Тағйирёбии иқлим яке аз мушкилоти муҳими глобалии замони муосир ба ҳисоб рафта, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти инсон таъсири ҷиддӣ мерасонад. Ин раванд пеш аз ҳама дар болоравии ҳарорати ҳаво, тағйир ёфтани реҷаи боришот ва коҳиш ёфтани захираҳои табиӣ зоҳир мегардад. Барои Тоҷикистон, ки кишвари кӯҳсор ва дорои захираҳои бузурги обӣ мебошад, ин масъала аҳамияти махсус дорад.
Дар баробари ҷомеаи ҷаҳони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар мубориза бо тағирёбии иқлим бетараф нест.
Дар робита бар ин пешниҳодҳои Пешвои муаззами миллат дар сатҳи байналмилали аз ҷумла:
- Соли байналмилалии оби тоза (2003);
- Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005–2015);
- Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018–2028);
- Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мебошад, ки ҳамаи ин пешниҳодҳои Пешвои миллат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳони дасгири ёфтаанд.
Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамчун кишвари сарчашмаи асосии об шинохта мешавад, зеро қисми зиёди обӣ Осиёи Марказӣ маҳз аз қаламрави он сарчашма мегиранд.
Аз ин рӯ, ҳар гуна тағйирот дар низоми иқлим на танҳо ба дохили кишвар, балки ба давлатҳои ҳамсоя низ таъсир мерасонад. Яке аз таъсирҳои асосии тағйирёбии иқлим ба манбаъҳои обӣ обшавии босуръати пиряхҳо мебошад. Пиряхҳо захираи муҳими оби ширин буда, дар фаслҳои гарм манбаи асосии ғизодиҳии дарёҳо ба ҳисоб мераванд.
Дар Тоҷикистон ҳазорҳо пирях мавҷуданд, ки калонтарини онҳо Пиряхҳои Ванҷиях (Федченко), Хирсон, Зарафшон ва ғайра ба шумор меравад, Пиряхҳо ҳамчун анбори табиии об хизмат карда, дар фасли зимистон аз ҳисоби боришҳои атмосфери захираи худро ғани гардонда, дар фасли тобистон тадриҷан об мешаванд.
Бо баланд шудани ҳарорати ҳаво суръати обшавии пиряхҳо меафзояд, масоҳат ва ҳаҷми онҳо тадриҷан кам мегардад, ки дар натиҷа пиряхҳои хурд пурра аз байн мераванд. Тибқи таҳқиқотҳо, дар даҳсолаҳои охир қисми назарраси пиряхҳои хурди кишвар ба кулли аз байн рафтаанд.
Тағйирёбии иқлим инчунин ба реҷаи боришот таъсири назаррас мерасонад. Дар баробари тағйирёбии иқлим кам шудани боришотҳои низ ба назар мерасад, ки асоси захираи манбаҳои обӣ ин боришотҳои атмосфери мебошад. Дар мисоли барф инро мушоҳида намудан мумкин аст, ки таи солҳои охир боришоташ нисбатан кам шудааст.
Тағйири реҷаи боришот ба сатҳи обҳои зеризаминӣ низ таъсири манфӣ мерасонад. Аз сабаби зуд ҷорӣ шудани боронҳо, об ба замин пурра ҷаббида намешавад ва сатҳи обҳои зеризаминӣ паст мегардад. Норасоии об боиси паст шудани ҳосилнокии зироатҳо, хушкшавии заминҳо ва коҳиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мегардад. Дар баробари ин, камобӣ метавонад ба истеҳсоли нерӯи барқ низ таъсир расонад, зеро қисми зиёди нерӯи барқи кишвар аз нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Паст шудани сатҳи об дар обанборҳо имконияти тавлиди барқро маҳдуд месозад.
Обшавии босуръати пиряхҳо ва тағйири реҷаи боришот собит месозанд, ки мо ба мониторинги доимӣ ва омӯзиши дақиқи равандҳои криосферӣ ниёзи шадид дорем. Ҷамъоварии маълумоти дақиқ аз худи пиряхҳо ва истифодаи технологияҳои муосир барои пешгӯии ҳолати захираҳои обӣ дар солҳои оянда муҳимтарин қадам мебошад.
Тавсияҳо ҷиҳати мутобиқшави ба тағйирёбии иқлим:
Тақвияти мониторинги криосфера - густариши шабакаи истгоҳҳои мушоҳидавӣ дар пиряхҳо ва истифодаи усулҳои фосилавӣ (спутникӣ) барои баҳодиҳии динамикаи пиряхҳо ва захираҳои барфӣ.
Идоракунии ҳамгирои захираҳои обӣ - ҷорӣ намудани низоми муосири идоракунии захираҳои обӣ бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи бахшҳо — кишоварзӣ, энергетика ва таъминоти оби нӯшокӣ.
Баланд бардоштани самаранокии истифодаи об - ворид намудани технологияҳои каммасрафи обёрӣ (масалан, обёрии қатрагӣ) ва кам намудани талафоти об дар шабакаҳои обтаъминкунӣ.
Тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ - идомаи ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим ва густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои минтақа барои таъмини амнияти обӣ.
Интегратсияи илм ба сиёсати давлатӣ - истифодаи натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмӣ ва экспедитсионӣ дар таҳияи барномаҳо ва қарорҳои давлатӣ барои таъмини асоснокии илмии ҳар як иқдоми стратегӣ.
Баланд бардоштани маърифати экологӣ - ташкили барномаҳои омӯзишӣ ва иттилоотӣ барои аҳолӣ ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани захираҳои обӣ ва дарки аҳамияти ҳифзи пиряхҳо муҳим мебошад.
ОймаҳмадзодаҶамолиддин - лаборанти калони шуъбаи Экспедитсионӣ ва тадқиқоти
равандҳои криосферии Маркази омузиши пиряхҳои Академияи милли илмҳои Тоҷикистон
