангии ҷаҳонӣ мебошад, ки арзишҳои умумибашариро таҷассум мекунад. Таърихи пайдоиш - ривоятҳои таърихӣ ва адабӣ шаҳодат медиҳанд, ки Наврӯз аз замони подшоҳи афсонавӣ Ҷамшед сарчашма гирифтааст. Ӯ рӯзи пирӯзии худро Наврӯз номид ва мардум онро ҳамчун оғози зиндагии нав ҷашн гирифтанд. Аз он замон то имрӯз Наврӯз дар кишварҳои гуногун боқӣ монда, ба унвони мероси фарҳангии умумибашарӣ пазируфта шудааст.

Оинҳо ва суннатҳо - дар Тоҷикистон Наврӯз бо расму оинҳои гуногун таҷлил мешавад. Пеш аз фаро расидани ид мардум хона ва кӯчаҳоро пок месозанд, ки рамзи тозагӣ ва навшавӣ аст. Омода кардани Суманак яке аз суннатҳои асосӣ мебошад: занону духтарон шабона гирди дег ҷамъ шуда, бо суруд ва шодӣ онро мепазанд. Суманак рамзи сабзиш, фаровонӣ ва умед ба ояндаи нек аст. Дастархони наврӯзӣ бо хӯрокҳои миллӣ – палав, кулча, ҳалво ва меваҳои гуногун пур мешавад. Дар баъзе хонаҳо дастархони “ҳафт син” ороста мегардад, ки ҳар як ашё маънои рамзии худро дорад: сабза – сабзиш, сирко – сабр, себ – зебоӣ ва дигарон.

Чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ -дар рӯзҳои Наврӯз барномаҳои фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва бозиҳои мардумӣ баргузор мешаванд. Гӯштингирӣ, бузкашӣ ва дигар бозиҳои миллӣ фазои шодӣ ва дӯстиро бештар мегардонанд. Арзиши ҷаҳонӣ - Наврӯз на танҳо иди миллӣ, балки ҷашни байналмилалӣ аст. Соли 2010 Созмони Милали Муттаҳид онро расман ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ эътироф намуд. Ин иқдом аҳамияти умумибашарии Наврӯзро нишон медиҳад, зеро он мардумро ба дӯстӣ, ваҳдат ва эҳтироми табиат даъват мекунад. Хулоса - Наврӯз ҷашни зиндашавии табиат ва эҳёи маънавии инсон аст. Он мардумро ба покӣ, меҳрубонӣ ва ҳамбастагӣ ҳидоят мекунад. Наврӯз рамзи умед ба ояндаи нек буда, ҳамеша дар қалби мардум ҷойгоҳи махсус дорад.

Ходими илмии институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ Савдуллоева Салима Савдуллоевна