Skip to main content
Тоҷикистон давоми 34 соли Истиқлол дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти тавоно тавонист ҷойгоҳи шоистаеро, дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд. Самараи неки Истиқлоли давлатӣ дар он зоҳир мегардад, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари сулҳхоҳ ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалии рӯзномаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст.

2131Бо пешниҳоди ташаббусҳои байналмилалӣ, бахусус дар самти обу иқлим, Тоҷикистон мавқеи худро ҳамчун иштирокчии фаъол дар сиёсати ҷаҳонӣ мустаҳкам намудааст. Қабули чандин қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Тоҷикистон гувоҳи эътирофи нақши кишвар дар пешбурди ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад. Илова бар ин, суботи сиёсӣ, вазъи амниятӣ ва сиёсати пешгирифтаи давлат боис гардидааст, ки Тоҷикистон дар арзёбиҳои созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун кишвари амнтарини дунё ва дорои муҳити устувори иҷтимоию сиёсӣ арзёбӣ гардад.

Истиқлол на танҳо рамзи ифтихор, балки заминаи рушду тараққиёти кишвар мебошад. Баъди соҳибистиқлол гардидани кишвар, барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ - истиқлоли комили энергетикӣ дар кишвар таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд. Бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат сохтмон ва таҷдиду азнавсосзии неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ, бунёди хатҳои интиқоли баландшиддати барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ оғоз ёфтанд, ки яке аз муҳимтарин онҳо Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад. Неругоҳи барқи обии «Роғун» яке аз бузургтарин иншооти аср ва муҳимтарин лоиҳаи стратегӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин неругоҳ на танҳо манбаи асосии тавлиди неруи барқ, балки рамзи истиқлол, худшиносии миллӣ ва ояндаи дурахшони давлату миллат мебошад.

Сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар шароити бисёр мураккаби сиёсиву иқтисодӣ оғоз ёфт. Дар ин марҳилаи тақдирсоз нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва ҳалкунанда мебошад. Маҳз бо ташаббус, иродаи қавӣ ва сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат, масъалаи сохтмони ин неругоҳ ҳамчун ҳадафи миллӣ муайян гардида, ба марҳилаи амалӣ ворид шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ ба рушди соҳаи энергетика аҳамияти аввалиндараҷа дода, Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро омили асосии расидан ба истиқлоли энергетикӣ арзёбӣ намуданд. Бо талошҳои пайвастаи Сарвари давлат, Тоҷикистон тавонист корҳои сохтмонро бо неруи худ ва бо ҷалби мутахассисони ватанӣ идома диҳад. Бо дарки ин масъулият, мардуми шарафманди Тоҷикистон барои саҳмгузорӣ дар бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар паҳлуи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омаданд ва фаъолона саҳмгузорӣ намуданд. Ин ҳамоҳангӣ ва муттаҳидӣ нишон медиҳад, ки тамоми қишрҳои ҷомеа барои расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва рушди устувори кишвар омодаанд.

Сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳанӯз дар солҳои 70-80-уми асри гузашта оғоз гарида бошад ҳам, аммо вазъияти сиёсиву иҷтимоӣ, аз ҷумла пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ, имкон надод, ки ин тарҳи бузург амалӣ гардад.

Пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ва интихоб шудани сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи барқарорсозӣ ва рушди соҳаи энергетика ҳамчун, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи давлат муайян гардид. Дар солҳои аввали истиқлол, Тоҷикистон бо норасоии неруи барқ рӯ ба рӯ гардид, ки ба ҳаёти иҷтимоӣ ва рушди саноат таъсири манфӣ мерасонд. Дар чунин шароит Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати сохтмони неругоҳҳои нави барқи обиро ба миён гузошта, ба татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ оғоз намуданд.

Дар ин замина, сохтмони неругоҳҳои барқи обии «Сангтуда-1» ва «Сангтуда-2» ҳамчун қадамҳои муҳими таъмини амнияти энергетикӣ ба истифода дода шуданд. Ин неругоҳҳо на танҳо ҳаҷми истеҳсоли неруи барқро афзоиш доданд, балки барои тайёр кардани мутахассисони ватанӣ, аз ҷумла муҳандисон ва сохтмончиён мактаби амалии таҷрибаро фароҳам оварданд. Маҳз таҷрибаи андӯхташуда дар сохтмони НБО «Сангтуда»-1 ва «Сангтуда»-2 заминаи боэътимод барои идомаи корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» гардид. Бо роҳнамоӣ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон тавонист ба марҳилаи нави рушди энергетикӣ ворид шуда, сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро бо такя ба қувваи миллӣ ва мутахассисони ватанӣ идома диҳад.

29-уми октябри соли 2016 маросими бастани маҷрои дарёи Вахш ва оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар шаҳри Роғун бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар ин маросим Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди ватандорӣ ва ҷасорат худ савори булдозер шуда, аз соати 10:00 то 11:30 маҷрои дарёро баста, асоси сохтмони сарбанд ва неругоҳро гузошт. Ин амал на танҳо рамзи масъулият ва дастгирии роҳбари давлат барои кормандони техникӣ ва муҳандисон буд, балки нишон дод, ки бо ирода ва заҳмати якҷоя мумкин аст тарҳи бузурги миллӣ амалӣ гардад.

Баъди бастани маҷро ва бо ҷаҳду талоши шабонарӯзии кормандону муҳандисони иншооти аср таҳти роҳбарии Пешвои миллат, корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шакли нав гирифтанд. Дар як марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ, ки бо нақшаи муназзам ва назорати қатъии роҳбарияти давлат мувофиқ буд, неругоҳ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Ин марҳила на танҳо нишондиҳандаи самаранокии идоракунии давлатӣ ва қавии иродаи халқ аст, балки таҷрибаи арзишманди сохтмони муосири неругоҳҳои барқи обиро низ таҷассум мекунад. Таҳлили илмию техникии ин марҳила нишон медиҳад, ки муттаҳидии кормандону муҳандисон ва истифодаи технологияҳои пешрафта дар амалигардонии тарҳҳои бузурги энергетикӣ нақши ҳалкунанда доранд.

16-уми ноябри соли 2018 агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд, ки ин рӯйдод ҳамчун санаи таърихӣ дар рушди энергетикаи кишвар сабт гардид. 9-уми сентябри соли 2019 агрегати дуюми неругоҳ низ ба шабакаи ягонаи энергетикӣ пайваст гардид. Ин далели равшани татбиқи бомуваффақияти сиёсати созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Имрӯз «Роғун» на танҳо манбаи барқ, балки мактаби бузурги созандагӣ ва ифтихори миллӣ ба ҳисоб меравад. Неругоҳи барқи обии «Роғун» самараи заҳмати содиқонаи халқи Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат аст. Ин иншооти бузург барои наслҳои имрӯзу фардо хизмат намуда, Тоҷикистонро ба як давлати пешрафтаи саноатӣ ва энергетикӣ табдил медиҳад.

Сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» яке аз иншооти бузург ва стратегии аср барои Тоҷикистон ба шумор меравад. Саҳми Пешвои миллат, дар амалӣ кардани ин орзуи миллӣ бесобиқа ва беназир аст. Сарвари давлат аз оғози сохтмон бо иштироки мустақим ва назорати пайваста нишон доданд, ки роҳбарии воқеӣ на танҳо дар фармони расмӣ, балки дар амал ва кӯшиши шахсӣ низ таҷассум меёбад. Бастани маҷрои дарёи Вахш ва нишастан сари мошини булдозер барои оғози корҳои муҳандисии асосӣ намунаи рӯшани масъулият, ҷасорат ва дастгирии роҳбар барои кормандон, сохтмончиён ва муҳандисон буд.

Неругоҳи барқи обии «Роғун» на танҳо иншооти энергетикӣ, балки рамзи истиқлолият, муттаҳидии миллат ва аҳамияти стратегӣ барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мебошад. Бунёди неругоҳ имконият медиҳад, ки Тоҷикистон аз захираҳои об ва нерӯи барқи худ истифодаи пурра кунад, таъмини устувори барқ дар тамоми минтақаҳо таъмин шавад ва барои наслҳои оянда заминаи рушди саноат ва иқтисод фароҳам ояд. Сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои миллати тоҷик рамзи тавоноӣ, эътимод ба қувва ва иқтидори худ мебошад, ки бо роҳбарии Пешвои миллат амалӣ гардида истодааст. Қадамҳои бузурги таърихӣ, ки бо ҷасорат, масъулият ва донишу таҷрибаи роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтаанд, на танҳо сохтмони неругоҳро амалӣ сохтанд, балки ба тамоми ҷомеа нишон доданд, ки бо ирода ва ҳамдастӣ миллат метавонад бузургтарин орзӯҳо ва лоиҳаҳои стратегиро ба воқеият табдил диҳад.

Корҳои барқарорсозии сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар замоне оғоз шуд, ки иқтисодиёти ҷаҳон дар буҳрони глобалии молиявӣ ва энергетикӣ қарор дошт. Буҳрони ҷаҳонии солҳои 2008-2010 ва таъсири он ба иқтисодиёти минтақа мушкилоти ҷиддӣ барои ҷалби сармоя ва таъмини молиявӣ эҷод намуд. Дар чунин вазъият сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо дарки пурраи аҳамият ва рисолати миллӣ оғоз ёфт ва тасмим шаҳодати ҷасорат ва масъулияти Пешвои миллат буд. Бо ташаббусҳои созанда ва иродаи қавӣ Пешвои миллат на танҳо сохтмони иншооти миллиро идома доданд, балки тамоми имкониятҳоро барои татбиқи босифат ва зудтари корҳо таъмин намуданд.

Бунёди «Роғун» қадамҳои устуворро барои таъмини ҳаёти осоишта, рушди саноат ва ҳифзи табиат гузоштааст, ки барои наслҳои имрӯзу оянда муҳим арзёбӣ мегардад. Неругоҳи барқи обии «Роғун» рамзи муттаҳидии рушди иқтисодӣ ва экологии Ҳадафҳои устувор ба шумор меравад ва саҳми Пешвои миллат дар амалӣ кардани ин ҳадафҳо беназир аст. Ташаббусҳои Пешвои миллат ба омодасозии кадрҳои баландихтисос ва таъсиси мактаби муҳандисон ва сохтмончиён имкон доданд, ки сохтмон на танҳо ба талаботи техникӣ, балки ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бошад. Ин таҷриба ва иродаи роҳбарӣ намунаи беназири муваффақият ва эътимод ба қувваи миллӣ мебошад.

Неругоҳи барқи обии «Роғун» намунаи ибрат ва мактаби зиндагӣ барои ҷавонони мамлакат мебошад. Пешвои миллат бо ҷасорат ва иродаи қавӣ нишон доданд, ки ҳатто дар вазъияти душвор ва буҳрони иқтисодӣ метавон орзуҳои миллӣ амалӣ гарданд. Бунёди неругоҳ далели равшани он аст, ки ҳамдастӣ, масъулият ва малакаи касбӣ барои рушди кишвар муҳим аст. Ҷавонон бояд дарк кунанд, ки ҳар як иншоот ва ҳар корҳои муҳандисӣ мактаби илму амал аст. Омӯзиши технологияҳои нав, истифодаи таҷриба ва ҳамдастии шахсӣ, нерӯи созанда ва тавонои наслҳои ояндаро таъмин мекунад. Неругоҳи барқи обии «Роғун» нишон дод, ки ҷавонон бо масъулият ва ирода метавонанд ҳам рушди кишварро таъмин намоянд ва ҳам намунаи мусбати наслҳои оянда гарданд.

Неругоҳи барқи обии «Роғун» инчунин таваҷҷуҳи ташкилотҳои байналмилалиро ҷалб кардааст. Бонки Ҷаҳонӣ бар он назар аст, ки неругоҳ метавонад ба Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қабули энергияи тоза, суръат бахшидани рушди иқтисодӣ ва тақвияти қобилияти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим кӯмак расонад. Бонки Инфрасохтории Осиё саҳмгузорӣ дар инфрасохтори энергетикиро барои таъмини нерӯи барқ ва рушди устувор муҳим арзёбӣ кардааст. Бонки Исломии Рушд низ нақши неругоҳро дар таъмини амнияти энергетикӣ ва ҳамгироии минтақавӣ таъкид кардааст.

Ин неругоҳ дар силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш нуҳум буда, дар масофаи 110 километр аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Он аз 6 агрегат иборат буда, иқтидори ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди «Роғун» бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Иқтидори умумии неругоҳ 3600 мегаватт (зиёда аз 17 миллиард киловатт-соат) буда, он калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад.

Дар паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, санаи 16.12.2025 баргузор гардид, қайд шуд, ки «моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад ва истиқлоли энергетикии кишвар таъмин мегардад. Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо раванди сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро пайваста идома медиҳад. Ҳоло дар иншооти мазкур 18 ҳазору 600 нафар коргарон, яъне сохтмончиён ва кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият доранд ва шумораи техника, яъне мошину механизмҳо зиёда аз 3900 ададро ташкил медиҳад». Бо ҷаҳду талоши пайвастаи Пешвои миллат ва заҳмати содиқонаи мардум, Неругоҳи барқи обии «Роғун» марҳила ба марҳила ба истифода дода шуда, барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва рушди Тоҷикистон ҳамчун давлати неруманд ва пешрафта замина фароҳам меорад.

Муовини директор оид ба илм ва таълими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ