Ташаббусҳои байналмилалие, ки тайи ду даҳсолаҳои охир бо роҳбарӣ ва пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилали амалӣ гардиданд, масъалаҳои ҳаётан муҳим барои инсоният ба меҳвари сиёсати байналмилали табдил ёфтанд. Ин ташаббусҳо, пеш аз ҳама, ба ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, таъмини амнияти экологӣ, коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим ва рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ равона гардидаанд.
Ба рӯзномаи ҷаҳонӣ баровардани масъалаи об ҳамчун манбаи ҳаёт ва омили сулҳу ҳамкорӣ, Тоҷикистон тавонист давлатҳо ва созмонҳои байналмилалиро ба ҳам оварда, фарҳанги масъулияти муштаракро нисбат ба ояндаи сайёра тақвият бахшад. Ин иқдомҳо барои инсоният аҳамияти бузург доранд, зеро ин ташаббусҳо на танҳо ба ҳалли мушкилоти имрӯза, балки ба ҳифзи манфиатҳои наслҳои оянда нигаронда шудаанд. Тавассути ин ташаббусҳо об аз мавзӯи маҳдуди миллӣ ба арзиши умумибашарӣ табдил ёфта, ҳамкорӣ, эътимод ва ҳамбастагии давлатҳоро тақвият медиҳад. Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат саҳми воқеӣ дар сохтани ояндаи амн, боадолат ва устувор барои тамоми инсоният мебошанд.
Санаи 21 декабри соли 2016, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномае қабул намуд, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро дар бар мегирад. Қатъномаи мазкур бо дастгирии 177 давлати узви Созмони Милали Муттаҳид қабул гардида, барои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ва истифодаю ҳифзи захираҳои обӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Ташаббуси мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 апрели соли 2015 дар Форуми 7-уми умумиҷаҳонии об, ки дар Ҷумҳурии Корея баргузор шуда буд пешниҳод гардид. Ин иқдом идомаи мантиқии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 буда, ки он низ бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида буд. Ҳадафи асосии ин ташаббусҳо таъмини истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, ҳифзи онҳо ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ мебошад.
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» аз 22 марти соли 2018 оғоз ёфта, то 22 марти соли 2028 идома меёбад. Ҳадафҳои асосии даҳсола ин ҳалли мушкилоти глобалӣ дар самти истифодаи самараноки об, коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва обанборҳо, беҳтар намудани вазъи обёрӣ ва дастрасии аҳолӣ ба оби тоза ва ғайраҳо мебошад.
Мувофиқи маълумоти омории созмонҳои байналмилалӣ, ҳамасола аҳолии сайёра тақрибан 83 миллион нафар афзоиш меёбад. Бо зиёд шудани шумораи аҳолӣ, талабот ба оби нӯшокӣ то 64 миллион метри мукааб мерасад ва дар оянда метавонад то 17 маротиба афзоиш ёбад.
Ҳамасола тақрибан 750 миллион нафар аз дастрасӣ ба оби тоза танқисӣ мекашанд, 2,5 миллиард нафар шароити санитарии муносиб надоранд ва тақрибан 1,3 миллиард нафар бо нерӯи барқ таъмин нестанд. Маълумотҳои омории Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2025 нишон медиҳанд, ки тахминан 2,2 миллиард нафар ҳанӯз ҳам аз оби нӯшокии хуб идорашаванда дастрасӣ надоранд, 3,4 миллиард нафар аз хизматрасониҳои санитарии босифат маҳруманд ва 1,7 миллиард нафар дастрасӣ ба беҳдошти асосӣ надоранд. Беш аз 2 миллиард нафар аҳолии сайёра дар минтақаҳое зиндагӣ мекунанд, ки бо танқисии шадиди об рӯбарӯ ҳастанд ва истифодаи об зери фишори сахти маҳдудият қарор дорад. Илова бар ин, офатҳои марбут ба об ҳар сол ба давлатҳо зиёда аз 60 миллиард доллари ИМА хисорот мерасонанд, дар ҳоле ки хушксолӣ ва биёбоншавӣ ба сарчашмаҳои зиндагии беш аз як миллиард нафар таҳдид мекунад.
Фаромуш набояд кард, ки ҳифзи захираҳои об ва дастрасӣ ба он на танҳо барои нигоҳ доштани ҳаёт, балки барои таъмини рушди устувор ва пешгирӣ аз офатҳои табиӣ барои миллиардҳо нафар аҳамияти ҳаётан муҳим дорад
Таъсири об ва тағйирёбии иқлим ба саломатӣ ва ҳаёт низ бетаъсир нест. Норасоии оби тоза ва шароити нокифояи беҳдошт ҳамарӯза сабаби марги то 1 000 кӯдаки то 5-сола мегардад. Аз соли 2015 то 2024 дастрасӣ ба оби босифати нӯшокӣ то андозае беҳтар шудааст (аз 68% то тақрибан 74%), аммо ҳанӯз миллиардҳо нафар аз он баҳра намебаранд. Омилҳои асосӣ ин мушкилот афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии иқлим ва талаботи баланд дар кишоварзӣ ва саноат мебошанд. Аз рӯи таҳлилҳо танҳо 0,5 %-и оби рӯи Замин ҳамчун оби тозаи нӯшокӣ барои истеъмоли инсоният дастрас аст.
Тақрибан 71 %-и сатҳи Заминро об ташкил медиҳад, аммо қисми зиёди он барои истеъмоли инсонят дастрас нест. Қариб 97 фоизи тамоми оби рӯи Замин шӯр буда, дар уқёнусҳо ҷойгир аст ва танҳо ҳудуди 2,5 фоиз ба оби тоза рост меояд. Бо вуҷуди ин, бештари оби тоза дар захираҳои пиряхҳо, яхҳо ва захираҳои чуқури зеризаминӣ ҷойгир буда, барои истифодаи мустақим душвордастрас мебошад. Аз ин рӯ, танҳо як қисми хеле кам тақрибан 0,5 фоизи ҳаҷми умумии оби Замин ҳамчун оби тозаи нисбатан дастрас барои эҳтиёҷоти инсоният, аз ҷумла нӯшокӣ ва хоҷагидорӣ, истифода мешавад. Ин нишон медиҳад, ки захираҳои воқеан дастрасии оби нӯшокӣ ниҳоят маҳдуд буда, истифодаи оқилона ва ҳифзи онҳо аҳамияти ҳаётан муҳим дорад.
Аз 130 кишвари сабткунандаи омори об, танҳо 56% партови обҳои дар шароити хона истифодашавандаро тоза ва коркард мекунанд. Ҳол он ки сифати об барои пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ҳифзи муҳити зист нақши калидӣ дорад. Норасоӣ ва ифлосшавии захираҳои об дар замони муосир ба як хатари ҷиддии иқтисодӣ ва экологӣ табдил ёфтааст. Солҳои охир омори Созмони Милали Муттаҳид нишон медиҳад, ки вазъи об ва санитария ҳанӯз ҳам мушкил ва баҳснок боқӣ мондааст. Миллиардҳо нафар ба хизматрасониҳои зарурӣ дастрасӣ надоранд, ва барои расидан ба ҳадафҳои дар соли 2030 муқарраргардида бояд суръати пешрафт ба таври назаррас афзоиш ёбад. Дар ин замина, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» ба рушди дастрасӣ ба оби тоза ва беҳтар кардани сатҳи санитария ва идоракунии оби ҳаётан муҳим равона шудааст.
Тоҷикистон дар Осиёи Миёна, кишвари дорои бузури захираҳои обӣ маҳсуб гардида, ҳар сол дар қаламрави ҷумҳурӣ 64 миллиард метри мукааб об ташаккул меёбад, ки ин тақрибан 60% ҳаҷми оби дарёҳои минтақаро ташкил медиҳад. Масоҳати заминҳои обёришаванда дар Осиёи Миёна аз ибтидои асри XX, ки 2,5-3 миллион гектар буд, ба 8,5 миллион гектар афзоиш ёфтааст ва аҳолии минтақа аз 20 миллион нафар соли 1956 ба 65 миллион нафар имрӯз расидааст. Истеъмоли об дар минтақа аз 60 километри мукааб дар як сол ба 110 километри мукааб афзоиш ёфта, пешбинӣ мешавад, ки то соли 2030 тақрибан 20% бештар шавад.
Бо мақсади ҳалли ин мушкилот, Тоҷикистон тавассути ташаббусҳои байналмилалӣ, аз ҷумла эълони Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои рушди устувори истифодаи захираҳои об ва пешгирӣ аз мушкилоти об дар арсаи байналмилалӣ саҳми назаррас гузоштааст. Дар давраи солҳои 2005-2015, дар кишвар барои татбиқи лоиҳаҳои марбут ба об, тақрибан 1,648 миллиард доллари амрикоӣ маблағгузорӣ шуд, ки аз он 1,051 миллиард доллар барои дастрасӣ ба оби нӯшокӣ, 262 миллион доллар барои лоиҳаҳои беҳдоштӣ ва 335 миллион доллар барои обёрӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ равона гардидааст. Дар натиҷа, 1,5 миллион нафар шароити беҳтари дастрасӣ ба оби нӯшокӣ пайдо карданд. Ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ба рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва муҳити зист равона шуда, ҳамзамон мусоидат ба ҳамгироии давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ барои татбиқи барномаву лоиҳаҳои соҳаи об, тақвият додани иртиботи байналмилалӣ ва мубодилаи таҷрибаи беҳтарин дар самти об мебошад. Ин платформа имконияти ҷалби сармоя ва кӯмакҳои техникиро фароҳам оварда, барои рушди инфрасохтори об ва истифодаи самараноки захираҳои молиявӣ заминаи боэътимод мегузорад.
Бо назардошти ин, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ба ҷомеаи ҷаҳонӣ имконият медиҳад, ки ба самаранок истифода бурдани об аҳамияти аввалиндараҷа дода, сатҳи дастрасӣ ба оби тоза ва беҳбудии обёрӣ беҳтар шавад ва нақши Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ташаббускори барномаҳои обу иқлим мустаҳкам гардад.
Ҳамчунин, дар доираи иқдомҳои башардӯстона ва ҳамкории созандаи байналмилалӣ дар соҳаи об, бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ баргузор гардидаанд, ки дар пешбурди сиёсати ҷаҳонии об ва татбиқи Даҳсолаҳои байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» ва «Об барои рушди устувор» нақши муассир бозидаанд. Аз ҷумла, аз 8–10 июни соли 2010 дар Душанбе Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамуддати ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» баргузор гардид, ки масъалаҳои рушди барномаҳои обӣ дар давраи миёнамуддат мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Минбаъд, аз 20-21 августи соли 2013 Конференсияи ҷаҳонӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об доир гардида, зарурати таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалиро барои ҳалли мушкилоти марбут ба захираҳои об таъкид намуд. Дар идомаи ин раванд, аз 9-11 июни соли 2015 Конференсияи сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» баргузор гардида, дастовардҳои даҳсола ва самтҳои афзалиятноки минбаъдаи фаъолияти ҷаҳонӣ дар соҳаи об баррасӣ шуданд. Дар заминаи оғози Даҳсолаи нави СММ, аз 20-22 июни соли 2018 дар Душанбе Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018–2028 баргузор гардид, ки намояндагони зиёда аз 120 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалиро муттаҳид намуда, пешниҳодҳои мушаххасро ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои марбут ба об дар чорчӯбаи Ҳадафҳои рушди устувор ироа кард. Аз 6 то 9 июн соли 2022, Конференсияи дуюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» таҳти унвони «Тақвияти иқдомҳо ва ҳамкориҳо дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» баргузор шуда, ба таҳкими шарикӣ ва омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2023 замина гузошт. Дар идомаи ин раванд, аз 10-13 июни соли 2024 Конференсияи сеюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар доираи Раванди оби Душанбе баргузор гардида, ба баррасии пешрафтҳо пас аз Конфронси оби СММ-2023 ва татбиқи Нақшаи амалиёт оид ба об равона гардид.
Маҷмӯан, ин чорабиниҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи худро ҳамчун кишвари пешсаф дар ташаккули сиёсати глобалии об, таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва пешниҳоди роҳҳалҳои амалӣ барои ҳалли мушкилоти захираҳои обӣ боз ҳам тақвият бахшад.
Фирдавс Алиев - муовини директор оид ба илм ва таълимӣ
Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ
