Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 феврали соли 2024 таъкид намуда буданд, ки «беш аз се даҳсола мешавад, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ якҷо бо ҳайати шахсии дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истиқлолу озодии давлати тоҷикон, марзу буми Ватани аҷдодӣ, амнияту суботи мамлакат ва зиндагии осудаву ороми мардуми мамлакатро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя менамоянд». Дарвоқеъ, Артиши миллӣ барои мо тавоноии давлату миллат ва умеду такягоҳи мардуми кишвар мебошад.
Маълум аст, ки баъди фурӯпошии Иттифоқи Советӣ ва ба даст овардани истиқлоли том кишвари моро вазъи ногувори ҳарбӣ - сиёсӣ ва бархурди низои байнитоҷикон фаро гирифт, ки вобаста ба ин, зарурати таъсиси артиши миллӣ ба миён омада буд. Баъдан, агар дар кишварамон аз як ҷониб ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ шиддат гирифта буд, аз ҷониби, дигар норасоии мутахассисон ва пайдо шудани қумандонҳои саҳроии мухолифин боз вазъиятро тезутунд менамуданд. Ҳаминтавр , артиши миллии Тоҷикистон дар замоне таъсис дода шуд, ки раванди нооромии сиёсӣ ва даргириҳои дохилӣ кишвар дар ҳолати хеле вазнин қарор дошт.
Ҳамон замон, ташкили Артиши миллӣ дар кишвари мо дар заминаи холӣ ташкил гарда шуда буд, ки мутахассисони ҳарбии касбӣ надоштем, Ҳамзамон, масъалаи таёр намудани кадрҳои соҳибкасб ҳам дар вазъияти ногувор буд. Дар он замон, боварии пурра кардан ба мутахассисони бегона ҳам начандон дурӯст арзёбӣ мешуд. Дар ин замина, Фармон аз 24 декабри соли 1991 «Дар бораи ташкил намудани Горди миллӣ» буд. Танҳо баъди баргузории Иҷлосияи 16 –уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди Артиши миллӣ ба таври расмӣ амалӣ гардид.
Ҳамин тавр, 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид, ки дар асоси намояндагони «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Ҳамзамон, 23-юми феврали соли 1993 дар шаҳри Душанбе аввалин маротиба дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон паради ҳарбӣ баргузор гардид. Аз ҳамон замон сар карда, санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эълон намуданд. Бояд тазаккур дод, ки нахустин маротиба дар сатҳи қонунгузорӣ Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон , 23 феврал муқаррар гардид.
Бояд гуфт, ки дар раванди шиддат гирифтани ҷангӣ таҳмилии шаҳрвандӣ Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон тавонистанд барои мо ва дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ хизматҳои шоёне намудаанд.
Хусусан, дар амалётҳои ғайриқонунии дастаҳои мухолифи бегона, ки дар якҷоягӣ бо мухолифини тоҷик дар баъзе минтақаҳои кӯҳистони мо амалиётҳои ҷангӣ мебурданд.
Ҳадафи онҳо аз минтақаи мо ба баъзе ҷумҳуриҳои ҳамсоя ҳамла карданро доштанд. Аммо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ нагузоштанд, ки алангаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба ҳамсоякишварҳо паҳн гардад.
Дигар хусусияти мусбати сиёсати ҳарбии Президенти кишвар дар ташаккул ва сохтори артиши миллӣ аз он иборат аст, ки аз замони ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ он кас кӯшиш ба харҷ доданд, ки рамзандагони мухолиф ва қумандонҳои саҳроиро ба қисмҳои ҳарбии ҳукуматӣ шомил намоянд.
Хаминтавр то соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се навъи асосӣ: Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат буданд. Дар айни замон, Артиши миллии мо яке аз сохьорҳои пурқувват ва муҷаҳҳазгардонидаи ҳарбие мебошад, ки ҳифзи ватани азизамон ба он вобатаю пайваста мебошад.
Хизматҳои бузургу мондагори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ ҳамчун бунёдгузори Артиши миллӣ ва сохтору воҳидҳои низомӣ дар он таҷассум меёбанд, ки ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон тавонистанд қудрати мудофиавии кишварамонро пуриқтидор намоянд.
Имрӯз, дар арафаи Рӯзи артиши миллӣ масъалаи баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва таваҷҷӯҳ ба хизмати ҳарбӣ низ нишонаи равшани дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи марзу буми кишвар мебошад. Албатта ҳамаи ин, ба хотири сулҳу суботи кишвар мебошад, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои ба зиммаашон гузоршударо пурра иҷро менамоянд ва ҳамеша дар сафи пеши ҳифзи кишварамон мебошанд. Мо ба диловарони кишварамон боварӣ дорем, қувваҳои мусаллаҳи мо қувваҳои сулҳпарвар ва ҳамеша, ҳамчун ҳомиён ва такягоҳи содиқи давлату миллат мебошанд, ки рӯзи Артиши миллиро ба онҳо табрику таҳният гуфта, бурдбориҳо хоҳонем. Рӯзи Артиш муборак ҳамватанони азиз!
Муҳаммад Абдураҳмон- узви вобастаи АМИТ,
доктори илмҳои сиёсӣ, профессор




