Skip to main content
Наврӯз яке аз куҳантарин ва пуршукуҳтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Ин ҷашн аз замонҳои хеле қадим то имрӯз ҳамчун рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав, сулҳу дӯстӣ ва ҳамбастагии мардум таҷлил карда мешавад. Наврӯз на танҳо як ҷашни фарҳангӣ ва таърихӣ мебошад, балки он бо бисёр ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла бо рушди иҷтимоӣ ва демографии кишвар низ робитаи зич дорад. Дар шароити Тоҷикистон, ки яке аз кишварҳои дорои аҳолии ҷавон ба ҳисоб меравад, аҳамияти ин ҷашн дар таҳкими арзишҳои оилавӣ ва иҷтимоӣ хеле бузург аст.

Тоҷикистон, ки дар он бештар ҷараёни афзоиши табии аҳолӣ мушоҳида мегардад, шумораи бештари аҳолии кишварро ҷавонон ташкил намуда, оила ҳамчун воҳиди асосии ҷомеа дар рушди демографӣ нақши ҳалкунанда дорад. Дар ин замина, ҷашни Наврӯз ҳамчун як падидаи фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ба таҳкими муносибатҳои оилавӣ ва афзоиши ҳамбастагии ҷомеа мусоидат менамояд.

Наврӯз ҷашнест, ки мардумро бо ҳам меорад. Дар рӯзҳои таҷлили ин ҷашн хешу табор, дӯстону наздикон бо ҳамдигар муносибатҳои дӯстона намуда, аз ҳолу аҳволи якдигар хабар мегиранд ва робитаҳои оилавиро мустаҳкам месозанд. Ин раванд барои нигоҳ доштани устувории оила ва ҷомеа аҳамияти калон дорад. Оилаҳои мустаҳкам ва муносибатҳои хуби байни наслҳо яке аз омили муҳими рушди солимии ҷомеа мебошанд.

Дар фарҳанги тоҷикон оила ва фарзанд яке аз арзишҳои асосӣ ба шумор меравад. Дар айёми Наврӯз, ки рамзи ободӣ ва эҳёи зиндагӣ мебошад, мардум бештар ба ояндаи худ ва фарзандон таваҷҷуҳи хосае зоҳир менамоянд. Ин ҳама арзишҳо ба рушди солимии ҷомеа ва афзоиши аҳолӣ таъсири мусбат мерасонанд.

Ҳамчунин, Наврӯз ба тарбияи насли ҷавон низ таъсири муҳим мерасонад. Зимни таҷлили бошукуҳи ин ҷашн кӯдакон ва ҷавонон бо анъанаҳои миллӣ, урфу одатҳо ва арзишҳои фарҳангии худ шинос гардида, эҳтиром ба калонсолон, дӯстӣ бо ҳамдигар, меҳнатдӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмиро омӯхта, заминаи зиндагии солимро дарк менамоянд. Ин гуна тарбия барои ташаккули насли солим ва масъулиятшинос, ки ояндаи демографии кишварро муайян мекунад, аҳамияти калон дорад.

Дар айёми Наврӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ҷамъиятӣ баргузор мегарданд. Ин чорабиниҳо на танҳо фазои идонаро фароҳам меоранд, балки мардумро ба ҳам меоранд ва ҳисси ягонагӣ ва ҳамбастагии миллиро тақвият медиҳанд. Вақте ки ҷомеа муттаҳид ва ҳамдигарфаҳм бошад, барои рушди устувори демографӣ низ шароити мусоид фароҳам мегардад.

Ҷанбаи муҳими дигари ҳамбастагии Наврӯз бо демографияи кишвар ин тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад. Дар рӯзҳои ҷашн мардум бештар ба тозагӣ, покизагӣ ва нигоҳдории муҳити зист аҳамият медиҳанд. Пеш аз фарорасии Наврӯз хонаҳо тоза карда мешаванд, дарахтон шинонда мешаванд ва муҳити атроф ободу зебо мегардад. Ин ҳама ба беҳтар шудани шароити зиндагӣ ва саломатии аҳолӣ мусоидат менамояд, ки яке аз омилҳои муҳим дар рушди демографӣ мебошад.

Наврӯз инчунин имконияти хуб барои таҳкими ҳамбастагии байни наслҳо мебошад. Дар оилаҳои тоҷикӣ калонсолон таҷрибаи ҳаётии худро ба ҷавонон меомӯзонанд, дар ҳоле ки ҷавонон бо неру ва ташаббуси худ ба пешрафти ҷомеа мусоидат мекунанд. Ин робитаи мустаҳкам байни наслҳо барои устувории ҷомеа ва рушди демографии он аҳамияти калон дорад.

Дар солҳои охир дар Тоҷикистон ба масъалаҳои демографӣ ва сиёсати оилавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Давлат барои беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ, дастгирии оилаҳои ҷавон ва ҳифзи саломатии модару кӯдак чораҳои гуногун меандешад. Дар чунин шароит ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз, ҳамчун омили муҳими таҳкими арзишҳои оилавӣ ва иҷтимоӣ хизмат мекунанд.

Наврӯз на танҳо ҷашни фарҳангӣ, балки мактаби бузурги ахлоқ ва ҳамбастагии иҷтимоӣ мебошад. Он мардумро ба ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои инсонӣ даъват мекунад. Ин арзишҳо барои ташаккули ҷомеаи устувор ва рушди солими демографӣ аҳамияти калон доранд.

Хулоса, Наврӯз ҳамчун яке аз ҷашнҳои асосии миллӣ бо бисёр ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла бо равандҳои демографии кишвар, робитаи зич дорад. Ин ҷашн ба таҳкими оила, тарбияи насли ҷавон, рушди ҳамбастагии иҷтимоӣ ва беҳтар шудани муҳити зиндагии мардум мусоидат мекунад. Бо ҳамин роҳ Наврӯз на танҳо як ҷашни зебои баҳорӣ, балки як омили муҳими рушди устувори ҷомеа ва демографияи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Холиқова Адиба Зафаровна - ходими илмии

Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ