Skip to main content

Дар марҳалаи муосир дипломатияи фарҳангӣ ба яке аз воситаҳои муҳимми татбиқи сиёсати хориҷии давлатҳо табдил ёфтааст. Давлатҳо аз ин шакли дипломатия ба таври фаъол барои пешбурди манфиатҳои миллӣ ва таҳкими мавқеи худ дар арсаи байналмилалӣ истифода мебаранд. Асоси дипломатияи фарҳангиро фарҳанги миллӣ ва арзишҳои маънавии ҷомеа ташкил медиҳанд.

Бо вуҷуди ин, давлатҳо худ тавлидкунандагони мустақими фарҳанг ба ҳисоб намераванд. Нақши асосии онҳо бештар дар истифодаи мақсаднок ва самараноки захираҳои фарҳангӣ барои татбиқи ҳадафҳои сиёсати хориҷӣ, таҳкими нуфузи байналмилалӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ зоҳир мегардад.

Дар ин замина, фарҳанг ба яке аз захираҳои муҳимми дипломатияи давлатӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, давлатҳо ба масъалаи ҳифз, рушди минбаъда ва муаррифии арзишҳои фарҳангии худ дар арсаи байналмилалӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд.

Инчунин, дипломатияи фарҳангӣ ба яке аз воситаҳои муассири таъсиргузории давлатҳо дар муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфта, ҳамчун воситаи муҳимми пешбурди манфиатҳои миллӣ ва таҳкими нуфузи байналмилалӣ аз ҷониби онҳо фаъолона дастгирӣ ва истифода карда мешавад.

Бояд қайд намуд, ки дар низоми муносибатҳои байналмилалии муосир, Наврӯз ҳамчун воситаи муҳимми “неруи нарм” хизмат намуда, ба таҳкими робитаҳои дӯстона, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни кишварҳо мусоидат мекунад.

Эътирофи байналмилалии Наврӯз, ки дар натиҷаи талошҳои пайгиронаи дипломатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, имкон фароҳам овард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ташаббускор ва ҳомии арзишҳои умумибашарии Наврӯз муаррифӣ гардад. Ин ҷараён ба таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ мусоидат намуда, барои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015) дипломатияи фарҳангӣ ва гуманитарӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар муайян гардидааст. Дар ин санад дипломатияи фарҳангӣ ҳамчун воситаи муҳимми таъмини ҳастии маънавӣ, ҳифз ва ҳимояи арзишҳои асили фарҳангиву ахлоқии халқи тоҷик арзёбӣ мегардад.

Дипломатияи фаҳангӣ ба ҳайси омили муҳимми муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари дорои фарҳанг ва тамаддуни қадима, инчунин давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд баромад менамояд. Инчунин, ба густариши ҳамкориҳои самарабахши фарҳангӣ ва башардӯстона бо кишварҳои ҷаҳон мусоидат намуда, барои шинохти байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми куҳанбунёди он нақши муҳим мебозад.

Таҷлили байналмилалии Наврӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромада, нақши онро дар рушди дипломатияи фарҳангӣ назаррас менамояд. Яке аз чорабиниҳои муҳим Фестивали байналмилалии “Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ” (2025), ки бо ташаббуси шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Инчунин, баргузории ҳарсолаи Форуми байналмилалии “Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ” низ аз рӯйдодҳои муҳим дар арсаи дипломатияи фарҳангӣ ба ҳисоб меравад, ки соли ҷорӣ низ дар назар дошта шудааст.

Яке аз самтҳои муҳим густариши ҷуғрофии дипломатияи Наврӯзӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад доираи кишварҳоеро, ки дар чорабиниҳои байналмилалии Наврӯз иштирок мекунанд, васеъ намояд, аз ҷумла ҷалби кишварҳои Аврупо, Амрико, Чин ва Ҳиндустон мебошад.

Бояд қайд намуд, ки соли 2010 Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи махсусро оид ба эълон намудани 21 март ҳамчун “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” қабул намуд.

Инчунин, соли 2023 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Туркманистон қатъномаи нави СММ-ро оид ба таҳкими нақши Наврӯз дар тақвияти сулҳ ва ҳамдигарфаҳмии фарҳангӣ пешниҳод намуд, ки онро зиёда аз 100 кишвари узви СММ дастгирӣ карданд.

Дурнамои истифодаи Наврӯз дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле умедбахш арзёбӣ мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар оянда низ Наврӯзро ҳамчун унсури муҳимми «неруи нарм» дар дипломатияи худ истифода намояд.

Инчунин, Наврӯз метавонад ба таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун макони баргузории форумҳои байналмилалии сулҳ ва ҳамкорӣ мусоидат намояд. Дар ин замина, баргузор намудани конференсияҳо ва ҳамоишҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои сулҳ, амният, ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор дар доираи таҷлили Наврӯз метавонад идомаи мантиқии стратегияи дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.

Ҳамин тариқ, таҳқиқи ҷойгоҳ ва саҳми Наврӯз дар таҳкими дипломатияи фарҳангӣ нишон медиҳад, ки ин ҷашни бостонӣ дорои имкониятҳои фарох барои густариши робитаҳои фарҳангӣ ва илмӣ байни кишварҳо мебошад. Наврӯз ҳамчун пули муҳимми иртиботӣ дар таҳкими ҳамкориҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи тоҷикон ва форсизабонони муқими кишварҳои хориҷӣ нақши назаррас дорад.

Ҳамзамон, таҷлили Наврӯз шароити мусоид фароҳам меорад, то ҳунар, анъана ва эҷодиёти мардумии тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардида, арзишҳои фарҳанги миллӣ бештар таблиғ ва тарғиб шаванд. Илова бар ин, Наврӯз ҳамчун яке аз воситаҳои муассири дипломатияи фарҳангӣ метавонад дар ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифии имкониятҳои фарҳангиву сайёҳии кишвар саҳми арзанда гузорад.

Дар маҷмӯъ, дар шароити кунунии муносибатҳои байналмилалӣ Наврӯз метавонад ҳамчун механизми муҳимми рушди дипломатияи фарҳангӣ арзёбӣ гардад. Бо истифодаи самараноки имкониятҳои дипломатияи фарҳангӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ҷашнҳои миллӣ ва мероси ғании фарҳангии худро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ намуда, нуфуз ва обрӯи фарҳангии худро дар сатҳи байналмилалӣ таҳким бахшад.

Раҳмонзода А.Ш. – н.и.т., ходими пешбари илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ