Skip to main content

АСОСӢ

  • МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
    ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
    БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
    МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
    Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
    академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
    зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт.
  • МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
    ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
    “САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ”
  • ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
    АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
    САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
  • БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
    ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
    МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
    ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
    ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
    ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
    МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
    ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
    НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
    ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
    15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
    ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
    КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ.
  • РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
    ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
    АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)
ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимии тоҷикон буда, чун Наврӯзу Сада дар пояи тақвимҳои нуҷумиву мардумӣ ва мавсими фарорасӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд, вале моҳиятан онҳо гардиши солро муштаракан ифода менамоянд. Наврӯз ҷашни шурӯи сол буда, эътидоли баҳориро дар бар мегирад. Аммо Меҳргон фарогири эътидоли тирамоҳӣ маҳсуб меёбад. Ба ибораи дигар агар Наврӯз фарорасии сол бошаду аз оғози соли Нав, оғози корҳои баҳории деҳқон ҳикоят кунад, Меҳргон фурӯравии он (сол) буда, дар якҷоягӣ як соли пурраи кишоварзиро ташкил медиҳанд. Тақсими сол ба ду давраи баробар ва дар ду нуқтаи мушаххаси эътидоли баҳориву тирамоҳӣ дар боварҳои омиёнаи мардуми тоҷику форсу афғон ва соири кишварҳои ҳамҷавори онҳо ҳануз аз замонҳои қадим вуҷуд дошт.

Оид ба қадимӣ будани ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Сада ҳаминро бояд зикр намуд, ки решаи ин ҷашнҳо аз замони асотирӣ об хӯрда, Наврӯз ба нахустин фармонравои асотирӣ Ҷамшед ва Меҳргон ба аввалин шаҳриёри ҳамосавӣ- Фаридун ва Садаро ба Ҳурмузу Ҳушанг нисбат медиҳанд. Ҳанӯз аз даврони куҳан маълум гардидааст, ки дар таҷлили ҷашни Меҳргон нақши асосиро Фаридун бозида, тибқи андешаи ағлаби пажуҳишгарон Меҳргонро Фаридун ҷорӣ намудааст.Мутобиқ ба маълумоти муаррих Табарӣ, мардум пирӯзии Фаридун бар Заҳҳокро, ки зимоми ҳукуматро баъд аз худкомагӣ ва даъвои Худоӣ кардани Ҷамшед ба даст гирифта буд, як воқеаи бузурги таърихӣ ва иҷтимоӣ шуморида, онро ҷашн гирифтанд ва чунин ҷашн дар моҳи “Меҳр” ва рӯзи “Меҳр” мувофиқ омад. Аз ҳамин сабаб, онро ҷашни “Меҳргон” номиданд. Албатта ин устура буда, ишора ба ҳодисаҳое мекунад, ки дар он Фаридун дар набард бо Заҳҳок аз абзори наве бо номи”гурзи говсар” ва “Дирафши ковёнӣ” истифода бурдааст. Пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок дар айни ҳол пирӯзии ӯ бар табиат низ ҳисобида мешавад, зеро вай намояндаи қудрату шукӯҳи шоҳ буда, паҳлавонию пирӯзмандии ӯ ҷанбаи нерӯи хуршедиашро намоиш медиҳад.

Дар доираи сарчашмаҳои таърихӣ ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Сада бештар ба кишоварзону барзгарон тааллуқ дошта, аксарияти мардуми бумӣ ё таҳҷойӣ дар он давраҳои таърихӣ ба кишоварзӣ ва чорводорӣ машғул буданд. Агар Наврӯз оғози рӯзи Нав, оғози кишту кори деҳқон бошад, Меҳргон мавсими ҷамъоварии самараи барзгарон-деҳқонон, бардошти ҳосили зироатҳо ва омодагии замин барои кишти оянда дар аввали фасли зимистон мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷашни Меҳргон чунин изҳори назар кардаанд: “Воқеан, Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёнажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд”.

Воқеан ҳам Меҳргон баъд аз Наврӯз дуюмин ҷашни бузурги миллӣ буда, фурӯғмандтарин ва куҳантарин намоди суннати қадимии фарҳанги ориёӣ ба шумор меравад. Ин ҷашн Ҷашни ҳар сол рӯзи даҳуми моҳи Меҳр, баробар ба дуюми октябр бо шукуҳу шаҳомати хосае таҷлил мегардад. Меҳргон низ чун Наврӯз суфраи хоси хешро дошт. Фарқ дар он аст, ки хони наврӯзӣ бо маводҳое зиннат дода мешуд, ки ҳарфи аввалашон аз “шин” ё “син” иборат буд ва бо номи “ҳафтсин” ё “ҳафтшин” ёд мешуд. Аммо дар хони меҳргонӣ, ки назди шоҳон густарда мешуд, анвои гуногуни хӯришҳо, ҳубобот, меваҷот ва ғайраро мечиданд. Одатан дар мобайни суфра нон мегузоштанд, ки онро “дорун” меномиданд ва он аз орди ҳафт намуди донаҳои ордкардашуда пухта мешуд. Навъҳои гуногуни меваҳои фасл, гулу райҳон, мурғи пухта, шароб, ойина, сурмадон, анвои гуногуни шарбат, ширинӣ, шохаи сабзи дарахти зайтун, биҳӣ, анор, шакару сикка ва ғайраҳо суфраи меҳргониро оро медоданд. Баъд аз зуҳури дини Зардушт дар кишварҳои эронитабор дар хони меҳргонӣ китоби муқаддаси зардуштиён-Авесто низ изофа гардид.

Омӯзши сарчашмаҳои таърихӣ оид ба ҷашни Меҳргон моро ба хулосае водор месозад, ки аслан Меҳргон ҷашни пайвандгари аҳду паймон, дӯстиву рафоқату меҳр ба инсон буда, ҷашни ҷамъоварии ҳосил ва натиҷаи заҳмати пурбор мебошад. Ҷашни Меҳргон аз ҷумлаи ҷашнҳои бошукуҳи мардуми ориётабор буда, аз замонҳои қадим ба мо мерос монда, гузаштагон онро бо тамоми ҷузъиёташ таҷлил мекарданд. Аммо бо мурури замон ин ҷашни мардумию миллӣ аз ёдҳо рафта, муддатҳои тулонӣ дигар таҷлил намешуд. Гоҳ-гоҳе ҳангоми ҳосилғундорӣ аз он ёд мекарданд. Бо шарофати итиқлолияти давлатӣ ва бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон на танҳо иду ҷашнҳои миллӣ, балки маросимҳои гуногуни мардумӣ аз нав эҳё гардида, барои дар сатҳи баланд таҷлил кардани онҳо шароити мусоид фароҳам омад.

Дар фароварди сухан мехостам, ҷашни қадимии ниёгони пурифтихорамонро ба тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистон табрик намоям.

Холназаров Назар, - ходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои босуръат рушдёбандаи иқтисоди ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, дар ғанӣ гардондани буҷети миллӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ нақши муҳим мебозад. Ин соҳа на танҳо ҳамчун манбаи даромади мустақим, балки ҳамчун омили рушди инфрасохтор, хизматрасонии иҷтимоӣ ва таблиғи фарҳангу тамаддуни миллӣ баромад мекунад. Дар аксар кишварҳои ҷаҳон, бахусус давлатҳои рӯ ба рушд, сайёҳӣ ба яке аз сарчашмаҳои асосии даромад табдил ёфтааст. Масалан, дар кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Аврупои Ҷанубӣ ҳиссаи сайёҳӣ дар ММД то ба 10–15% мерасад. Ин нишон медиҳад, ки бо истифодаи самараноки иқтидори сайёҳӣ, кишварҳо метавонанд иқтисоди миллии худро тақвият диҳанд.

Тавассути рушди сайёҳӣ, дар бахшҳои нақлиёт, меҳмонхонаҳо, хӯрока ва ҳунарҳои мардумӣ ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд. Ин ба коҳиши сатҳи бекорӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад. Ҳамзамон, воридоти асъори хориҷӣ ва афзоиши сармоягузориҳо ба соҳаи сайёҳӣ, буҷаи давлат ва иқтисоди миллиро тақвият мебахшанд.

Сайёҳӣ ҳамчун муҳаррики муҳими иқтисодиёт буда, дар самтҳои гуногун таъсири мусбат расонида, имкониятҳои нави рушдро фароҳам меорад. Бо назардошти захираҳои мавҷуда ва ташаккули инфрасохтори муосир, рушди босуботи сайёҳӣ метавонад ба як омили калидии пешрафти иқтисоди миллӣ табдил ёбад. Аз ин рӯ, эҷоди шароити муносиб барои пешбурди соҳаи сайёҳӣ ва такмил додани сиёсати давлатӣ дар идоракунии ин бахш яке аз афзалиятҳои муҳимтарини сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Имрӯзҳо дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ҳамзамон рушди сайёҳӣ тадбирҳои назаррас андешида мешаванд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйироти босуръати иҷтимоӣ, зарурияти рушди сайёҳӣ беш аз ҳар вақти дигар эҳсос мешавад.

Якум, сайёҳӣ воситаи муҳими беҳдошти рӯҳию ҷисмонии инсон мебошад. Дар замони муосир сафар ва истироҳат ба одамон имкони барқарор кардани нерӯи рӯҳиву равонӣ медиҳад. Аз ин рӯ, сайёҳӣ ҳамчун як ҷузъи тарзи ҳаёти солим зарур аст.

Дуюм, сайёҳӣ омили муҳим дар шинохти миллатҳо ва фарҳангҳои гуногун мебошад. Меҳмононе, ки ба як кишвар сафар мекунанд, бо урфу одат, таърих, забон ва расму оини он шинос шуда, ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ мусоидат менамоянд. Ин омил махсусан дар ҷаҳони пур аз низоъҳои фарҳангӣ ва нажодӣ аҳаммияти муҳим дорад.

Дар қаламрави Тоҷикистон миқдори зиёди ҷойҳои тамошобоб мавҷуданд, ки таваҷҷуҳи сайёҳонро аз хориҷи дуру наздик ба худ ҷалб менамоянд. Дар ин самт Тоҷикистон барномаи стратегии рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва хизматрасонии сайёҳиро татбиқ менамояд. Аз ҷумла, барои рушди сайёҳии экологӣ, беҳдошти шароити истироҳат дар кӯҳсор имконоти кофӣ мавҷуд аст. Баъзе дарёҳо дар айёми тобистон барои рафтинг хеле мусоид мебошанд.

Дар ниҳоят, бо назардошти тағйирёбии иқлим, зарурати рушди сайёҳии экологӣ ва устувор низ пеш омадааст, ки метавонад ҳамзамон бо ҳифзи муҳити зист, манфиати иқтисодиро низ таъмин намояд. Бо назардошти ҳамаи ин омилҳо, сайёҳӣ ҳамчун соҳа ва тарзи ҳаёт зарурати ҷудонашавандаи ҷомеаи муосир ба шумор меравад ва бояд дар сиёсати иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳар як кишвар мақоми хосса дошта бошад.

Баъди ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон низоми сустинкишофёфтаи соҳаи сайёҳиро ба мерос гирифт, ки он ба талаботи иқтисоди бозорӣ ҷавобгӯ набуд. Дар давраи шӯравӣ дар Тоҷикистон аз соли 1929 ҷамъияти сайёҳии пролетарӣ вуҷуд дошт ва ҳамон сол ҷамъияти сайёҳии хориҷӣ бо номи «Интурист» ташкил шуда буд. Дар давари шӯравӣ аз рӯйи хислати хизматрасонӣ дар байни 24 давлати аъзои Созмони умумиҷаҳонии туристӣ Тоҷикистон дар ҷойи 20-ум қарор дошт. Ин рақам аз он шаҳодат медиҳад, ки геокомплексҳои минтақа самаранок истифода намешуданд. Ҳоло аз рӯйи нишондиҳандаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 900 геокомплексҳо вуҷуд дорад.

Пас аз истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ дигаргуниҳо ба амал омада бошад ҳам, аз сабаби мавҷуд набудани заминаи моддию техникӣ ширкатҳои сайёҳӣ фаъолияти босамар карда натавонистанд. Ҳамзамон бо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ солҳои 1992-1997 сайёҳӣ рушд накард. Новобаста аз ин, дар ин марҳила як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи сайёҳӣ ба тасвиб расиданд. Ҳанӯз Шӯрои Вазирони Тоҷикистон 1 марти соли 1990 «Оиди бозсозии ташкили иқтисоди сайёҳии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оиди ташкил намудани ассотсиатсияи сайёҳии Тоҷикистон», 4 феврали соли 1994 «Оиди тартиботи пешниҳод кардани ҳуқуқ ва суъбектҳои хоҷагӣ оиди шуғли сайёҳии хориҷӣ ва ба тартибоварии ҳуҷҷатҳои раводид» қарор қабул намуд. Ҳамчунин 4 майи соли 1997, таҳти рақами 183 «Оиди додани иморат воқеъ дар кӯчаи Пушкин 14, ба мувозинаи ширкати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди сайёҳӣ» интишор шуд, ки дастовардҳои аввалин дар роҳи расидан ба рушди соҳаи сайёҳии кишвар ба ҳисоб меравад.

Марҳилаи дуюми рушди кишвар пас аз хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ аз соли 1998 оғоз мегардад ва ин марҳиларо «давраи тиллоии сайёҳии тоҷик» метавон унвон кард. Ба андешаи Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии туристӣ Толиб Рифоҳӣ Тоҷикистон «Шветсарияи Осиёи Марказӣ» аст.

Ҳукумати ҷумҳурӣ ба тадриҷ барномаҳои махсуси соҳавиро қабул ва мавриди амал қарор дод. Аз ҷумла, чорабиниҳои мушаххас дар доираи иҷрои “Консепсияи миллии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2009-2019”, “Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2014” ва “Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017” татбиқ карда шуданд.

Аз нигоҳи рушди соҳаи сайёҳӣ дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои беҳтарин имконият мебошад. Дар асоси хулосаи шабакаҳои ҷаҳонӣ ва сомонаҳо, аз ҷумла «ВВС» (Британияи Кабир, соли 2012) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи 10 кишвари барои сайёҳӣ мувофиқ дониста шудааст. Инчунин, соли 2014 сомонаи интернетии «Globe Spots» Тоҷикистонро дар қатори кишварҳои даҳгонаи ҷолиб барои турзим шомил намуда буд. Ҳамзамон табиат ва роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби маҷаллаҳои ТОП-100 (с. 2015) ва «National Geographic» (с.2016) дар қатори 10 кишвари ҷаҳон беҳтарин дониста шуда, соли 2016 СУТ-и СММ Тоҷикистонро дуюмин кишвари дар ҳоли рушди сайёҳӣ қарордошта унвон кардааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 чунин таъкид намуданд: “Баланд бардоштани сатҳу сифати ҳамаи намудҳои хизматрасонӣ ва тараққиёти соҳаи сайёҳӣ самти дигари пешрафти ояндаи иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар мебошад. Рушди бахши сайёҳӣ барои ташкили ҷойҳои кории нав ва инкишофи истеҳсолот мусоидат мекунад, зеро бахши сайёҳӣ имконияти хуби фаъолияти соҳибкорӣ барои ҳар як шахси ташаббускор мебошад. Мувофиқи таҳлилҳо амалӣ намудани ислоҳот имкон медиҳад, ки саҳми соҳаи сайёҳӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар то соли 2020 то ба 5 фоиз ва саҳми ғайримустақими он барои рушди соҳаҳои дигари иқтисодиёт то 15 фоиз расонида шавад.

Чунин изҳорот нишон медиҳад, ки ҳукумат ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби сармоягузориҳо ва мусоидат ба фаъолияти соҳибкорӣ дар ин самт аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад. Ҳадафи расидан ба саҳми 5%-и соҳаи сайёҳӣ дар ММД то соли 2020 ва таъсири ғайримустақими он ба 15% нишонаи барномаи мушаххаси стратегӣ барои рушди устувори иқтисодиёт буд. Инчунин, таъкид ба имкониятҳои соҳибкорӣ барои шахсони ташаббускор аз сиёсати ҳавасмандгардонии навоварӣ ва иштироки фаъоли аҳолӣ дар рушди иқтисодӣ дарак медиҳад.

Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми 22 декабри соли 2016 қайд намуда буданд, ки «ҷиҳати босуръат тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ дар кишвар зарур аст, ки воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозию гумрукӣ, инчунин, ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шаванд». Дар ин замина, барои тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ воридоти маводу таҷҳизоти сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохти андозиву гумрукӣ озод карда шудаанд. Ҳамзамон ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолият аз пардохти андоз аз фоида озод мебошанд.

Бо мақсади инкишофи соҳаи сайёҳӣ соли 2017 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки мақомоти иҷроияи ваколатдор барои, таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ мебошад ва вазифаҳои худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти иҷроия, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷонибҳои манфиатдор аз бахши хусусӣ ба роҳ мемонад.

Имрӯзҳо кумита дар фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти босамар дар соҳаи сайёҳӣ, рушди сайёҳӣ ва инфрасохтор, захираҳои сайёҳии ҷумҳурӣ дар бозорҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, беҳсозии сифати хизматрасонӣ, дастгирии саёҳати дохиливу хориҷӣ ва ҷалби сармоя кӯшиш ба харҷ медиҳад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сайёҳии экологӣ дар парваришгоҳи табии давлатии «Алмосӣ», ки дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ҷойгир шудааст, боғи таърихӣ - фарҳангии «Ширкент» дар ноҳияи Турсунзода ва бошишгоҳи давлатӣ - табии «Ромит», ки дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор воқеъ аст, ташкил карда шудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сайёҳони хориҷӣ низоми раводиди электронӣ ҷорӣ карда шуда, минтақаҳои сайёҳӣ ва инфрасохтори зарурӣ таъсис дода шудааст. Як қатор ширкатҳои туристӣ: «Помир -ОМ», «Помир Пикс», «Артуч», «Боми ҷаҳон тур», «Сайру саёҳати кӯҳӣ», «Гиди Помир», ҶДММ «Ҷавоҳир», «Атлас Травел», «Сарез Тревел», «Саёҳатҳои кӯҳии Помир», ҶДММ «Диана ва Т», «Зурмич», «Олами саёҳат», ҶДММ «Кӯҳандиз», ҶДММ «М.Тур», ҶДММ «Магнум», ҶДММ «Авант-тур», ҶДММ «Ганҷина», ҶДММ «Ориент Адвентур», «Ором Тревел», ҶДММ «Панҷакент Интур», ҶДММ «Роҳат Тур», ҶДММ «Тоҷикистон Тревел», ҶДММ «Бадахшон Тревел» ва ғайра дар самти вусъат додани рушди соҳаи сайёҳӣ фаъолияти босамар доранд.

Барои шаҳрвандони зиёда аз 80 кишвари дунё низоми раводиди электронӣ ҷорӣ карда шуда, шумораи сайёҳон дар чанд соли охир ду баробар (аз 207 то 414 ҳазор нафар) зиёд гардидааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ, ки мехоҳанд бо ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд, хеле зиёд аст. Дар ин замина Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ширкатҳои ватаниро таъкид менамояд, ки бо ҳамтоёни худ ба таври зарурӣ ҳамкорӣ намоянд. Нақши ширкатҳои хориҷӣ дар зиёд гардидани ҷаҳонгардон ба кишвари мо хеле муҳим аст, зеро онҳо сайёҳонро ба давлатҳо ҷалб менамоянд. Аз ин рӯ барои зиёд гардидани шумораи сайёҳон дар ҷумҳурӣ ба фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ аз ҷониби кумита таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода мешавад.

Соли 2017 Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рӯйи рақобатпазрӣ дар соҳаи сайёҳӣ, дар миёни 136 кишвар дар ҷойи 107 нишон дод. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амният, тандурустӣ ва беҳдошт аз 7 холи дастрас соҳиби 5,7 хол гардид, ки нишондиҳандаи назаррас аст. Ҷолиби диққат аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳое, ки дар давоми як сол ҷаҳиши беҳтарини сайёҳӣ нишон доданд, алоҳида қайд шудааст. Дар ин рӯйхат Тоҷикистон, пас аз Ҷопон ва Озарбойҷон дар зинаи сеюм қарор гирифт.

Ҳамасола Тоҷикистонро ду намуди сайёҳон дидан мекунанд.

Якум, одатан сайёҳоне, ки бе кӯмаки операторони сайёҳӣ ба саросари кишвар сафар мекунанд. Аксар вақт инҳо сайёҳони пиёдагард, ба ном «боркашҳо» ва сайёҳоне, ки диққати онҳоро Помир ва кӯҳҳои Фон ба худ ҷалб мекунад.

Гуруҳи дуюм сайёҳоне мебошанд, ки тариқи операторҳои туристӣ ба Тоҷикистон барои дидани мероси таърихиву фарҳангӣ: Саразм, қалъаи Ҳисор, Аҷинатеппа, Ҳулбук, Ямчун ва ғайра сафар мекунанд.

Теъдоди сайёҳони хориҷӣ дар соли 2019 ба Тоҷикистон 1 миллиону 257 ҳазору 300 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018 21,6% (ё 219,7 ҳазор нафар) зиёд мебошад. Дар соли 2019 даромади сайёҳӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз фурӯши чиптаҳо 267,5 миллион долларро ташкил додааст. Аз ҳисоби пешниҳоди хизматрасониҳои сайёҳӣ ба хазинаи Тоҷикистон 403 миллиону 760 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст. Ҳиссаи сайёҳӣ дар ММД-и кишвар 2,2% ва дар якҷоягӣ бо соҳаҳое, ки дар онҳо нуқтаҳои хизматрасонии сайёҳӣ мавҷуданд 10,4%-ро ташкил додасат.

Ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди сайёҳӣ, аз ҷумла дар соли 2018 эълон намудани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», нишон медиҳад, ки роҳбарияти кишвар ба ин соҳа таваҷҷуҳи ҷиддӣ дорад.

Яке аз дигар тадбирҳои самаровор дар самти рушди сайёҳӣ қабули стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мебошад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2018, №372 тасдиқ шудааст. Ин стратегия мақсад, вазифа ва самтҳои муҳими рушди соҳаи сайёҳии кишварро барои давраи то соли 2030 муайян намуда, омили тавсеаи нақшаҳо ва роҳнамои ташаббусҳои соҳибкории шаҳрвандон дар соҳаи сайёҳии кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар заминаи ин стратегия меҳмонхонаҳои “Чорчаман Хилс” дар ноҳияи Дарвоз, “Саразм плаза” дар шаҳри Панҷакент, “Манзара” дар ноҳияи Ховалинг ва “Чилдухтарон” дар ноҳияи Муъминобод бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд ва ин иншоот имкон медиҳад, ки дар дурдасттарин минтақаи ҷумҳурӣ ба сайёҳон дар шароити хубу мусоид хидмат расонида шавад.

Соли 2024 дар ҷумҳурӣ 200 ширкати сайёҳӣ дар асоси иҷозатномаи фаъолияти сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудаанд, ки аз ин шумора 35 адад ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 94 адад ба шаҳри Душанбе, 42 адад ба вилояти Суғд, 18 адад ба вилояти Хатлон ва 11 адад ба шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ рост меояд.

Аз руйи ҳисоботҳои оморӣ маълум мешавад, ки сол ба сол бо фароҳам омадани шароити мусоид, ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ меафзояд. Аммо, новобаста аз имконоти мавҷуда захираҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ба таври зарурӣ ва мувофиқ ба меъёрҳои муосиру байналмилалии сайёҳӣ истифода нагардида, шароити мусоид барои сайёҳон ба таври кофӣ муҳайё карда нашудааст. Аз ин рӯ, ҳукумати ҷумҳурӣ мақсад гузоштааст, ки дар ин самт ислоҳот гузаронад, то саҳми соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ба таври назаррас баланд бардошта шавад.

Дар заминаи мавҷудияти мероси бойи таърихию фарҳангӣ, табиати нодир, кӯлҳо, ҳайвоноту растаниҳо, кӯҳҳои осмонбӯс барои рушди соҳаи сайёҳӣ заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла, якчанд минтақаҳои байналмилалии сайёҳӣ ташкил карда шуда, меҳмонхонаҳо ва марказҳои тиҷоратии ба талаботи муосир ҷавобгӯ сохта, ба истифодаи умум пешниҳод карда шуданд.

Дар ҳоли ҳозир дар ҷумҳурӣ 343 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ сабт шудааст. 214 меҳмонхона, 46 хостел ва мотел, 54 осоишгоҳ, 12 маркази муолиҷавӣ ва лагерҳои солимгардонӣ, 10 хонаи истироҳатӣ, 3 кемпинг ва 4 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ аз ин шумора мебошанд.

Мутобиқ ба нишондоди Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ шаҳрвандони хориҷие, ки мутобиқи талаботи ин созмон ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ гардидаанд, аз соли 2010 то соли 2022 аз 160 ҳазор то ба 1 млн. нафар афзудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 ёдовар шуданд, ки шумораи сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон омадаанд, ба 1 миллиону 400 ҳазор нафар расида, нисбат ба соли 2019 12 фоиз афзудааст. Вале ин нишондиҳанда бо назардошти имконоти таърихию табиӣ, кӯҳнавардӣ, фарҳангӣ ва табобатию истироҳатии мамлакат кофӣ нест. Пешвои миллат иброз доштанд, ки дар баробари ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат ба рушди сайёҳии дохилӣ низ бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир шавад.

Дар маҷмуъ, сайёҳӣ падидаи мураккаби иқтисодию иҷтимоии замони муосир мебошад ва вобаста ба беҳбудии вазъи иҷтимоии аҳолӣ инкишоф меёбад. Сайёҳӣ чун дигар соҳаҳои хоҷагии халқ дар баробари густариши тамаддуни инсонӣ тағйирёбанда буда, навгониҳои ҳаёти муосирро таҷассум менамояд. Афзалияти рушди сайёҳӣ дар он аст, ки бо сармояи нисбатан кам даромади калони пулӣ ба даст меояд ва шумораи зиёди аҳолӣ бо кор ва музди баланд таъмин мешаванд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз нишондиҳандаҳои зикргардида, камбудиҳо дар соҳаи сайёҳӣ мавҷуд буда, ҳукумати ҷумҳурӣ барои бартараф кардани онҳо, бо ҷалби сармояи хориҷӣ кӯшишу талош меварзад. Бо мақсади боз ҳам рушд додани соҳаи сайёҳӣ ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳо, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ имкониятҳои мавҷударо васеъ истифода намуда, ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя, ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи сохтору мақомоти дахлдор ва омода намудани кадрҳои болаёқат дар ин самт кӯшиш менамоянд.

Барои густариши сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ташкили марказҳои ахборотӣ барои соҳибкорони кишварҳои хориҷӣ бо мақсади огоҳӣ ёфтани онҳо аз шароиту имкононти мавҷудаи соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон зарурият дорад.

Сайёҳӣ дар шароити муосири Тоҷикистон ба як соҳаи муҳим ва стратегӣ табдил ёфтааст, ки дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар нақши калидӣ мебозад.

Имрӯз Тоҷикистон бо захираҳои бойи табиӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ дорои имкониятҳои бузурги рушди сайёҳӣ мебошад. Эҷоди инфрасохтори зарурӣ, таъсиси ширкатҳои сайёҳӣ, ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ, дастгирии соҳибкорон ва ташкили минтақаҳои махсуси сайёҳӣ аз иқдомҳои муҳими давлат дар ин самт ба ҳисоб мераванд.

Бо вуҷуди ин, ҳанӯз як қатор камбудиҳо, аз ҷумла набудани инфрасохтори муосир дар баъзе минтақаҳо, сатҳи пасти хизматрасонӣ ва истифодаи номукаммали захираҳои сайёҳӣ боқӣ мондаанд. Аз ин рӯ, идомаи ислоҳот, ҷалби сармояи хориҷӣ, баланд бардоштани савияи касбии мутахассисон ва тарғиби имкониятҳои сайёҳии кишвар дар арсаи байналмилалӣ дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор гирифтааст.

Давлат тавассути татбиқи барномаҳои стратегӣ, аз қабили “Стратегияи рушди сайёҳӣ то соли 2030”, ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ, озод кардани ширкатҳои сайёҳӣ аз андозҳо дар панҷ соли аввал ва таъсиси минтақаҳои махсуси сайёҳӣ, барои рушди ин соҳа талош меварзад. Соли 2019 даромади сайёҳӣ ба 267.5 миллион доллар расида, саҳми он дар ММД 2.2% ва бо назардошти таъсири ғайримустақим 10.4%-ро ташкил дод. Шумораи сайёҳони хориҷӣ аз 160 ҳазор дар соли 2010 то 1.4 миллион дар соли 2024 афзоиш ёфтааст, ки нишонаи пешрафти назаррас аст.

Рушди сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ, фарҳангӣ ва табобатӣ, инчунин таҳкими робитаҳои фарҳангӣ тавассути сайёҳӣ, метавонад Тоҷикистонро ба як макони ҷолиби ҷаҳонӣ табдил дода, сатҳи зиндагии аҳолиро беҳтар созад. Аз ин рӯ, сайёҳӣ ҳамчун муҳаррики муҳими иқтисодиёт ва омили пешрафти иҷтимоӣ дар сиёсати давлатӣ мақоми хоса дорад.

Дар маҷмуъ, рушди устувори сайёҳӣ метавонад Тоҷикистонро на танҳо ба як макони ҷолиби сайёҳӣ, балки ба манбаи муҳими даромад ва беҳбуди сатҳи зиндагии аҳолӣ табдил диҳад.

Турсунов Т.Х., сарходими илмии шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёнаи Институти

омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Аврупо ва Осиёи АМИТ, д.и.т., профессор

Ба истиқболи ҷашни 80-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ

Устод Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз - олими шинохтаи тоҷик - хатмкунандаи факултети забон ва адабиёти русӣ Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ҳоло корманди илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессори соҳибмактабест, ки дар тарбияи кадрҳои баландихтисоси илмӣ дар кишварамон мақому мартабаи хосса дорад. Аз ин рӯ, дар арафаи ҷашни 80-солагии Донишгоҳи номбурда, мехоҳам дар бораи дастовардҳои устод , ки ба қуллаи баландтарини илм расидааст, ибрози чад андеша намоям.

Муҳаммад Абдураҳмон хатмкунандаи факултети забон ва адабиёти русӣ Донишгоҳи давлатии Кӯлоб соли 1984 мебошад. Номбурда, баъди хатми ин боргоҳи маърифат ба ҳайси ассистента кафедраи фалсафа ва коммунизми илмӣ ба кор қабул карда шудааст. Ӯ соли 1989 ба шӯъбаи рӯзонаи аспирантураи кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Мински Ҷумҳурии Белорусия дохил шуда, баъди хатми аспирантура пеш аз муҳлат рисолаи номзадиро дар мавзуъи “Муоширати байнимиллатҳо дар коллективҳои истеҳсолии меҳнатӣ (Дар мисоли корхонахои саноатии Тоҷикистон), ҳимоя намудаааст. Устод дар ҳамонҷо то охири соли 1994 рисолаи докториро дар мавзӯи “Раванди муоширати байнимилатҳо ҳамчун падидаи иҷтимоию сиёсӣ” (таҷрибаи Тоҷикистон) бо рамзи 23.00.02. равандҳои сиёсӣ (илмҳои сиёсӣ) ба анҷом расонида, бо мувафақият дифоъ намудааст.

Муҳаммад Абдураҳмон нахустин доктори илмҳои сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо шарофияти ӯ аввалин Шӯрои ҳимояи рисолаҳо оид ба илмҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон кушода шуда буд.

Устод аз соли 1993 то 1997 дар вазифаҳои муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ, профессор, сармутахассиси шӯъбаи илми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва соли 1997 ҳамчун муаллими калони Коллеҷи ҳарбии Вазорати мудофиа кор кардааст. Аз соли 1997 то соли 2001 Сармутахассиси шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2001 то 2006 дар вазифаи ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Муҳаммад А.Н. аз соли 2007 то 2012 дар вазифаи декани факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз соли 2012 то 2015 Машваратчии калон - Сардори шӯъбаи амнияти иттилоотӣ, пешгӯӣ ва робитаҳои байналмилалии дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Аз 20-уми апрели соли 2015 то 15 марта 2017 ба ҳайси Директори Института фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови АИ ҶТ фаъолият намудааст. Устод аз 15 марта соли 2017 то соли 2024 ба ҳайси ноиби президенти Академияи милии илмҳои Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Ӯ дар тули фаъолияти 40 солаи хеш зиёда аз 400 мақолаҳои илмӣ таҳқиқотӣ, 40 китобу дастурҳои таълимӣ ва монографияҳои илмӣ чоп намудааст. Корҳои илмӣ-тадқиқотии устод дар бисёр кишварҳои дуру наздик, аз ҷумла дар Москва, Минск, Киев, Вашингтон, Шветсия ва Эрон нашр гардидаанд.

Хидмати Муҳаммад Абдураҳмон дар пешрафти маориф ва тарбияи кадрҳои баландихтисос-номзад ва докторҳои илмҳои сиёсӣ назаррас аст. Таҳти роҳбарӣ ва мушовирии бевоситаи ӯ оид ба илмҳои сиёсӣ 33 нафар рисолаҳои номзадӣ ва 7 нафар рисолаҳои докторӣ ҳимоя намудаанд, ки 10 нафарашон хатмкунандагон ва устодони Донишкадаи давлатии Кӯлоб мебошанд.

Мактаби илмии Муҳаммад А.Н. дар Тоҷикистони азиз яке аз мактабҳои бонуфузтарини илмҳои сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Ӯ аз давраҳои гуногун то имрӯз дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ фаъолияти омӯзгорӣ намуда, дар таълими фанни сиёсатшиносӣ ба насли ҷавон корҳои зиёди методию таълимиро ба анҷом расонидааст. Саҳми ӯ дар таблиғи донишҳои сиёсӣ, сиёсати давлати дунявӣ, гуфтугӯи тамаддунҳо, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷумҳури эътироф гардидааст.

Профессор Муҳаммад А.Н. дар тули фаъолияти илмию омӯзгории худ чунин китобу дастурҳоро таълиф намудааст: Аз чумла 8 китоби дарсӣ ва як “Донишномаи мухтасари сиёсӣ” барои мактабҳои олӣ таълиф намудааст. Китоби “Риторика ва баҳси сиёсӣ“ - и муаллиф дар Эрон, китоби “Сиёсатшиносй” и ӯ дар Афғонистон чоп шудааст. Ҳамзамон чунин китобҳо, монографияҳо ва дастурҳои зерин низ ба қалами ӯ тааллуқ доранд:

Луғати мухтасари сиёсатшиносӣ (1992), Политология: предмет, структура и задачи курса (1993), Социология конфликта (1995), Асосҳои сиёсатшиносӣ (курси лексияҳо) (1995), Политические режимы (1999), Политическое поведение: социальные факторы и формы проявления (2000), Стратегияи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000), Политические поведение: некоторые аспекты структурного анализа (2003). Фалсафаи варзиши Абуалӣ Сино (2005), Политическая идеология современного мира (2006). Амният ҳамчун падидаи системаи иҷтимоӣ (2007). Амнияти Тоҷикистон:масъалаҳои миллӣ ва байналхалқӣ (2007). Сиёсатшиносӣ - китоби дарсӣ барои мактабхои олӣ (2010). Риторика ва баҳси сиёсӣ: китоби дарсӣ (2011). Методикам таълим ва таҳқиқи сиёсатшиносӣ: китоби дарсӣ (2012). Муқаддимаи идеяи миллӣ: китоби дарсӣ (2013). Назарияҳои муосири сиёсӣ: китоби дарсӣ.(2014), Риторика и политическая полемика(2015), Государственная независимость Республики Таджикистан: теория, история и политическая практика. (2016), Современный Таджикистан: диалектика независимости и интеграции (политико-правовой анализ). Монография. Душанбе. (2016). (Ҳаммуаллиф), Истиқлоли сиёси ва таҳкими давлатдории миллӣ. Душанбе. Монография. «Эр-граф», (2016), Андешаҳои иҷтимоию сиёсии Абубакр Закариёи Розӣ (ҳаммуалифӣ) Душанбе, «Дониш». (2016), Сиёсатшиносии этникӣ, (2017), «Сиёсатшиносӣ» барои мактабҳои олии кишвар (2018),дар ҳаммуалифӣ, «Инсон, сиёсат ва ҷомеа» монография, (2018), Тоҷики тоҷвар (2018), Амнияти миллӣ (2019) , «Озоди ва истиқлоли миллӣ» (2024), «Сиёсат» (2025) ва ғ. мебошанд.

Имрӯз устод Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз дар Академиям миллии илмҳои Тоҷикистон ва байни аҳли илму маорифи ҷумҳурӣ ҳамчун олими соҳибмактабу эҷодкор, бомаҳорату ибратбахш, соҳиби ҳурмату эҳтироми зиёд аст.

Устод барандаи “Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино” оид ба илму техника дар соли 2018 мебошад.

Хизматҳои ӯро дар соҳаи таҳқиқотҳои илмӣ, ташвиқу тарғиби худшиносии миллию истиқлолияти сиёсӣ ва ба камол расонидани мутахассисони баландихтисос ба назар гирифта, соли 2023 барои китоби ” Инсон , сиёсат ва ҷомеа “ ба ҷоизаи АМИТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гумманитарӣ мушарраф гардидааст.

Устод Муҳаммад Абдураҳмон шахсияти миллӣ , ватанпарвар ва марди соҳибхирадест,ки ҳамаи мувафақиятҳои илмию таълимиашро ба Донишгоҳи хатмкадрдаашон вобастаю пайваста медонад. Дар арафаи ҷашни 80 солагии Донишгоҳ аз устоди азиз пурсон шудам, ки шуморо марди ҷасур, соҳибхирад, каме оташин ва соҳибмактаб мегуянд. Барои чи шумо баъди хатми мактаби миёна ба марказ ба шаҳри Душанбе барои таълим нарафтед ва дар шаҳри Кӯлоб мондед.

Баъдан агар имкон бошад гӯед, ки асрори ин ҳама дастовардҳои илмии шумо дар чист?

Устод бо чеҳраи кӯшода ва ҷиддияти хосса гуфт ” албатта ҳама ба меҳнату заҳмат ва устодони серталаби банда, мисли Тағой Раҳмонов, Хурсанд Азамов, М. Ибодов М.Саъдуллоев, А Кабина, Иброҳим Гурез, Савронби Раҳимова, муаллим Қадруллоев, .А.С. Вашенко, А.Нозимов, Сабко Наталя, ректори пешина, профессор Карим Самариддин ва ноиби он кас Сайхуча Азиз вобастгӣ дошт. Онҳо шахсиятҳои хеле шинохта ва кордон буданд.

Масъалаи дигар дар он замон рӯзгори мо начандон аз лиҳози иқтисодӣ хуб буд. Мо имконияти дар Душанбе хонданро надоштем. Агар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб намешуд шояд ягон касби дигарро интихоб мекардам ё ин ки варзишгари касбӣ мешудам. Асрори ҳамаи дастовардҳои худро ба ҳамин Донишгоҳи муқаддас ва оилаи солим доштанам вобастаю пайваста медонам. Ин Донишгоҳи давраи ҷавонӣ, паҳлавонӣ

ва ишқу армони ман , ки бароям хеле муққадас аст”.

Устоди азиз, барои самимимият ва посдории хотираи нек хеле миннатпазирам.

Қурбонов Давлатбек - номзади илмҳои сиёсӣ, омӯзгори кафедраи

сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДБ ба номи Носири Хусрав.

Дар рӯзҳои наздик, яъне 26 сентябр, Рӯзи байналмилалии мубориза барои пурра нест кардани силоҳи ҳастаӣ таҷлил мегардад. Ин рӯз, ки соли 2013 аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ эълон шудааст, рамзи умед барои ояндаи сулҳомез аст ва ҳадафаш баланд бардоштани огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи хатари силоҳи ҳастаӣ ва зарурати комилан нест кардани он мебошад. Дар замони муосир, ки таҳдидҳои геосиёсӣ ва мусобиқаҳои байналмилалӣ афзоиш меёбанд, таҷлили ин рӯз бештар аз ҳар вақта аҳамият пайдо мекунад.

Силоҳи ҳастаӣ аз солҳои 1940-ум, вақте ки аввалин бомбаҳои атомӣ дар Ҳиросима ва Нагасаки партофта шуданд, таҳдиди доимӣ барои инсоният аст. Имрӯз, зиёда аз 12 ҳазор силоҳи ҳастаӣ дар дунё мавҷуданд, ки метавонанд тамоми сайёраро вайрон кунанд. СММ таъкид мекунад, ки нест кардани силоҳҳои мазкур калиди сулҳи устувор ва рушди устувор аст. Таҷлили рӯзи 26 сентябр ҳамчун рӯзи байналмилалии мубориза барои пурра нест кардани силоҳи ҳастаӣ имконият медиҳад, ки ҳамаи кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва шаҳрвандон дар бораи хатарҳои силоҳи мазкур ва роҳҳои пешгирии он чораҳо андешанд.

Дар соли 2024, ин рӯз бо чорабиниҳои баланди СММ таҷлил гардид, ки дар онҳо роҳбарони ҷаҳон даъват карданд, то созишномаҳои байналмилалӣ, аз қабили Шартнома дар бораи манъи яроки ядроӣ (Treaty on the Prohibition of Nuclear Weapons), Шартномаи оиди паҳн накардани яроқи ядроӣ(Treaty on the Non-Proliferation of Nuclear Weapons), Конвенсия оид ба бехатарии ҳастаӣ (Convention on Nuclear Safety), Шартномаи манъи ҳамаҷонибаи озмоишҳои яроқи ядроӣ(Comprehensive Nuclear-Test-Ban Treaty) ва ғайра бештар амалӣ гарданд. Ин рӯз на танҳо як таърихи тақвимӣ, балки як ҳаракати ҷаҳонӣ барои ояндаи беҳтарин аст, ки дар оянда ҳеҷ кишвар эҳсоси таҳдид накунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кишваре бидуни силоҳи ҳастаӣ аст ва ҳеҷ гоҳ дар самти мазкур таҷриба накардааст. Аз соли 1994, Ҷумуҳрии Тоҷикистон Шартнома дар бораи паҳн накардани яроқи ҳастаиро (Treaty on Non-Proliferation of Nuclear Weapons) ва соли 2004 Протоколи иловагии созишномаи мазкурро ба имзо расонидааст. Аммо саҳми асосии Ҷумуҳрии Тоҷикистон дар эҷоди Шартнома дар бораи минтақаи аз яроқи ядроӣ озод будани Осиёи Марказӣ (The Central Asian Nuclear-Weapon-Free Zone (CANWFZ) treaty) аст, ки соли 2006 бо иштироки Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон имзо гардидааст. Созишномаи мазкури таърихӣ минтақаро ба минтақаи аввалин минтақаи озоди аз ҳама намуди силоҳи ҳастаӣ, яъне ба минтақаи ғайриҳастаӣ мубаддал гардонидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар Иҷлосияи Маҷмаи умумии СММ суханронӣ карда, таъкид намудааст, ки Ҷумҳури Тоҷикистон ҷонибдори таъсиси минтақаҳои бештари озоди аз силоҳи ҳастаӣ аст ва барои пурра нест кардани силоҳҳои мазкур дар арсаи байналмилалӣ кӯшиш ба харҷ меовард. > Олимчон: Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли Созмони Миллали Муттаҳид ба ин мушкилоти рӯзафзуни башарият бетараф буда наметавонад. Ҳамин аст, ки ҳанӯз қабл аз таъйин шудани Рӯзи байналмилалии мубориза барои пурра нест кардани силоҳи ҳастаӣ, дар мубоҳисаи умумии Иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки 22 сентябри соли 2009 баргузор гардида буд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, чунин зикр намуданд: «Мо ба таҳкими раванди халъи силоҳ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем. Умедворем, ки дар ҷараёни Конфронси ташреҳии соли 2010-ум дар миёни иштирокдорони Аҳднома доир ба пешгирии паҳншавии аслиҳаи ҳастаӣ дар атрофи масъалаҳои муҳими татбиқи амалии санади мазкур мубодилаи ҷиддии афкор сурат хоҳад гирифт. Итминон дорем, ки таъсиси минтақаҳои озод аз силоҳи ҳастаӣ дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ аҳамияти бузург пайдо менамояд. Бо дарназардошти ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ки доир ба татбиқи амалии муқаррароти Аҳднома дар бораи минтақаи озод аз аслиҳаи ҳастаӣ дар Осиёи Марказӣ, ки 21 марти соли 2009 эътибор пайдо кард, фаъолона амал намояд».

Дар баробари масалаи мазкур, Сарвари давлат хатари терроризму экстремизмро на камтар аз силоҳи ҳастаӣ баҳогузорӣ карда, дар яке аз Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардаанд».

Рӯзи байналмилалии мубориза барои пурра нест кардани силоҳи ҳастаӣ як ёдоварист, ки сулҳи ҷаҳонӣ аз ҳар як мо вобаста аст. Саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз минтақаи озод аз яроқи ҳастаӣ то фаъолият дар СММ мерасад, намунаи ибрат барои дигар кишварҳои ҳамсарҳад аст. Дар соли 2025, ки таҳдидҳои нав пайдо мешаванд, аз ҷумлаи киберхатарҳо ба дастгоҳҳои ядроию радиатсионӣ ва бинобар ин зарур аст, ки ҳамаи давлатҳо ҳамкорӣ кунанд, то ин рӯз ба воқеият табдил ёбад – ҷаҳонро ба ҷаҳони бе силоҳи ҳастаӣ мубаддал гардонанд.

Олимҷон Азизов - мудири шуъбаи менеҷмент, муносибатҳои

байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ


Адабиёт

1. United Nations. (n.d.). International Day for the Total Elimination of Nuclear Weapons. Retrieved from https://www.un.org/en/observances/nuclear-weapons-elimination-day

2. Wikipedia. (n.d.). International Day for the Total Elimination of Nuclear Weapons. Retrieved from https://en.wikipedia.org/wiki/International_Day_for_the_Total_Elimination_of_Nuclear_Weapons

3. Reaching Critical Will. (n.d.). International Day for the Total Elimination of Nuclear Weapons. Retrieved from https://reachingcriticalwill.org/disarmament-fora/others/international-day

4. Permanent Mission of Tajikistan to the United Nations. (2023). Statement to the First Committee of the General Assembly. Retrieved from https://docs-library.unoda.org/General_Assembly_First_Committee_-Seventy-Eighth_session_%282023%29/Tajikistan_5wyDxpWytN98_en.pdf

5. United Nations. (n.d.). Treaty on a Nuclear-Weapon-Free Zone in Central Asia. Retrieved from https://www.un.org/nwfz/content/treaty-nuclear-weapon-free-zone-central-asia

6. World Nuclear Association. (2022). Uranium in Tajikistan. Retrieved from https://world-nuclear.org/information-library/country-profiles/countries-t-z/tajikistan

7. Агентии хабарии "Ховар". (2017). Тоҷикистон ҷонибдори таъсиси минтақаҳои озоди аз силоҳи ҳастаӣ. Retrieved from https://khovar.tj/2017/09/to-ikiston-onibdori-tasisi-minta-a-oi-ozod-az-silo-i-asta-26-sentyabr-r-zi-bajnalmilalii-muboriza-baroi-purra-nest-kardani-silo-i-asta/

8. United Nations Office of Counter-Terrorism. (2024). Equipping and Training the Border Troops of Tajikistan. Retrieved from https://www.un.org/counterterrorism/events/equipping-and-training-border-troops-tajikistan-combat-radiological-and-nuclear-terrorism

(бардоштҳо аз суханронии Пешвои миллат дар мубоҳисаҳои Иҷлоси 80-уми Маҷмаи умумии СММ)

Тавре, ки маълум аст, таъсиси Созмони Милали Муттаҳид (ҳамчун ҷойгузини Лигаи миллатҳо, ки аз солҳои 1919-1920 то соли 1946 бо шумули 58 давлати аъзо фаъолият дошт) дар давоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ оғоз гардида буд. Бо ин мақсад моҳи январи соли 1942 намояндагони 26 давлат, аз ҷумла собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, ИМА ва Англия эъломияи махсусро ба имзо расонида, моҳи октябри соли 1943 аз ҷониби Хитой, собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, Англия ва ИМА Эъломия дар бораи ташкил намудани созмони универсалии байналмилалӣ, ки ҷиҳати ҳифзи сулҳу амният мубориза мебарад, қабул карда шуд. 24 октябри соли 1945 бошад, Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби аксарияти кишварҳо, аз ҷумла панҷ аъзои доимии Шурои амнияти он (Англия, Хитой, собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, ИМА ва Фаронса) ба тасвиб расид.

Ба ҳамин тариқ, соли 1945, ҳаштод сол муқаддам Созмони Милали Муттаҳид, ки аз якчанд мақоми асосӣ иборат буд (Ассамблеяи генералӣ, Шурои амният бо 15 аъзои доимӣ ва ивазшаванда, Додгоҳи байналмилалии судӣ, Котибот, Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва ғайра) ба фаъолият шуруъ намуд. Фаъолияти ин созмон барои нигоҳ доштани сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, пешгирии низоъҳо ва ҳалли баҳсҳо нигаронида шуда, он ба ҳалли буҳронҳои башардӯстона, мубориза бо камбизоатӣ, пешбурди ташаббусҳои экологӣ ва таҳкими қонуни байналмиллалӣ низ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад. Соли 2025 аз таъсиси Созмони Милали Муттаҳид ва қабули Оинномаи он 80 сол пур мешавад. Дар ин муддат созмони мазкур дар самти мубориза барои ҳифзи сулҳу амният ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии кишварҳои аъзо, аз ҷумла иқдомҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст.

Бахшида ба 80-солагии таъсиси Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 дар сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ чорабиниҳои зиёди илмӣ-назариявӣ, илмӣ-амалӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ гузаронида шуданд. Аз ҷумла, аз 21 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА 80-умин иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид. Дар доираи ин чорабинӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг, Президенти Ҷумҳурии Португалия Марселу Ребелу де Соуза, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, директори идории Бонки ҷаҳонӣ хонум Анна Бйерде ва дигар шахсони расмӣ мулоқоти судманд анҷом дода, дар Иҷлоси Маҷмаи умумии созмони мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар суханронии Пешвои муаззами миллат, қабл аз ҳама, ҳолати ноустувориву номуайянӣ ва печидагиҳо дар сиёсати байналмилалӣ дар ҷаҳони муосир, талошҳо барои ислоҳоти он, низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам ва таҳдидҳо барои сулҳи пойдор таъкид гардиданд. Чунин вазъ, ба андешаи мо, тақозо мекунад, ки вазъи кунунии олам, раванди барқароршавии тартиботи нави ҷаҳонӣ на танҳо аз лиҳози сиёсӣ, балки фалсафию ахлоқӣ арзёбӣ гардида, тадбирҳои мушаххас ҷиҳати муътадилсозии авзои сайёра дар даврони муосир андешида шаванд.

Масъалаҳои болобарии нақши Созмони Милали Муттаҳид бо роҳи ислоҳоти фарогири низоми он дар асоси “Барномаи Созмони Милали Муттаҳид-80”, "Созмони Милали Муттаҳид-2.0" ва Диди Дабири кулли созмони мазкур оид ба ин масъала, таҳкими ҳамкории баробарҳуқуқ миёни давлатҳои хурду бузург ва тақвияти фаъолияти давлатҳои абарқудрат дар самти расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор аз мушкилоти калидии ҷаҳони муосир буда, Пешвои муаззами миллат таваҷҷуҳи тамоми аъзои СММ-ро ба ҳалли онҳо ҷалб сохтанд. Дар ин росто махсусан қайд карда шуд, ки «ҳаҷми маблағгузории ҷомеаи ҷаҳонӣ барои рушди устувор ҳамоно талаботи мавҷударо қонеъ карда наметавонад».

Имрӯз дар кулли сайёра мушкилоти тағйирёбии иқлим ва болоравии ҳарорат инсониятро бетараф гузошта наметавонад. Аз ин рӯ, Сарвари давлати мо пешниҳод карданд, ки дар ҳалли мушкилоти вобаста ба сарчашмаи ҳаёти инсоният, яъне об ва роҳандозии дипломатияи об аъзои СММ фаъол бошанд, дар кори «чорабинии навбатии “Раванди оби Душанбе” - Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, ки соли оянда дар Тоҷикистон баргузор мегардад» ва омодагӣ ба Конфронси оби соли 2028-и Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Душанбе ширкат варзида, дар ҳалли масъалаҳои дахлдор саҳми беш аз пеш гузоранд.

Дар баробари ин, дар робита ба поймол шудани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва бо риояи қатъии қонунҳои байналмилалӣ ҳаллу фасл намудани ҳама гуна низову ихтилофи байни кишварҳо Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки «Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад». Ин масъала дар робита бо ҳалли қазияи Фаластин ва таъмини сулҳи пойдор дар ин минтақа дар асоси татбиқи қатъномаҳои СММ ва формулаи таъсиси «ду давлат», инчунин таъмини амният дар Афғонистони ҳамсоя ва рушди иҷтимоиву иқтисодии он мубрамияти бештар пайдо мекунад.

Бояд таъкид намуд, ки суханронии Пешвои миллат дар мубоҳисаҳои Иҷлоси 80-уми Маҷмаи умумии СММ бори дигар нишон дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдомҳои хеш дар сатҳи байналмилалӣ барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ ба як кишвари фаъолтарини минтақа ва сайёра табдил ёфтааст. Аз ҷумла, қабули пешниҳоди Тоҷикистон оид ба қатъномаи “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” дар таърихи 25 июли соли 2025 аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ гувоҳи аёнии ин матлаб аст. Аз ин рӯ, минбаъд таъсис додани Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе, ки Пешвои миллат ба миён гузоштанд, барои ҳалли масъалаи матраҳшуда воситаи хеле муассир ба ҳисоб меравад.

Дар маҷмуъ, масъалаҳои сулҳу амният ҷавҳари суханронии Пешвои муаззами миллатро дар Иҷлоси 80-уми Маҷмаи умумии СММ ташкил доданд. Аз ин рӯ, омодагии Тоҷикистон дар тавсеаи минбаъдаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи амнияти ҷаҳонӣ дар заминаи “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм”, истиқболи ҷумҳурии мо аз "Паймон ба хотири оянда" ҳамчун иқдоми муҳимми дастҷамъона дар роҳи пешбурди сулҳ ва рушди устувор ва пешниҳод оид ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” аз минбари ин созмони бонуфузи байналмиллалӣ бори дигар батаври равшану возеҳ садо доданд.

Таърихи ҳаштодсолаи СММ, муборизаҳои он барои ҳифзи сулҳу амният ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалӣ дар самтҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ нишон медиҳад, ки созмони мазкур яке аз мақомотҳои бонуфузтарин ва муассиртарини байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ маҳсуб мешавад ва бе иштироки он дастёбӣ ба ин ҳадафҳои волои инсоният дар даврони муосир имконнопазир аст. Аз ин рӯ, амалисозии он иқдомҳо ва пешниҳодҳое, ки дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои Иҷлоси 80-уми Маҷмаи умумии СММ садо доданд, як қадами бузурге дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди устувори инсоният ва таъмини сулҳу амнияти куллӣ дар сайёраи сарсабзи мо хоҳанд буд.

Хуршед Зиёӣ - доктори илмҳои фалсафа, профессор, муовини директор оид ба илм ва таълими

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов

23 сентябри соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар Форуми сеюми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар кард.

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Бишкек Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Форуми сеюми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Маврид ба таъкид аст, ки моҳи июли соли 2022 зимни Вохӯрии чоруми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади таҳкими ҳамкории амалии мақомоти намояндагӣ ва қонунгузори кишварҳои Осиёи Марказӣ ва рушди минбаъдаи робитаҳои мутақобилаи минтақавӣ ва шарикии стратегӣ, баргузории Форуми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мувофиқа расида буд.

Форумҳои қаблӣ дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Узбекистон доир гардида, ба таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ ва тавсеаи муколамаи минтақавӣ мусоидат намуданд.

Зимни суханронӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки баргузории мунтазами Форуми мазкур нишонаи эҳтиром ба арзишҳои ҳамгироии минтақавӣ ва ифодаи талоши устувори кишварҳои минтақа дар роҳи таҳкими эътимод, муколама ва ҳамкорӣ ба нафъи мардумони Осиёи Марказӣ мебошад.

Бо қаноатмандӣ гуфта шуд, ки минтақаи Осиёи Марказӣ ба шарофати саъйю талошҳои созанда ва сиёсати пайгиронаву босуботи Сарони давлатҳои он имрӯз тадриҷан ба минтақаи ҳамкории барои ҷонибҳо судманд табдил меёбад.

Муҳимтар он аст, ки аз самараи барқарории фазои сифатан нави дӯстӣ, ҳамкорӣ ва эътимод дар минтақа, пеш аз ҳама, халқҳои ба ҳам дӯсту бародари Осиёи Марказӣ баҳравар мегарданд.

Дар доираи рӯзномаи форум иштирокдорон масъалаҳои мубрами ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва рушди рақамикунонии иқтисодиётро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз рӯи ин масъалаҳо дар бахшҳои алоҳидаи форум муҳокимаҳои судманд сурат гирифтанд[1]. Эъломияи Бишкек қабул карда шуд, ки дар он тавофуқҳои ҳосилшуда ва самтҳои ҳамкориҳои минбаъда баён шудаанд[3].

Дар ҳамин замина хотирнишон намудан ба мақсад мувофиқ аст, ки робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 14 январи соли 1993 барқарор гардидаанд.

Мусаллам аст, ки робитаҳои Тоҷикистону Қирғизистон бар пояи анъанаҳои устувори сиёсӣ ва иқтисодӣ асос ёфта, дар рӯҳияи дӯстии таърихӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд рушд меёбанд.

Қобили зикр аст, ки ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дуҷониба Тоҷикистону Қирғизистон Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон (ҷаласаи аввал 6 августи соли 2009 дар ш. Душанбе ва Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон (ҷаласаи аввал 27-28 майи соли 2013 дар ш. Бишкек)-ро таъсис додаанд. Ин ниҳодҳо ба ҳайси механизмҳои самарабахш барои ҳалли масъалаҳои афзалиятнок ва такмили муносибатҳои дуҷониба хизмат мекунанд[2].

Тоҷикистон ва Қирғизистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳамкорӣ дар сохторҳои бисёрҷониба - СММ, САҲА, ИДМ, СҲШ, СААД, СҲИ ва МҲТБО аҳамияти муҳим медиҳанд[2].

Қобили зикр аст, ки самти ҳамкориҳои фарҳангию башардӯстонаи Тоҷикистону Қирғизистон дар сатҳи вусъатёбанда рушд намуда, он аз ҳар ҷиҳат мавриди дастгирии мардуми ба ҳам дӯсти ҳарду кишвар мебошад. Хулоса, халқҳои тоҷику қирғизро умумиятҳои зиёди фарҳангӣ ба ҳам мепайванданд. Ду халқи ҳамсоя дар раванди таърих аз осори маънавии якдигар баҳра бурда, таъсири мутақобила дар зиндагиашон ба назар мерасад. Ҳамин тариқ, ҳамкориҳои судманди ду халқи бародар ҷавобгӯйи манофеи ду кишвар буда, ҳадафи асосӣ ба пешрафту ободии манотиқи Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст. Ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон ба таҳкими рӯҳияи дӯстӣ, саҳмгузорӣ, шарикии стратегӣ, ҳамсоягӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, ки ба муҳити минтақавӣ таъсири мусбат хоҳад расонд, мусоидат менамояд.

Давлиёрова Сафаргул Тешаевна, ходими пешбари илмии Шуъбаи ИДМ-и

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои фалсафа

САРЧАШМА:

1. Рустами Эмомалӣ дар Форуми сеюми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд. Манбаи электронӣ: https://khovar.tj/2025/09 / rustami-emomal-dar-forumi-seyumi-bajniparlamentii-kishvar-oi-osiyoi-markaz-ishtirok-namudand/. Санаи муроҷиат: 23.09.2025.

2. Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон. Маълумотнома дар бораи вазъи робитаҳои Тоҷикистону Қирғизистон.Манбаи электронӣ: https://mfa.tj/tg/bishkek/munosibatho/munosibathoi-dujoniba.

Санаи муроҷиат: 20.09.2025

3. Рустами Эмомали выступил на Третьем Межпарламентском форуме стран Центральной Азии в Бишкеке.

Источник: https://avesta.tj/ 2025/09/23/ rustami-emomali-vystupil-na-tretem-mezhparlamentskom-forume-stran-tsentralnoj-azii-v-bishkeke/ Avesta.tj. Дата обращения: 23.09.2025.

123123Мавзуи таълиму тарбия яке аз муҳимтарин ва пурарзиштарин мавзуъҳо дар адабиёти тоҷик аст. Шоирону нависандагони тоҷик дар давраҳои гуногун ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намудаанд, зеро таълиму тарбия на танҳо омили асосии рушди шахсият ва ҷомеа, балки воситаи пойдории фарҳангу маънавият ба шумор меравад.

Таълиму тарбия дар ашъори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, падари адабиёти форсу тоҷик, ҷойгоҳи махсус дорад. Шоир дар асарҳои худ масъалаҳои ахлоқӣ, тарбияви, худшиносӣ ва ҳидояти инсонро ба сӯи некиву дониш мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Ашъори ӯ саршор аз панди ҳаётӣ, насиҳат ва даъват ба зиндагии маънавии дуруст аст. Ҷанбаҳои асосии таълиму тарбия дар ашъори Рӯдакӣ чунин баён шудаанд:[1]

Рӯдакӣ ба дониш ва илм аҳаммияти бузург медиҳад ва таъкид мекунад, ки инсон бояд тамоми умр ба омӯхтан машғул бошад. Ӯ донишро асоси тарбия ва комёбӣ мешуморад:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.

Мардумони бохирад андар замон,

Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Гирд карданду гиромӣ доштанд,

То ба санг андар ҳаме бингоштанд.

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Ин байтҳо нишон медиҳанд, ки бе дониш зиндагӣ маънӣ надорад ва рушду камолоти инсон ба илм вобаста аст.

Ахлоқ ва инсонгароӣ яке аз мавзуъҳои марказӣ дар ашъори Рӯдакӣ мебошанд. Ӯ инсонро ба накукорӣ, адолат ва дӯстию ҳамдардӣ даъват мекунад:[2]

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

Бартар аз дидори рӯи дӯстон.

Ҳеҷ талхӣ нест бар дил талхтар,

Аз фироқи дӯстони пурҳунар.

Рӯдакӣ таъкид мекунад, ки инсон бояд дар муносибат бо дигарон самимӣ ва одил бошад, зеро ахлоқи хуб пояи зиндагии солим аст.

Рӯдакӣ нақши вақтро дар тарбия ва тарзи зиндагии инсон муҳим мешуморад. Ӯ таъкид мекунад, ки инсон бояд вақти худро ғанимат донад ва онро барои корҳои пурарзиш сарф кунад:[3]

Ҳар кӣ н-омӯхт зи гузашти рӯзгор,

Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

Ин байт насиҳатест барои он ки инсон бояд ҳаёти худро ба қадри имкон пурмаънӣ ва пурсамар гузаронад, гузштаи асли худ ва аҷдоди худро фаромӯш накунад ва пайвандгари наслҳои гузаштаю ояндаи худ бошад.

Рӯдакӣ аксар вақт табиатро ҳамчун муаллими инсон тасвир мекунад ва даъват мекунад, ки инсон аз табиат дарс гирад. Ӯ таҷрибаи зиндагиро низ як ҷузъи муҳими тарбия медонад. Рӯдакӣ тарбияи ахлоқиро бо хоксорӣ ва худдорӣ мепайвандад. Ӯ таъкид мекунад, ки инсон бояд аз худписандӣ ва ғурур дурӣ ҷӯяд.[4]

Ӯ ба инсонҳо насиҳат мекунад, ки ҳаёти худро бо накукорӣ ва амали хуб зинда гардонанд. Рӯдакӣ инсонро ба қавӣ сохтани рӯҳу равон ташвиқ мекунад ва бар он аст, ки тарбия бояд ба таҳкими ирода ва таҳаммул ба мушкилот равона шавад.[5] Осори Рӯдакӣ нишонаи даъват ба сабру матонат мебошад, ки ҷузъи муҳими тарбияи равонӣ дониста мешавад.

Таълиму тарбия дар ашъори Рӯдакӣ ҳамчун роҳи расидан ба инсонгароӣ, хирадмандӣ ва маънавиёти баланд фаҳмонида мешавад. Ӯ таъкид мекунад, ки дониш, ахлоқи нек, истифодаи дурусти вақт ва таҷрибаҳои зиндагӣ дар тарбияи инсон нақши калидӣ доранд. Ашъори Рӯдакӣ сарчашмаи бузурги ҳидоят ва насиҳат барои тарбияи инсони комил боқӣ мемонад.

Таълиму тарбия дар «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) яке аз паҳлуҳои муҳим ва асосии мероси ахлоқиву ирфонии ӯст. Дар «Маснавӣ маънавӣ», ки онро худи шоир «усули усул» ва «фиқҳи акбар» номидааст, масъалаи таълиму тарбия бо диди ирфонӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ баён шудааст.

Масъалаи таълиму тарбия ва маънавиётр дар «Маснавии маънавӣ» ҳамчун яке аз рукнҳои асосии инсонӣ ва роҳи расидан ба ҳақиқати илоҳӣ тафсир ёфтааст. Дар ин асари бузург, маънавиёт бо маърифат, ишқи илоҳӣ ва камолоти рӯҳонӣ пайваст аст.[6]

Яке аз мавзӯъҳои калидӣ дар «Маснавӣ маънавӣ», худшиносист. Балхӣ маънавиётро ҳамчун роҳи шинохти ботинии худ ва дарк кардани вуҷуди илоҳӣ дар дохили инсон таъбир мекунад. Вай таъкид мекунад, ки ҳар кас бояд аз пардаи нафси худ гузарад, то рӯҳи худро пок созад.

Балхӣ сабрро яке аз пояҳои муҳим дар рушди маънавиёт медонад. Дар достонҳои «Маснавӣ», сабр ҳамчун василаи таҳаммул ба мушкилот ва расидан ба ҳақиқат таъкид шудааст. Масалан, дар достони «Шакар ва қамиш» Балхӣ бо рамзҳо нишон медиҳад, ки чӣ гуна сабр инсонро ба зебоӣ ва ширинии маънавӣ мерасонад.

Дар «Маснавии маънавӣ», маънавиёт аксар вақт тавассути достонҳои рамзӣ ва мисолҳои гуногун тасвир мешавад. Масалан: достони шикояти най аз эҳсоси ҷудоии рӯҳ аз сарчашмаи илоҳӣ қисса мекунад. Най ҳамчун рамзи инсонест, ки маънавиётро тавассути ишқу ихлос меҷӯяд:

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,

Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.

Балхӣ таъкид мекунад, ки маънавиёт тавассути таълиму тарбия ва пайравӣ ба пирон ва роҳнамоён рушд меёбад. Вай дониш ва маърифатро василаҳои муҳим барои расидан ба камолоти маънавӣ мешуморад.

Балхӣ таълимро танҳо гирифтани донишҳои зоҳирӣ намедонад, балки онро василае барои шинохти ҳақиқат ва худшиносии инсонӣ мешуморад. Ӯ таълимро ба «равшансозии рӯҳ» ва «поксозии қалб» монанд мекунад. Ба андешаи ӯ, дониш бояд инсонро аз ҷаҳли ботинӣ ва дилбастагӣ ба моддӣ берун оварад.

Мавлавӣ бештар аз ҳар чиз ба таҳзиби нафс аҳаммият медиҳад. Ӯ таъкид мекунад, ки бе тарбияи ахлоқӣ ва рӯҳонӣ, дониш метавонад ба кибр ва фиреб оварда расонад. Барои ҳамин тарбия дар Маснавӣ ҳамеша бо сабр, тавозуъ, муҳаббат, ва иршод ҳамроҳ аст.

Ҷалолуддини Балхӣ устодро раҳнамо ва чароғи роҳи мурид мешуморад. Ба ақидаи ӯ, устод чун оина аст, ки айбҳои толибро нишон медиҳад ва роҳнамоӣ мекунад. Таълим бе устоди комилро ноқис мешуморад, зеро таҷриба ва таҷрибаи маънавӣ ба китоб танҳо маҳдуд намешавад.

Ба андешаи Ҷалолуддини Балхӣ, инсон танҳо дар якҷоягӣ бо дигарон, дар ҷомеа, такмил меёбад. Барои ҳамин тарбия бояд инсонро барои хизмати ҷомеа, адолат ва некӣ омода созад.

Таълим ва тарбия дар «Маснавӣ» танҳо дар доираи мактаб ё дониш омӯхтан маҳдуд намешавад, балки тамоми умрро фаро мегирад ва ҳадафи асосӣ — расидан ба камоли инсониву маънавӣ мебошад. Мавлавӣ таъкид мекунад, ки дониш бе тарбияи ахлоқӣ ва муҳаббат танҳо зоҳир аст, аммо дониш бо муҳаббат ва покии қалб – ҳақиқати комил.

Хулоса, дар «Маснавии маънавӣ», маънавиёт ҳамчун сафари маърифатӣ ба сӯи ҳақиқат ва илоҳият фаҳмонида шудааст. Ин асар инсонро ба худшиносӣ, ишқ, сабр ва пайравӣ ба роҳи ҳақ даъват мекунад. Ҷалолиддини Балхӣ нишон медиҳад, ки маънавиёт танҳо дар тасаввуроти ботинӣ нест, балки бояд дар амалҳои рӯзмарра ва муносибати инсон бо дигарон таҷассум ёбад.

Бобоҷонзода И.Ҳ. – мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа,

сиёсатшиносї ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

(Дар ҳошияи мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг)

Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои пешрафтаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. “Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади роҳ ёфтан ба бозорҳои босуръат инкишофёбандаи сармоя, фановарӣ, ашёи хом ва маҳсулоти саноатӣ, таҳкими муносибатҳои мутақобилан судмандро бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, аз ҷумла Тайланд, Индонезия, Малайзия, Сингапур, аз он ҷумла Ветнам аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии худ мешуморад” дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст[5]. Ҷиҳати таҳким бахшидани муносибатҳо бо ин кишварҳо барои расидан ба ин мақсад шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Махсусан, ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Ветнам, дар соҳаҳои гуногуни ҳаётан муҳим идома доранд ва ин раванд яке аз дастовардҳои муҳими дипломатияи тоҷик дар тӯли 34 соли истиқлолият мебошад. Заминаҳои қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳо бо кишварҳои минтақа, аз қабили Ветнам, Таиланд, Индонезия, Малайзия, Сингапур ва ғайра, дар ҳоли ташаккул қарор доранд.

Ҳамкориҳои сиёсию дипломатии байни ду кишвар

Маҳз анъанаҳои деринаи дӯстӣ дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ ба ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистону Ветнам мусоидат намудааст. Ду кишвар дар ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, барои таъмини оромию субот ба хотири рушду пешрафт манфиатҳои умумӣ ва талошҳои муштарак иштирок доранд ва ба арзишҳои сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ эҳтиром менамоянд. Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар баробари кишварҳои ҷаҳон Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, 14 июли соли 1992 муносибатҳои дипломатии худро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор кардааст. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам (бо қароргоҳ дар Пекин) Парвиз Давлатзода таъйин шудааст.

Дар солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ байни Тоҷикистону Ветнам муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ба роҳ монда шуда буданд. Тоҷикистон ба Ветнам электроплитаҳо, термостатҳо, таҷҳизот барои саноати текстилӣ, алюмин, арматур ва ғайра содир мекард. Инчунин дар чорчубаи ин ҳамкориҳо шаҳрвандони Ветнам дар донишкадаҳою мактабҳои Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

Мулоқотҳои сатҳи олӣ дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба

Дар солҳои охир, муносибатҳои дуҷонибаи Ҷуҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам то андозае фаъол гардидааст. Яке аз муҳимтарин рӯйдодҳо дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Ветнам ин сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам 18-22 январи 1999 ва гуфтушуниди ӯ бо Президенти он кишвар Чан Дик Лионг дар мавриди рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд мебошад. Байни ду кишвар ҳамкории самараноки байнипарлумонӣ ба роҳ монда шудааст. Дар соли 2010 Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии ду кишвар байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам таъсис ёфтааст. 26 апрели соли 2019 дар ҳошияи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Пекини Ҷумҳурии мардумии Чин ҷиҳати иштирок дар Форуми дуюми ҳамкориҳои байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ”, мулоқоти Роҳбари Давлат бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам доир гардид. Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории кишварҳо дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд. 15 июни соли 2019 дар ҳошияи Саммити 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё мулоқоти Ноиби Президенти Ветнам бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим гардид. Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

22 сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг мулоқот намуданд. Барои рушди фаъоли ҳамкорӣ ва таҳкими муколамаи сиёсӣ пешниҳод гардид, ки вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои андешидани чораҳои муассир вазифадор карда шаванд. Дар ин замина таҳкими ҳамкории байнипарлумонию байниидорӣ зарур шумурда шуд. Ҷонибҳо аз имконоти мавҷудаи рушди муносибатҳо ёдовар шуда, пешниҳод намуданд, ки талошҳо барои истифодаи босамари онҳо ба нафъи мардумони ду кишвар бештар гардонида шаванд. Ба афзуннамоии ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, хусусан навсозии технологии соҳаи саноати сабук ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ низ зарур дониста шуд. Дар мулоқот, ҳамчунин, оид ба ҳамкории ду кишвар дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт[4].

Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ

Айни замон байни Тоҷикистон ва Ветнам 5 санади ҳуқуқӣ ба имзо расидаанд, ки иборатанд аз:

-Аҳднома оид ба асосҳои муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам; -

-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоя;

-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ;

-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам оид ба ҳамкориҳои илмӣ ва техникӣ;

-Протокол оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ветнам.

Бояд қайд кард, ки санадҳои мазкур барои рушди ҳамкориҳои мутақобилаи судманди кишварҳо заминаи ҳуқуқӣ гузошт. Созишномаҳо оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоя барои фаъолияти соҳибкорон ва сармоягузорони ветнамӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат намуд.

Ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ

Бояд зикр намуд, ки ба имзо расонидани Созишнома оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ барои фаъол гардонидани муносибатҳои тиҷоратии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам замина гузошт. Ҷумҳурии Ветнам яке аз кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мебошад, ки ҷиҳати ҳамкорӣ намудан Тоҷикистон шароити мусоидро дар самт боҷи гумрукӣ ва андозҳо пешниҳод менамояд. Бар асари сафари мазкур робитаҳои иқтисодии кишварҳои мо то андозае фаъол гаштанд. Имрӯз дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон зиёда аз 9 корхонаи муштарак бо саҳмгузории сармояи ҷониби Ветнам фаъолият менамоянд.

Пас аз сафари давлатии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1999 дар ҷумҳурӣ 3 корхонаҳои муштарак «ВТ Силк», (бо ду намояндагиҳои худ дар шаҳри Кулоб) оид ба истеҳсоли абрешим, ки фонди низомномавии он 2 млн. сомониро ташкил медод, таъсис дода шуд. Корхонаи муштараки “Роҳи абрешим” бо фонди низомномавии 823970 доллари ИМА байни корхонаҳои ШС «Тори Зарин» Тоҷикистон, ки ҳиссаи он 40% ва ШС «Хиеп Шанг Ко ЛТД» Ветнам, ки ҳиссаи он 60% ро ташкил мекард таъсис ёфт.[3.С-55] Дар ҷумҳурӣ корхонаи муштараки Тоҷикистону Ветнам «ВТ-Инвест», ки ҳиссаи маблағгузории Ветнам 1,7 млн. долл. ИМА- ро ташкил медиҳад фаъолияти худро бурда истодааст. Корхонаи мазкур дар ноҳияи Бешкент 3000 гектарро ба иҷора гирифта дар 2500 гектар бо парвариши пахта машғул аст. Дигар корхонаи муштараки Тоҷикистону Ветнам «ВТИ-Помир» соли 1998 ташкил ёфтааст, ки он дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон фаъолият бурда (78%), дар маблағгузории кони ангишти Ровнев иштирок менамояд.

Ҳамин тариқ, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ асоси муносибатҳои дарозмуддати байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам ба ҳисоб меравад. Аз рӯи ҳаҷми гардиши савдо, нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ динамикаи робитаҳои тиҷоратӣ кам ба назар мерасад. Ҳаҷми тиҷоратии дуҷониба байни кишварҳо дар 2018 ба 3 миллиону 302 ҳаз. долл. ИМА расидааст.

Хулоса, равобити хуби анъанавии дӯстии раҳбарони ду ҷониб ба густариши ҳамкориҳои тарафайн шароити мусоид фароҳам овард. Аз ин рӯ таҳия ва татбиқи қарорҳои ҳамаҷониба барои пешбурди тиҷорати байни Ветнам ва Тоҷикистон муҳим мебошад.

Механизми байниҳукуматӣ барои бунёди заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, таҳияи лоиҳаҳо оид ба иқтисоду тиҷорат мусоидат менамояд. Баргузории вохӯриҳо дар сатҳи вазирон ва муовинони вазирон ва такмили механизмҳои кумитаи байниҳукуматӣ анҷом дода шавад. Барои Тоҷикистон дар густариши механизми байниҳукуматӣ бо Ветнам зарур аст, ки механизми машваратҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ омӯхта шавад, то ин дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳо миёни ду ҷониб ба мувофиқа оварда расонад. Барои зиёд кардани ҳамкориҳои самти иқтисодӣ омӯзиши ҷанбаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам зарур аст. Дар оянда бо назардошти ин ҷанба муносибатҳоро дар сатҳи сифатан нав бояд ба роҳ монд. Тоҷикистону Ветнам имкониятҳои зиёди иқтисодӣ доранд ва метавонанд ҳамкориҳоро дар соҳаҳои саноати сабук, аз ҷумла коркарди пилла, пахта ва дигар маҳсулоти техникӣ, ҳамчунин истихроҷи захираҳои ангишт фаъолтар гардонанд.

Соҳиби Баҳруло, - ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиёи ва Аврупои АМИТ

Адабиёт

1. Эмомалӣ Раҳмон // 20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ [Манбаи электронӣ] URL:https://mo.tnu.tj/tj/20-soli-s-sh-amkor-ba-ri-subot-va-shukufo/ (санаи муроҷиат06.2021)

2. Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон [Манбаи электронӣ] URLhttps://mfa.tj/tg/main/view/988/konsepsiyai-sijosati-khorijii-jumhurii-tojikiston (санаи муроҷиат 23.06.2021)

3. Муносибатҳои Тоҷикистон бо Ветнам [Манбаи электронӣ] URL:https://www.mfa.tj/index.php/tg/main/view/18/munosibathoi-tojikiston-bo-vetnam (санаи муроҷиат 23.06.2021)

4. Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг [Манбаи электронӣ] https://www.president.tj/event/news/52857(санаи муроҷиат 23.09.2025)

5. Сайидзода Зафари Шералӣ (Саидов Зафар Шералиевич). Внешняя политика Таджикистана в период его становления как суверенного независимого государства (1992-2004 гг.). – Седьмое издание. - Душанбе: ООО «Контраст», 2010. – 446 с.: ил. С-55

6. Сиёсати хориҷӣ (маҷаллаи илмӣ-назариявӣ ва иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон). – № 1, 2011 С-68-69

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм