Иҷлосияи XVI- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, дар таърихи навини кишвар ҳамчун рӯйдоди сарнавиштсоз пазируфта мешавад. Ин иҷлосия дар шароите баргузор шуд, ки давлати ҷавони тоҷикон дар як давраи буҳронии амиқи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва амниятӣ қарор дошт, сохторҳои идоракунӣ фурӯпошида, низоъҳои дохилӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ мубаддал гардида буданд ва хатари пурраи аз байн рафтани давлатдорӣ ба таври воқеӣ вуҷуд дошт. Дар чунин вазъияти бисёр ҳассос Иҷлосияи XVI- ум ҳамчун ягона минбари қонунӣ тавонист иродаи миллӣ, иқдоми сиёсӣ ва масъулияти давлатдориро ҷамъоварӣ намуда, ба самти барқарорсозии низоми идоракунӣ ва эҳёи ҳокимияти қонунӣ раҳнамои воқеӣ гардад. Ин иҷлосия дар худ аҳамияти таърихӣ дошт, зеро сарнавишти давлат, суботи ҷомеа ва ояндаи миллат маҳз дар ҳамин ҷаласаи тақдирсоз ҳаллу фасл гардид.
Дар Иҷлосияи XVI- уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи асосӣ интихоби роҳбари нави давлат буд, зеро идомаи беназмиҳо агар идома меёфтанд, кишвар аз идора баромада, ба марҳилаи парокандашавӣ мерасид. Дар чунин лаҳзаи муайянкунандаи таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки таҷрибаи корӣ, заковати сиёсӣ ва ҷаҳонбинии давлатдорӣ дошт, бо иродаи вакилони мардумӣ ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид. Интихоби ӯ на танҳо як қадами ташкилии парлумонӣ, балки оғози давраи нави муҳими давлатсозӣ гардид. Маҳз аз ҳамин иҷлосия марҳилаи эҳё ва устуворсозии давлатдории тоҷикон шуруъ шуд, ки дар маркази он шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари хирадманд, боирода ва ваҳдатофар қарор гирифт.
Хизматҳои Пешвои миллат дар марҳилаи пас аз иҷлосия бениҳоят бузург ва сарнавиштсоз мебошанд. Дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ ӯ пеш аз ҳама ба боздоштани хунрезӣ ва барқарор кардани сулҳ талош намуданд. Сиёсати сулҳҷӯёна, иродаи устувор ва нақши шахсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки музокироти сулҳ оғоз гардад, гурӯҳҳои даргир ба мубоҳисаи сиёсӣ ҷалб шаванд ва дар сатҳи байналмилалӣ Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳхоҳ муаррифӣ гардад. Сафарҳои пайдарпайи ӯ ба кишварҳои хориҷӣ, мулоқотҳо бо сарварони давлатҳо ва намояндагони созмонҳои ҷаҳонӣ ба ин раванд неруи тоза бахшид. Дар натиҷа, пас аз чанд соли кӯшишҳои пайгирона Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки яке аз дастовардҳои беназири таърихӣ буда, дар минтақа намунаи барҷаста ба шумор меравад.
Пешвои миллат на танҳо сулҳро барқарор намуд, балки ба эҳёи низоми давлатдорӣ асос гузошт. Дар заминаи сиёсати оқилона ва талошҳои пайвастаи ӯ сохторҳои идории давлат аз нав эҳё шуданд, ташкилотҳои низомию ҳуқуқӣ фаъолиятро барқарор намуданд, механизми амнияти миллӣ мукаммал гардид ва барқарорсозии иқтидорҳои иқтисодӣ оғоз шуд. Маҳз бо иқдоми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 қабул гардид, ки пояи ҳуқуқӣ ва арзишии давлатдории навинро муайян кард. Ин Конститутсия ба тамоми соҳаҳо – ҳуқуқ, идоракунӣ, иқтисод, сиёсати хориҷӣ ва иҷтимоъ – такони ҷиддӣ бахшид ва Тоҷикистонро ба самти давлатдории демократӣ ва ҳуқуқбунёд равона сохт.
Дар баробари ин, Пешвои миллат ба масъалаи барқарорсозии зиндагии шаҳрвандон, бозгардонии гурезагон ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ таваҷҷуҳи махсус дод. Бо талошҳои ӯ садҳо ҳазор гурезагон ба ватан баргардонда шуданд, хонаҳои харобгардида барқарор гардиданд ва оҳиста-оҳиста фаъолияти мактабҳо, беморхонаҳо, инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ эҳё ёфт. Ин раванд барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва ба фазои ором баргардондани ҷомеа нақши ҳалкунанда бозид.
Аз нуқтаи назари иқтисодӣ, саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии иқтисоди миллӣ ва таъсиси асосҳои рушди дарозмуддат асосӣ ба ҳисоб меравад. Дар давраи душвори пасоҷангӣ, ки буҷет холӣ, корхонаҳо аз фаъолият монда ва инфрасохтор хароб буд, бо роҳбарии ӯ барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ қабул гардиданд, муносибатҳои нави бозорӣ ба роҳ монда шуданд ва Тоҷикистон ба марҳилаи рушди устувор қадам гузошт. Ҳамчунин, бо дастгирии ӯ лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, аз ҷумла роҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо, пулҳо ва иншооти гидроэнергетикӣ амалишавӣ ёфтанд, ки кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намуданд.
Аз ҷиҳати сиёсати хориҷӣ, Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат сиёсати мутавозин ва ҳушмандонаро пеш бурд. Солҳои аввали истиқлол кишвар дар арсаи байналмилалӣ шинохти кофӣ надошт, аммо талошҳои пайвастаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мустаҳкам кардани робитаҳо бо кишварҳои ҳамсоя, давлатҳои абарқудрат ва созмонҳои байналмилалӣ имкон дод, ки мавқеи сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳонӣ таҳким ёбад. Ин сиёсати мутавозин имрӯз Тоҷикистонро ҳамчун иштирокчии фаъоли равандҳои минтақавию байналмилалӣ нишон медиҳад.
Бар асоси ин ҳама далелҳо метавон гуфт, ки Иҷлосияи XVI- уми Шӯрои Олӣ нуқтаи ибтидоии давлати навини тоҷикон гардид. Ин иҷлосия на танҳо сохторҳои давлатиро эҳё кард, балки ба миллат умед, ба ҷомеа оромӣ ва ба давлат роҳе барои рушди минбаъда бахшид. Ҳамаи ин натиҷаҳо бо роҳбарии хирадмандона ва хизматҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир шуданд, ки бо иродаи сиёсӣ, ҷасорати давлатӣ ва диди дурбинона тавонистанд сарнавишти миллатро аз буҳрони ҳалокатбор ба сӯи ояндаи орому босаодат равона созанд. Иҷлосияи XVI- уми Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун рамзи эҳёи давлатдорӣ, сарчашмаи ваҳдати миллӣ ва заминаи устувори бунёди давлати муосири тоҷикон шинохта мешавад.
Саидов А. - Ходими хурди илмии Шӯъбаи география ва зондкунонии Раёсати АМИТ
