Ба Истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -16 ноябр
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун роҳбари ташаббускор ва нақшгузор дар ҳалли мушкилоти глобалӣ эътироф шудаанд. Маҳз бо шарофати сиёсати муваффақонаву бороварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад. Президенти кишвар зимни суханрониҳои худ масъалаҳои гуногуни аҳамияти глобалӣ дошта, алалхусус, пешгирӣ аз терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, баҳси кишварҳо барои обҳои байналмилалӣ, таъмини устувории ҳифзи муҳити зист, афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии иқлим, густариши бемориҳои сирояткунанда ва ғайраро баррасӣ карда, ҷомеаи ҷаҳониро барои раҳои ёфтан аз проблемаҳои замони муосир ва ҳалли ин мушкилот даъват менамоянд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Пешвои сиёсии аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда ва бонуфузи глобалӣ буда, на танҳо дар муайян кардани рӯзномаи сиёсати байналмилалӣ, балки барои ҳалли масъалаҳои доғи глобалӣ қодир ҳастанд. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, ки соли 2017 ба давлати мо сафар намуда, ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дод.
Алалхусус, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти афзун гардидани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои об ва муҳиммияти захираҳои обӣ барои ноил гардидан ба рушди устувор масъалаҳоро вобаста ба об дар рӯзномаи ҷаҳонӣ тавсеа мебахшанд. Ташаббусҳои мазкури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати эҷоди заминаи устувор барои ҳамоҳангсозӣ ва ҳавасмандгардонии талошҳо ба мақсади ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба мудирияти маъалаҳои об роҳандозӣ шудааст.
Бешубҳа, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назари худро на танҳо доир ба ҳалли мушкилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ба ҳалли мушкилотҳои тамоми сайёра баён менамояд.
Мавриди зикр аст, ки ҳуқуқи истифодаи обро ҳамчун сарвати табиӣ ва истифодаи онро барои рушди ҳаёти иқтисодӣ, истифодаи он барои коркарди нерўи барқ, хоҷагии қишлоқ ва ҳифзи он дар сатҳи зарурӣ барои ҳаёт масъалаҳои глобалӣ буд, ки маҳз тавассути Роҳбари давлати мо ба сатҳи масоили байналмилалӣ бароварда шуд. Албатта, манфиат аз он танҳо барои миллат ва давлати мо не, балки барои кулли инсоният буд ва мемонад. Зеро ҳаёти инсонӣ он дараҷае, ки ба об вобаста аст, он миқдор ба дигар неъматҳои табиӣ ва маънавӣ тавъам нест, вале бинобар омилҳои мухталиф шинохт ва ҳифзи ин неъмат аз назарҳо дур монда буд.
Бояд гуфт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузурге мебошанд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ вобаста ба об татбиқ гардидааст:
1. Соли 2003 – Соли байналмилалии оби тоза, ки дар сессияи 55-ум бо Қарори Ассамблеяи Генералии СММ аз 20 декабри соли 2000 таҳти №55/196 қабул гардидааст.
2. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, ки дар сессияи 58‐ум бо Қарори Ассамблеяи Генералии СММ аз 23 декабри соли 2003 таҳти №58/217 қабул гардидааст.
3. Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об – 2013, ки дар сессияи 65-ум бо Қарори Ассамблеяи Генералии СММ аз 20 декабри соли 2010 таҳти 65/154 қабул гардидааст.
4. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки дар сессияи 71-ум бо Қарордоди Ассамблеяи Генералии СММ аз 21 декабри соли 2016 қабул гардидааст.
Дарвоқеъ, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаи об, стратег ва дурандеш будани Роҳбари давлати моро дар сатҳи байналмилалӣ комилан собит сохт. Президенти кишвар масъалаҳои дохилии давлати Тоҷикистонро ҳамчун имконҳои табиии кишвар то сатҳои байналмилалӣ бароварда, ҷиҳати истифодаи самараноки онҳо дар олам ва Тоҷикистон пешниҳодҳои судманд намуда, диққати созмонҳои байналмилалӣ ва сармояи хориҷиро ба кишвар ҷалб намуданд. Масъалаҳои самаранок истифодаи ин сарвати бебаҳо ҳал гардиду ҳам проблемаи ҷидии экологии ҷаҳон рў ба беҳбудӣ овард.
Дар баробари ин, моҳи декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ Қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, якдилона қабул кард.
Ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро 153 давлати узви ин созмон ҷонибдорӣ намуд. Қабули чунин як қатъномаи барои ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ муҳиму муфид мояи ифтихору сарфарозии ҳамаи тоҷикони ҷаҳон гардид.
Дар асоси ин Қатънома, 21 март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардид ва қарори дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе низ ба тасвиб расид. Ин ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои инсоният ва сайёраи мо воқеан, аҳамияти бузург дорад, зеро он ба ҳифзи табиат ва захираҳои обӣ, дар маҷмӯъ ба ҳифзи ҳаёти инсоният дар сайёраи мо равона шудааст.
Тавре маълум аст, ҳар як ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои ҳимояи давлату миллати тоҷик, балки барои ҳифзи арзишҳои умумиинсонӣ нигаронида шудаанд. Ташаббусҳои оламшумули Сарвари давлат ва мақсаду мароми некашон аст, ки мардуми тоҷик дар арсаи ҷаҳон ҳамчун як миллати бузурги соҳибандеша шинохта шуд.
Дар баробарӣ ин, Сарвари давлат аз минбари баланди СММ пешниҳодҳои зиёде вобаста ба эҳёи арзишҳои миллӣ кардаанд, ки он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ пайдо намуданд. Аз ҷумла, 19 феврали соли 2010 Маҷмаи умумии СММ бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳое, ки “Иди Наврӯз”- ро ҷашн мегиранд қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд. Иди Наврӯз соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид. Баъдан, дигар арзишҳои фарҳангӣ, аз қабили таом ва либосҳои миллӣ, ёдгориҳои таърихии мо ба феҳристи ЮНЕСКО ворид гардид, ки ифтихори ҳар як сокини кишвар аст.
Бояд қайд намуд, ки зеҳни сунъӣ имрӯз яке аз муҳимтарин технологияҳо ба шумор меравад, ки метавонад роҳи рушди кишварҳоро куллан тағйир диҳад. Дар Осиёи Марказӣ, ки дорои захираҳои табиӣ ва имконоти бузург барои ҷиҳати рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, татбиқи технологияи зеҳни сунъӣ метавонад ба рушди устувор ва рақобатпазирии минтақа ёрӣ расонад. Дар ин замина, қатъномаи махсусе, ки бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, ба таҳкими иқдомҳо ва ҳамоҳангсозии механизмҳои татбиқи зеҳни сунъӣ бо ҳадафи ноил шудан ба натиҷаҳои равшан дар минтақа равона карда шудааст.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки ташаббуси мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ 24 сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд ва аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» аз 25 июли 2025, қабул шуд. Махсусан дар шароити ҷаҳони пуртаҳаввул ва рӯзафзуни рақобатпазир, татбиқи барномаву алгоритмҳои дақиқу инноватсионӣ зарур аст. Маҳз зеҳни сунъӣ ҳамчун маҷмуи абзору имкониятҳои рақамӣ метавонад воситаи татбиқи лоиҳаҳо ва сиёсати устувори рушди иҷтимоию иқтисодӣ гардад.
Воқеан ҳам маҳз дар заминаи ташаббусҳои байналмилалии аҳамияти глобалидоштаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки имрӯз шаҳри Душанбе ва дигар манотиқи Тоҷикистон макони баргузории ҳамоишҳои гуногуни байналмилалию минтақавӣ қарор гирифтааст. Ин худ нишонаи истиқрори тадриҷии вазъ, эътироф ва эҳтироми сиёсати давлатдории роҳбарияти давлат мебошад.
Тавре маълум аст, Президенти кишвар барои ҳалли буҳрони сиёсии Афғонистон низ ҳамеша кушиш менамояд. Хусусан, дар ироаи Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: “Мо чи аз тариқи минбарҳои байналмилалӣ ва чи дар доираи гуфтушунидҳо бо роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ пайваста даъват ба амал меорем, ки ба қазияи Афғонистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Мо кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистони дӯст ва ҷомеаи ҷаҳонро ҷиҳати роҳандозӣ намудани раванди музокироти сулҳ дар кишвар, ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии он ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунем ва бори дигар изҳор медорем, ки қазияи Афғонистон танҳо роҳи ҳалли низомӣ надорад” .
Хатарҳои вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ, даҳшатангезию ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории трансмиллӣ, офатҳои табииву техногенӣ ва мавқеъгириву таъсиррасонии на ҳама вақт мусбии абарқудратон барои Осиёи Марказӣ возеҳанд, зеро ин минтақа дорои сарватҳои бузурги ҳаётан муҳими иқтисодӣ ва мавқеи геостратегию геополитикӣ мебошад. Табиист, ки қудратҳои асосии ҷаҳонӣ барои ҳузур ва таъмини нақши худ дар минтақаи мо талош доранд. Мо бояд дар паҳлуи давлату ҳукумати худ бошем ва дастгири ташаббусҳои Пешвои муаззами миллати худ бошем. Ҳар ташаббуси Роҳбари давлат инъикоскунандаи манфиати ҳаётии кишвар ва ҷомеаи мост.
Роҳбари давлат бо дарки эҳсоси мушкилиҳои ҷойдоштаи дохиливу давлатӣ тавонистанд бо роҳи эътирофи байналмилал ин норасоиро бартараф намуда, аз як ҷониб сатҳи сиёсати мувозинати оламро ба ин неъмати бебаҳо, ки аз дигар сарватҳои табиӣ барои инсон қимматтару муқаддастар аст, арҷгузорӣ намуда, аз ҷониби дигар ҳалли масоили ҳалталаби ватани азизи худро осон намуданд. Ин корро танҳо сиёсатмадори дурандеш ва нухбаи сиёсати ҷаҳонӣ қодир аст. Зеро бо сатҳ, бузургӣ ва мақоми давлати мо дар байни кишварҳои ҷаҳонӣ роҳи ягонаи ҳалли масъала маҳз тавассути ҷалби назари ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон дошт. Ин сиёсат идома дорад, мо албатта, натиҷаҳои онро дар ояндаи наздик эҳсос хоҳем кард.
Дар маҷмӯъ, таҳия ва татбиқи усуливу пайгиронаи стратегияи ҳамаҷониба асоснок ва санҷидаи байналмилалӣ бо дарназардошти ҳадафҳо ва манфиатҳои олии кишвар, ҳамчунин ҳамоҳанг сохтану омезиш додани онҳо бо ниёзҳо ва манфиатҳои глобалӣ сабабгори узви мустақил, фаъол, ташаббускор ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
ҚОДИРОВА Зулайхо, ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
МАНБАЪИ ИСТИФОДАШУДА:
1. Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ https:ovardani-imkonoti-navin-baroi-rushdi-ustuvor-dar-osiyoi-markaz%D3%A3/ (санаи муроҷиат 11.10.2025)
2. Саидова Ф.С. Санъати суханварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши он дар таъмини ваҳдат ва суботи ҷомеа//Маҷалаи академии ҳуқуқ. - 2019,№4.
3. Паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олӣ.27.12.2017.
4. Ҳайдарзода Р. Ҷ. “Геостратегия ва геополитикаи Президенти Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ”. //Маҷаллаи «Осиё ва Аврупо»- №3 (19) -2024.-С.12.
5. Ҳайдарзода Р.Ҷ. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – ташаббускори ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи глобалӣ https://www.osiyoavrupo.tj/tg/post/prezidenti-um-urii-to-ikiston-emomal-ra-mon-tashabbuskori-ifzi-piryah-o-dar-sat-i-global (санаи муроҷиат 11.10.2025.)
