Дар шароити рӯз аз рӯз афзоиш ёфтани таҳдиду хатарҳои нави ҷаҳони муосир, доштани артиши миллӣ яке аз воситаҳои муҳимтарини ҳимояи марзу буми Ватан аз таҳдидҳои бурунмарзӣ ба ҳисоб меравад. Артиши миллӣ дар низоми таъмини амнияти ҳарбии кишвар ва ҳифзи қаламрави Тоҷикистони соҳибистиқлол, инчунин дар ҳимояи муқаддасот ва рамзҳои муҳими давлатдорӣ нақши калидӣ мебозад.
Ҳамзамон, он ҳамчун рамзи таҷассумгари суннатҳои давлатдории миллӣ, ормонҳои воло ва мероси таърихии ниёгони миллати тоҷик арзёбӣ гардида, дар таҳкими худшиносии миллӣ ва ҳисси ватандӯстӣ саҳми назаррас мегузорад. Зеро дар тӯли таърихи миллати тоҷик намунаҳои барҷастаи ниҳодҳои низомӣ ва суннатҳои пурқуввати ҳарбиро метавон мушоҳида намуд, ки дар ҳифзи давлатдорӣ ва таъмини амният нақши ҳалкунанда доштаанд.
Эҳё ва ташаккули Артиши миллӣ дар шароити давлатдории навини тоҷикон таҷассумгари яке аз муҳимтарин рукнҳои давлатдории ниёгон дар масири таърих ба ҳисоб меравад. Ин ниҳод дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ рисолати муқаддаси худро-ҳимояи марзу буми Ватан, таъмини субот ва ҳифзи арзишҳои миллӣ содиқона иҷро намудааст ва имрӯз низ идомадиҳандаи ҳамон анъанаҳои пуршарафи таърихӣ мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳо ва паёмҳои худ ба нақши Артиши миллӣ дар раванди барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва ба эътидол овардани вазъи сиёсию ҳарбии кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Мавсуф саҳми ин ниҳоди муҳими давлатиро дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳифзи суботи сиёсӣ ва таъмини амнияти давлат бисёр муҳим ва тақдирсоз арзёбӣ мекунанд. Ба таъкиди Пешвои миллат, Артиши миллӣ ҳамчун такягоҳи боэътимоди давлатдорӣ дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва пойдории истиқлолияти давлатӣ нақши калидӣ мебозад.
Бале, дар ҳақиқат таъмини амнияти ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи пояҳои истиқлоли сиёсӣ дар шароити тағйирпазирии вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон аҳамияти ҳаётан муҳим дорад ва дар низоми манфиатҳои миллӣ ҷойгоҳи хоса касб менамояд.
Ин ниҳоди пурқудрати миллию давлатӣ вазифаи ҳимояи манфиатҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шароити муосири таҳаввулоти сиёсиву амниятӣ ба уҳда дорад. Аз ҷумла, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзии кишвар, якпорчагӣ ва ваҳдати миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва ҳимояи Ватан аз таҳдиду хатарҳои ҳарбӣ аз вазифаҳои асосии он ба ҳисоб мераванд. Зеро таҳким ва ҳимояи манфиатҳои ҳарбӣ меҳвари фаъолияти Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои қудратии кишварро ташкил медиҳанд.
Илова бар ин, сохторҳои таркибии Артиши миллӣ рамзи олии ватандорӣ, сипари боэътимоди давлат аз таҳдидҳои ҳарбӣ ва пойдевори истиқлоли давлатӣ дар шароити рушди давлатдории миллӣ маҳсуб меёбанд. Дар шароити дигаргуниҳои нави ҷаҳонӣ, онҳо барои кишвари мо нишонаи возеҳи истиқлоли сиёсии давлати тоҷикон, асоси пойдории давлат ва таҷассумгари идеалу ормонҳои таърихии миллат ба шумор мераванд.
Бояд қайд намуд, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят ҳассос ва басо мураккаби таърихӣ ташаккул ёфтааст. Дар марҳилаи ибтидоӣ заминаҳои моддиву техникии он амалан вуҷуд надоштанд ва имкониятҳои ташкилӣ хеле маҳдуд буданд.
Махсусан, дар он давра кишвар ба гирдоби кашмакашиҳои шадиди сиёсӣ ва низои дохилӣ кашида шуда буд. Гурӯҳҳое, ки бо арзишҳои сохти конститутсионӣ ва принсипҳои давлатдории дунявӣ мухолифат доштанд, ба суботу пойдории давлат таҳдид эҷод менамуданд. Дар чунин шароити мураккаб таъсис ва эҳёи Артиши миллӣ ҳамчун ниҳоди қудратии давлатӣ иқдоми сарнавиштсоз ва таърихӣ маҳсуб мегардид.
Эҳёи Артиши миллӣ ба раванди эҳёи давлатдории миллӣ дастовардҳои сифатан нав зам намуд. Аз ҷумла, бузургтарин натиҷаи он пешгирии хатари аз байн рафтани давлату миллат, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои таҳким ва густариши ҳадафҳои миллӣ дар марҳилаҳои минбаъдаи рушди давлатдорӣ буд.
Нақши барҷастаи Артиши миллӣ дар таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, ҳифзи тамомияти арзӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсию ҳарбии мамлакат дар шароити пуртазоди низои таҳмилӣ ба таври воқеӣ арзёбӣ мегардад. Ин рисолати таърихӣ, ки бо ҳисси баланди масъулият ва садоқат иҷро гардид, шоистаи таҳсин ва арҷгузории баланд мебошад.
Самтҳои афзалиятноки таъмини амнияти ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар меҳвари сиёсати дохилӣ қарор доранд, балки дар сиёсати хориҷии кишвар низ ҷойгоҳи хоса касб намудаанд. Дар ин замина, рушди ҳамкориҳои амниятию ҳарбӣ бо шарикони стратегӣ, таҳкими эътимод ва ҳамоҳангсозии иқдомҳо дар самти муқовимат ба таҳдидҳои муосир аҳамияти махсус дорад ва ҳамчун ҷузъи муҳими сиёсати давлатӣ арзёбӣ мегардад.
Аз ин рӯ, хизматчиёни ҷонбакафи сохторҳои таркибии Артиши миллии кишвар ва дигар ниҳодҳои қудратӣ, ки дар таҳким ва ҳимояи манфиатҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши тақдирсоз мебозанд, сазовори эҳтирому қадршиносии ҷомеа мебошанд.
Ҳамзамон, мардуми шарифу хештаншиноси кишварро мебояд аз таҷрибаи талхи таърих ва гузаштаи фоҷиабор сабақ гирифта, дар баробари Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди Ватани азиз амал намоянд. Танҳо дар шароити ҳамгироии ҷомеа ва неруҳои мусаллаҳ метавон амнияти устувор, суботи сиёсӣ ва рушди босуботи давлатро таъмин кард.
Ҳамроев У.Х. н.и.ф.-м. муовини директори Институти астрофизикаи АМИТ оид ба илм ва таълим.
