Skip to main content

Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ба истиқболи Рӯзи Парчами миллӣ

Парчами ҳар як кишвар яке аз рамзҳои муҳими давлатӣ буда, сароғози соҳибдавлативу мустақилият, истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, ба сӯйи ҳадафҳои умумимиллӣ қадамҳои аввалин гузоштан аст.

Пайдоиши парчам ҳамчун рамзи истиқлолу озодии миллӣ ва давлатдорӣ дар таърихи тамаддуни башар ба қарнҳои хеле дур рафта расида, бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳарфиёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф, ки то имрӯз боқӣ мондаанд, аз ин гувоҳӣ медиҳанд.

Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ ва маъхазҳои илмӣ нахустин парчамҳо дар Эрони қадим, Чин ва Миср пайдо гардидаанд, ки ба асри III-II -и пеш аз милод рост меояд. Масалан, дар заминаи ҷустуҷӯҳои бостоншиносон дар Шарқи Эронибостон парчами хурди филизиеро пайдо намудаанд, ки таърихи он ба ҳазораи сеи пеш аз мелод рост меояд. Ин бозёфт, ки дар он расми шер ва тулӯи офтоб акс ёфтааст, яке аз қадимтарин парчам дар таърихи башарӣ ба ҳисоб меравад.

Дар воқеъ, то замони бавуҷудоии парчам дар шакли имрӯзааш ҳамчун рамз ё нишонаи даъват ба муттаҳидӣ, ягонагӣ ва мубориза истифода мешуд. Лекин, на аз матоъ ва аломатҳои тасвиршуда иборат буд, балки ашёҳои гуногунро дар бар гирифта, муносибати одамонро ба ин ё он ҷамъият, масалан ба қабила, сипоҳ, дину ойин ва ғайра ифода мекард.

Миллати куҳанбунёди тоҷик дар тули таърихи дарози худ рамзу намодҳое офарида, ки баёнгари орзую омол ва ҳадафҳои инсонсозу тамаддунофари он аст. Яке аз муқаддасоти миллат парчами миллист, ки реша дар қаъри таърих дорад ва ифодакунандаи соҳибдавлатии миллати тоҷик дар аҳди бостон аст. Бино ба таҳқиқи муҳаққиқон ва шаҳодати сарчашмаҳои таърихию адабӣ куҳантарин ишора дар бораи корбурди парчам, ки дар даврони бостони ақвоми ориёӣ дурафш ё дирафш мегуфтанд, дар китоби муқаддаси «Авесто» омадааст. Авестошиносон истинод ба нахустин фаргарди «Видевдод» мекунанд, ки аз дирафшҳои барафрошта дар шаҳри Балх – пойтахти шоҳи ориёӣ, Виштосп ҳикоят мекунад: «Балхи зебо бо дирафшҳои барафрошта». Илова бар ин, дар «Авесто» ба такрор аз «дирафши говпайкар» ва «дирафшҳои душманони ориёҳо» ёд шудааст. Аз ҷумла, дар «Ҳум-Яшт» аз дирафше ба номи «Говдирафш» сухан меравад, ки баъзе муҳаққиқон онро ҳамон «Дирафши Ковиёнӣ» медонанд. Гурӯҳи дигар, бар он назаранд, ки исми «Дирафши Ковиёнӣ» аз «кавӣ» (шоҳ) ё «ковиён» аст, ки ба сурати сифат ва ба маънии шоҳӣ ё шоҳона истеъмол шуда ва мақсуд аз «Дирафши Ковиён» парчами шоҳӣ аст.

Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, ки дар «Шоҳнома» таърихи ақвоми ориёиро ба риштаи назм кашидааст, нахустин парчам ё худ дирафшро «Дирафши Ковиёнӣ» медонад. «Дарафши Ковиёнӣ», ки бо номҳои «Дирафши Ковиён» (Дирафши Кофиён, Ковон), «Алами Фаридун» ёд шудааст, ҳамон пешбанди чармини Коваи оҳангар аст, ки «бар Заҳҳоки ғосиб хуруҷ кард ва пешбанди худро баррӯйи найза қарор дод ва ин пешбанд мабнои дирафши шоҳаншоҳии Сосонӣ шуд. Бар асраи ситами Заҳҳок Кова бо мардумон ба сӯи Фаридун меравад ва ӯро ба набарди Заҳҳок мекашонад. Ӯ чарми пораи Коваро бо парниёну зар ва гавҳар меорояд ва онро «Дирафши Ковиён» ном мениҳад ва ба кинхоҳи бармехезад». Ба ривояти ҳаким Фирдавсӣ ва аксари сарчашмаҳои муътабар, Кова бар Заҳҳок шӯрид ва он пешбанди чармин, ки оҳангарон ба пеши пой мебанданд, бар сари найза кард, халқро ба ёрӣ хонд ва бо ҳиммати Фаридун Заҳҳоки моронро сарнагун кард. Фаридун ин чармро ба фоли нек гирифт ва аз он ҷавоҳиру ёқутиалвон чандон фурў овехт, ки чарм нападид гашт. Баъд аз Фаридун ҳар шоҳе, ки бар тахт менишаст, бар он чарм, ки намоди давлатдорию подшоҳӣ буд, гавҳару ҷавоҳир меовехт. Батадриҷ шоҳони каёнӣ Дирафши Ковиёниро боз ҳам пероставу мунаққаш карданд, ки ҳатто дар шаби торик ба гунаи хуршед медурахшид ва ба ҷанговарон неру мебахшиду умед ба пирўзӣ медод.

Илова бар «Дирафши Ковиён», ки парчами шоҳони Эрони бостон ва аз ҷумла Каёниён буд, ҳар як паҳлавон монанди Соми Наримон, Қоран, Золи Зар, Рустам, Гударз, Гев, Тус, Густаҳм, Бежан ва дигарон парчами махсуси худро доштанд. Ҳангоми ҷанг ҳар як паҳлавон лашкарашро зери парчами худ гирд меоварад ва ҳама ба шоҳ ё сарҳанги таъйиннамудаи шоҳ итоат мекарданд. Масалан, парчам ё худ дирафши Рустам «аждаҳопайкар» аст. Вақте Сӯҳроб аз Ҳуҷир, ки асир афтода буд, аз парчамҳо номи паҳлавонони Эронро мепурсад, чун дирафши Рустамро мебинад мегўяд: “Дурафшаш бубин, аждаҳопайкар аст, Бар он найза-бар шери зарринсар аст”.

Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ дар «Фарҳанги асотир» менависад, ки «маънии дирафш дар забони паҳлавӣ алам бошад ва чизи тобонро дурафш хонанд, зеро ҳар гоҳ онро боз мекарданд, аз бисёрии гавҳарҳо, ҷаҳон фурӯғ гирифтӣ. Ин дирафш то вақти Яздгирд, вопасин шоҳи Сосонӣ дар хазонаи Эрон бар ҷой буд, то дар набарди Қодисия ё Мадоин ба дасти муслимин афтод ва онро назди Умар ибни Хаттоб оварданд ва Умар бифармуд он гавҳарҳо аз он бардоштанд ва пӯстро бисӯхтанд».

Дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ аз Дирафши Ковиёнӣ ҳамвора ёд кардаанд ва ҳамчунин муродифҳои он парчам, алам, ливо, роят низ дар ҳар маврид ба кор рафтааст.

Забоншиносон парчамро вожае суғдӣ («*parčam») медонанд, ки ба маънии «зулфу кокул» ва ҳамчунин «пӯпаки абрешимӣ, мӯй ё думи ғажговро мегуфтанд ки бар сари дирафш ё найза мебастанд». Ва бар он назаранд, ки ин вожа аз забони суғдӣ ба забони туркӣ ва аз он ба забони форсӣ роҳ ёфтааст. Дар асрҳои минбаъда дар баробари дирафш (дурафш) парчам, роят, ливо, алам дар адабиёти мо ба кор рафтааст.

Дар деворнигораҳои шаҳри Панҷакенти бостонӣ, ки ба асри 7 мансубанд, тасвири парчами суғдиёнро мушоҳида кардаанд. Деворнигорае чунин манзара дорад: Рустам баъди мағлуб кардани аждаҳои одамсар бо ёронаш ҷонибе равона аст ва дар сари найзаи ду нафар аз онҳо парчамҳои зардранги сегушагуна дида мешавад. Дар миниотураҳои асри миёнагие, ки дар китобҳои ашъори шоирони классик ва дар «Шоҳонома»-ҳо кашида шудаанд, тасвири парчам зиёд ба чашм мерасад.

Баъд аз Сомониён гарчанде дар Хуросону Мовароуннаҳр султонони аҷнабӣ, бегонагон ҳукумат доштанд, аммо забони форсӣ-тоҷикӣ забони давлатӣ, забони коргузорию илм ва адаб буд ва ҳукуматҳоро аслан, вазирон, ки аксар тоҷик ё форс буданд, идора мекарданд. Аз инрӯ, мазмуни муҳтавои ин ҳукуматҳо тоҷикӣ буд, зеро аксар ҳамон системаи давлатдории Сомониёнро идома додаанд.

Баъд аз ҳазор соли пош хӯрдани давлати Сомониён, хушбахтона, ворисони оли Сомон - тоҷиконро имкон фароҳам омад, то давлати нави худро бунёд намоянд. Вале давлате, ки баъди садсолаҳои нокомӣ ба мардуми тоҷик ато гардид, зери таъсири ғояҳои бегона барои миллати тоҷик қорор доштва парчамҳои онвақтаи Тоҷикистон бо тақозои талабот ва сиёсати вақт давра ба давра иваз шудан мегирифт, ки аслан аз парчами ИҶШС гирифта шуда буд.

Хушбахтона мо тоҷикон дар соли 1991 аз зери таъсири ғояҳоикомунистӣ озод шудем ва давраи нав барои миллати тоҷикфаро расид ва Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол эълон гардид ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол акс гардид.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №254 аз 12-уми майи 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад. Дар асоси Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11-уми декабри соли 1999 бо Қарори №892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи Парчам аз 23-юми ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «Ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста, таъкид карда буданд, ки: «Ранги сурх- рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед- нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз- нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».

Бояд зикр кард, ки ин таъкиди Пешвои миллат ба рангҳои парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора ба рангҳои миллии ақвоми ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон: сурху сафеду сабз аст, ки аз даврони бостон то ба замони мо расида ва муқаддас дониста мешавад ва дар он рӯзгор ранги сафед вижаи рӯҳониён, сурх вижаи размиён васабз вижаи мардум (кишоварзон ва чорводорон) будааст.

Тоҷикон дар масири таърих ҳамчун миллати куҳанбунёд бо хусусусиятҳои хоси давлатдории худ фарқ мекарданд ва дар таърих аз худ хати равшанеро дар самти рамзҳои давлату давлатдорӣ гузоштаанд. Маврид ба таъкид аст, ки мардуми тоҷик нисбат ба парчам эҳтироми самимӣ ва эътиқоди хоса дорад. Аз даврони бостон сар карда, парчам чун рамзи озодӣ, давлатдорӣ миёни аҷдодони ориёӣ қабул ва шоистаи эҳтиром қарор дорад.

Вобаста ба ҳукумронии сулолаҳо ва ҳукуматдороназ замони қадим то ба имрӯз парчамдории тоҷиконробо номҳои: Дирафши ковиёнӣ, Штандарти империяи Ҳахоманишӣ, Дирафши давлати Ашкониён, Дирафши давлати Сосониён, Дирафши давлати Сомониён, Дирафши суслолаи Ғӯриён, Парчами Аморати Бухоро, Байрақи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, Байрақи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ додаанд.

Вобаста ба парчамбардории давлатҳои абарқудрати ниёгони мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд кардаанд: «Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нерӯманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин метавон аз ливои Коваи Бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».

Дар сархати аввали «Низомнома дар бораи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон», чунин омадааст: «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24- ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рӯзи хуҷаста ҳамасола бошукуҳу шаҳомат таҷлил мегардад, ки гиромӣ доштани муқаддасоти миллат аст.

Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифати мо соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои чашмрасу намоён ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Ҳар як фард бояд ифтихор дошта бошад, ки парчами давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад”.

Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

Мо ба Парчами давлатиамон, ки моро ба далериву шуҷоатмандӣ, муттаҳидӣ, ягонагиву вафодорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳидоят мекунад ва руҳи озодихоҳӣ мебахшад, арҷ мегузорем.

Ин Парчам дар рӯзҳои ҷашну шодиҳо, дастовардҳои миллӣ ва пирӯзиҳои фарзандони миллат дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ барафрохта мешавад, ки баёнгари комёбиҳои Ватани азизи мост. Парчами миллӣ ҳастии кишвари соҳибистиқлоли мо, нангу номуси мо ва ифтихори миллии моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.

Дар ин рӯзгори босаодат, ки Тоҷикистони азизи мо зери сарварии одилонаву оқилонаи Пешвои маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, саноату сохтмон, иҷтимоиёту иқтисодиёт, фарҳангу маънавиёт рӯ ба пешравӣ дорад ва саноатикунонии босуръати кишварамонро ҳадафи чоруми миллӣ қарор додаем, ҳамаи моро зарур аст, ки зери Парчами парафшони Ватан боз ҳам муттаҳидтар бошем, ҳар ваҷаб хоки поку муқаддаси Ватанамонро азиз дорему ҳифз намоем, дар ободонии он саҳм бигирем ва парчамбардорони миллатамон бошем.

Қудратов Комрон Абдунабиевич – н.и.т., дотсент, мудири шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Боиси сарфарозист, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатӣ қабул шудааст. Ҳадаф аз роҳандозии боз як ҷашнвораи давлатӣ эҳтиромгузорӣ ва қадршиносии Парчами миллӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлат унвон шудааст.

123Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Парчами давлатӣ, ки рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон аст, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, таҷассумгари дирӯзу имрӯз ва фардои ормонҳои миллии мо мебошад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ тасдиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.

Таърих гувоҳ аст, ки 30 сол муқаддам дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи навини Тоҷикистон ҳамчун иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз сабт шудааст, дар баробари дигар масъалаҳои муҳимтарини он айёми ноором, масъалаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи сиёсӣ ба баррасии вакилони иҷлосия пешниҳод гардид.

Воқеан моҳи ноябр барои миллати мо моҳест пур аз санаҳои саршор аз рӯйдодҳои таърихӣ, яъне аз таҷлили Рӯзи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) сар карда то ба Иҷлосияи тақдирсози миллат XVI -уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистону Рӯзи Президенти ҶТ, инак боз як санаи муҳим, 24-уми ноябр Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлил аст, ки дар моҳи ноярб ба вуқӯъ пайвастааст. Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон - яке аз идҳои расмии Тоҷикистон, 24 ноябри соли 2009 бо фармони Президенти Тоҷикистон қабул гардида, ҳар сол 24 ноябр ҷашн гирифта мешавад ва рӯзи корӣба шумор меравад. Парчам рамзи ягонагиву соҳибистиқлолии ҳар як миллату давлат буда ба шаҳрвандони онҳо муқаддас мебошад.

Вакилони мардумӣ бо дарки аҳмият ва нақши Парчам дар пешбурди давлатдорӣ, инчунин, бо дарназардошти анъанаи парчамдории гузаштагони худ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд.

Қабули Парчами давлатӣ ба раванди давлатдорӣ ва зиндагиву тафаккури халқи мо мазмуну мундариҷаи нав бахшид. Мардуми мо ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ, ки дар масири таърих бо номи «Дирафши Ковиён» ёд карда мешавад, ҳамчун як зуҳуроти бисёр муҳиму арзишманди миллӣ, эътиқод ва эътимод пайдо карданд.

Тасдиқи Парчами давлатӣ дар давраи басо ҳассосу тақдирсоз ва мураккабу печидаи таърихи халқамон, ки истиқлолият ҳанӯз қадамҳои нахустини худро мегузошт, вале мавҷудияти давлату миллат таҳти хатари воқеӣ қарор дошт, рост омад.

Дар чунин айёми сарнавиштсоз қабул гардидани Парчами давлатӣ иқдоми олии ватандӯстона ва кӯшиши нахустин барои рафъи хатари ба сари давлат ва миллати куҳанбунёд омада буд.

Мардуми Тоҷикистон ва ҷавонмардони ғаюру далери он зери Парчам ҳамчун рамзи давлатдории навини тоҷикон таҳти роҳнамоиҳои Эҳёгари миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам омаданд ва ҳамин Парчами давлатиро буса намуда, ба ҷанги шаҳрвандӣхотима бахшиданд, ба кишвар сулҳу оромӣ ва ба сокинони мамлакат осоишро фароҳам оварданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки бо қабули рамзҳои сиёсӣ, махсусан Пачами давлатӣ, бо талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷонисориҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи тоҷикон ба даст омад ва давлат ба шоҳроҳи дигаргуниҳои азими сиёсиву иҷтимоӣ ва бунёдкориву созандагӣ қадамҳои нахустини устувор гузошт.

24 ноябри соли 2009 бори нахуст мардуми кишвар Рӯзи Парчами давлатиро бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва ба шукронаи даврони соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил намуданд.

Имрӯзҳо хурду бузурги мамлакат эътимоди комил доранд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон чун рамзи озодӣ, ояндаи ободу осуда ва мояи ифтихори халқи соҳибдавлати тоҷик то ҷовидон парафшон хоҳад буд.

Бо итминон ба фардои дурахшони кишвар, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, ба онҳо тамоми хушиҳои зиндагиро тамано дорам.

Убайдулло М.О. - ходими калони илмии Маркази инноватсионии биология ва тиб

Фазои иттилоотӣ дар қарни ХХI вижагии хос дошта, таваҷҷуҳи муҳаққиқони соҳаҳои гуногуни илмро ба омӯзишу таҳқиқи масъалаи мазкур, мазмуну муҳтаво ва тамоюли бозбинии арзишҳо дар марҳилаи сифатан нави рушди ҷомеаи иттилоотӣ афзудааст. Масъалаи мазкур дар марҳилаи кунунии рушди ҷаҳонишавӣ муҳим арзёбӣ мешавад, чунки нигоҳдорию истифодаи арзишҳои анъанавӣ зербинои сиёсати устувори давлати мо буда, яке аз омилҳои муҳими инкишофи босубот ва таъмини амнияти миллии кишваро ташкил медиҳад.

124234Ҷомеаи Тоҷикистон ба омӯзиш ва густариши дастовардҳои бузурги илмию технологии ҷомеаи муосир рӯ оварда, онҳоро дар бозсозиҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва технологии кишвар мавриди истифода қарор медиҳад. Ба маънои дигар, рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон заминаи муҳими рушди тамоми соҳаҳо, аз ҷумла фарҳангу маънавиёт мебошад.

Вобаста ба ин раванд қайд кардан зарур аст, ки нақши давлат дар эҳё, ҳимоя ва баланд бардоштани нуфузи арзишҳои маънавии миллат бағоят бузург мебошад. Мо шоҳиди он ҳастем, ки фазои иттилотиии кишвари мо пайваста ба ҳайси объекти ҳуҷумҳои гуногун, аз қабили тарғиби бегонапарастӣ, хурофотпарстӣ, идеологияи зуроварию ифротгароӣ қарор медиҳанд. Аз ин нуқтаи назар, ҳимоя ва арҷгузории арзишҳои миллӣ дар ҷомеаи имрӯзаи тоҷик ба таҳқиқи ҳамаҷониба ниёз дорад. Имрӯзҳо таҳдидҳое пайдо шудаанд, ки ба тамомияти арзии кишварамон хатар эҷод менамоянд. Ба ин гурӯҳи таҳдидҳо омилҳое монанди афзоиши сатҳи ифротгароӣ, машҳур шудани ғояҳои миллатпарастию мазҳабгароӣ, сиёсатӣ стандартҳои дугоникӣ, инкишоф ёфтани ҷангҳои иттилоотӣ ва ғайраҳо дохил мешаванд.

Дар чунин шароити муташанниҷи умумиҷаҳонӣ Тоҷикистон дар эҳё намудани арзишҳои фарҳангию миллӣ бо инъикоси он дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Чунончи, дар моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурӣ дарҷ гардидааст: “Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст”.[1]

Бояд зикр намуд, ки дар илмҳои ҷомеашиносӣ истилоҳи “арзишҳои миллӣ” ба таври гуногун шарҳ дода мешавад. Муҳаққиқони ин соҳа маъною мазмун ва меъёри истилоҳи “арзишҳои милли” – ро аз мавқеъ ва равишҳои гуногуни методологию назариявӣ муайян менамоянд, ки фаҳмиш ё таърифи дурусти ин истилоҳро дар ҳолатҳои ҷудогона то душворию печидагиҳо мерасонад. Аз ин ҷо, зарур аст, ки таърифҳои мавҷудаи “арзишҳои милли” – ро дар илми муосир баррасӣ намоем.

Ба ақидаи инҷониб “арзиши миллӣ” - омили ибтидоии инкишофи маънавиёти ҷамъиятию шахсии халқияту миллатҳои гуногун дар марҳилаҳои муайяни таърихӣ мебошад. Арзишҳои миллӣ ҳамон вақт аҳамияти иҷтимоӣ пайдо мекунанд, ки агар ба мероси аксарияти намояндагони миллат ва тарзи зиндагии онҳо мубаддал гашта, ба муносибатҳои амалии ин ё он миллат, шуур ва эҳсосоти онҳо ба сифати унсури фаъоли маънавӣ ҳамроҳ шуда, мақоми устувор касб намоянд. Воқеан арзишҳои миллӣ унсури муҳими ҳаёти маънавии миллат буда, дар ташаккулёбии тамоми соҳаҳои ҳаёт нақши бузург дорад. Вобаста ба масъалаи баррасишаванда қайд зарур аст, ки «арзишҳои миллӣ фарогирандаи ҳувияти миллии миллат, ташаккулдиҳандаи забони миллӣ, анъанаҳо, расму оинҳо, дин, сарнавишти умумии таърихӣ буда, ҷузъи ҷудонашавандаи низоми арзишҳои иҷтимоии ҷомеа мебошанд.

Таърифҳои мавҷударо баррасӣ намуда, ба хулосае омадан мумкин аст, ки истилоҳи “арзишҳои миллӣ” новобаста аз мавқеи илмии муҳаққиқон фарогирандаи унсурҳои зеррин мебошанд: қавм, ахлоқ, маънавиёт, анъана, шароити таърихӣ ва ворисияти наслҳо. Таърифҳои фавқуззикрро ба асос гирифта, чунин хулосагирӣ кардан мумкин аст. Арзишҳои миллӣ маҷмуи ғояҳою меъёрҳои ахлоқӣ буда, фарогирандаи хислатҳо, анъанаҳо, тарзи зиндагӣ ва талаботҳои дигари муҳимми миллат буда, зери таъсири омилҳои ҷуғрофӣ, мақоми геополитикӣ ва дар раванди дуру дарози таърихӣ ташаккул меёбанд ва аз насл ба насл мегузаранд. Он миллатҳои кураи Замин, ки давлати соҳибистиқлол доранд, ба таври табиӣ водоранд, ки арзишҳои миллии худро ҳимоя намуда, дар баробари он аз манфиатҳои миллиашон низ дифоъ мекунанд.

Аз ин ҷо чунин бармеояд, ки арзишҳои миллӣ бо манфиатҳои миллӣ пайвастагии ногусастанӣ доранд. Вобаста ба ин зарурате ба миён меояд, ки бояд истилоҳи манфиати миллиро низ ба таври мухтасар шарҳ диҳем. Манфиати миллӣ чист? Ва ҷойгоҳи он дар ҳаёти рӯзмарраи ин ё он миллат чӣ гуна аст? Ба ақидаи мо, “манфиати миллӣ” ҳамчун “маҷмуи талаботи дохилию берунии давлат мебошанд, ки дар таъмини бехатарӣ, ҳимоя ва рушди босуботи шахсият, ҷомеа ва давлат нақши хосса доранд”. Умуман, “манфиати миллӣ” ҳамчун як мақулаи фалсафӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ аз назари паҳноӣ ва дарки моҳияти он мафҳуми мураккаб аст, зеро солҳои зиёд сари худшиносии миллӣ, худогоҳии миллӣ, идеяи миллӣ ва манфиатҳои миллӣ баҳси доманадор идома дорад.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки манфиатҳои миллӣ талаботи муҳиму объективии шахсият, ҷомеа ва давлат дар кори таъмини бехатарӣ ва рушди босубот мебошад. Ҳамин тавр, мақулаи “манфиати миллӣ” заминаи муҳиму бунёдӣ ва методологии истилоҳи сиёсати давлатӣ буда, барои самтгирию инкишофи миллат, иқтидори сиёсию иқтисодии давлату ҷомеа мусоидат мекунад. Инчунин қайд намудан зарур аст, ки истилоҳи “манфиати миллӣ”, бешубҳа, мазмунан аз истилоҳи “манфиати давлатӣ” ва “манфиати ҳаётан муҳим” васеътар мебошад. Аз ин рӯ, “манфиати миллӣ” ҳамчун мақулаи муҳими илмҳои ҷомеашиносӣ баъзан бо мафҳуми давлату давлатдорӣ айният дода мешавад. Назари дигар низ вуҷуд дорад. Файласуфи тоҷик Акбар Турсон қайд менамояд, ки “ҳангоми тааммули мафҳуми “манфиати миллӣ” задайи мантиқиро одатан ба болойи сифати “миллӣ” мегузоранд, ки субъекти амру амалро мушаххас мекунад. Азбаски дар кишварҳойи мутараққии Ғарб мафҳумҳойи “давлат” ва “миллат” ҳаммаъност, дар ҷомеаи илмии ин кишварҳо “манфиати миллӣ” ва “манфиати давлатӣ” расман якест. Аз ин ҷиҳат, “манфиати миллӣ”-ро фақат дар сиёсати хориҷӣ истифода бурда, аз омилҳойи дохилӣ сарфи назар мекунанд. Лекин манфиати миллӣ дар сиёсати хориҷӣ бо назардошти ниёзу талаботи дохилӣ тарҳрезӣ мешавад.”[2] Ба назари мо “манфиати милли”-и дилхоҳ давлат талаботи ҳаётан муҳим, арзишҳои миллӣ, мақсадҳои стратегии миллат, ки дар сиёсати давлат татбиқу амалӣ гардида, ба фоидаи рушду шукуфои миллат ба кор мераванд, ба ҳисоб меравад”.

Бешубҳа, манфиатҳои миллӣ миллатро ба ҳаракату ҷунбиш дароварда, самти ин ҳаракатро дар ҷаҳони пуртаззоду зуд тағйирёбанда муайян менамояд. Ба назари мо талаботу зарурияти мавҷудияти миллат, бехатарию инкишофи давлат, арзишманд будани мероси таърихию фарҳангии миллат, эҳтиром ва нигоҳ доштани фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани сатҳи накӯаҳволии миллат - манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

Таҳқиқи истилоҳи “манфиати миллӣ” тақозо менамояд, ки дар баробари он “афзалияти миллӣ” низ таҳқиқу баррасӣ карда шаванд. Ба назари мо, ба афзалиятҳои миллӣ унсурҳои зеринро дохил кардан мумкин аст: ҷараёни самтгирӣ ва татбиқнамоии манфиатҳои миллӣ дар марҳилаи муосири инкишофи давлат.

Амнияту бехатарӣ ҳамчун арзиш ба гурӯҳи арзишҳои иҷтимоии инсон дохил гашта, афзалиятҳои муҳими ҳар як миллатро ташаккул медиҳанд. Қайд кардан зарур аст, ки амният ҳамчун арзиш ва мақоми он дар раддабандии арзишҳои миллӣ мақоми хосса дорад. Маълум аст, ки муносибатҳо ба амният ҳамчун арзиш дар ҷомеаҳои халқу миллатҳои ҷаҳон куллан фарқ менамояд. Дар робита бо ин, бояд мутазаккир шуд, ки мақоми байналмиллалии Тоҷикистон назар ба солҳои қаблӣ куллан тағйир ёфта, ташаббусҳои гуногуни он, минҷумла вобаста ба обу иқлим дар доираи СММ пазируфта шудаанд, ки ин аз болоравии нуфузу мақоми байналмиллалии кишвари мо далолат мекунад. Аммо дар баробари ин, чунин бармеояд, ки болоравии нуфузи байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои алоҳидаи минтақа хушоянд набуда, барои коста кардани мақом ва нуфузи он бозиҳои пасипардагии сиёсӣ бурда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки обрӯ ва манзалати Тоҷикистонро дар чашми ҷомеаи ҷаҳони коҳиш диҳанд ва миллати тоҷикро ҳамчун миллати ифротию террористӣ муаррифӣ намоянд.

Масъалаи дигари бағоят муҳими ҷомеаи имрӯза муносибат ба оила аст, ба назари мо ба масъалаи арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои миллӣ робитаи ногусастани доранд. Муҳаққиқони соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ чунин мешуморанд, ки зери таъсири омилҳои ҷаҳонишавӣ оилаи анъанавӣ ба буҳрон дучор гашта, миқдори бекор кардани никоҳи оилавӣ афзоиш ёфта истодааст. Ин раванд боис мегардад, ки кӯдакон дар оилаҳои нопура тарбия ёфта, дар раванди иҷтимоишавиашон ба душвориҳои гуногун дучор мегарданд. Тадқиқоти сотсиологӣ исбот менамоянд, ки оила ва бунёди он ба қатори арзишҳои муҳиму инсонсоз дохил мешавад. Аммо, новобаста аз ин, зери таъсири омилҳои гуногуни иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ биниш ва муносибати ҷавонон нисбати бунёди оила куллан таъғйир ёфтааст ва онҳо арзиши оила ва муҳимияти бунёди оиларо дар саргаҳи арзишҳои асосии ҳаёти хеш қарор намедиҳанд. Ба маънои дигар, афзалиятҳои ҳаётии ҷавонон тағйир ёфтааст ва онҳо дар ҷойи аввал накӯаҳволии моддӣ, озодӣ ва саломатиро қарор медиҳанд. Зиёд шудани миқдори бекор кардани ақди никоҳ байни ҷавонон муҳаққиқони соҳа ва аҳли ҷомеаро нигарон намудааст. Ҳамчунин мушоҳида мешавад, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ байни ҷавонон оилаи ғайранъанавӣ, ки бар пояи арзишҳои либералӣ такя мегиранд, никоҳҳои ҳамҷинсгаро тарғибу ташвиқ мешавад, ки ба пояҳои ахлоқию маънавии миллати тоҷик дар таззод буда, ба арзишҳои миллии мо мухолифанд.

Аз ин рӯ, масъалаи муҳиме, ки дар назди миллати тоҷик дар шароити муосир қарор дорад, ин зарурияти ҳимоя ва нигоҳдории арзишҳои миллии тоҷикон дар чунин марҳилаи ҳассоси таърихӣ ба шумор меравад. Таърихи бою ғанӣ, афкори арзишманди ахлоқию фалсафӣ, осори барҷастаи бузургони илму фарҳанги миллат сарчашмаи муҳими бедорӣ ва худшиносии миллати тоҷикро ташкил медиҳад. Ҷангҳои иттилоотӣ, ғаразнок шарҳ додани далелҳою ҳодисаҳои муҳими таърих ва фарҳанги миллати тоҷик аз ҷониби қудратҳои сиёсӣ ва миллатҳои дигар ба он равона гаштааст, ки ҷаҳонбинию мафкураи насли наврас ва ҷавонони моро дар бораи миллати тоҷик тағйир диҳанд. Бешубҳа, сохторҳои масъули давлатӣ барои ҳимояи фазои иттилоотии ҷомеа аз ахбору иттилооти дурӯғ, тарғиботи унсурҳои фарҳангию мазҳабии бегона, ки бар зидди фарҳанг, ахлоқ ва маънавиёти миллати тоҷик равона шудааст, тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд. Аммо, ба назари мо онҳо кофӣ нестанд.

Назорат аз болои сомонаҳое, ки бар зидди кишвари мо дурӯғу бӯҳтонҳои зиёд паҳн менамоянд ва хусусияти ифротӣ доранд, вазифаи муҳими сохторҳои дахлдор мебошад. Ба ибтикору пешниҳоди сохторҳои масъули давлатӣ як қатор сомонаҳо дар фазои шабакаи Интернет назорат шуда, баъзе гурӯҳҳояшон бо қарори Суди Олӣ ифротию террористӣ эътироф гардидаанд ва фаъолияти онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ эълон шудааст. Маълум аст, ки як қатор шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, ки аз хориҷ маблағгузорӣ мешаванд, нисбати кишвари мо муносибати душманона дошта, фарҳангу арзишҳои миллии моро зери шубҳа қарор дода, байни аҳолӣ арзишҳои мазҳабию динии бегонаро тарғибу ташвиқ менамоянд. Зарур мешуморем, ки дар ин марҳилаи ҳасоси инкишофи ҷомеаи ҷаҳонӣ вазорати фарҳанг, маориф ва илм, Кумитаи кор бо ҷавонон дар самти ҳифзу ҳимояи фарҳангу арзишҳои миллӣ коро ҷоннок намуда, дар тарғиби фарҳанги миллӣ, арзишҳои миллӣ ва бедор кардани ифтихороти миллӣ бо истифода аз роҳҳои нави тарғиботию ташвиқоти, махсусан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ин кор дар марҳилаи бархӯрди қудратҳо ва авҷ гирифтани ҷангҳои иттилоотӣ зарур ва саривақтӣ мебошад. Баҳри ҳимояи насли наврас ва ҷавонон аз фарҳангу мафкураи бегона мо вазифадорем, ки назорати гурӯҳҳои шабакавии Интернетро пурзӯр намуда, манобеъ ва сатҳи дахолату таъсиррасонии кишварҳои бегонаро ба фазои фарҳангию сиёсии кишварамон муйаян намоем, то ки пеши роҳи онҳоро ба таври самаранок гирифта, ба онҳо имконият надиҳем, ки ба суботи кишвари мо таъсири ногувор расонанд. Дар ин доира зарур аст, ки баҳри тарғибу ташвиқи мероси моддию маънави ниёгон байни насли наврас, ҷавонон ва ҷомеа қадамҳои устувор гузорем.

Яке аз ниҳодҳои муҳимми робитаи давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ “Шурои ҷамъиятӣ”, “Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон” мебошад, ки дар ҳимояи фазои иҷтимоию сиёсӣ, нигоҳдории фарҳанги миллӣ, таҷрибаи сулҳи ҷаҳонӣ, ҳимояи озодии сухан ва арзишҳои демократӣ ва робита бо созмонҳои байналмилалии фарҳангӣ нақши муҳим доранд. “Шурои ҷамъиятӣ”, “Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон” дар тарғиби арзишҳои миллӣ, ташкилу гузаронидани конфронсҳою чорабиниҳои ватандӯстона саҳми арзанда доранд. Ҳамчунин ниҳодҳои ҷамъиятӣ дар самти баҳогузории фазои динӣ, сиёсӣ ва махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол мебошанд. Чи тавре ки дар боло мутазаккир шудем, як қатор кишварҳо пайваста кӯшиш менамоянд, ки ба корҳои дохилии кишвари мо халал ворид ва ба ин минвол суботи сиёсии кишвари моро халалдор созанд. Ин ҳолатро ба назар гирифта, мо вазифадорем, ки дар самти ҳимояи кишварамон чи дар фазои шабакаи ҷаҳонии Интернет ва чи дар самтҳои дигари воситаҳои иттилоотӣ фаъолияти муассир дошта бошем.

Боиси қайд аст, ки парлумони кишвар низ дар ҳифзу ҳимояи арзишҳои миллӣ хеле фаъол аст. Парлумони кишвар дар таҳияи қонунҳое, ки ба ҳимояи арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани худшиносию ифтихороти миллӣ равона шудаанд, пешсаф мебошад. Ба ғайр аз он, ба назари мо, вазорати фарҳанг низ ниҳодест, ки дар ҳифзу ҳимояи мероси моддию маънавии миллати мо нақши калидӣ дорад. Ин дар ҳолест, ки бархӯрди тамаддунҳо, раванди ҷаҳонишавӣ ва доман паҳн кардани мафкураи динию мазҳабӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ба фарҳангу арзишҳои миллӣ хатарҳои зиёд ворид месозад. Ин раванд тақозо менамояд, ки тамоми сохторҳои давлатӣ аз ҷумла Парлумон, вазорати фарҳанг, маориф ва илм, кумитаи кор бо ҷавонон, суд, прокуратура агенти ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ ва дгарон дар ҳифзу ҳимояи фарҳанги миллӣ ва арзишҳои миллӣ бояд саҳми бориз дошта бошанд.

Бояд қайд намоем, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» субъектҳои мушаххасе, ки тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро амалӣ менамоянд, нишон дода шудаанд. Масалан, Мувофиқи моддаи 5-и Қонуни мазкур мақомоти давлатӣ ва мақомоти дигаре, ки идоракунии соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро амалӣ мекунанд, коллективҳои меҳнатӣ, эҷодӣ, илмӣ, ҳарбӣ, муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо (иттиҳодияҳо)-и ҷамъиятию давлатии шаҳрвандон ва ҳамватанони берун аз марз истиқоматдошта, ташкилотҳо (иттиҳодияҳо)-и динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма, оила ва шаҳрвандон субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ дар пешбурди ин фаъолият масъул мебошанд. Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», ки 2-юми ноябри соли 2022 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва 24-уми декабри соли гузашта аз ҷониби Президенти кишвар ба имзо расидааст, дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир, ки дар доираи равандҳои гуногуни геополитикӣ ба манфиатҳои давлатҳои миллӣ хатар эҷод мекунанд, саривақтист.

Ҳифзу тарғиби анъанаҳои миллӣ дар марҳилаи кунунии инкишофи ҷомеаи Тоҷикистон муҳим арзёби мешавад. Ба ҳамагон маълум аст, ки солҳои охир бархӯрди қудратҳои геосиёсӣ, истифодаи ифротгароию терроризм ҳамчун воситаи ноором кардани давлатҳои рӯ ба инкишоф ба авҷи аълояш расидааст. Ин раванд дар муқобили он низ қарор дорад, ки анъанаҳои миллӣ маҳаки асосии фарҳанги миллиро ташкил медиҳанд ва ба гурӯҳи арзишҳои муҳими миллатсозу давлатсоз дохил шуда, ин анъанаҳои миллӣ омили муҳими ифтихороту худшиносии миллӣ, тарбияи ахлоқию эстетикии насли наврасро ташкил медиҳад. Тарбияи шахсияти аз нигоҳи ахлоқию фарҳангӣ ташаккулёфта, иштирокчии фаъоли корҳои ҷамъиятию давлатӣ вазифаи муҳими идоракунии давлатӣ мебошад. Чи тавре мушоҳида мешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои давлатӣ дар самти мустаҳкамнамоии арзишҳои миллӣ, анъанаҳои миллӣ ва асосҳои ахлоқию маънавии ҷомеаи Тоҷикистон корҳои назаррасро анҷом дода истодаанд.

Нақши ВАО-и ватанӣ дар ташаккули фазои солими иҷтимоию сиёсӣ ва тарғиби гузаштаи пурифтихор, фарҳанги миллӣ ва худшиносии миллат чӣ гуна аст? Саволест, ки ҷавоб гардонидан ба он кори саҳл нест. Дар робита бо он, қайд кардан зарур аст, ки дар фазои Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои таъсир расонидан ба ҷаҳонбинию шуур ва манобеи ахлоқию маънавии насли наврас ва ҷавонон муборизаи шадид ҷараён дорад, ки ин раванди басо хатарнок ҳушёрию зиракии аҳли ҷомеаро тақозо менамояд. Мо шоҳиди он ҳастем, ки яке аз омилҳои хатарзо, ки мутаасил боиси пастшавии арзишҳои ахлоқӣ мегарданд, пеш аз ҳама, як гӯруҳ ВАО- е мебошанд, ки ба шуур ва фазои равонию ахлоқии ҷомеа таъсири баду ногувор мерасонанд. Баҳри ҳимояи наврасону ҷавонон аз таъсири ногувори чунин гурӯӯҳои шабакаи Интернет зарур аст, ки тадбирҳои муайяни профилактикӣ андешида шаванд:

• якум – ташкил намудани браузерҳои алоҳидаи ҷустуҷӯӣ баҳри наврасону ҷавонон дар раванди ба роҳ мондани дарсҳо дар мактаб ва корҳои мустақилона дар муҳити хонаводагӣ;

• дуюм – насби барномаҳои махсус ва пайвасти маҳдуд доштан бо шабакаи Интернет. Ҳамчунин маҳдуд кардани хариди гаджетҳо барои наврасон;

• сеюм – таҳлили талаботу хоҳиши гӯруҳи наврасону ҷавонон вобаста ба сину сол ва маҳдуд кардани суръати Интернет, маҳдуд намудани пайвастшавии онҳо ба бозиҳои хосияти зӯроварӣ дошта ва ҳамчунин танзим кардани дастрасии наврасону ҷавонон ба роликҳою видеоҳои фаҳш.

Таъғйирпазириҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ кишвари мо дар марҳилаи навини таърихӣ имкон медиҳанд, тасдиқ намоем, ки нақши давлат дар ташаккул ва тағиби арзишҳои муҳими маънавӣ аз қабили оила, никоҳ, тарбияи кӯдакон хеле назаррас аст. Ҳамчунин мо шоҳиди он ҳастем, ки солҳои охир давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти пешгирию мубориза бо ифротишавии шуури ҷавонон, паҳншавии ғояҳои ифротгароӣ ва терроризм корҳои бузургро анҷом дода истодааст.

Бо ин ҳама, аз нигоҳи назариявӣ қайд намудан зарур аст, ки истилоҳи “арзиши миллӣ” на танҳо дар кишварҳои дигар, балки дар қонунгузориҳои ҷумҳурии мо низ ба таври алоҳида шарҳу тавзеҳ дода нашудааст ва ҳар як муҳаққиқ онро ба таври худ тафсир медиҳад. Дар ин ҷо такроран таъкид мекунем, ки ҳангоми таърифи истилоҳи “арзиши миллӣ” он фарогири унсурҳои зерин мебошад: қавм, ҷанбаи ахлоқӣ – маънавӣ, анъана, шароити таърихӣ, ворисияти наслҳо. Бо дар назар гирфтани нукоти фавқуззикр ва дар натиҷаи умумиятдиҳии унсурҳои мавҷуда ба мафҳуми “арзиши миллии тоҷикӣ” чунин таъриф додан мумкин аст: арзиши миллӣ - намунаҳо ва меъёрҳои асосии ахлоқие мебошанд, ки асолат, шахсият, хислатҳо, урфу одатҳо, анъанаҳо ва тарзи зиндагӣ, ниёзҳои муҳимтарини мардуми тоҷикро, ки зери таъсири омилҳои гуногун ташаккул ёфтаанд, фаро мегирад ва дар натиҷаи раванди тӯлонии таърихӣ аз насл ба насл интиқол ёфтааст. Арзишҳои миллие, ки ҷомеашиносон онро муайян кардаанд, инҳоянд: пойдории ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, сулҳ ва оромии шаҳрвандон; баробарӣ ва худмуайянкунии халқҳо; хотираи фарҳангии аҷдодони мо, муҳаббату эҳтиром ба Ватан, боварӣ ба некию адолат, давлатдории миллии соҳибихтиёр ва дахлнопазире, ки бар пояҳои демократӣ, беҳбудӣ ва ободии Ватан, масъулият барои Ватан назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда, дарку шинохти худ ҳамчун як қисми мутамаддини ҷомеаи ҷаҳонӣ бунйд шудааст.

Масъалаи дигари баҳсамон ин аст, ки истилоҳҳои “арзиши миллӣ”, “манфиати миллӣ” ва “афзалияти миллӣ” аз нигоҳи мазмуну муҳтаво ба ҳамдигар наздиканд, аммо айни як чиз нестанд. Ба назари мо, арзишҳо маҷмуи намодҳои ахлоқӣ ва меъёрҳои муайяни маънавӣ мебошанд. Манфиати миллӣ ҳамчун маҷмуи талаботи дохилию берунии давлат дар таъмини бехатарӣ, ҳимоя ва рушди босуботи шахсият, ҷомеа ва давлат мебошад. Афзалияти миллӣ бошад, ҷараёни самтгирию татбиқнамоии манфиатҳои миллӣ дар марҳилаи муосири инкишофи давлат мебошад.

Зери таъсири раванди ҷаҳонишавӣ тағйирпазирии арзишҳо мушоҳида мешавад, ки дар ҳолатҳои ҷудогона, мутаассифона, хусусияти мазҳабӣ доранд. Инчунин, пӯшида нест, ки ғояи ҳамҷингароӣ низ як қатор кишварҳои тарақикардаи ҷаҳонро фаро гирифта, он таввасути шабакаи ҷаҳонии Интернет дар сар то сари ҷаҳон тарғибу таҳмил шуда истодааст, ки барои ҷомеаҳои анъанавӣ оқибати ногувор дорад. Афзалиятҳои ахлоқӣ монанди эҳтироми калонсолон, омӯзиши илму ҳунар ва дигар арзишҳои фарҳангию фалсафӣ, ки аз ҷониби мутафаккирони тоҷик тарғибу ташвиқ мешуданд, дар шароити авҷ гирифтани ҷангҳои иттилоотӣ бар зидди фарҳанг, таърих ва забони миллати тоҷик аз ҷониби қудратҳои ғаразнок инкор шуда истодаанд. Мо шоҳиди он ҳастем, ки қудратҳои ғаразнок кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки арзишҳои ғайриахлоқию зиддифарҳангиро ба сари миллати тоҷик низ таҳмил намоянд. Шароити мавҷуда тақозо менамояд, ки мо зидди арзишҳои бегона, аз қабили гароишҳои мазҳабӣ ва ҳамҷинсгароӣ, ки ба сари миллати мо иҷборан таҳмил мешаванд, муборизаи беамон барем. Ғайр аз онҳо, пошхӯрии оилаҳои ҷавон равандест ногувор ва метавонад, ки пояҳои ниҳоди оиларо хароб созад, дар ҳоле ки оилаи солим асоси ҷомеа ва рушди босуботи давлатро таъмин менамояд. Ҳамчунин қайд кардан зарур аст, ки тарғиби оилаи ғайрианъанавӣ ва никоҳи якҷинса ба фазои ахлоқию маънавии ҷомеаи Тоҷикистон хатари ҷиддӣ дошта, бар зидди арзишҳои милии кишвари мо равона шудаанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷрояи Президент, палатаҳои болоию поёнии Парлумони кишвар, Вазорати фарҳанг, маориф ва илм, Кумитаи кор бо ҷавонон ва дигар сохторҳои дахлдор дар ҳимояи арзишҳои миллӣ саҳми фаъол дошта, онро ҳамаҷониба тарғибу ташвиқ менамоянд.

Хулоса, мо бовар дорем, ки ин тадбирҳои дар боло зикршуда, арзишҳои миллиро ҳифз ва амнияти миллии кишвари моро таъмин хоҳанд кард ва ҳамаи самтҳои номбаршудаи тарбияи ватандӯстии созмонҳои давлатию иҷтимоӣ дар ҳифзи арзишҳои маънавию ахлоқӣ саҳми бориз доранд. Такмил ва инкишоф додани шаклу усулҳои муваффақона санҷидашудаи тарбияи ватандӯстӣ дар доираи ин ташаббусҳо чунин муқаррар намудан мумкин аст: мусоидат ва мустаҳкам намудану инкишофи шуури миллӣ ва ахлоқӣ, баланд бардоштани сатҳи худшиносии шаҳрвандони кишвар, тарбияи ҳисси ифтихор аз дастовардҳои таърихӣ ва муосири кишвар; эҳтиром ба фарҳанг, анъана ва таърихи миллати тоҷик; такмил додани муносибатҳои дӯстона ва эҳтироми якдигарии байни миллатҳо ва мазҳабҳо, эҳтиром ба Конститутсия ва суботи сиёсӣ, баланд бардоштани некӯаҳволӣ ва меъёрҳои ҳаёти иҷтимоӣ, мусоидат ба фароҳам овардани шароити мусоиди иҷтимоию иқтисодӣ баҳри амали гардидани ҳуқуқҳои конститутсионии инсон, вазифа ва уҳдадориҳои инсон назди давлат ва амслои онҳо.

Маҳмадизода Н.Д. доктори илмҳои фалсафа, профессор, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

[1] https://mmk.tj/content/конститутсияи-ҷумҳурии-тоҷикистон. Санаи муроҷиат 12.06.2024.

[2]

“Дар ҷаҳони муосир доштани парчами миллӣ ин нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад.”

Эмомалӣ Раҳмон

Ба истиқболи Рӯзи Парчами миллӣ

Таърихномаи давлатдории халқҳои ҷаҳон собит месозад, ки ҳар як парчам сарнавишти худро дошта, дар масири таърих борҳо такмилу такомул ёфтааст. Аз ин рӯ, шакл ва ранги парчам вобаста ба таҷрибаи таърихӣ ва ҳаводиси дар сарнавишти миллат рухдода тағийр меёбад. Вобаста ба ин, нусхаи аслии парчамҳои пешин дар осорхона ва мавзеъҳои муайяншуда нигоҳ дошта мешаванд, ки ин аз арҷгузорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва заҳмати гузаштагон шаҳодат медиҳад. Мусаллам аст, ки дар дарозои таърихи башар Парчам дар баробари дигар ҷанбаҳои ҳаёти башарият яке аз бахшҳои таърихи инсоният буда, таҳия ва мавриди истифода қарор додани он дар сарнавишти халқу миллатҳои сайёра нақши муҳим ва умда дорад.

Тоҷикон дар масири таърих ҳамчун миллати куҳанбунёд бо хусусиятҳои хоси давлатдории миллӣ номдор буда, тӯли садсолаҳо тавонистаанд, ки бо таҷрибаи ғании давлатсозии худ империяҳои бузургу тавоноро пойбарҷо гузоранд. Омӯзиши таърихи давлатдории тоҷикон нишон медиҳад, ки ҳокимону роҳбарон барои ифодаи қудрати салтанати хеш рамзу нишон, ишораву аломат ва рангҳоро қабулу истифода намудаанд. Ба ин маънӣ, Парчам дар марҳалаи тулонии таърихи пуршебу фарози мо дорои маъно ва тарзу услуби хоси истифодабарӣ буда, ҳамзамон як ҷузъи муҳимми таъриху фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик ба ҳисоб меравад.

Метавон ойини парчамдории тоҷиконро вобаста ба ҳукмронии сулолаҳо ба чунин марҳалаву номҳо ҷудо намуд:

- Дирафши ковиёнӣ

- Штандарти империяи Ҳахоманишӣ

- Дирафши давлати Ашкониён

- Дирафши давлати Сосониён

- Дирафши давлати Сомониён

- Дирафши сулолаи Ғуриён

- Парчами Аморати Бухоро

- Байрақи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон

- Байрақи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон

- Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, аҷдодони мо ҳанӯз дар асрҳои III- II пеш аз милод соҳиби рамзҳои «Меҳр» ё «Фарри ориёӣ» буданд, ки чун тимсоли замину хуршед, покиву озодагӣ ва нишонаи абадият ба чаҳор унсури ҳаёт: хок, об, оташ ва ҳаво ё ба асосҳои мавҷудияти олами ҳастӣ далолат мекарданд.

Нигоҳе ба таърихи Парчам

Парчамҳои давлатӣ вобаста ба хусусиятҳои давлатдорӣ омода ва истифода мешаванд. Дар дунё чӣ миқдор давлате, ки бошад, ҳамон қадар парчами давлатӣ вуҷуд дорад. Дар рӯзгори мардумони сайёра парчамҳои аввалин дар байни мардумони ориёй, арабҳо, чиниҳо ва юнониҳо бештар маълум будаанд. Парчамҳо дар муҳорибаҳо ва лашкаркашиҳо истифода мешуданд. Парчамҳо аслан дар муҳорибаҳо ба сифати василаи шинохти бегона аз худӣ ба кор мебурданд. Рушди ойини парчамдорӣ дар байни мардумони аврупоӣ аслан бо ташаббус ва дар иртибот ба амалиёти ҷангии арабҳо сурат гирифтааст. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, дар Аврупо аввалин парчам соли 480 то милод аз ҷониби лашкаркаши номдор Фемистокл дар муҳорибаи Силамин ҳамчун аломати ҳуҷум афрошта шудааст. Баъдан парчамҳо хусусияти фардӣ гирифта, дар баробари лашкарҳо ҳамчунин сарлашкарон ва баҳодурон парчами худро сохтанд. Бо мурури замон дар заминаи парчамҳои ҷангӣ ва фардии лашкаркашон парчами давлатҳо зуҳур карда, нуфузу эътибори парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва маҳбубияти он дар қалби сокинони кишварҳо зиёд гардид. Яъне, минбаъд раванди эътибору арзиши умумимиллӣ пайдо кардани парчамҳо ба миён омад.

Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, нахустин парчамҳо дар байни аҷдоди мо ҳанӯз дар асри III пеш аз милод дар Эрони қадим пайдо гардидаанд. Дар он замон парчам аз қӯрғошим бо иловаи маъданҳои гуногун сохта мешудааст.

Рӯзи Парчам дар Мексика, Канада, ШМА, Швейтсария, Лаҳистон, Ҷопон ва Либерия низ ботантана таҷлил карда мешавад. Манораҳои бузурги парчам бо баландии 162 метр дар Озарбойҷон, 160 метр дар Куриёи Шимолӣ, 133 метр дар Урдун ва 126 метр дар Уммон бунёд шудаанд.

Боиси тазаккур аст, ки соли 2011 баландтарин Манораи парчам дар Тоҷикистон ба баландии 165 метр барафрохта шуд. Манораи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди афрохта шудани пояи парчами 175 - метраи Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷои дуюм қарор гирифтааст.

Яъне, дар марҳалаи нави давлатдории миллӣ Парчам василаи асосии ҳастӣ ва мавҷудияти давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд ва демокративу дунявии мост.

Чуноне ки Асосгузори ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ дар суханрониашон бахшида ба рӯзи Парчам қайд намуданд, “Эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла парчам арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст.” Аз ин лиҳоз, гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат аз он шаҳодат медиҳанд, ки муқаддасоти миллиро бояд пос дошта, ба он арҷгузорӣ намуд. Зеро муқаддас донистани парчам барои ҳар як фард дар ҳар давру замон баҳри ободии ҳаёти осоишта ва пирӯзии адолат ба шумор рафта, он рамзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар марҳалаи нави давлатдорӣ ва эҳёи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ҳар як фарди Тоҷикистонро зарур аст ки ба қадри обу хоки ин кишвар ва муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчам бирасад, зеро муаррификунандаи давлат ин парчами миллӣ мебошад ва дӯст доштани ин муқаддасоти миллӣ нишонаи ватандӯстӣ маҳсуб мешавад.

Ҳамин тариқ, дар ҷаҳони муосир Парчам василаи муарифӣ сохтани давлату миллатҳо буда, ҳар як давлатро аз рӯи парчаму нишонаш мешиносанд. Миллати тоҷик низ яке аз кишварҳои дорои таъриху фарҳанги пурғановат ва оламшумул дар арсаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад, ки аз рӯи парчам мақому манзалати хоссаро доро буда, тули ҳазорсолаҳо ин арзиши олии миллиро ҳифз намудааст.

Имрӯзҳо мушоҳида мешавад, ки парчами Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ парафшон мебинем, ки ин ҳама аз пешравию ободии диёри маҳбубамон дарак медиҳад. Ба ин васила, ҷавонони мо чи дар соҳаи варзиш чи дар соҳаи илм кӯшиш доранд парчами Тоҷикистонро баланд бардоранд ва кишварро ба ҷаҳониён бештару беҳтар муаррифӣ намоянд. Пас ҳар як фарди тоҷикро месазад, ки ҳамеша дар ободиву осоиштагии диёрамон саҳмгузор бошаду Парчами давлатиро ҳамеша ҳифз намуда, барои парафшон будан ва баланд бардоштани он саъй намояд.

Саидова Саёҳат, - лаборанти калони Шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Кишварҳои муосири рӯйи замин дорои парчам, нишон ва суруди миллианд. Ин анъана дар замони ташаккули аввалин давлатҳои шарқи бостон бунёд ва тайи қуруни минбаъда доман густурдаву то ба даврони мо омада расидааст. Парчами миллии мо нишоне аз таърихи қадимии халқи тоҷик буда, яке аз рамзҳои муқаддаси давлати соҳибистиқлоламон ба ҳисоб меравад.

123Бино бар маълумоти манбаъҳои таърихӣ қавмҳои ориёӣ ҳанӯз аз давраҳои бостон ойини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ доштаанд, зеро онро рамзи шуҷоату қудрат, озодиву шукуфоӣ, ободиву созандагӣ, ваҳдату ягонагӣ, ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоди халқу миллат дар набарду муборизаҳо баҳри ҳифзи марзу бум ва истиқлолу озодӣ медонистанд.

Мардуми ориёиасл яке аз асосгузорони тамаддуни башарӣ буда, тӯли ҳазорсолаҳо дар арсаи ҷаҳонӣ даҳҳо давлатҳои бузургу абарқудрат созмон додааст, ки дорои пойгоҳҳои бошукӯҳу зебо, парчам, тахт, тоҷ, муҳр, сиккаҳои заринаву симина ва сипоҳи оламгир буданд. Парчам аз ҷумлаи муқаддасоти Ориёиҳо маҳсуб гардида, ба он ҳамчун рамзи озодиву қудрат эҳтироми хос доштанд ва онро бо дурру гавҳар меоростанд. Таърихи аввалин парчами ин мардум бо номи «дурафш» ё «дирафш» дар осори таърихии ин қавм баръало таҷассум ёфтааст.

Фирдавсии фаррухсиришт дар «Шоҳнома»-и безаволаш зимни ба қалам додани таърихи Коваи оҳангар, ки рамзи оташ, равшанӣ, раҳоӣ аз зулмат, зафар ба аҳриман, хайру некӣ ва ҷасорату меҳанпарастии ориёитабор буд, чӣ тавр аз чарми пешдомани худ ба нӯги найза дирафш оростану онро ҳамчун рамзи мубориза бар алайҳи Заҳҳоки морон - рамзи аҳриманӣ, бадӣ, хунхорӣ, зулму ситам ва торикист, барафроштанро бо сӯз ёд мекунад. Кова бо мардуми ба дод омада, нерӯи ахриманиро аз тахти зулму истибдод сарнагун сохт, Ватанро озод ва дубора хуррам намуд. Шоҳ Афаридун, ки аз насли озодагон Ҳушангу Таҳмурас буд, дар баробари ба тахт нишастану тоҷи заррин ба сар карданаш дирафши озодагонро муқаддас донист, онро рамзи давлатдорӣ, қудрату озодӣ, ҳуввияту ваҳдат ва ягонагӣ эътироф намуда, бо зару ҷавоҳирот музайян намуд. Дурафши коваёнӣ номаш дод. Аввалин тасвири Парчам дар силоҳи ориёиҳо, форсу суғдиён ва бохтариҳо дар деворнигораҳои шаҳри Помпии Рум, яъне дар асрҳои яки то милод нигошта шудааст. Дар он саҳнаи муҳорибаи сипоҳи давлати Ҳахоманишиҳо таҳти сарварии Доро бо лашкари Искандари юнонӣ дар соли 333 милодӣ акс ёфтааст. Ранги парчамҳои асрҳои 16-18 низ асосан сурх буданд. Ва ин анъана аз давраҳои Ҳахоманишиҳо инҷониб роиҷ буд.

Фирдавсӣ низ ин нуктаро дар «Шоҳнома» ишорат намуда, аз гуногун будани ранги парчамҳо хабар додааст:

Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой,

Бипӯшанд ҳангоми захми дарой.

Ҳамон Кова он бар сари найза кард,

Ҳамон гаҳ, зи бозор бархост гард.

Хурӯшон ҳамерафт найза ба даст,

Ки: «Эй номдорони яздонпараст».

Фурӯҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,

Ҳамехондаш «Ковиёнӣ дирафш».

Як зумра муҳаққиқон бар он ақидаанд, ки вожаи «Ковиён» реша аз ҳамон дирафши Кова (Коваи оҳангар) дорад ва гурӯҳи дигар ҷонибдори ба маънии Каёнӣ (сулолаи Ковиён – Каёниён) шарҳ ёфтани ин истилоҳ мебошанд, ки Кай, Каён, Ковиён, яъне ҷасур, баҳодур, қаҳрамон аст. Вожаи «кавӣ» дар суғдӣ маънии ҳоким, роҳбар ва шоҳ (дар тангаҳои Бухоро)-ро дорад.

Ҷолиби қайд аст, ки дар таърихи халқи тоҷик афрохтани парчам ҳамчун рамзи барҳам задани пояи ҷабру бедодӣ натиҷаи талошу мубориза баҳри ба даст омадани озодиву истиқлол нишонаи қудрату тавоноӣ арзёбӣ мешавад. Тасвири уқоб дар дирафши Куруши Кабир ҳамчун рамзи давлати қудратманд ва дирафши Кова нишоне аз талошу мубориза ва ҷоннисориҳои ниёкони мо баҳри озодиву истиқлол мисол шуда метавонад. Дар даврони Шӯравӣ бошад, парчами Тоҷикистон ифодагари мазмуну моҳияти кишвар дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ буд. Пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидани ҷумҳуриҳои ҳайати он боис гардид, ки ҳар давлати мустақил парчами худро дошта бошад. Бо дарки ин воқеият 12-уми ноябри соли 1991 Президуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти эъломияи истиқлолияти давлатӣ озмун барои беҳтарин матну оҳанги Суруди миллӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ қарор қабул ва низомномаро дар бораи Нишон ва Парчам эълон намуд.

Рангҳои парчами миллии мо ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ мебошанд. Дар атрофи рангҳои Парчам, тоҷу ҳафт ситораи он дар ҷараёни кори Иҷлосияи 16-ум баҳсҳои тӯлонӣ ба миён омада бошанд ҳам, Парчами миллӣ дар шакли имрӯзи он аз се ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора қабул гардид, ки ҳар ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора моҳияти таърихӣ ва аҳамияти сиёсии ба худ хосро доранд.

Ранги сурх дар Парчам ифодагарӣ ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед рамзи покиву озодагӣ ва ранги сабз бошад, нишона аз неъмати бебаҳои ин миллати куҳанбунёд – фарҳанг ва дониши ҷаҳонгири ӯст.

Тоҷ ва ҳафт ситораи Парчам таърихи тӯлонӣ доранд. Хотирнишон бояд намуд, ки дар таърихи 29-уми октябри соли 2009 дар ҳамоиш бахшида ба 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми наҷибе пешниҳод гардид, ки 24-уми ноябр рӯзи Парчами миллӣ эълон карда шавад ва ҳамасола ҳамчун рӯзи Парчами миллӣ ҷашн гирифта шавад. Бояд қайд намуд, ки ин иқдоми неки Сарвари давлат идомаи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи ҳукумат ва давлати Тоҷикистон буда, насли ҷавони имрӯзаро дар рӯҳияи хештаншиносиву меҳанпарварӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои волои давлату давлатдорӣ ва эҳтирому қадршиносӣ ба рамзҳои давлатӣ тарбия менамояд. Парчам яке аз муқаддасоти миллии мост, ки дар назди он аз Сарвари давлат то сарбози оддӣ савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд. Парчам ҳамчун рамзи давлат ба ифтихори дастоварду пирӯзиҳои фарзандони фарзонаи миллат, дар майдонҳои варзишӣ баробари садо додани Суруди миллӣ барафрохта мешавад. Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ Парчами Тоҷикистон партавафшонӣ мекунад.

Арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ эътироф кардани тамоми арзишҳои гузаштаву имрӯз ва фардои миллат аст. Ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ барои пос доштани руҳи онҳоест, ки барои ҳимояи нангу номус ва марзу буми ин кишвар ҷоннисорӣ намуда, забон, фарҳанг ва ҳуқуқи давлатдории ин миллати таърихиро ҳифз кардаанд. Ин ҷашн ҳар фарди баномуси кишварро бори дигар ба ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва саъю талоши ҳамешагӣ барои ободию озодии кишвар ҳидоят месозад. Муҳаббат ва садоқат ба арзишҳои миллӣ ифодагари ҳақиқии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг эътироф мешавад.

Ҷайлоев Ҷамшед Ҳусейнович - номзади илмҳои техникӣ ходими пешбари илмии озмоишгоҳи “Маводҳои ба коррозия устувор”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Ба истиқболи Рӯзи Парчами миллӣ

Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳоидавлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, муассисаву таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон мавҷуд аст. Ба ҷойовардани эҳтиром нисбат ба Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро Парчам рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва ҳастии миллат аст.

Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардида, ба сӯи ҳадафҳои умумимиллӣ сулҳу субот ва ваҳдатимиллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд, баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти арзии кишвар, инчунин рамзҳои нахустини давлати соҳибистиқлоламон – Парчам ва Нишони давлатӣ қабул карда шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба парчамимиллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро ҳамчун рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд.

Ба хотири мақому манзалати Парчам дар рукни давлатдорӣ сарвари давлат ғояи бунёди манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби аҳолӣ ҷонибдории комил ёфт. Дар дуюмин солгарди Парчами давлатии Тоҷикистон маросими бунёди манораи бузурги Парчам оғоз гардида, дар давоми як сол ба анҷом расид. Дар бунёди он бинокорони корхонаҳои ватанӣ заҳмати зиёд кашида, санъати баланди касбӣ нишон доданд. Натиҷа ҳамин буд, ки 30-уми августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр, ки баландтарин парчам дар ҷаҳон буд, парафшон гардид. Паҳноии худи Парчам 30 метр ва дарозии он 60 метр мебошад.

Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф, ки то имрӯз боқӣ монданд, аз он гувоҳӣ медиҳад.

Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати қадима дорад. Аҷдодони мо ҳанӯз аз замони Каёниён соҳиби дирафше буданд, ки мавҷудияти давлатии онҳоро ифода мекард. Аввалин Парчами қадимаи тоҷикон “Дирафши Ковиён” ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории Ориёӣ қабул карда мешавад.

“Дирафши Ковиён” то замони суқути давлати Сосониён Дирафши миллӣ ва давлатии тоҷикон буд. Дар давраи Сосониён шакли он тағйир ёфта, дар қисми болои он таҷассуми паррандаи заррин – мурғи Ҳумо ҷой дода шуда, дар бахши мураббаи он қимматтарин сангҳо насб гардидаанд. Чунонки дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ омадааст, ҳар яке аз паҳлавонони бузургу номвари сарзамини аҷдодии мо Дирафши хоси худро дошта аст. Дирафш аз замонҳои қадим нишона ва рамзи муқаддаси ҳар миллату давлат будааст ва ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷонисориҳо намудаанд.

Таърих гувоҳ аст, ки парчамдорӣ эҷоди мардуми форс буда, пеш аз ҳама ҳастии миллат ва давлатдориро муайян мекунад. Он рамзи Ватан ва номусу нанги миллат аст.

Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолияти давлатии тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардидаанд.

Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад.

Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми “Дирафши Ковиён”-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг: ранги сурх-озодиву истиқлол, ранги сафед-сулҳу оромӣ, ранги сабз-ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи заррини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.

Истиқлолияти давлатӣ ба мо таҷлили пуршукӯҳи тамоми санаҳои таърихи миллиамон, аз он ҷумла гиромидошти Парчами миллӣ ва дигар рамзҳову муқаддасоти Ватанамон шароити мусоидро фароҳам овард.

Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии Ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад.

Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифатамон соҳиби парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтанд, давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардид. Имрӯз Парчами миллии мо дар қатори парчамҳои дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ парафшон аст, ки мояи ифтихору руҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони азизи мо мебошад.

Парчами давлатӣ бар фарози биноҳои Қасри миллат, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат, гузаргоҳҳои марзиву гумрукӣ ва дигар ҷойҳо афрохта шуда, парафшонӣ мекунад.

Имрӯз моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихори тамом дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлолияти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем.

Ба рамзҳои давлатӣ эҳтиромона муносибат намудан вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа буда, қадрдонии онҳо барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд сарчашмаи ифтихор ва арҷгузорӣ ба давлату давлатдорӣ бошад.

Расулзода Аслам Зафар - ходими калони Шуъбаи ШМА ва Канадаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ваАврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Ба истиқболи Рӯзи Парчами миллӣ

Санаи 9-уми сентябр соли 1991 Тоҷикистони навин Истиқлолиятро дарёфт намуда, ҳамасола сокинонаш онро бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мекунанд.

Ин сарзамин солиёни дароз зери султаи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ қарор дошт, ки шомили кишварҳои Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Эстония, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Украина, Ӯзбекистонбуданд. Пайваста сокинони ин сарзамин куҳанбунёд барои доштани давлати алоҳидаи худ пайваста талошу муборизаҳо мекарданд, то чун қавму миллати дорои тамаддуну таърихии бостонӣ бо сохти давлатдории миллӣ зиндагӣ намуда, маърифату маданият ва забону адабиёти худро ҳифз намуда, барои озодӣ, оромӣ ва ободи кишвару халқи худ хидмат намоянд.

Ҳамин тариқ, бо ин ормону орзуҳои хубу писандида сокинони ин сарзамин 9-уми сенбяри соли 1991 соҳиби давлати алоҳида шуда, бо роҳнамои фарзанди фарзонаи худ таҳти сарпарастии сиёсатмадори созгору созанда Президенти кишвар Эмомали Раҳмон бо эҳёи арзишҳои фарҳангиву миллӣ талошу мубориза намуда, Ватанро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ карданд.

Мақсаду мароми ин фарзанди фарзона ва мардумони сулҳофарину таммадунофари он ҳифзи арзишу анъанаҳои миллӣ зиндагӣ намудан мебошад. Ҳамин буд, ки мардуми ин сарзамин бо гузашти фарозу нишебҳо дар даврони Истиқлолият ва расидани ба сулҳи комил зери роҳнамои Президенти кишвар Ватанро ободу ором намуда, бо эҷоди модели нодири мактаби сулҳу созандагӣ дар минтақа ва ҷаҳон шинохта шавад.

Ҳамин тариқ, Президенти кишвар дар нахустин рӯз ба сари қудрат омадан кори худро бо мақсаду шиорҳои зерин оғоз карда, то ба имрӯз ба ваъдаҳои худ содиқу устувор мебошад:

· “Ман ба шумо сулҳ меорам”

· Ба хотири ҳифзи Ватану мардум ҷонро дар хатар гузошта мубориза кардан

· Авфу даргӯзарӣ баҳри осудагиву зиндагии созанда

· Бунёди роҳу нақбҳо баҳри пайвандҳо

· Муаррифии Тоҷикистони навин ба ҷаҳониён

· Пешгирии саривақтӣ аз хатару таҳдидҳо

· Ташвиқу тарғиби сулҳу субот баҳри ҳифзи наслҳо

Пайваста Президенти кишвар дар бештари паёмҳои худ доштани илму дониш барои рушду рифоҳи маънавиёти инсон ва инкишофи давлату миллат таъкид намуда, миллату халқи худро ба сӯи донишу маърифат ва сулҳу ваҳдат роҳнамоӣ мекунад.

Ҳамин тавр, Тоҷикистони навин бо нигоҳҳои созандаву созгор соҳиби Парчами давлатӣ гардид, ки мояи шарафу ифтихори ҳамаи сокинони кишвар мебошад. Зеро дар он таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳо, Ваҳдати миллӣ ва саъйу талоши пайваста ба хотири озодиву ободию оромӣ таҷассум ёфтааст. Ҳамин тариқ бо гуфтану шунидани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Рӯзи Президент ҳар сокини Тоҷикистонро беихтиёр ҳисси меҳандӯстиву Ватандорӣ фаро мегирад. Мавриди зикр аст, ки санаи 24-ноябри соли 1992 гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи рамзҳои нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар сессияи16-уми Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд шаклу намуди парчами нави давлатиро баррасӣ карда, ба вакилони мардумӣ пешниҳод намуданд. Ҳамин тавр, аввалин маротиба роҳбари тозаинтихоб Эмомалӣ Раҳмон дар зери Парчами нави давлатӣ сари таъзим фуруд оварда, қасам ёд кард.

Мавриди зикр аст, ки дар моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам чун яке аз рамзҳои давлатӣ пазируфта шудааст. Бузургмардони ин сарзамин аз замони давлатдории Каёниён соҳиби парчам ё ба ибораи дигар дирафше буданд, ки дар сарчашмаҳои таърихӣ “Дирафши Ковиён” ном дошт.

Баррасиҳои илмӣ нишон медиҳад, ки нақши тоҷи Парчам рамзи давлатдории халқи тоҷдори тоҷикро ифода карда, муттаҳидсозии давлату миллатро таҷассум менамояд. Нақши ҳафт ситора дар қисми болои тоҷ дар шакли нимдоира ҷой карда шудааст, ки пайёми хушбахтӣ маънидод карда мешавад. Ба андешаи баъзеҳо ҳафт ситора ифодагари ҳафт шоири барҷастаи форсу тоҷик маънидод шудааст. Ранги сурхи Парчам ифодагари мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед нишонаи бахту иқболу нияти неки халқ ва ранги сабз рамзи саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ мебошад, ки дар натиҷаи он диёру Ватан ҳамеша сарсабзу хуррам боқӣ хоҳад монд.

Хулосаи калом аз соли 2009 рӯзи 24-уми ноябр ҳамчун “Рӯзи Парчам”-и давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди арзишу арҷгӯзории Парсам чунин таъкид намуданд: «Мо дар дар даврони Истиқлолият бо саъю талоши ватандӯстонаи кулли мардуми шарафманди тоҷик пойдевори устувори давлатдории миллии худро гузоштем ва минбаъд низ зери Парчами давлатӣ ояндаи дурахшон ва ободиву пешрафти ин сарзаминро таъмин намуда, барои халқи азизи Тоҷикистон зиндагии пурсаодатро муҳайё хоҳем кард».

Хулоса парчамдорӣ нишонаи давлатдории Тоҷикистон буда, ба сокинони он чунин пайёму розҳо мегӯяд, ки бояд бо гӯши шунаво ва ақли расову чашми хирад онро дарк кард :

1) Парчами миллӣ аз соҳибихтиёрии миллат буда, мояи эҳтироми ҳар як шаҳрванд мебошад.

2) Парчами миллӣ фарҳанг, тамаддун ва таърихи кишварро муаррафӣ мекунад.

3) Парчами миллӣ заминагузори ҳувияту худшиносӣ буда, Тоҷикистону тоҷиконро ба ҷаҳониён мешиносонад.

4) Парчами миллӣ аз ҷоннисорону муборизони роҳи озодии Ватан

5) Парчами миллӣ бо рамзу ранги худ ифтихори Тоҷикистон буда, зери он ҳамаи сокинон, ба хусус афсарону аскарон, варзишгарону намояндагон бо як шаҳомату шуҷоати бузург ва матонату фаросат арҷ мегузоранд.

Дар ниҳоят бояд зикр кард, ки Истиқлолияту Сулҳу Ваҳдат ва ҷасорату хирадмандии Президенти кишвар заминагузори худшиносӣ буда, рамзҳои миллӣ аз ҷумла Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ паёмрасони хайру баракат, рушду саодатбуда, сокинонро барои ободӣ, оромӣ ва ободии кишвар дар партави донишу хираду худшиносӣ роҳнамоӣ менамоянд. Рӯзи Парчами миллӣ ба сокинони кишвар ва меъморони мактаби Сулҳу созандагӣ фархунда бошад.

Мирсаид РАҲМОНОВ, ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

19 ноябри соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ ба муносибати 100- солагии мунаққиду адабиётшинос, узви вобастаи АМИТ Соҳиб Табаров Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Мақоми Соҳиб Табаров дар нақд ва адабиётшиносии тоҷик” бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа - Масрур Абдуллозода ва дигар олимону муҳақиқон баргузор гардид.

Бар кори конфронс президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида таъкид дошт, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббус ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки худ абармарди миллату арсаи меҳнат мебошанд, талошу заҳматҳои намояндагони соҳаҳои гуногуни илму ададби кишвар қадрдонию пуштибонӣ мегардад.

Зикр гардид, ки бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12-уми декабри соли 2023, №-470 дар муассисаҳои илмию таълимӣ ва фарҳангии Тоҷикистон соли 2024 100- солагии адабиётшиноси маъруфи тоҷик, мунаққиди воқеъбин, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Табаров Соҳиб Шуҳратиевич ҷашн гирифта мешавад.

Воқеан ҳам Соҳиб Табаров аз зумраи он олимони соҳибмактабу шинохта ва адибони маъруфе маҳсуб мегарданд, ки тавассути фаъолияти фидокоронаи илмию адабӣ дар зиндагӣ ба мартабаҳои баланди илмию адабӣ расидаанд. Ба қавли академики чехи Ян Рипка, Соҳиб Табаров дар илми филологияи тоҷик мактаби адабиётшиносии пурқуввате ба вуҷуд овардааст, ки онро шогирдонаш бомуваффақият идома медиҳанд.

Воқеан, устоди азиз Соҳиб Табаров аз зумраи он абармардони забардастеанд, ки тамоми умри бобаракати хешро баҳри такмилу инкишофи илми филология, пажуҳишу пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ оид ба проблемаҳои адабиёти навин, таълиму тарбияи насли ҷавон, омода намудани кадрҳои шоистаи илмӣ дар соҳаи филологияи тоҷик, баланд бардоштани сатҳи фарҳангию адабии мардуми шарифи Тоҷикистон равона кардаанд.

Дар идома қайд гардид, ки Соҳиб Табаров тавассути пайванди ногусастании фаъолияти бедареғи илмию таълимӣ ба таъсиси мактаби адабиётшиносии пурқуввате муваффақ гардид ва табиист, ки баҳри идома ва рушду нумуми минбаъдаи ин мактаб ҳамвора ҷаҳду талош карда, дар роҳи душворгузари илм як қатор шогирдони собитқадам ва масъулиятшиносу амиқ андеш ба воя расонд. Ин аст, ки мактаби адабиётшиносии устод Табаро ба тавассути шогирдони варзида бо муваффақият идома ёфт ва боиси мавқеи боз ҳам баландтар касб кардани ин мактаби илмӣ гардид.

Имрӯз мо дар арафаи тачлили иди пуршукуҳ, яъне рузи Қабули яке аз рамзҳои давлати, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарор дорем. Воқеан ҳам давлати соҳибистиқлолро бе доштани рамзҳои давлати аз ҷумла Парчами давлати тасавур кардан ғайриимкон аст.

Бояд қайд намуд, ки қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи худро дорад. Парчами нави давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар сессия Шурои Олӣ 24-ноябри соли 1992 тасдиқ карда шудааст. Барои таҳияву пешниҳод намудан ва қабули рамзҳои нави Тоҷикистони соҳибистиқлол муддати ду сол қувваҳои эҷодиву ҷустуҷуи сарф шудааст.

Аввалҳои соли 1990 аз ҷониби Шурои Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон барои таҳия намудани рамзҳои нави давлатӣ, озмун эълон карда шуд ва дар ин озмун тахминан 250 нафар ширкат варзиданд. Вобаста ба таҳия намудани рамзҳои нави давлати комиссияи махсус ташкил карда шуд, ки сарварии ин комиссияро президенти ҳамонвақтаи Акадамеяи илмҳои Тоҷикистон академик Муҳаммад Осимӣ ба уҳда доштанд. Аз муалифон ва коллективҳои эҷодии тамоми минтақаҳои ҷумҳури зиёда аз дусад адад пешниҳодҳо вобаста ба лоиҳаи рамзҳои нави давлати ворид гардида буд.

Вобаста ба таҳияи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Точикистон, ҳамчунин аз тарафи Донишкадаи таърих, Донишкадаи астрофизика ва кумитаи Ҷумҳурияви оид ба терминология лоиҳаҳои рамзҳои давлатии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда буданд. Дар охири озумн аз байни санъатшиносон ва рассомон вобаста ба таҳияи рамзҳои давлати гурӯҳ интихоб карда шуд, ки аз он ҷумла рассоми халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев-ро роҳбар ва лоиҳакаш, Лариса Додхудоева-рассом ва санъатшинос номзади илмҳои санъатшиноси, Анатолий Заневсий – президенти иттифоқи дизайнерҳои Тоҷикистон ва Ирина Игнатушина – санъатшинос ходими хизматнишондодаи санъати Точикистон шомил буданд.

Аз тарафи муаллифон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ҳамчун матои росткунҷаи се рахаи рангаи уфуқи, иборат аз ранги сурх, сафед ва сабз пешниҳод шуд, ки рахи ранги сафед якуним баробари рахҳои ранги сурх ва сабзро ташкил мекард ва бари матоъ бошад якуним баробари дарозии онро ташкил мекард. Дар аввал ба сифати ангораҳои асоси муаллифон дар Парчами давлати нақши шер, тоҷ ва ситораҳоро нақшнигори намуданд. Нақши шер аз анъанаҳои форсу-тоҷик сарчашма гирифта ҳамчун рамзи боақли, часури ва адолатро ифода менамояд. Баъд аз ин гуруҳи кори дар

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои нақши шер нақши тоҷ ва ҳафт ситораро ҷой намуданд. Қайд кардан зарур аст, ки нақши тоҷ, ки дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шуд, ин рамзи давлатдории халқи тоҷдори тоҷик, яъне тоҷ таҷассумгари муттаҳидсозии давлату миллатро ифода менамояд. Дар баробари нақши тоҷ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳафт ситора дар қисми болои тоҷ дар шакли нимдоира ҷой карда шуд, ки ифодагари рақами ҳафт ҳамчун рақами муқаддас ва оварандаи хушбахти маънидод карда шуд. Дар аввал ба ақидаи муаллифони Парчами давлатӣ, ҳафт ситора ҳамчун ифодагари ҳафт шоири барҷастаи форсу точик маънидод шуда буд.

Ҳоло бошад ҳафт ситора, ин ифодагари ҳафт минтақаи таърихию мадании кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад, яъне Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон. Дар давраи кори комиссия оид ба пешниҳоди лоиҳаи рамзҳои давлатии, Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 – сентябри соли 1991 соҳибистиқлолии худро ба даст овард, ки муаллифон бо дарназардошти ташкилшавии давлати навини тоҷикон ва ба даст овардани истиқлолият, арзишҳои миллӣ, таърихӣ, фарҳангии халқамонро ба назар гирифта ранги сурхро, ки дар Парчами давлати чой дода шудааст, ҳамчун ифодагари- мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед- бахту иқболи сафед, нияти неки халқамон ва ранги сабз- саъю кушиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишварамон сабзу хурам мешавад маънидод карда шуд.

Дар таърихи 24-ноябри соли 1992 гурӯҳи кори оид ба таҳияи рамзҳои нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ба сессияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами нави давлатиро ба муҳокимаи вакилони халқ пешниҳод намуданд. Ҳамон лоиҳаи Парчами давлати, ки таҷҷасумгари, таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии халқамон мебошад ва имруз мо онҳоро дар Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебинем, дар сессия 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо сарварии раиси нав интихобгардидаи Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, аз ҷониби вакилони халқ якдилона барои қабул намудани он ҳамчун Парчами давлатии чумҳурии Точикистон овоз дода шуд.

Рузи дигар, яъне 25-ноябри соли 1992 рамзи нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон- Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори Шурои Олӣ ворид карда шуд ва аввалин маротиба раиси тозаинтихоби ҳамонвақтаи Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар назди Парчами давлати сари таъзим фуруд оварда қасам ёд намуд. Бояд қайд намуд, ки баъди ин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар болои бинои қасри «Арбоб» дар шаҳри Хуҷанд, ки дар он ҷо сессияи таърихии 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон баргузор гардида буд, барафрохта шуд.

Эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ҳамчун ифодагари ифтихори миллӣ, пойдории давлат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию таърихи ба ҳисоб меравад. Вазифаи мо насли имрузаи миллат, барои дар руҳияи эҳтиром доштану ру овардан ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо, тарбия намудани ҷавонону наврасони миллатамон мебошад.

Бояд қайд намоям, ки вобаста ба тартиби истифодабарии Парчами давлатии Тоҷикистон 11-декабри соли 1992 «Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 12-майи соли 2007-ум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қабул карда шуд. Бо мақсади боз ҳам зиёдтар эҳтиром доштани арзишҳои миллӣ ва ру овардан ба ин арзишҳо 19 – ноябри соли 2009 – ум аз ҷониби Президенти Чумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо» ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рузҳои ид» ба имзо расид, ки мувофиқи он ҳар сол 24-ноябр ҳамчун рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Бинобар ҳамин ҳам ҳамаи мардуми Тоҷикистонро ба ин иди муқаддаси миллӣ, рузи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош мегуям.

Ходими калони илми Акрамзода Рустами Ҷурахон МД Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷае, ки дар руи он се рахи рангаи ба таври уфуқи ҷой гирифта кашида шудааст; рахи боло ранги сурх дошта,паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳноии яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ тасдиқ шудааст ва дар болои он ҳафт ситора тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии парчам 1:2 аст. Рангҳои милии тоҷикон чун дигар мардуми ориённажод ва эронитабор сурху сафеду сабз аз давраи қадим то кунун замон расидаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи Парчам аз 23 ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» донист ва гуфт: Ранги сурх-рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, Ранги сафед-нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз-нишонаи сарсабзиву шукуфои, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Парчам таърихи куҳан дорад. Аз ҳамон замоне, ки таърихи тоҷикон сар шуда буд, дар он парчам ҳам ёдрас мешуд. Дар бораи истифода бурдани парчам аз тарафи аҷдодони мо дар китоби Авесто қайд карда шудаст. Аввалин парчаме,ки дар китоби Авесто қайд карда шудааст,ин Дирафши Ковиёни буд.

Дар асоси ривоятҳои қадима, ки дар Шоҳномаи Абулқосимӣ Фирдавсӣ оварда шудааст «Дирафши Ковиёнӣ» дар вақти шуриши эрониҳо бо сардории Коваи оҳангар ба муқобили Заҳок пайдо шудааст. Кова пешдомани чармини худро дар нӯги найза баста, бо ин парчам шуришгаронро ба пеши Фаридун, ки аз авлоди шоҳи Эрон буд овард.Ба Фаридун ин парчам писанд омад ва онро бо ситораи тиллоии чор шуоъдор ва сангҳои қиматбаҳо ва се ранг-сурх, сафед, нилгун ороиш дода,номи Дирафши Ковиёнӣ номгузорӣ намуд.

Дар давраи ҳукумронии «Ахоманишиниҳо» парчам шакли дигар гирифта буд. Дар ин парчам уқоби тиллоӣ дар мобайн ва аз паҳлӯҳо матоъҳои секунҷашакли сафед, сурх, сабз тасвир ёфтааст.

Сулолаи Аршакидҳо 250 ҳазор сол то солшумории мо Эронро аз ҳукумронии юнониҳо озод карда дорои парчами махсуси худ гардиданд. Парчам аз матои чоркунҷашакл иборат буда дар мобайн ситораи чоршуоъдор ва дар нӯги найза уқоби болкушода, ки дар чангҳояш кулулаҳои тилло дорад, тасвир ёфтааст. Яъне ин дирафш дар якҷоягӣ аз дирафши Ковиён ва Ахоманишинҳо гирифта буд.

Дар давраи сулолаи Сосониён, ки онҳо худро қавми ахоманишинҳо мешумориданд, парчами худро «Дирафши Ковиёнӣ интихоб карданд. Инчунин дар ин давра нишонаи давлатии сосониён моҳи нопурра ба ҳисоб мерафт ва то ҳоло ҳамчун аломатӣ дини ислом то ба давраи мо расидааст.

ПАРЧАМИ ДАВРАИ ХОНИГАРИИ БУХОРО

Парчами амири Бухоро матои росткунҷа, рангаш сафеду сабз,ки дар он бо арабӣ навишта шудааст «Султон-сояи Худо» дар тарафи дигар навишта шудааст, ки «Нест Худое чун оллоҳ ва Муҳаммад расули Худо» тасвир ёфтааст. Дар байни ин ду навиштаҷот тасвири моҳи нопурра ва ситораи 5-гӯшаи тиллоӣ ҷойгир карда шудааст. Канорҳои ин матоъ бо нақшҳои ранги сиёҳ-гулобӣ нақшу нигор карда шудаст.

2 сентябри соли 1920 амири Бухоро аз сари ҳокимият дур карда шуда ба ҷои он Республикаи Халқии Советии Бухоро ташкил карда шуд, ки ба таркиби он қисмҳои марказӣ, ҷануби-шарқии Тоҷикистон дохил мешуд. Нишони парчами давлатии Республикаи Халқии Советии Бухоро аз ду матои бо ҳам часпидаи сурху сабз таркиб ёфта дар он дар мобайн расми ним моҳ ва ситораи панҷгӯша тасвир ёфтааст .Р.Х.С.Б.

14 августи 1923 комитети иҷрояи Бухоро қарор қабул кард, ки дар парчам тағиротҳо дароварда шаванд. Ранги сабзро бардошта, фақат ранги сурхро монданд.

Аз соли 1924 то 1929 Республикаи Автономии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки парчами пештараро тағир дод. Парчам аз матои сурх иборат буда дар он герби Ҷумҳурии Автономии Сотсиалистии Тоҷикистон тасвир карда шуда буд. Дар дохили герб досу болға, аз канорҳояш хушаи гандуму пахта тасвир ёфтааст. Дар канори герб навишта шудааст: «Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед».Аз соли 1953-1991 парчами ҷумҳурии советии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатӣ қабул карда шуд. Ин парчам аз 4 ранг иборат буда андозаи рангҳо гуногун буд. Дар болои ранги сурх , дос ва болға ва болои онҳо ситораи панҷгӯша тасвир ёфтааст.

ПАРЧАМ РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатӣ, иттиҳоди вайроннашавандаи коргару деҳқон ва зиёиён, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои сокини ҷумҳури мебошад ва бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 қабул карда шудааст.

Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест,ки дар рӯи он се рахи ранга ибо таври уфуқи ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад: рахи сафеди мобайни якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст.

Ранги сурх- мубориза ва ҷоннисории халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият,

Ранги сафед- Бахту иқболи сафед,нияти неки халқамон,

Рангӣ сабз- саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ,ки аз он кишварамон сарсабзу хуррам мешавад.

Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои зайл афрохта мешавад: дар болои биноҳои қароргоҳи расмии Призиденти Ҷумҳури Тоҷикистон, маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳо, мақомотҳои иҷрояи маҳалҳо (ҳукуматҳо).

Мувофиқи амри Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани маросими тантанавӣ, ки мақомоти давлатӣ мегузаронад, афрохтан мумкин аст.

ПАРЧАМ - МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

1.Оре, парчам худ муқаддас аст. Парчам ин рамзи давлат мебошад. Аз ин сабаб парчамро муқаддасоти миллӣ гуфтаанд. Ин ҳама рамзу муқаддасот аз чӣ шабоҳат медиҳад? Инҳама дастовардҳо аз истиқлолият вобаста аст.Шукрона мекунем ва фахр аз он дорем, ки тоҷикему соҳиби истиқлолем. Ин албатта боиси хушнудӣ аст.

Худо он миллатеро сарваре дод, ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад, ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Тирамоҳи соли 1991 дар сарзамини мо, яъне Тоҷикистон навзоде бо номи Истиқлол чашм ба олами ҳастӣ кушод. Баъди он, ки Тоҷикистон озод гардид, соли 1992 Парчамро қабул намуд. Ва то имрӯз он тифли навзоде, ки буд устуворона қадам мезанад. Парчам низ се рангро дар бар мегирад ва ҳар гоҳе, ки ба рангҳои ӯ менигари худ ба худ табассум мекунӣ, аҷаб ному ранги дилфиреб дорад. Парчаму истиқлолият беихтиёр ба даст наомадаанд.Онҳо заҳмати хеле зиёдеро талаб карданд. Ва бо азобу машақат мо соҳиби он шудаем.Аз ҳамин хотир ба ҳама буду нобудаш шукр мекунем.

Раҳми Парвардигори мо омад,

Нури ҳақ бар диёри мо омад,

Чанги бунёдсӯзи мо бигзашт,

Сулҳу бунёдкорӣ мо омад.

Кош ҳама ба ин нодиртарин ганҷи диёр бирасад ва то охир мисли ҷон онро дар қалби хеш парвариш намоед. Ин ҳама аз мо вобаста аст. Беҳуда Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нагуфтааст: Ҷавонон ояндаи миллатанд.

Дурахши парчамат ҷовидон бод Тоҷикистони азизам.

Алидодов Тутишо Мералишоевич – н.и.ф-м., ходими пешбари илмии Маркази омӯзишва тадбиқи манбаҳои барқароршавандаи энергияи Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Ботуров Кодир - н.и.ф-м., ходими пешбари илмии Маркази омӯзишва тадбиқи манбаҳои барқароршавандаи энергияи Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои муҳимтарини давлатӣ буда, ҳувияти миллӣ, истиқлолият ва ваҳдати миллиро таҷассум мекунад. Он 24 ноябри соли 1992 тасдиқ гардида, то имрӯз рамзи ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва истиқлолияти давлати Тоҷикистон мебошад. Парчам дорои се рахи уфуқӣ — сурх, сафед ва сабз аст, ки дар маркази рахи сафед нишони тоҷ ва ҳафт ситораи тиллоӣ ҷойгир мебошанд. Ҳар як унсури парчам маънои амиқ дошта, таърихи бойи миллатро дар худ таҷассум мекунад.

Тавсифи парчам

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се рахи уфуқӣ иборат аст:

1. Ранги сурх,

2. Ранги сафед,

3. Ранги сабз.

Дар маркази рахи сафед нишони тоҷ ва ҳафт ситораи тиллоӣ ҷойгир мебошад. Ин сохтор на танҳо рамзи миллиро нишон медиҳад, балки арзишҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва сиёсии тоҷиконро низ ифода мекунад.

Маънои рангҳои парчам

1. Ранги сурх:

Ранги сурх рамзи мубориза барои озодӣ, истиқлолият ва қаҳрамонии мардуми тоҷик аст. Он ба таърихи пурмоҷарои миллат ишора мекунад, ки бо талошҳо ва фидокориҳо барои истиқлолият ва ҳифзи ваҳдат алоқаманд аст. Сурх инчунин рамзи нерӯи ҷисмонӣ, иродаи қавӣ ва қаҳрамонии миллатро таҷассум менамояд. Ҳамин тавр, ранги сурх нишондиҳандаи он аст, ки халқи тоҷик дар муборизаҳои худ барои зиндагии беҳтар қадамҳои устувор гузоштааст.

2. Ранги сафед:

Ранги сафед рамзи сулҳ, покӣ, адолат ва равшанӣ мебошад. Дар фарҳанги тоҷикон, сафед ҳамчун рамзи тозагии рӯҳу покизагӣ маънидод мешавад. Ин ранг ҳамчунин ба соҳаи кишоварзӣ, бахусус пахтакорӣ, ишора мекунад, ки як бахши муҳими иқтисодиёти кишвар аст. Пахта ҳамчун рамзи сарват ва некуаҳволии иқтисодӣ баёнгари саҳми бузурги мардуми тоҷик дар соҳаи истеҳсолот мебошад. Сафед дар фарҳанги миллӣ инчунин рамзи ростқавлӣ ва сулҳомезии миллатро ифода мекунад.

3. Ранги сабз:

Ранги сабз рамзи ҳаёт, табиат ва рушду инкишофи кишвар аст. Сабз ин рамзи кишоварзӣ, ки соҳаи калидии иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад, ба шумор меравад. Сабз ҳамчунин рамзи рушд ва ҳаёт аст ва маънии навсозии иқтисодӣ ва барқарорсозии муваффақияти Тоҷикистонро дорад. Дар фарҳанги тоҷикон сабз инчунин рамзи ҷавонӣ, шукуфоӣ ва шодобии зиндагӣ мебошад. Бахусус, сабз баёнгари муҳити зебои табиати кишвар ва алоқамандии мардуми тоҷик бо табиат аст.

Тоҷ ва ҳафт ситора

Дар маркази рахи сафед тоҷ ва ҳафт ситораи тиллоӣ ҷойгир шудаанд. Тоҷ рамзи соҳибихтиёрӣ, ҳокимият ва истиқлолияти давлатӣ мебошад. Он рамзи худшиносӣ ва мақоми баланди миллати тоҷикро ифода мекунад. Ҳафт ситора, ки дар болои тоҷ ҷойгир шудаанд, рамзи хушбахтӣ, саодат ва камолоти миллат мебошанд. Дар фарҳанги тоҷикон рақами ҳафт дорои маънои хос аст, ки ба нишони камолоти рӯҳӣ, муваффақият ва фаровонӣ ишора мекунад. Ин рақам дар мазҳаб ва фолклори мардуми тоҷик мақоми махсус дорад ва рамзи саодат, комёбӣ ва пешрафт аст.

Таърихи парчам

Таърихи парчами Тоҷикистон бо истиқлолияти давлатӣ ва ифодакунандаи фарҳангу таърихи бойи миллат алоқаманд аст. То қабули парчами кунунӣ, Тоҷикистон ҳамчун як ҷумҳурии иттиҳодии СССР парчами дигар дошт, ки тарҳи он ба дигар ҷумҳуриҳои шӯравӣ монанд буд. Пас аз эълони истиқлолият дар соли 1991, зарурати қабули рамзҳои миллӣ, ки истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва арзишҳои тоҷиконро таҷассум кунанд, пайдо шуд. Дар натиҷа, 24 ноябри соли 1992 парчами нав тасдиқ гардид, ки ҳамакнун рамзи ифтихори миллӣ ва нишони давлати мустақил мебошад.

Нақши парчам дар ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии тоҷикон

Парчами миллии Тоҷикистон дар ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми кишвар нақши хеле муҳим дорад. Он дар ҳамаи чорабиниҳои расмӣ, давлатӣ ва ҷашнҳо барафрохта мешавад ва ҳамчун рамзи ягонагӣ ва истиқлолияти миллӣ ҳифз мегардад. Ҳар сол 24 ноябр Рӯзи парчами миллӣ ҷашн гирифта мешавад, ки мардуми кишвар онро бо эҳтиром ва фахр таҷлил мекунанд. Дар ин рӯз дар саросари кишвар маъракаҳо, намоишҳо ва чорабиниҳои зиёде доир мегарданд, ки бо парчами миллӣ алоқаманданд. Ин ҷашн барои таҳкими худшиносӣ ва ифтихор аз давлатдории мустақил нақши калидӣ мебозад.

Маънои фарҳангии парчам

Парчами Тоҷикистон танҳо як рамзи давлатӣ нест, балки аломати ифтихор ва худшиносии миллӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Ҳар як қисми парчам — рангҳо ва нишонаҳои он — таърихи пурғановат, суннатҳо ва арзишҳои миллати тоҷикро ифода мекунанд. Тоҷ ҳамчун нишони соҳибихтиёрӣ ва ҳафт ситора ҳамчун рамзи саодат ва шукуфоии миллат ифтихори миллӣ ва ваҳдатро дар байни мардум афзун месозад. Дар заминаи парчам, мардуми Тоҷикистон имконият доранд, ки бо гузаштаи худ пайванданд ва бо ифтихор ба оянда назар кунанд.

Мавқеи парчам дар муаррифии давлат

Парчами миллӣ дар арсаи байналмилалӣ рамзи шинохти Тоҷикистон мебошад. Он дар намояндагиҳои дипломатӣ, биноҳои давлатӣ ва чорабиниҳои байналмилалӣ барафрохта мешавад. Инчунин, парчам дар мусобиқаҳои варзишӣ, конференсияҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ баёнгари ифтихор ва ҳувияти миллии тоҷикон аст. Парчам ҳамчунин ҳамчун рамзи сулҳ ва дӯстии тоҷикон дар муносибат бо дигар давлатҳо қабул гардида, ифтихор ва якдилии миллатро таъкид мекунад.

Хулоса

Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон як рамзи пурқувват ва ифтихори миллӣ аст, ки таърихи бой ва маънои амиқ дорад. Он рамзи ваҳдат, сулҳ, худшиносӣ ва истиқлолият мебошад ва на танҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ ҳамчун нишони шинохти Тоҷикистон пазируфта шудааст. Барои ҳар як шаҳрванди тоҷик, парчами миллӣ на танҳо як рамзи давлатӣ, балки як пайванд бо гузаштаи пурифтихор, ваҳдат ва умеди ояндаи беҳтар мебошад. Рангҳо ва нишонаҳои парчам тамоми арзишҳои миллатро таҷассум намуда, барои рушди устувор ва шукуфоии давлати мустақил талқин мекунанд.

Ходими пешбари илмии Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ н.и.т. А.Д. Бахдавлатов

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, яке аз чорабиниҳои муҳим ва сарнавиштсози таърихи навини давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Ин иҷлосия дар шароити ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ баргузор шуда, ба барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди минбаъдаи кишвар замина гузошт.

Шароити таърихӣ ва омилҳои баргузории иҷлосия

То соли 1992, Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳолати буҳрони амиқи сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт. Низоъҳои дохилӣ, ихтилофи манфиатҳо байни нерӯҳои сиёсии гуногун ва вазъи вазнини иқтисодӣ ба амнияти миллӣ ва ягонагии кишвар таҳдид мекарданд. Ин шароит на танҳо сохтори давлатдориро заиф намуда буд, балки эътимоди мардумро ба ҳукумати марказӣ коҳиш дода буд. Дар чунин вазъият, зарурати қабули тадбирҳои фаврӣ барои барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва сулҳ ба миён омад.

Иҷлосияи 16-ум бо ташаббуси нерӯҳои мухталиф ва бо дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ даъват гардид. Ин иҷлосия ба хотири пешгирии фоҷиаи миллӣ ва ҳалли мусолиматомези ихтилофот як платформаи муҳим барои музокироти тарафҳои мухталиф гардид. Бо вуҷуди мушкилоти зиёд, иҷлосия тавонист пояҳои сулҳро гузорад, ки ин худ як дастоварди бузурги сиёсиву фалсафӣ маҳсуб меёбад.

Қарорҳо ва натиҷаҳои иҷлосия

Дар ҷараёни иҷлосия як қатор қарорҳои муҳим қабул гардиданд, ки барои таҳкими давлатдорӣ ва таъмини сулҳу субот нақши асосӣ бозиданд:

1. Интихоби Раиси Шӯрои Олӣ: Дар иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Интихоби ӯ ҳамчун роҳбар на танҳо ба суботи сиёсӣ ва барқарории сулҳ дар кишвар мусоидат кард, балки ба ҷомеа умед бахшид, ки як шахсияти қавӣ ва дорои диди стратегӣ роҳбарии кишварро ба уҳда гирифтааст.

2. Қабули рамзҳои давлатӣ: Дар иҷлосия рамзҳои миллии Тоҷикистон – Парчам ва Нишони давлатӣ – қабул шуданд, ки онҳо нишонаи истиқлолияти миллӣ ва худшиносии давлатдории навини тоҷикон мебошанд. Ин рамзҳо ҳамчун василаи муттаҳидсозии миллат нақши муҳим бозиданд.

3. Қонуни «Дар бораи гурезаҳо»: Қабули ин қонун ба ҳалли мушкилоти гурезаҳои зиёд, ки дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ маҳалли зисти худро тарк карда буданд, нигаронида шуда буд. Ин иқдом ифодакунандаи ҷанбаи инсондӯстии ҳукумат ва талош барои барқарор кардани эътимоди мардум ба давлат буд.

4. Авфи умумӣ: Барои коҳиш додани шиддати вазъи сиёсӣ ва барқарории сулҳ авфи умумӣ эълон карда шуд, ки ба коҳиши ихтилофоти дохилӣ мусоидат намуд. Авфи умумӣ на танҳо амали ҳуқуқӣ, балки як амали ахлоқӣ буд, ки дар заминаи он сулҳ асос ёфт.

5. Муҳокимаи масъалаҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ: Дар иҷлосия масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ гардиданд, ки онҳо барои рушди минбаъдаи кишвар заминаи мусоид фароҳам оварданд. Таваҷҷуҳи махсус ба ислоҳоти иқтисодӣ ва коҳиши таъсири ҷанги шаҳрвандӣ ба ҷомеа зоҳир гардид.

Аҳамияти иҷлосия

Иҷлосияи 16-ум дар худ на танҳо як воқеаи сиёсӣ, балки таҷассумгари фалсафаи ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии осоишта буд. Ин иҷлосия нишон дод, ки дар вазъиятҳои мураккаб ва пуршиддат ҳамеша роҳи ҳалли мусолиматомез вуҷуд дорад. Бо қабули қарорҳои муҳим ва муттаҳидсоз, иҷлосия ифодагари он шуд, ки инсон, ҳамчун мавҷуди оқил ва дорои виҷдон, қодир аст дар вазъияти мушкил роҳи адолат ва осоиштагиро интихоб кунад.

Сулҳ, ки ҳамчун як арзиши олии инсонӣ шинохта шудааст, дар доираи ин иҷлосия на танҳо як ҳадаф, балки як василаи расидан ба адолат ва баробарии иҷтимоӣ шуд. Ин нуқтаи назар ба куллӣ равиши нави ҳалли низоъҳоро дар ҷомеаи тоҷикон муаррифӣ кард.

Иҷлосияи 16-ум на танҳо як рӯйдоди таърихӣ, балки нуқтаи гардиш дар таърихи муосири Тоҷикистон гардид. Бо шарофати қарорҳои ин иҷлосия, кишвар аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ раҳо ёфт ва ба роҳи осоиштаву бунёдкорӣ қадам ниҳод. Он ҳамчунин заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсии рушди ҷомеа ва таҳкими ҳокимияти давлатиро таъмин намуд.

Иҷлосия ба ҷаҳониён нишон дод, ки тоҷикон қодиранд мушкилоти дохилии худро бо роҳҳои мусолиматомез ҳал кунанд ва ба сулҳу ваҳдат бирасанд. Ин таҷриба баъдтар ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли низоъҳои дохилӣ эътироф гардид.

Иҷлосияи 16-ум ба барқарории эътимоди байни шаҳрвандон ва ҳукумати нав мусоидат намуд. Он роҳро барои ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ ва татбиқи барномаҳои муҳим дар самти рушди кишвар ҳамвор сохт. Аз ҷумла:

  • Барқарор кардани сохторҳои давлатдорӣ;

  • Таҳкими ҳокимияти марказӣ;

  • Рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби кӯмакҳои хориҷӣ барои барқарорсозии кишвар;

  • Соҳибшавии кишвар ба истиқлолияти воқеӣ дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ;

  • Мусоидат ба ташаккули фарҳанги сиёсии нав, ки ба ҳамзистии осоишта ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон асос ёфтааст.

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории тоҷикон ҳамчун рӯйдоди таърихӣ боқӣ мемонад. Он на танҳо сулҳу ваҳдатро ба кишвар баргардонд, балки рушди устувори онро таъмин намуд. Қарорҳои ин иҷлосия то имрӯз ҳамчун заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ ва сиёсӣ барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол хизмат мекунанд.

Дарси асосии иҷлосия ин аст, ки сулҳу ваҳдат на танҳо ҳадаф, балки василаи асосии расидан ба ҷомеаи пешрафта мебошад. Ин таҷриба нишон дод, ки бо истифода аз ақлу хирад, ҳамоҳангӣ ва ахлоқ метавон ба ҳар гуна мушкилот ғалаба кард.

Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АМИТ Имом М.Ш., Баҳромзод Р.

Subscribe to Мақолаҳо