Skip to main content

Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳимми истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Ба истиқболи Рӯзи Парчами миллӣ

Парчам яке аз рамзҳои асосии ҳар як давлат ба ҳисоб рафта, муаррифкунандаи давлату миллат ба шумор меравад. Бале, ҳар як давлате, ки арзи ҳастӣ мекунад, яъне соҳибистиқлол мегардад, онро зарур аст, ки дорои Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва дигар рамзҳои давлатии хеш бошад, гуфтан ба маврид аст, ки Парчам намоёнии рамзҳост.

Агар ба таърихи дури дур назар афканем, аз достони таълифнамудаи паҳлавониву муборизӣ ва тарбиявии пири хирад, устоди сухан Абулқосими Фирдавсӣ бар меояд, ки нахустин маротиба парчамро Коваи Оҳангар дар натиҷаи ғолиб омаданаш бар душман, дар муҳорибаҳои тан ба тан, расидан ба орзуву омол ва пирӯзӣ, бо фарогирии ҳиссиёти шодиву нишот, пешдомани чармини худро ба найзаи ҷангияш печонида нидои ғалаба баланд намудааст.

Кашфиёти ин паҳлавони таърихӣ Коваи Оҳангар тавонист, ки ба ҳукми анъана даромада, аз ҳамон замонҳо то ба ҳол парчам дар баргузории мусобиқаву муҳорибаҳо дар баробари қомат афрухтан дар ҷойҳои муайяншуда тибқи талаботи “Низомнома” – и парчам истифода шуда, ҳангоми ғолибият дар мусобиқаву олимпиадаҳои байналмилалӣ баланд бардошта мешавад, ин як ҳувиятест, ки ба ин васила иштирокдорони ҳамоишҳо ба осонӣ дарк карда метавонанд, ки шахси ғолибомада шаҳрванди ин ё он давлат аст, арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ қарзи фарзандии ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки дар ин масир Президенти маҳбубамон чунин гуфтааст:

Ҳар як шахсе, ки ҳиссиёти ватандӯстиву ватандорӣ ва ватанпарварӣ дар вуҷуди хеш дорад, ба рамзҳои давлатдорӣ эҳтиром гузошта, намегузорад, ки ба рамзҳои давлатӣ, ки таҷассумгари соҳибдавлатӣ соҳибистиқлолист касе иснод оварад. Ба ҳамагон маълум аст, ки аз қадим то ба ҳол парчамро ба вожаҳои гуногун ном мебурданд: “Дирафш ”, “Ливо” ва “Байрақ” низ мегуфтанд, тибқи Низомнома парчам ном гирифтааст.

Боис ба ёдоварист, ки тоҷикон яке аз халқиятҳои қадима дар рӯи дунё шинохта шуда, дар паҳлавонӣ, тирандозӣ, шаҳрсозӣ, бунёдкориву созандагӣ ва илмпарварӣ, китобхониву шеъру шоирӣ миёни тамоми халқиятҳои дунё шинохта шудаанд. Дар баробари дигар кашфиётҳову офаридаҳояшон парчам, ки дар тамоми дунё рамзи соҳибдавлатиро нишон медиҳад, нахустин маротиба аз ҷониби тоҷикон яъне марди ҷасур далер ва паҳлавон Коваи оҳангар кашф шудааст, ки инро таърих бо хатҳои заррин сабт намудааст, ки ҳаргиз зудудаву хира нахоҳад шуд.

Дар тули таърих намуди зоҳирии парчам чандин маротиба иваз шуда, бо шаклу намудҳои гуногун солиёни дароз истифода шудааст. Намуди кунунии парчам 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби вакилони Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 16 тасдиқ карда шудааст, ки дорои се ранг: сурх, сафед, сабз буда, ҳар як ранг ба худ хосияти хосро ифодакунанда буда, мазмуну муҳтавои муайянро доро аст: ранги сурх - муборизаю ҷоннисориҳо барои озодӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, ранги сафед - нишони бахту саодат, орзуву умед, ранги сабз – нишони сарбаландиву сарсабзиву хуррамӣ, шукуфоӣ ва абадият мебошад. Дар рӯи рахи сафеди парчам ҳафт ахтар акс ёфта, ин аз давлатсозию давлатдорӣ дар замири миллати тоҷик аз ниёгон мерос мондааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини омадан ба сиёсат бо як шукуҳу шаҳомати хосса, давомдиҳандаи кору пайкори шоҳону гузаштагони хеш аз ҷумла Шоҳ Исмоили Сомонӣ буда, пайваста ба ободкорӣ пешравӣ муваффақият ба даст овардан кӯшидааст.

Тасдиқи гуфтаҳои боло ин аст, ки дар моҳи сентябри соли 2011 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар арафаи таҷлили 20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар пойтахти ватани азизамон шаҳри Душанбе баландтарин парчам дар ҷаҳон бо баландии пояи 165 метр дар дили Тоҷикистон , ки хонаи орзуву умеди тоҷикони тамоми дунё аст, қомат афрухтааст ва шоҳкории ин абармарди хирад Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дубора тоҷику тоҷикистониро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки баъди ифтитоҳи парчам дар пойтахти мамлакат худи ҳамон сол яъне соли 2011 парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун баландтарин байрақ дар ҷаҳон ба китоби гиннес дохил карда шуд, ки боиси ифтихору сарфарозии тамоми тоҷику тоҷикистонист, ки дар ин масир худи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтааст:

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯзҳо дар тамоми саросари ватани азизамон дар муассисаву корхонаҳои давлатӣ дар фазои сулҳу субот ин Рӯзи таърихиро бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуда истодаанд, аҳли илму донишро мебояд шукрона аз Истиқлолияту ободии ватан намуда, ба рамзҳои давлатӣ арҷ гузошта, дар замири ҷавонон, ки ояндаи давлату миллатанд, ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва парчамбардорию парчамдориро бедор намоянд. Бигзор Парчами Тоҷикистони азиз абадан дар фазои сулҳу субот партавфишон бошад!

Саидов Алишер - ходими хурди илмии шуъбаи ШМА ва Канадаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо АМИТ

“Парчами давлатӣ барои мо –тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Рӯзи Парчами давлатӣ боз як нишонаи равшан ва рукни мустаҳками соҳибдавлатӣ ва мустақилият буда, арзиши маънавии он дар ҷодаи иттиҳод, ризояти аҳли ҷомеа ва сафарбарии миллӣ баҳри татбиқи ҳадафҳои бунёдкоронаву ормонҳои волоии ватандорӣ хеле бузург аст.

Ногуфта намонад, ки модда 18-и Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида Нишону Парчами давлатӣ ва Суруди миллӣ рамзҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, онҳоро қонун ҳимоя мекунад.

Роҷеъ ба Парчам, Нишони давлатӣ ва матни Суруди миллӣ Комиссияи махсус ташкил карда шуда буд, ки собиқ президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон академик Муҳаммад Осимӣ, собиқ Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон академик Фозил Тоҳиров, шоири мардумии Тоҷикистон узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Муъмин Қаноат ва чанде аз вакилони мардумӣ саҳми бузурге гузоштанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллӣ бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Рӯзҳои ид” ниҳоят 24 ноябри соли 1992 бо тасдиқи Низомномаи “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба шакли имрӯзааш пазируфта шуд.

Ба ин муносибат, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2009, 24 ноябрро ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн мегиранд.

Қобили зикр аст, ки мутобиқи моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати рамзҳо ва рукнҳои асосии давлатдории тоҷикон, инчунин таҷассумгари хештаншиносӣ ва симои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Парчами миллии Тоҷикистон имрӯзҳо ҳамчун таҷассумгари таъриху давлатдории тоҷикон ва орзуи ормони тоҷиконро ифода мекунад.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ ва корбурди расмии парчамро қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 254 аз 12-май 2007 "Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" муқарар мекунад. Дар шаҳри Душанбе дар ин соли 2009 аз хиёбони марказии пойтахт парчами дарозиаш 1500 метр ва бараш 7-метр гузаронида шуд.

Дар вилояту ноҳияиҳо ва муассисаҳои давлатӣ парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили Рӯзи парчами Тоҷикистон гузаронида шуд. 30 августи соли 2011 дар Душанбе парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи махсус барафрӯхта шуд. Баландии он 165 метр буд, яке аз баландтарин пояи парчами давлатӣ дар мамолики ҷаҳон мебошад. Ҳамчун рекорди Гиннес сабт шудааст. 9 сентябри соли 2011 рӯзи таҷлили 20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон аз майдони марказии пойтахт парчами дарозиаш 2011 метр бараш 7 метр ва вазнаш 860 кг гузаронида шуд.

Таҷлили рӯзи парчами давлатӣ ҷашни фарзандони шуҷои ватан лаҳзаи эҳсоси масъулияти ватандории ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ва адои қарзи фарзандӣ дар назди давлат ва миллат мебошад.

Тоҷикистон, парчамат тоҷи сар аст,

Парчами ту аз ҳама болотор аст.

Парчами ту парчами адл асту дод,

Ки-ин дурафши Коваи аҳангар аст!

Парчами ту буда аз ҷилди паланг,

Бегазанду маҳкаму тобовар аст!

Аз миёни халқ гардида баланд,

З-ин сабаб дар парчами ту бовар аст!

Аз Фаридуни ҳазоронсола пеш,

Халқи моро ҷилваи болу пар аст!

Парчами миллии мо таърихи бою ғании чандинҳазорсоларо дар худ бо рамзи шери паррони ниёкони ориёӣ ва тоҷи заррини Исмоили Сомонӣ таҷассум намуда, моро бо қавмҳои ориёӣ, ки яке аз аввалин қавмҳои олам буда ойини парчамдориро ҷорӣ кардаанд, пайванд медиҳад. Илова бар ин, Парчам моро бо аввалин давлати комили миллӣ, ки тавонист рушду нумуи фарҳангӣ, илмӣ, иҷтисодии кишварро таъмин намуда пойдевори миллати тоҷикро гузорад, тавъам месозад. Пас, Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзӯю ормонҳои таърихии миллату давлат аст.

Боиси тазаккур аст, ки Президенти мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ инчунин садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон, бо фармони худ аз 19-уми ноябри соли 2009 рузи 24-уми ноябрро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд.

Чуноне, ки худ Пешвои муаззами миллат таъкид доштаанд: “Парчами давлатӣ барои мо-тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад”.

Воқеаи таърихӣ ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид парчами Тоҷикистон парафшонӣ мекард, ки ин боиси ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон мебошад.

Ҳамин тариқ, Парчам –рукни асосии меҳанпарастӣ ва давлатдории тоҷикон буда, худшиносӣ, ватандӯстӣ, таъминкунандаи бахту иқбол, амнияту осоиш, нангу номуси миллати соҳибтамаддуни тоҷикон ба шумор меравад. Илова бар ин, ҳар вақте ки шумо ба хориҷи кишвар сафар доред, ё дар мусобиқаву озмунҳо муваффақ мешавед, хоҳ дар самти варзиш, илм, фарҳанг, Олимпиадаҳои соҳавӣ, тимми футбол, намоишҳои фарҳангӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ албатта бо ифтихор Парчами Тоҷикистонро боло мебардоранд, ки ин воқеан ифтихори ҳаммаи мо тоҷикистониён мебошад.

Парчами давлати Тоҷикистон ин чеҳраи Тоҷикистон, чеҳраи давлатдории Тоҷикистон нангу номуси миллат, муқаддасоти давлатдории миллӣ, таъриху фарҳанги мо, хушбахти ва осоиштагии миллати мо аст. То ба ин рӯз расидан чи қадар фарзандони фарзонаи миллат, барои ҳифзи парчам, нишони миллӣ, Суруди миллӣ ҷоннисориҳо карданд.

Аз фурсат истифода бурда тамоми мардуми Тоҷикистонро ба рӯзи Парчами миллӣ табрику таҳният гуфта ба мардуми Тоҷикистон зиндагии осоишта дар фазои Сулҳ хоҳонам ва арзишҳои миллиро мо ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз кунем.

Ҳамеша Парчами Тоҷикистон парафшон бошад!

Воҳидова Санавбарбону – мудири Шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих, профессор

Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳоидавлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, муассисаву таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон мавҷуд аст. Ба ҷойовардани эҳтиром нисбати Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро Парчам рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст.

Маҳкам ба шоҳбанди ҷасорат камар кунем,

То парчами ватан ҳама ҷо ҷилвагар кунем,

3123123Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардида, ба сӯи ҳадафҳои умумимиллӣ сулҳу субот ва ваҳдатимиллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд, баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти арзии кишвар, инчунин рамзҳои нахустини давлати соҳибистиқлоламон – Парчам ва Нишон қабул карда шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро ҳамчун рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд.

Ба хотири мақому манзалати Парчам дар рукни давлатдорӣ сарвари давлат ғояи бунёди манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби аҳолӣ ҷонибдории комил ёфт. Дар дуюмин солгарди Парчами давлатии Тоҷикистон маросими бунёди манораи бузурги Парчам оғоз гардида, дар давоми як сол ба анҷом расид. Дар бунёди он бинокорони корхонаҳои ватанӣ заҳмати зиёд кашида, санъати баланди касбӣ нишон доданд. Натиҷа ҳамин буд, ки 30-уми августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр, ки баландтарин парчам дар ҷаҳон буд, парафшон гардид. Паҳноии худи Парчам 30 метр ва дарозии он 60 метр мебошад.

Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф, ки то имрӯз боқӣ монданд, аз он гувоҳӣ медиҳад.

Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати қадима дорад. Аҷдодони мо ҳанӯз аз замони Каёниён соҳиби дирафше буданд, ки мавҷудияти давлатии онҳоро ифода мекард. Аввалин Парчами қадимаи тоҷикон “Дирафши Ковиён” ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории Ориёӣ қабул карда мешавад.

“Дирафши Ковиён” то замони суқути давлати Сосониён Дирафши миллӣ ва давлатии тоҷикон буд. Дар давраи Сосониён шакли он тағйир ёфта, дар қисми болои он таҷассуми паррандаи заррин – мурғи Ҳумо ҷой дода шуда, дар бахши мураббаи он қимматтарин сангҳо насб гардидаанд. Чунонки дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ омадааст, ҳар яке аз паҳлавонони бузургу номвари сарзамини аҷдодии мо Дирафши хоси худро дошта аст. Дирафш аз замонҳои қадим нишона ва рамзи муқаддаси ҳар миллату давлат будааст ва ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷонисориҳо намудаанд.

Таърих гувоҳ аст, ки парчамдорӣ эҷоди мардуми форс буда, пеш аз ҳама ҳастии миллат ва давлатдориро муайян мекунад. Он рамзи Ватан ва номусу нанги миллат аст.

Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолияти давлатии тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардидаанд.

Парчами мо худ сари болои миллат гаштааст,

Қудратиозодагонро авҷи ҳиммат гаштааст.

Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад.

Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми “Дирафши Ковиён”-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг, ранги сурх-озодиву истиқлол, ранги сафед-сулҳу оромӣ, ранги сабз-ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи заррини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.

Истиқлолияти давлатӣ ба мо таҷлили пуршукӯҳи тамоми санаҳои таърихи миллиамон, аз он ҷумла гиромидошти Парчами миллӣ ва дигар рамзҳову муқаддасоти Ватанамон шароити мусоидро фароҳам овард.

Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии Ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад.

Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифатамон соҳиби парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтанд, давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардид. Имрӯз Парчами миллии мо дар қатори парчамҳои дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ парафшон аст, ки мояи ифтихору руҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони азизи мо мебошад.

Эй парчами умед, то парфишон туйӣ,

Дар осмони бахт рангинамон туйӣ.

Сурхии ту, яқин сурхии рӯ бувад,

Рӯ сурхии абад з-ин обрӯ бувад.

Парчами давлатӣ бар фарози биноҳои Қасри миллат, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат, гузаргоҳҳои марзиву гумрукӣ ва дигар ҷойҳо афрохта шуда, парафшонӣ мекунад.

Имрӯз моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихори тамом дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлолияти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем.

Ба рамзҳои давлатӣ эҳтиромона муносибат намудан вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа буда, қадрдонии онҳо барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд сарчашмаи ифтихор ва арҷгузорӣ ба давлату давлатдорӣ бошад.

Тоҷикистон, Парчамат поянда бод,

Ҷовидон фарзандҳоят зинда бод!

Расулзода Аслам Зафар - корманди АМИТ

Парчам яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзи давлати ба шумор рафта, бузургтарин арзиши имрӯзу фардои миллат мебошад. Ин рамзи давлатӣ, нишон аз давлати комилҳуқуқу дунявӣ ва ягона мебошанд. Аслан рамзҳое, ки дар ин ё он мамлак мавҷуд аст, ифодагари ҳуввияти ҳамон миллату халқ мебошад. Таърихи соҳиби парчам гардидан дар сиёсати давлатдории тоҷикон ба қарнҳои дур рафта мерасад. Бахусус дар замони давлатдории Пешдодиён, Каёниён, пеш аз ҳама, рамзи давлатдори дар парчамбардории онҳо зоҳир меёфт.

Аҷдодони мо парчами худро доштанд, ки ифодагари қудрат, тавоноӣ, фарҳанг, сиёсат, иҷтимоию иқтисодиёти давлаташонро нишон медод. Дар замонҳои қадим миёни мардуми одди урфу одатҳое буд, ки тибқи он ақидаҳои худ парчамро тоҷи сар мекарданд. Ин эътиқод нерӯю тавоноиро дар замиру тинаташон нишон медод.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд. Ин сана минбаъд ҳамчун ҷашни умумимиллӣ бори аввал рӯзи 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ, яъне баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» бошукӯҳ Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24 ноябр ҷашн гирифта шуд. Дар саросари кишвар вобаста ба он ҷашнвораю ҷамъомад ва маъракаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишӣ баргузор гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба муносибати Рӯзи Парчам 23-юми ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «Ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста, гуфтаанд:

«Ранги сурх - рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед- нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».

«Парчам» вожаи суғдӣ («parcam») аст, ки маънои «зулфу кокул» ва ҳамчунин «пӯпаки абрешимӣ, мӯй ё думи ғаҷговро мегуфтанд, ки бар сари дирафш ё найза мебистанд». Ин вожа аз забони суғдӣ ба забони форсӣ роҳ ёфта ва бо гузашти замон, бар ҳукми итлоқи ҷузъ бар кулл, бар худуди дирафш низ гуфта шуд.

«Дирафш» зери се модаи луғавӣ чунин маънидод шудааст:

ДИРАФШ I -олоти нӯгтези дастадоре, ки бештар мӯзадӯзон барои сӯрох кардани чарм ва гузаронидани сӯзан ба кор мебаранд, дарафш.

ДИРАФШ II – ки парчам, ливо, байрақ: дирафши ковиёӣ, дирафши сурх.

ДИРАФШ III– ки дурахш, дурахшидан, тобандагӣ, дурахшиш.

Моҳи сентябри соли 2011 ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ баландтарин парчам дар ҷаҳон (165 метр) бунёд шуд, ки он ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид гардид.

Имрӯзҳо парафшонии парчамонро дар минбарҳои баланди сатҳи байналмилали мебинем, ки ин боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Варзишгарон дар бахшҳои гуногун бо дастоврдҳои хеш, аҳли фарҳанг, илму маъориф ва дигар қишҳои ҷомеа дар минбарҳои баланди сатҳи байналмилали бо парчами хеш муаррифи мегарданд. Дар ин радиф саҳми ходимони илмӣ, бахусус ходимони илмии Институти астрофизикаи АМИТ назаррас буда, дар муаррифии парчами кишвар дар арсаи байналмилали намоён аст. Саҳми олимони Институти астрофизикаи АМИТ-ро дар рушди илми астрономия ба назар гирифта, Ҷамъияти байналмилалии астрономҳо ба якчанд сайёраҳои хурд номҳои олимони тоҷику расадхонаҳои астрономии Тоҷикистон, инчунин ба номи Тоҷикистон (сайёраи хурди – 2469 Tadjikistan) гузошта шудааст. Мо аз он мефахрем, ки парчами мо на танҳо дар рӯи Замин парафшони мекунад, балки дар Кайҳон низ бо номи Тоҷикистон“парафшон” аст.

Дар замони муосир парчами ҳар давлат рамзи озодӣ, соҳибистиқлоли ва соҳибдавлатии ҳамон кишвару миллат мебошад. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ҳама давру замонҳо парчамро ҳамчун тоҷи давлату давлатдорӣ медонанд ва онро дар болои қасру боргоҳҳои гуногун меафрозанд. Дар замони пеш ҳамин ҷилваи парчам дар болои кохи шоҳон дида мешуд, ки аз пойдору устувор будани давлат гувоҳӣ медод. Агар дар ҳолати ҷангӣ парчами яке аз тарафҳо афтонда мешуд, ин маънои онро дошт, ки лашкари бепарчам ҳуқуқи ҷангиданро надорад ва дар ин сурат рӯҳия ҷанговарон мешикаст. Имрӯз он нишонаҳое, ки мо дар парчамамон мебинем, ифшогари қудратмандии кишвар ва давлатдории тоҷикон аст. Дар ин рӯзҳо мо зери сояи парчами миллӣ пирӯзии кишвару давлати хешро мебинам. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки Парчам нишони сулҳу ваҳдат ва соҳибистиқлолии кишвар аст. Дар арсаи байналмилали ҳар миллату давлатро аз рӯи рамзҳояшон, хусусан парчамаш мешиносанду эътирофаш мекунанд.

Бигзор ҳамеша ва абадан Парчами давлатӣ болои сари миллату давлати тоҷикон ҷилвагару парафшон бошад. Зиндаву ҷовидона бошад, парчами мо ва давлатдории тоҷикон пойдору устувор боқӣ монад.

Хуҷаназаров Ҳабибҷон Файзалиевич - ходими илмии Институти астрофизики АМИТ:

“Парчами миллӣбарои мардуми тоҷик рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ ва шуҷоату мардонагӣбуда, халқи мо аз замонҳои қадим ба он ҳамчун василаи муттаҳидкунанда арҷ мегузорад”.

Эмомалӣ РАҲМОН

123Мусаллам аст, ки инсоният дар ҳамаи давраҳои таърихӣ вобаста ба вазъу ҳолатҳои мухталиф ва печида барои ифодаи ҳадафҳои дар пеш гузоштаи худ рамзҳои мухталифро эҷод намудааст. Парчами миллӣ низ барои ҳар як давлату миллат, яке аз муқаддасоти миллӣ маҳсуб ёфта, ҳамзамон таърихи пайдоиши худро дорад. Имрӯз ҳеҷ як давлатро бе парчами миллиаш тасаввур ва фарқ карда наметавонем. Зеро парчам ҳамчун рамзи гӯёи истиқлол ва мустақилу пойдор будани давлатро ифода менамояд.

Дар ибтидои пайдоиши худ парчам пештару бештар ҳамчун рамзи нерую қудрат ва тавоноию шуҷоат, лашкаркашию кишваркушоӣ пазируфта шудааст. Таърихи инсоният исбот кардааст, ки дар вақти ба вуқуъ пайвастани ҷангу низоъҳо ҳар як лашкар парчами афрохтаи худро доштааст. Бо мақсади дар сафи пеши майдони набард ва ҳарбу зарб қарор доштани ҷанговарон сипоҳии далеру шуҷоъ ва ё худ неруманде ба ҳайси пешвои асосӣ, парчамбардор ё худ парчамдор номида мешуд.

Аз нигоҳи дигар, зарурати таърихӣ кулли инсонҳои рӯйи оламро водор кардааст, ки барои барқарор намудани хотира ё кору пайкори мондагори худ ҳатман рамзеро истифода намояд. Яъне, рамзҳо як навъ ифодагари орзуву омол ва рози ниҳони сарнавишти қавму қабила, нажод ва миллату давлатҳо ба ҳисоб мераванд.

Бояд қайд кард, ки мазмуни рангҳои Парчами миллии мо тоҷикон аслан гирем аз китоби муқаддаси “Авесто” сарчашма мегирад. Ранги сурхи парчам рамзи офтоб, ғалаба ва музаффарият, ранги сафед рамзи покии маънавии мардум, барф ва кӯҳҳои сарбаланди кишвар аст, ки 93 фоизи сарзамини ҷумҳуриро ташкил менамояд. Ҳамзамон ранги сабз нишонаи Наврӯзи оламафрӯзи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯйи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷой гирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯйи рахи сафед, аз ҷойи чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ тасдиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтаанд.

Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо Фармони худ аз санаи 20-уми ноябри соли 2009 рўзи 24-уми ноябрро ҳамчун «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон намуда буданд, ки аз он вақт инҷониб ҳамасола ин рӯз ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ифтихору сарбаландӣ аз доштани чунин Парчами миллӣ ботантана таҷлил мегардад.

Хулоса, дар бораи пайдоиши парчаму парчамдорӣ суханҳои зиёде мавҷуданд. Муҳиммаш он аст, ки меҳру муҳаббат ва арҷ гузоштан ба Парчами миллӣ бояд дар қалби ҳар як фарди бонангу номус ҳамеша ва ҷовидона маъво дошта бошад ва ҳамзамон ӯро бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва инчунин ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне, эҳтиром ба ин муқаддасоти миллӣ бояд ҳамчун рисолати таърихӣ, қарзи фарзандии ҳар як фарди ҷомеа бошад.

Шоири халқии Тоҷикистон Озар Салим гуфтааст:

Дирафши Коваи оҳангарӣ, эй Парчами миллӣ,

Намои эътиқоду боварӣ, эй Парчами миллӣ!

Файзали ҲАКИМОВ, - ходими калони илмии Институти зоология ва паразитологияи АМИТ

Понздаҳ сол муқаддам, яъне соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуд, ки мувофиқи он 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид ва минбаъд ҳар сол дар кишвари мо ин сана ҳамчун рӯзи ид бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад.

Бешубҳа Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии давлату миллат ба ҳисоб мераванд.

32Воқеан, парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз ҷумла дар гузаронидани маъракаҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва гузашта аз ин, дар ҳаёти ҳамарӯзаи ҷомеа мавқеъ ва нақши муҳим дорад. Дар Парчами давлатии мо, ки рангҳои сурху сабзу сафедаш аз покии дили ниёгон, сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хатти дафтару девони пешиниён маншаъ мегиранд, таҷассуми мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон, сулҳу сабот, саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии кишвар ва бақову пойдории он, тоҷ ва ҳафт ситора бошад, соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрии миллат талаққӣ мегардад. Аз ин ҷост, ки Парчами давлатӣ ба сифати рамзи музаффарият ва ифтихор аз дирӯзу имрӯзи миллат моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу сабот, мубориза баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ба сӯйи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад.

Шоиста аст, ки Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлату давлатдории миллӣ мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар як фарди мамлакат қарор бигирад.

Калимаи «парчам», ки имрӯз вирди забонҳост, аслан дар забони модарии мо вожаи бегона нест. Андешаи баъзе муҳаққиқон дар хусуси асли туркӣ доштани ин вожа бунёди воқеӣ надорад.

Ба андешаи ғолиб парчам аз ду вожа «пар» ба маънии бар, боло ва «чам» ба маънии хам, хамида, яъне «болои хамида», «аз боло хамида» иборат аст ва реша дар забони суғдӣдорад.. Дар «Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ» низ асли суғдӣ доштани вожаи парчам таъйид шудааст (Муҳаммади Ҳасандӯст. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон, 1393//2014. ҷ.2. саҳ.651).

Қобили зикр аст, ки ҳамин забони суғдӣ дар асрҳои аввали мелодӣ тадриҷан ба сифати забони байналмилалии Осиёи Марказӣ расмият пайдо кард ва то Туркистони Чину Муғулистон нуфузу эътибор дошт. Ногуфта намонад, ки забони суғдӣ бар асари турктози айём аз байн рафт ва танҳо лаҳҷае аз ин забон дар дараи Яғноби кишвари маҳбуби мо то имрӯз бар ҷой мондааст.

Эҳтимол меравад, ки калимаи «парчам» ба таври мустақим аз забони суғдӣ ё ғайримустақим, тавассути забонҳои туркию муғулӣ, ки дар муҳити таъсиру нуфузи забони суғдӣ қарор доштанд, ба забони модарии мо ворид шудааст. Зеро, дар оғоз агар суғдиён ресмони пӯпакдори абрешимии ба сари найза басташударо «парчам» мегуфтанд, пас саҳронишинон, ки аз коркарди абрешим бебаҳра буданд, ба сари найза мӯй, думи гов ё думи ғажгов (қутос) мебастанд ва ҳамонро «парчам» мегуфтанд. Дар байти зерини Абдурраҳмони Ҷомӣ вожаи парчам ба маънии пӯпаки абрешимӣ корбаст шудааст:

Ҷаъди ломаш чу зулфи хубон хам,

Бар ливои зафар бувад парчам.

Чунонки аз мисраи дувуми ин байт ҳам ба мушоҳида мерасад, парчам аслан ба маънии пӯпаки абрешимии найза ё чӯбдасти парчам аст, ки баъдан худи мафҳуми парчам, яъне пӯст ё матои ба найза ё чӯбдаст басташударо ифода мекард.

Метавон гуфт, ки парчам ба сифати рамзи давлату миллат аз рӯзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии давлату миллат гувоҳӣ медод.

Парчамро аз замонҳои қадим парчамдорон дар ҷангу муҳорибаҳо пешопеши лашкар мебурданд ва ба дасти душман афтидани парчам нишони шикасту мағлубияти давлат ба ҳисоб мерафт. Ин калима ба ин маънӣ дар адабиёти гузаштаи мо корбурди зиёд дорад. Аз ҷумла, мегӯянд, ки чун овозаи ҳамлаи лашкари муғул ба Хоразм расид, хоразмиён ба пеши орифи маъруф Шайх Наҷмиддини Кубро, ки дар он айём муқими Хоразм буд, омаданд ва гуфтанд, ки Шайх дуо кун ва ин балоро аз сари мо рафъ соз.

Шайх гуфт, ки ин балои азим аст ва рафъи он ба дуо наметавон кард.

Пас гуфтанд, сари худ гиру бо муридон аз Хоразм берун шав, ки лашкариёни муғул чун ба Хоразм пирӯз шаванд,турову муридони туро амон нахоҳанд дод.

Шайх Наҷмиддини Кубро гуфт, ки ман дар рӯзи шодию нишот ҳамроҳи мардуми Хоразм будам, дареғам ояд, ки дар рӯзи сахти мардум аз ин мулк берун равам.

Гуфтаанд, ки чун лашкари муғул ба Хоразм ҳамла кард, Шайх Наҷмиддини Кубро аз нахустин касоне буд, ки домани худро аз санг пур кард ва ба ҷанги муғул баромад. Вақте ки сангҳои доманаш ба охир расид, аз дасти парчамдори муғул парчами муғулро кашида гирифт. Лашкари анбӯҳи муғул ба сари Шайх рехта, ӯро куштанд ва ҳафт сарбози муғул ба душворӣ панҷаи Шайхи шаҳидро боз карда, парчами худро берун оварданд. Аз он, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ мегӯяд: «Дар дасти дигар парчами кофар дорем», ишора ба ҳамин парчами муғули дасти Шайх Наҷмиддини Куброст.

Бояд таъкид намуд, ки вожаи парчамдар забони модарии мо муродифҳои дигари форсиасл (дирафш ё дурафш), арабиасл (рояталамливо) ва туркиасл (байрақ ё байроқ) дорад, вале ниёгони мо ба маънии имрӯзии парчам бештар аз калимаи дирафш ё Дирафши ковиёнӣ истифода кардаанд.

Дирафши ковиёнӣ парчами давлатии шоҳони қадими эронинажод, аз рӯзгори подшоҳии Пешдодиён то Сосониён буд.

Бештари муаррихон нахустин парчами миллии мо, яъне Дирафши ковиёниро марбут ба парчами чармии Коваи оҳангар донистаанд, ки бо он Кова бар зидди беадолатиҳои Заҳҳоки морон бархост.

Мегӯянд, ки чун фарзанди охирини Коваро барои хӯрди морони дӯши Заҳҳок оварданд, Кова барои додхоҳӣ ба пеши Заҳҳок рафт. Заҳҳок, ки то ин дам ҳабдаҳписари Коваро қурбони морони худ карда буд, писари ҳаждаҳуми ӯро раҳо кард ва фармуд, ки Кова маҳзари бегуноҳии Заҳҳокро гувоҳбошад. Коваи ситамдида он маҳзарро пора кард ва аз пеши Заҳҳок берун омада, пешдомани чармии оҳангарии худро ба найзае овехт ва онро парчами муборизаи дод бар бедод қарор дод. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безавол ин ҳодисаро чунин ба қалам додааст:

Чу Кова бурун омад аз пеши шоҳ,

Ба ӯ анҷуман гашт бозоргоҳ.

Ҳаме бархурӯшиду фарёд хонд,

Ҷаҳонро саросар сӯйи дод хонд.

Аз он чарм к-оҳангарон пушти пой,

Бипӯшанд ҳангоми захми дирой.

Ҳамон Кова он бар сари найза кард,

Ҳамон гаҳ зи бозор бархост гард.

Хурӯшон ҳамерафт найза ба даст,

Ки «Эй номдорони яздонпараст.

Касе к-ӯ ҳавои Фаридун кунад,

Сар аз банди Заҳҳок берун кунад.

Яко-як ба назди Фаридун шавем,

Бад-он сояи фарри ӯ биғнавем.

Бипӯед, к-ин меҳтар Оҳарман аст,

Ҷаҳонофаринро ба дил душман аст».

Вақте ки Коваи оҳангар дар иҳотаи издиҳом парчам рӯйи каф ба назди Фаридуни Отбин расид, Фаридун парчами ӯро фоли нек варамзи пирӯзӣбарЗаҳҳоки морон дониста,амр кард парчами чармии Коваро бо дебои зарду сурху бунафш ва зару дурру гавҳар оростанд ва онро Дирафши ковиёнӣ ном ниҳод. Ба қавли Фирдавсии Тӯсӣ:

Биёмад ба даргоҳи солори нав,

Бидидандаш аз дур бархост ғав.

Чу он пӯст бар найза бардид кай,

Ба некӣ яке ахтар афканд пай.

Биёрост онро ба дебои Рум,

Зи гавҳар бар ӯ пайкару зар-ш бум.

Фурӯ ҳишт з-ӯсурху зарду бунафш,

Ҳаме хонадаш «Коваёнӣдирафш».

Ба гуфтаи Фирдавсӣшоҳоне, ки пас аз Фаридун бар тахти Эронзамин нишастанд, ҳар кадом ба Дирафши ковиёнӣ дурру гавҳарҳои нав ба нав афзуданд.

Аз он пас ҳар он кас, ки бигрифт гоҳ,

Ба шоҳӣ ба сар барниҳодӣ кулоҳ.

Бар он бебаҳо чарми оҳангарон,

Баровехтӣ нав ба нав гавҳарон.

Зи дебои пурмояи парниён,

Бар он гуна гашт ахтари ковиён.

Ба пиндори бархе муҳаққиқон сифати ковиёнӣ ба номи Коваи оҳангар мансуб набуда, балки ба калимаи ковӣ, яъне шоҳ алоқамандӣ дорад. Дар ин сурат Дирафши ковиёнӣ парчами шоҳӣ маҳсуб аст, ки ба ливои (штандарти) имрӯзаи президентӣ қаробат дорад.

Бояд гуфт дар аҳди шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён, ки аз нахустин тоҷдорони рӯйи замин ва мунодигари баробарию бародарии ҳамаи инсонҳо дар ҷаҳон буданд, низ Дирафши ковиёнӣ парафшон буд.

Ба навиштаи муаррихи маъруф Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ дар «Таърих-ул-умам ва-л-мулук» («Таърихи Табарӣ») Дирафши ковиёнии аҳди Сосониён аз пӯсти паланг таҳия шуда, дарозияш 12 араш (оринҷ), яъне тақрибан 6-7 метр буд. Ҳамин Дирафши ковиёнӣ то давраи охирин ҳукмрони Сосониён Яздгирди III мавҷуд буд ва пас аз ҷанги эрониён бо арабҳо ба қавле дар атрофи шаҳри Наҳованд ва ба қавли дигар дар Қодисия ба дасти лашкариёни араб ғанимат афтод ва сипаҳдори лашкари араб Саъди Ваққос ин ғаниматро ба халифа Умар ибни Хаттоб ҳадя фиристод. Умар ин ҳадяро напазируфт ва ба гуфтаи маъхазҳо бо амри ӯ ин парчамро пора карданд ва зару гавҳари онро миёни сарбозон тақсим намуданд.

Мутаассифона, дар муддати беш аз сад соли хомӯшии баъди ҳамлаи араб то зуҳури Абумуслими Хуросонӣ ниёгони мо парчам надоштанд ё дар бобати парчами онҳо маълумот мавҷуд нест ва танҳо соли 747 Абумуслими Хуросонӣ парчами истиқлолталабӣ боло кард, ки аз матои якранги сиёҳ иборат буд. Баъдан Бобаки Хуррамдин дар соли 815 дар Озарбойҷон, ки ҷузъе аз қаламрави Эронзамин буд, бар зидди хилофати Аббосиён парчами сурх афрошт ва ҷонибдорони ин ду ватанхоҳи диловар дар таърих бо номҳои сиёҳҷомагон ва сурхҷомагон маъруфанд.

Эҳтимолан парчами давлатҳои маҳаллии эрониасли тоҳирию саффорию сомонӣ ҳамин парчами сиёҳи Абумуслими Хуросонӣ буд.

Султон Маҳмуди Ғазнавӣ пас аз суқути Сомониён (соли 999), ки шаҳри Ғазнаро пойтахти худ қарор дода буд ва худро тарбиятёфта ва меросбари Сомониён медонист, фармуд ба ҳамин парчами сиёҳи аҳди сомонӣ тасвири моҳро зардӯзӣ карданд.

Писари ӯ Султон Масъуди Ғазнавӣ, ки бо ҳидояти Абурайҳони Берунӣ ва дигар бузургони дарбораш ба гузаштаи Эронзамин арҷ мегузошт ва ҳамчунин ба шикор муҳаббати фаровон дошт, тақрибан дар соли 1030 амр кард дар парчами давлат сурати шер тасвир гардад.

Баъдан эҳтимолан дар аҳди Хоразмшоҳон, ки то ҳамлаи муғул қисмати бештари Эронзаминро зери итоати худ нигоҳ медоштанд, ба тасвири шер расми офтобро афзуданд, ки аз паси шер тулуъ мекард. Шояд парчами аҳди Темуриён низ ҳамин тасвири шеру офтоб аст, зеро ин тасвир дар пештоқи мадрасаи Шердори Самарқанд, ки дар он аҳд бино ёфта буд, то имрӯз барҷост.

Дар хусуси парчами давлатдориҳои минбаъда маълумоти дақиқ дастрас нест. Парчами Аморати Бухоро аз ду ранг – сабзу сурх, моҳу ситора ва як навиштаҷоти заррин иборат буд ва дар канори чапи он рӯйи хатти сабз «Султон сояи Аллоҳ дар рӯйи замин аст» ҳаккокӣ шуда буд.

Соли 1921 парчами Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро қабул шуд, ки ҳамранги ҳамон парчами амирӣ буд. Танҳо ба ҷойи навиштаҷоти «Султон сояи Аллоҳ дар рӯйи замин аст» чор ҳарфи русии «Б.Н.С.Р.» дар рӯйи он нақш гардид, ки ихтисораи «Бухарская Народная Советская Республика» аст. Пас аз се сол ранги парчам сурх шуд. Дар солҳои 1924-1929 парчами Тоҷикистон саросар сурх буд. Фақат дар канори чапи он акси доси тоҷикиву болға, ситора, пахта ва навиштаҷоти нав ба хатти арабиасоси тоҷикӣ- «Пролетариатҳои ҳамаи ҷаҳон, ба ҳам оед!» ҷой гирифт.

Соли 1953 Парчами Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон боз тағйир ёфт. Ин парчам аз боло ва поён ранги сурх ва дар миён ду хатти нисбатан борики сафеду сабз дошт. Дар гӯшаи чап аз боло досу болға ва ситорача ҷойи худро нигоҳ доштанд. Ин парчам то соли 1992 арзи ҳастӣ кард.

Парчами нави давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол 24 уми моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин парчам бо таваҷҷуҳ ва дар заминаи парчамҳои қадими миллӣ, аз ҷумла Дирафши ковиёнӣ омода шуда, матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст.

Рахи болои парчами давлатӣ ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи поёни рангаш сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз ин рахҳои сурху сабз аст.

Дар рӯйи рахи сафед дар мобайни пачам бо зарҳал расми тоҷ ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтааст, ки намояи нахустин хусравони соҳибтоҷбудани тоҷикон аст ва Фирдавсии бузург дар «Шоҳнома» ин ҳақиқатро сареҳан таъкид кардааст:

Ниёгони мо тоҷдорони даҳр,

Ки аз додашон офарин буд баҳр.

Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати ҷавону тозаистиқлоле дар дили Осиё бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда мерасонад.

Орзумандем, ки Суруди миллии мо ҳамеша танинандоз ва Парчами давлатиямон доимо парафшон бошад.

Тоҷикистон, Парчамат бодо парафшон!

Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон!

Ҳасани СУЛТОН, узви вобастаи АМИТ

Яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти давлатии Тоҷикистон парчами миллӣ буда, ифодагари ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек ва лоиқи эҳтироми пиру барнои кишвар гардидааст. Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчамаш муаррифӣ мегардад. Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузаштаи худ ва ғамхорӣ ба фардо буда, он яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ маҳсуб меёбад. Бо дидани Парчам ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди халқу миллати хеш боло мегардад.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати миллӣ, шукуфоии кишвар, истиқлолияти комил ва умед ба фардои нек мебошад. Парчами миллат дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ рамзи давлату давлатдорӣ ва нангу номуси мо миллати тоҷик мебошад. Парчам дар забони адабии ҳозираи тоҷик ҳамчун истилоҳ ба маънои ливо, байрақ, дирафш ва рамзи давлатӣ омадааст.

Парчам бо мурури замон ва гузашти айём ҳамчун яке аз рамзҳои асосии давлату миллат буда дар ҷаҳон ончунон мавқеи худро устувор кардааст, ки имрӯз мавҷудияти ҳеҷ як давлати соҳиб истиқлолро бидуни парчам наметавон тасаввур намуд. Маҳз парчам аст, ки ҳар як давлату миллатро дар арсаи ҷаҳони муаррифи менамояд. Бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути онҳо давлати моро тамоми ҷаҳон мешиносад.

Бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути онҳо давлати моро тамоми ҷаҳон мешиносад. Рамзҳо мазмун ва моҳияти мушаххаси идеологӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоиву сиёсиро бар дӯш доранд. Бо эҳсосоти баланд муносибат намудан ба рамзҳои давлатӣ ифодаи муҳаббат ба Ватан аст. Табиатан ҳар инсоне, ки дар дилу дидааш меҳри Ватан ҷой дорад, парафшонии ливои миллӣ ба ӯ эҳсоси худшиносию арҷгузорӣ ба арзишҳои олии ватандорӣ мебахшад. Чунончӣ, ҳангоми садо додани Суруди миллӣ таппиши қалбҳоямон дигаргун мешавад, вуҷудамонро ифтихор ва шодиву сурур фаро мегирад. Борҳо дидаем, ки ҳангоми боло бардоштани Парчами миллӣ ба ифтихори ғолибият дар мусобиқаҳои варзишии байналхалқӣ аз чашмони варзишгарони ғолиб ашки шодӣ мерезад. Давоми солҳои охир даҳҳо ва садҳо нафар ҷавонону варзишгарони тоҷик, чун Анвар Юнусов, Мавзуна Чориева, Дилшод Назаров, Абдусалом Ҳасановҳо, Асрор Воҳидов, Беҳруз Хоҷазода ва дигарон дар чемпионатҳои бонуфузи байналмилалӣ, Осиё ва Осиёи Марказӣ ғолибият ба даст оварда, дар ин мусобиқаҳо ба ифтихори ин ғолибон Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода, ва парчами ватани азизамон Тоҷикистон боло бардошта мешавад.

Дар таърихи қадимии рамзҳо парчам ба рамзи пирӯзӣ ва сипас ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфта буд. Ҳар шахсе ба қудрат мерасид, соҳиби тахту салтанат мегашт, тоҷи шоҳӣ ба сар мениҳод, парчамро азизу муқаддас медонист ва онро баланд меафрохт. Дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ Шоҳ Фаридун парчами худро бо сангҳои қиматбаҳо ва тасвири ситораи чоргӯшаи тиллоӣ ва шилшилаҳои (лентаҳои) сурх, зард ва бунафш оро дода, онро «Дирафши Ковиёнӣ» номид. «Дирафш» аз вожаи дирафшидан, дурахшидан, рӯшноӣ додан, партавафкандан ва тобидан сохта шудааст ва ба маънои парчам, алам, аломату байрақ омадааст. Дирафши Ковиёнӣ парчами шоҳони қадими ориёӣ, махсусан шоҳони Сосонӣ, номбардори Ориёи бузург будаанд, мебошад, ки дар садҳо сарчашмаҳои таърихиву фарҳангӣ муҳаққиқон аз он ёдоварӣ кардаанд. Мутобиқи ахбори сарчашмаҳои мӯътамади бостонӣ, ин парчам аз пӯсти шер ва ё паланг бо ниориши рамзи Ориёи бузург тиллокорӣ карда шуда, дар набардҳои кишваркушоӣ ва дифои марзу буми шоҳони Сосонӣ бо дасти сипоҳсолори кишвар дода шуда, ҳамчун рамзи давлатдорӣ баъд аз ҳар пирӯзӣ баланд афрохта мешуд.

Дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ «Дирафши Ковиёнӣ»-ро дар шеър чунин тасвир намудааст.

Фурӯҳишт аз ӯ зарду сурху бунафш,

Ҳамехондаш Ковиёни дирафш.

В-аз он пас ҳар он кас, ки бигирифт гоҳ,

Ба шоҳи ба сар бинҳодӣ кулоҳ.

Бар он бебаҳо чарми оҳангарон,

Баровехтӣ нав ба нав гавҳарон.

Зи дебои пурмоявупарниён,

Бар он гуна гашт ахтар Ковиён.

Ки андар шаби тира хуршед буд,

Ҷаҳонро аз ӯ дил пурумед буд.

Парчами Тоҷикистон ин матои росткунҷаест, ки дорои се ранги сурх сафед ва сабз мебошад. Ранги сурх – Ин нишонаи муборизаҳои халқи тоҷик барои соҳиб шудан ба истиқлолият аст; Ранги сафед – Нишонаи саодатмандӣ ва хушбахтии халқи тоҷик аст, ки соҳиби таърихи тӯлонӣ, ниёгони бой ва фарҳанги барҷаста доранд; Ранги сабз – маънои табиати зебои Тоҷикистон аст, ки пур аз сарсабзӣ, баҳорони шукуфон, хуррамиву сарбаландии куҳсори сабзазордор ва абадияти мулки тоҷикон мебошад. Дар мобайни парчам нақши «Тоҷ» ва «Ҳафт ахтарон» – ситораҳо ҷойгир шудаанд, ки он оиди зери шоҳидии ҷирмҳои осмонӣ мавҷуд будани мулкдории тоҷикон ва соҳибистиқлолии Тоҷикистонро иникос менамояд. Рамзи «Тоҷ» аз тоҷдории халқи тоҷик ва аз номи халқи тоҷикон гувоҳӣ медиҳад.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24-уми ноябри соли 1992-ум тибқи Низомнома дар бораи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 11 декабри соли 1999 бо Қарори рақами 892-ум дар Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб аз тарафи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр Рӯзи парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рӯзи муборак ҳамасола бо шукӯҳу тантана таҷлил мегардад.

Парафшонии Парчами миллӣ дар баландии 165 метр дар пойтахти кишвари азизамон- шаҳри Душанбе боиси ифтихори ҳар фарди ватандӯсти мамлакат гардид. Бешубҳа, қомат афрохтани Парчами миллӣ, ки баландтарин (баъди парчами Арабистони Саудӣ) дар ҷаҳон аст, бо маҷмӯи биноҳои маъмурию фарҳангӣ ба шаҳри Душанбе ҳусну зебоии тоза бахшида, мавзеи ҷойгиршавии онро «Майдони парчам» номгузорӣ намуданд.
Хулоса, дар ҳама давру замонҳо парчам чун рамзи давлат, салтанат, ғуруру ифтихор аз даст ба даст мегузашт.

Саидзода Хатича - ходими илмии Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ”

Мусаллам аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон таъқид менамоянд “Парчами давлатӣ барои мо- тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамонмебошад”.

Тоҷикистон, Парчамат тоҷи сар аст!
Парчами ту аз ҳама болотар аст!

Парчами ту Парчами адл асту дод,
К-ин дирафши Коваи оҳангар аст!

Парчами ту буда аз ҷилди паланг,
Бегазанду маҳкаму тобовар аст!

Аз миёни халқ гардида баланд,
З-ин сабаб дар Парчами ту бовар аст!

Парчам яке аз рамзҳои асосиву муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, мардуми соҳибхиради Тоҷикистон ҳар сол санаи қабули онро бо ҳисси баланди ифтихор аз давлатдории миллии тоҷикон таҷлил менамоянд.

Мусаллам аст, ки ҳар як давлати соҳибистиқлолу озод ба ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид низ маҳз бо парчами худ пазируфта шуда, эътироф мегардад.

Яъне Парчами давлатӣ муаррифгари тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Ҳамасола, санаи 24-уми ноябр дар кишвари маҳбубу соҳибистиқлоли мо Рӯзи Парчами давлатӣ дар руҳияи баланди ватандӯстонаву садоқат ба арзишҳои миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин муқаддасоти миллӣ рамзи Истиқлолияти давлатӣ буда, бо ифтихор аз ватану давлатдорӣ ва соҳибистиқлолӣ таҷлил мегардад ва боиси ифтихору сарафрозии мост.

Барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик Парчам нишони ҳастӣ, сарчашмаи қудрату тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва ифодагари ғурур ва ифтихори миллӣ мебошад. Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ Рӯзи Парчами давлатӣ аз 24-уми ноябри соли 2009 ҳамчун яке аз ҷашнҳои миллӣ қайд карда шуда истодааст, ки ин боиси ифтихору сарафрозии мо тоҷикон мебошад.

Пешвои муаззами миллат дар мавриди ҷойгоҳи хоси Парчами давлатӣ таъкид кардаанд: «Ҷойи сарафарозист, ки имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар саросари олам партавафшонӣ карда, нишона аз мардуми сулҳхоҳу тамаддунсоз ва кишвари дар ҳалли масоили глобалӣ муваффақи мо мебошад. Қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки ба Парчами давлатӣ - ин рамзи истиқлолу озодӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандориву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллӣ арҷ гузорем». Ин таъкиди Сарвари давлат ҳар яки моро вазифадор месозад, ки бо эҳсоси волои худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ ба Парчами давлатӣ эҳтироми самимӣ дошта бошем.

Воқеан, Парчами давлатӣ омили муайянкунандаи ҳувияти миллӣ ва тақвият пайдо кардани ҳисси милливу ифтихори ватандорӣ дар шуури ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад. Парчам рисолат ва нерӯи муттаҳидкунанда дорад, зеро он дарбаргиранда ва таҷассуми арзишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ғояву ҳадафҳои миллӣ мебошад.

Таърих гувоҳ аст, ки ин рамзи миллӣ ба сифати омили нангу номуси ватандорӣ мардуми моро борҳо муттаҳид кардааст ва аз вартаи ҳалокат раҳо бахшидааст. Мо баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар давраи ниҳоят вазнину ҳассоси ҳаёти халқамон бо истифода аз таҷрибаи ниёгони шарафмандамон парчами давлати худро интихоб ва қабул кардем, ки он мардуми моро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ сафарбар намуд.

Имрӯз барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик парчам сарчашмаи нерӯву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ мебошад. Яъне Парчами давлатӣ сокинони кишвари моро дар майдони ободониву созандагии Ватан муттаҳид намуда, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии онҳоро тавсеаву тақвият мебахшад.

Маҳз бо парафшонии ин рамзи муқаддас мо ҳоло пояҳои давлати соҳибистиқлоламонро таҳким бахшида, барои ба як мулки ободу пешрафта табдил додани Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош карда менамоем.

Қобилизикр аст, ки солҳои охир бунёди майдони Парчами давлатӣ ва парафшон намудани ин рамзи муқаддас дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар идома дорад. Парчами давлатӣ, хусусан, барои ҷавонони Тоҷикистони азиз омили сарфарозӣ буда, онҳо дар ҳама ҷабҳаҳо зери ин рамзи давлатӣ муттаҳид мешаванд ва иқдомоти шоистаи ватандӯстонаро, аз ҷумла дар ҳимояи Ватани маҳбуб ва дифои ҳар ваҷаб хоки муқаддаси он бо ҳушёриву зиракӣ амалӣ менамоянд.

Дар ин самт зарур аст, ки илова ба вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, парчам ҳамчун нишони сарисинагӣ аз ҷониби сокинони мамлакат, инчунин, дар манзилҳои истиқоматӣ ба сифати рамзи ифтихору ватандӯстӣ васеъ истифода гардад.

Бигзор, Парчами давлатии кишвари мо, ки далели пойдор будани сулҳу миллатамон аст, бар фарози Тоҷикистон ва мардуми шарифи он то абад парафшон бошад!

Ба ифтихори ин санаи таърихӣ тамомии ҳамватанони азизамонро табрик гуфта, таманнои онро дорем, ки парчами давлати соҳибистиқлоламон дар фазои ватани азизамон Тоҷикистон ва берун аз он то абад парафшон бошад.

Боқизода Адлинисо - Ходими илмии МДИ Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ

Аз 18 ноябр то 28 ноябри соли 2024 ҳисоботи лоиҳаҳои илмию таҳқиқотии Бахши илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарии Шурои ҳамоҳангсозии КИТ тибқи ҷадвали корӣ ба нақша гирифта шудааст.

18 ва 20 ноябри соли 2024 ҳисоботи лоиҳаҳои илмию таҳқиқотии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов, Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон арзёбӣ карда шуданд.

Анъанаи парчамдории халқи мо таърихи фархундаи чандинҳазорсолае дошта, аҷдодони шарафманди мо ҳамчун посдорони фарҳангу тамаддуни куҳан роҳи тӯлонии парчамдориро тай намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон боз яке аз рамзҳои муқаддаси дастовардҳои бузурги истиқлоли миллӣ, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро тантанавор таҷлил мекунад, ки онро дар ҷумҳурӣ ва тамоми тоҷикони дунё бо ифтихори хос арҷгузорӣ ва таҷлил мекунанд.

Дар ин замина, метавон аз таърихи пурифтихори парчамдории Бохтар, Суғду Хатлон, Бадахшон ва дигар давлатҳои қадимаи тоҷикон, бахусус парчами Коваи Оҳангар ёдовар шуд, ки гувоҳи ҳуввияти миллӣ ва сарбаландии гузаштагони мо мебошанд. Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки агар ба таърихчаи кӯтоҳи онро назаре меандозем:

«Парчам» вожаи суғдӣ («*parčam») аст ба маънии «зулфу кокул» ва ҳамчунин «пӯпаки абрешимӣ, мӯй ё думи ғажговро мегуфтанд ки бар сари дирафш, ё найза мебастанд». «Дирафш» дар порсии миёна «drafš» гуфта мешуд ва бозмонда аз эронии бостонии «*drafša-» аст ва баробари он дар ҳиндии бостон вожаи «drapsá-» мавҷуд буд. Аз ин вожаи эронии бостонӣ «*drafša-» дар забонҳои авестоӣ «drafšā-», суғдӣ «’rδ’šp» [arδašf / ərδəšf] ва бохтарии «λraφo» падид омадаанд, ки вожаи комилан форсӣ-тоҷикӣ мебошад.

Таърихи Парчами миллӣ ва давлатии Тоҷикистон аз замони бостонии миллат, ба номи Дирафши машҳури Ковиёнӣ, оғоз мегардад, ки дар ибтидо дирафш (байрақ)-и ба ибораи имрӯзӣ “устураӣ”, пасон мардумӣ ва баъдан давлатии подшоҳони қадими ориёӣ (эронӣ) будааст. Аввалин дирафши аҷдодӣ-миллии тоҷикон «Дирафши Ковиён (Ахтари Ковиён) – дирафши бузурги шоҳони асотирии Каёнӣ, таърихи Ҳахоманишӣ, Ашконӣ ва Сосонӣ буд, ки мувофиқи ривоёти ақвоми эронӣ аз замони Фаридун боз вуҷуд дошта, пас аз ҳуҷуми араб ба Эрон ба дасти онон ҳадафмандона, яъне шикастани рӯҳияи ин қавми ориёӣ нобуд шудааст. Агарчӣ ибтидои зуҳури он дар замони сулолаи Ҳахоманишиҳо то ба соли 632 комилан далели таърихӣ аст, ин дирафш ҳамчун рамзи миллӣ, ба муддати беш аз 1200 сол воқеияти маълуми таърихӣ буда, то ба қудрат омадани ислом муқаддастарин дирафши давлатдории эронитаборон будааст.

Таърихи асотириаш тибқи маъхазҳои илмӣ-таърихӣ чунин аст. Коваи Оҳангар барои озодӣ пешбанди чармини худро дирафш месозад ва таҳти он мардумро алайҳи Заҳҳоки золим, ки зулму истибдоди мардуми оддиро ба ҳадди ниҳоии тоқатфарсо расонида буд, муттаҳид мекунад, ки ин иттиҳод онҳоро ба пирӯзӣ мерасонад. Аз он пас ин дирафш, миёни қавмҳои ориёӣ ҳамчун рамзи пирӯзии миллӣ бар аҷнабиёну золимон муқаддас эътироф шуд. Мардуми таҳти ин парчам баҳамомада ва пирӯзшуда, Фаридунро бар тахти Эрон нишонданд ва ин дирафшро ҳамчун дирафши миллӣ ба ӯ тақдим карданд ва ин анъана баъд аз ӯ ба шоҳони дигар, ки рамзи давлатдории худиро таҷассум мекард, супорида мешуд.

Куҳантарин маълумот дар бораи корбурди дирафш дар ҷомеаи ориёиҳо дар «Авесто» низ дида мешавад. Парчам, дирафш, ливо ё байрақ мафҳуми ягона буда, дар маҷмӯъ маънии шинохти давлату миллатро дорад. Парчам ва парчамдорӣ ҳанӯз пеш аз мелод дар китоби «Авасто» зикр гардида, баъдан дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар достони «Коваи оҳангар» қисса шудааст. Коваи оҳангар аз кушта шудани ҷавонон ва хусусан фарзандони худ ба шӯр омада, бар зидди Заҳҳок бархост, пешбанди худро сари найза барафрохта, парчам намуд ва зери он мардуми башӯромадаро то дарбори он шоҳи золим бурд. Парчами Кова минбаъд «Дирафши Ковиён» ном гирифт ва чун рамзи мубориза барои озодӣ аз банди зулму истибдод шинохта шуд:

Чу Кова бурун омад аз пеши шоҳ,

Бар ӯ анҷуман гашт бозоргоҳ.

Ҳаме бархурӯшиду фарёд хонд,

Ҷаҳонро саросар сӯи дод хонд.

Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,

Ҳаме хондаш «Ковиёнӣ дирафш».

Таърих гувоҳ аст, ки парчамдорӣ эҷоди мардуми форс буда, пеш аз ҳама, ҳастии миллат ва давлатдориро муаяйн мекард. Тӯли таърих давлатҳои Ҳахоманишҳо, Ашкониён, Сосониён ва Сомониён ҳар яке парчамдор буданд.

Парчам рамзи Ватан, номус ва нанги миллат аст. Тоҷикон дар ҳайати Бухорои шариф ва Иттиҳоди Шӯравӣ низ парчами худро доштанд. Агар ба таърихи пурнишебу фарози ин миллат ва ин сарзамин назаре афканда шавад, возеҳ дида мешавад, ки дар тамоми даврони таърихи пурмоҷаро ҳамеша зери парчами миллии худ муттаҳид мешуданд. Бинобар ин, дақиқан таърихи Парчами миллии мо, ки пас аз 1000 соли бедавлатӣ, давлати соҳибистиқлоли худро маҳз зери ҳамин парчами таърихӣ, ки имрӯз Парчами миллӣ-давлатӣ ном дорад, эҳё карда тавонист.

Аввалин низоми мадании давлатдориро дар дунё аҷдоди пурифтихори мо, таҳти ҳокимияти одилонаи Куруши Кабир поягузорӣ карда, дар он тамоми низоми давлатдориро бо шумули рамзҳои он таъсис дод, ки барои тамоми башар ҳамчун улгу ва намунаи омӯзанда дар ташкили давлатдорӣ ва идораи ҷомеаҳои мухталифи таърихӣ хизмат анҷом дод.

Дар таърихи навину соҳибистиқлоли мо, Парчами миллӣ-давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатдории мо, бо се ранги худ баёнгари ҳуввият, таърих ва моҳияти давлати тоҷикон ва далели раднопазири соҳибватаниву соҳибистиқлолии мо мебошад. Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба муносибати Рӯзи парчам аз 23-ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста, таъкид карданд, ки: “Ранги сурх -рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед - нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз - нишони сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоди давлату давлатдорӣ, иттиҳоду ваҳдати миллати тоҷик, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва муқаддасоти миллии мост, ки дар худ ормонҳои дирӯзу имрӯз ва фардои дурахшони миллати соҳибтамаддуну шарафманди тоҷикро ифода менамояд. Дар баробари он, Парчами миллӣ ифодагари шаъну шараф, нангу номус ва эътибори милливу давлатии тоҷикон буда, муҳаббат ва ифтихори доштани он дар рагу пайванд ва қалби ҳар тоҷикистонӣ ҷо гирифтааст.

Бояд хотирнишон сохт, ки барои таҳияву пешниҳод ва қабули рамзҳои нави Тоҷикистони соҳибистиқлол муддати ду сол қувваҳои эҷодиву ҷустуҷуӣ ҷалбу сафарбар шудааст. Аввалҳои соли 1990 аз ҷониби Шурои Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон барои таҳия намудани рамзҳои нави давлатӣ, озмун эълон карда шуд ва дар ин озмун тахминан 250-нафар ширкат варзиданд. Ба хотири таҳияи рамзҳои нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон комиссияи махсус иборат аз олимону ҳунармандон, арбобони давлатӣ, таҳти роҳбарии президенти ҳамонвақтаи Акадамеяи илмҳои Тоҷикистон академик Муҳаммад Осимӣ ташкил шуд, ки аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ зиёда аз дусад адад пешниҳодҳо вобаста ба лоиҳаи рамзҳои нави давлатӣ ворид гардида, баррасӣ шуд.

Дар таърихи 24-ноябри соли 1992 гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи рамзҳои нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ба сессияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами нави давлатиро ба муҳокимаи вакилони халқ пешниҳод намуданд.

Лоиҳаи Парчами давлатӣ, ки таҷҷасумгари таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии халқамон мебошад, имрӯз мо онҳоро дар Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон мебинем, дар сессияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, бо сарварии раиси нав интихобгардидаи Шурои Олии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби вакилони халқ якдилона барои қабул намудани он ҳамчун Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз дода шуд. Рӯзи дигар, яъне 25-ноябри соли 1992 рамзи нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон – Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори Шурои Олӣ ворид карда шуд ва аввалин маротиба раиси тозаинтихоби ҳамонвақтаи Шурои Олии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Парчами давлатӣ сари таъзим фуруд оварда, қасам ёд намуд.

Ҳамин тавр, бори нахуст Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар болои бинои қасри «Арбоб» дар шаҳри Хуҷанд, ки дар он ҷо сессияи таърихии 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон баргузор гардида буд, барафрохта шуд.

Қобили зикр аст, ки, дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши тоҷ ҳадафмандона ҷой дода шуд, ки ин рамзи давлатдории халқи тоҷдори тоҷик, яъне тоҷ - таҷассумгари муттаҳидсозии давлату миллатро ифода менамояд. Дар баробари он нақши ҳафт ситора дар қисми болои тоҷ дар шакли нимдоира ҷой карда шуд, ки ифодагари рақами ҳафт, ҳамчун рақами муқаддас ва ба вуҷудоварандаи хушбахтӣ маънидод карда шуд.

Олимон ва муаррихони гузашта ҳафт ситораро ҳамчун ифодагари ҳафт минтақаи таърихию мадании кишвари азизамон - Тоҷикистон нисбат медоданд, ки иборатанд аз: Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон. Қабули Парчами давлатӣ дар давраи ниҳоят пурхатар ва ҳассоси таърихи давлати тозаистиқлоламон ба мардуми мо тавону неруи тоза бахшид ва онҳоро муттаҳид сохт, ки таҳти парафшонии маҳз ҳамин парчами давлатӣ сохти конститутсиониро барқарор ва сулҳу оромиро дар кишвар таъмин намоянд.

Аз он пас, мисли замонҳои дигари таърихӣ, Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи қудрати муттаҳидкунанда, дар қалби ҳар як шаҳрванди Ватани азизамон ғурури миллӣ ва эҳсоси гарми ватандориро бедор кард.

Аллакай, 33 сол аст, ки ин рамзи муқаддаси миллии мо дар тамоми гӯшаву канори мамлакат парафшонӣ мекунад ва барои дастоварду пирӯзиҳои фарзандони арзандаи миллат дар кишварҳои гуногуни олам баробари садо додани Суруди миллӣ афрохта мешавад ва ба хотири ободии бештари сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.

Замони мудерн ва ё муосир, бо равандҳои босуръати ҷаҳонишавӣ ва бештар мураккаб пешгӯишаванда ва ҳассос, дар баробари тамоми кишварҳои дунё, бахусус давлатҳои ҷавони соҳибихтиёр, ба мисли давлати мо, имтиҳоноту чолишҳои нав ба навро ба миён мегузорад. Дар чунин шароити ниҳоят мураккабу ҳассос, масъалаҳои ҳифзи истиқлолу озодӣ, суботу оромӣ, муқаддасоту арзишҳо, суннату анъанаҳо ва расму ойинҳои миллӣ ва дигар арзишҳои миллӣ ба мисли солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ барои мо аҳамияти муҳим дошта, арзиши бештар пайдо кардааанд.

Аз ин рӯ, мо мардуми Тоҷикистон вазифадорем, ки дар зери Парчами давлати худ боз ҳам бештар муттаҳид бошем, барои ҳимояи марзу буми Ватани азизамон, пойдории давлату давлатдории навинамон саъйю талош намоем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, манфиатҳои милливу давлатии худро ҳифз кунем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату сарҷамъиро таҳким бахшем ва ҷойгоҳу обрӯи Тоҷикистони маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.

Президенти кишвари азизамон, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор аз таърихи парчамдории миллати тоҷик иброз доштаанд: «Ҳанӯз дар парчами Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида, он рамзи як давлати нерӯманди замона ба ҳисоб мерафт. Ливои Коваи Бузург бошад, нишонаи равшани муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».

Аз ин рӯ, эҳтиром ва қадр кардани Парчами давлатӣ чун рамзи муқаддаси Ватани соҳибистиқлоламон, аз ҷумлаи вазифаҳои инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеаи мо мебошад. Махсусан муҳим аст, ки ҳисси ифтихор ва арзишгузорӣ ба Парчами миллӣ бояд дар зеҳну шуури ҳар як фард, бахусус ҷавонон ҳанӯз аз синни хурдсолӣ тарбия карда шавад.

Ҷашн гирифтани Рӯзи парчами давлатӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои фидокоронаи фарзандони бузурги халқамон - Куруши Кабиру, Исмоили Сомонӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаамон мебошад, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик барои ҳифзи ному нанг ва ҳимояи марзу буми аҷдодӣ ҷоннисориҳо карда, забон, фарҳанг ва ойину суннатҳои мардуми куҳанбунёдамонро то замони мо хифз намуда, расонидаанд. Вазифаи насли имрӯзаи миллат, дар рӯҳияи эҳтиром доштану рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо, тарбия намудани ҷавонону наврасони миллат мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ инчунин садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон, бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рузи 24-уми ноябрро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд.

Бо ибтикори ватандӯстонаи Сарвари давлат, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар дуюмин солгарди рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон маросими бунёди манораи бузурги Парчам оғоз гардида, дар давоми як сол ба анҷом расид. Дар санаи 30-юми августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165м., ки баландтарин дар ҷаҳон аст, парафшон гардид. Баландии Парчам 30м ва дарозии он 60м мебошад.

Бигзор, Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи ифтихору сарбаландӣ, нангу номус ва сарҷамъии миллат дар фазои осудаву ороми кишварамон то абад парафшон ва илҳомбахши раванди созандагиву рушди Ватани азизамон – Тоҷикистон бошад. Муҳаббату эҳтироми Парчами миллӣ бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта, ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.

Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ ва маъсулияти ҳар як фарди ҷомеа бошад. Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои тамоми тоҷикистониён ва ҳамватанои бурунмарзӣ фархунда бошад!

Ходими калони илмии Шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, н.и.ф. Бандалиева Ш.Н.

Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой,

Бипӯшанд ҳангоми захми дарой.

Ҳамон Кова он бар сари найза кард,

Ҳамон гаҳ, зи бозор бархост гард.

Хурӯшон ҳамерафт найза ба даст,

Ки: «Эй номдорони яздонпараст».

Фурӯҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,

Ҳамехондаш «Ковиёнӣ дирафш».

Абулқосим Фирдавсӣ

Парчами Тоҷикистон ҳамчун яке аз рукнҳои давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ нишони аввалини давлати мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 24-уми ноябри соли 1992 қабул ва расман тасдиқ карда шудааст.

Парчами давлатӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандустӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи Тоҷикистонро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодон мерос монда, пайдоиши парчам таърихи хеле қадимӣ дорад. Агар ба рамзҳо бо назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардуманд.

Дар таърихи қадим рамзҳои парчам ба рамзи пирӯзӣ ва сипас ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфта буд. Ҳар ҳоким ва ё подшоҳе, ки ба қудрат мерасид, соҳиби тахту салтанат мегашт, тоҷи шоҳӣ ба сар мениҳод ӯ парчамро азизу муқаддас медонист ва онро баланд меафрохт.

Ҳар як давлати соҳибистиқлол соҳиби муқаддасоти миллии худ аст. Аз ҷумла Тоҷикистони мо ҳам дорои Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошад. Дар забони тоҷикӣ мафҳумҳои «парчам» ва «дирафш» аз забонҳои бостонии ориёӣ ба вуҷуд омадаанд.

Таърих гувоҳ аст, ки аҷдодони мо аз ибтидои тамаддуни инсонӣ соҳиби рамз ва нишони миллӣ буданд. Вобаста ба парчамбардории ниёгони абарқудрати мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон бахшида ба рӯзи Парчами давлатӣ, қайд намуда буданд, ки: «Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нерӯманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, метавон аз ливои Коваи Бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».

Пайдоиши Парчамро дар таърих ва фарҳанги миллати тоҷик ҳамчунин Коваи Оҳангар мубориза ба муқобили зулму истибдод ва таъмини адолату зиндагии осоишта мансуб медонад. Дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ бошад, намунаи барҷастаи ватандӯстию меҳанпарварӣ, тарғибгари некию адолату мардонагист, ҳифзу дифои марзу кишвари худ буда, ҳамчун улгу аз муборизаи Коваи оҳангар мисол оварда шудааст. Коваи оҳангар пешдомани чармини худро дирафш кард ва халқи ситамдидаро ба мубориза даъват намуд. Имрӯз тасвири «Дирафши ковиён» дар Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст, ки он ифодагари рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ мебошад.

Фирдавсии фаррухсиришт дар «Шоҳнома»-и безаволи худ ҳангоми ба қалам додани таърихи Коваи оҳангар - рамзи оташ, равшанӣ, раҳоӣ аз зулмат, зафар ба аҳриман, хайру некӣ ва ҷасорату меҳанпарастии ориёитабор буд, чӣ тавр аз чарми пешдомани худ ба нӯги найза дирафш оростану онро ҳамчун рамзи мубориза бар алайҳи Заҳҳоки морон - рамзи аҳриманӣ, бадӣ, хунхорӣ, зулму ситам ва торикист, барафроштанро бо сӯз ёд мекунад. Кова, ки бар зидди беадолатӣбархоста буд, бо мардуми бадодомада, нерӯи аҳриманиро аз тахти зулму истибдод сарнагун сохта, марзу Ватани хешро озод намуд ва ҳаммеҳанони худро аз зулму истисмор наҷот дод. Шоҳ Фаридун, ки аз насли озодагон - Ҳушангу Таҳмурас буд, дар баробари ба тахт нишастану тоҷи заррин ба сар карданаш, дирафши озодагонро муқаддас донист. Фаридун дирафшро рамзи давлатдорӣ, қудрату озодӣ, ҳуввияту ваҳдат ва ягонагӣ эътироф намуда, бо зару ҷавоҳирот музайян намуд, ки ин марҳиларо Фирдавсии Тусӣ басо зебо ва ҷолиб ба назм овардааст. Шоҳ Фаридун бо ифтихори ватандорӣ ва садоқат ба кишвари худ, ин дирафшро дирафши коваёнӣ ном дод. Аввалин тасвири Парчам дар силоҳи ориёиҳо, форсу суғдиён ва бохтариҳо дар деворнигораҳои шаҳри Помпии Рум, яъне дар асри 1-и томелод нигошта шудааст. Дар он саҳнаи муҳорибаи сипоҳи давлати Ҳахоманишиҳо таҳти сарварии Доро бо лашкари Искандари юнонӣ дар соли 333-мелодӣ акс ёфтааст. Ранги парчамҳои асрҳои 16-18 низ, асосан сурх буда, ин анъана аз давраҳои Ҳахоманишиҳо инҷониб роиҷ буд.

Мардуми ориёиасл яке аз асосгузорони тамаддуни башарӣ буда, тӯли ҳазорсолаҳо дар арсаи ҷаҳонӣ даҳҳо давлатҳои бузургу абарқудратро бунёд намудаанд, ки дорои пойгоҳҳои бошукӯҳу зебо, парчам, тахт, тоҷ, мӯҳр, сиккаҳои заринаву симина ва сипоҳи оламгир буданд. Парчам аз ҷумлаи муқаддасоти ориёиҳо маҳсуб гардида, ба он ҳамчун рамзи озодиву қудрат эҳтироми хос доштанд ва онро бо дурру гавҳар меоростанд. Таърихи аввалин парчами ин мардум бо номи «дурафш» ё «дирафш» дар осори таърихии онҳо таҷассум ёфтааст.

Дар даврони Шӯравӣ бошад, парчами Тоҷикистон ифодагари мазмуну моҳияти кишвар, фарқияти марзӣ ва территориявӣ, хусусиятҳои табиӣ ва кишоварзӣ дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ буд.

Пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидани ҷумҳуриҳои ҳайати он боис гардид, ки ҳар давлати мустақил парчами худро дошта бошад. Бо дарки ин воқеият, 12-уми ноябри соли 1991 Президуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти Эъломияи истиқлолияти давлатӣ барои беҳтарин матну оҳанги Суруди миллӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ озмун қарор қабул ва Низомномаро дар бораи Нишон ва Парчам эълон намуд. Рангҳои парчами миллии мо ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ мебошанд. Дар атрофи рангҳои Парчам, тоҷу ҳафт ситораи он дар ҷараёни кори Иҷлосияи 16-ум баҳсҳои тӯлонӣ ба миён омада бошанд ҳам, Парчами миллӣ дар шакли имрӯзи он, аз се ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора қабул гардид, ки ҳар ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора моҳияти таърихӣ ва аҳамияти сиёсии ба худ хосро доранд. Ранги сурх дар Парчам ифодагари ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед рамзи покиву озодагӣ ва ранги сабз бошад, нишона аз неъмати бебаҳои ин миллати куҳанбунёд – фарҳанг ва дониши ҷаҳонгири ӯст. Тоҷ ва ҳафт ситораи Парчам таърихи тӯлонӣ доранд. Хотирнишон бояд намуд, ки дар таърихи 29-уми октябри соли 2009 дар Ҳамоиш бахшида ба 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми наҷибе пешниҳод гардид, ки 24-уми ноябр рӯзи Парчами миллӣ эълон карда шавад ва ҳамасола ҳамчун рӯзи Парчами миллӣ ҷашн гирифта шавад.

Бояд қайд намуд, ки ин иқдоми неки Сарвари давлат идомаи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи ҳукумат ва давлати Тоҷикистон буда, насли ҷавони имрӯзаро дар рӯҳияи хештаншиносиву меҳанпарварӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои волои давлату давлатдорӣ ва эҳтирому қадршиносӣ ба рамзҳои давлатӣ тарбия менамояд.

Парчам яке аз муқаддасоти миллии мост, ки дар назди он аз Сарвари давлат сар карда, то сарбози оддӣ савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд. Парчам ҳамчун рамзи давлат ба ифтихори дастоварду пирӯзиҳои фарзандони фарзонаи миллат, дар майдонҳои варзишӣ баробари садо додани Суруди миллӣ барафрохта мешавад. Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ Парчами Тоҷикистон партавафшонӣ мекунад. Арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ эътироф кардани тамоми арзишҳои гузаштаву имрӯз ва фардои миллат аст. Ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ барои пос доштани рӯҳи онҳоест, ки барои ҳимояи нангу номус ва марзу буми ин кишвар ҷоннисорӣ намуда, забон, фарҳанг ва ҳуқуқи давлатдории ин миллати таърихиро ҳифз кардаанд.

Ин ҷашн ҳар фарди баномуси кишварро бори дигар ба ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва саъю талоши ҳамешагӣ барои ободию озодии кишвар ҳидоят месозад. Муҳаббат ва садоқат ба арзишҳои миллӣ ифодагари ҳақиқии эътиқод ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг эътироф мешавад.

Маҳмадулоева Н.М. - лаборанти Шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Ба истиқболи Рӯзи Парчами миллӣ

Парчами давлатӣ барои мо тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад. Ҳар фарди худшиносу худогоҳ ва бонангу номуси миллатро зарур аст, ки ба қадри соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеа расида, онҳоро ҳамчун неъмати бебаҳо қадршиносӣкунанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳамеша барои ҳифзи манфиатҳои олии миллат ва давлат азму талош намоянд.

Мусаллам аст, ки рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣмебошанд. Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатӣ қабул шудааст. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки ҳадаф аз роҳандозии боз як ҷашнвораи давлатӣ эҳтиромгузорӣ ва қадршиносии Парчами миллӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлат унвон шудааст. Бар асоси ин пешниҳоди Пешвои миллат ба парлумон ба қонуни рӯзҳои ид иловаҳо ворид гардидааст ва тибқи он ҳар сол Рӯзи Парчам 24-уми ноябр таҷлил мегардад. Парчам (байрақ) - и Тоҷикистон ин нишони аввалини давлати мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 24-уми ноябри соли 1992 қабулу расман тасдиқ карда шудааст. Парчами - (байрақи) Тоҷикистон иборат аз рангҳои сурх, сафед ва сабз мебошад. Тоҷ ва нимдавраи ситорадор ба росткунҷа мувофиқ омадаанд, ки дарозиаш ба дарозии ранги сафеди байрақ баробар аст.

Имсол таҷлили рӯзи Парчами Тоҷикистон 24-уми ноябр ба рӯзи истироҳатӣ, яъне якшанбе рост меояд. Бояд тазаккур дод, ки тоҷикону тоҷикистониён истиқболу ҷашн гирифтани идҳои миллиро гиромӣ медоранд. Тоҷикон аз қадим бо фарҳанги меҳмондории худ машҳури олам гардидаанд, бинобар ҳамин ҷашн гирифтани ҷашнвораҳо ва идҳои миллӣ яке аз расму ойинҳои таърихиву фарҳангии миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин иду маросимҳои фарҳангии ниёгонамон аз нав эҳё гардиданд. Бо шарофати истиқлоли давлатӣ мардуми худшиносу худогоҳу фарҳангсолору хирадпешаи тоҷик ҷашнҳои аҷдодиро бо эҳтирому шукуҳу шаҳомати хоса истиқбол менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки дар рӯзҳои ид мувофиқи Низомнома «Дар бораи Байрақи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Байрақи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад. Ба муносибати таҷлили рӯзи Парчами миллӣ дар Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ чорабиниҳои оммавию сиёсӣ гузаронида мешаванд. Зикр намудан ба мақсад мувофиқ аст, ки Парчами миллӣ муқаддасоти миллӣ маҳсуб ёфта, рамзи худшиносию худогоҳии миллӣ, разми давлатдорӣ ва ифтихор аз соҳибихтиёрӣ мебошад. Ҳамзамон Парчами давлатии Тоҷикистон барои ҳар як сокини кишварамон азизу муътабар мебошад ва ҳар як фарди дорои ақлу нангу номуси ватандорӣ бояд маҳбубият ва садоқати худро ба миллати тоҷики тоҷбарсар нишон диҳад.

Дар воқеъ рангҳои Парчами миллӣ инъикоскунандаи роҳи тайнамудаи пурмашаққату пурифтихори таърихии халқи тоҷик ва арзиши волои маданияту фарҳанги миллӣ мебошад. Қобили тазаккур аст, ки ранги сурх - рамзи мубориза барои озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед- рамзи хушбахтиву орзуву ормон ва умед, ранги сабз - рамзи гулгулшукуфоӣ, ифтихор ва абадият аст. Дар мобайни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ситора омадааст, ки он нишонаи решаҳои амиқу устувори таърихии истиқлоли Тоҷикистони соҳибихтиёр мебошад.

Ҳамин тариқ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Чуноне, ки иттилоъ дорем, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 254 аз 12 май 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад.

Метавон гуфт, ки бо таҷлили чунин ҷашнвораҳои миллӣ дар қалби ҷавонон ҳисси баланди ифтихори миллӣ, манфиатҳои миллӣ, мафкураи миллӣ, идеяи миллӣ, худшиносии миллӣ, худогоҳӣ, ҳувият, ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, Ватан-Модар, Истиқлол, соҳибихтиёрии Тоҷикистонро парварида, онҳоро ҳамчун фарзандони содиқи Ватан тарбия намоем. Дар ҳақиқат ҷавонони саодатманди тоҷик дар фазои амну субот ба сарбурда, ҳомиёни некноми ояндаи миллату давлати тоҷикон мебошанд.

Ҷавонон парчамбардорони миллати сарбаланду тамаддунофари тоҷик буда, Парчами Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон бо сарфарозӣ парафшонӣ мекунанд. Таърих гувоҳ аст, ки қадршиносӣ ва гиромӣ доштани Парчами миллӣ эҳтиром ба миллат, давлату давлатдорӣ, ба Ватани маҳбубамон мебошад, зеро парчами давлатии тоҷикон дар замони истиқлоли давлатӣ василаи асосии таҳкими ваҳдати миллӣ, роҳнамои мардуми кишвар ба сӯи ояндаи нек ва нишонаи побарҷо будани давлати соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳон гардидааст. Тоҷикон аз замонҳои қадимтарини давлатдории худ соҳиби рамзи асосии давлатдорӣ, яъне парчам буданд.

Парчам аз қадимулайём рамзи шуҷоат ба шумор рафта, онро шахсони муътабари давр боло мебардоштанд. Дар даврони муосир низ ин анъана идома ёфта, парчамро мардуми шарифи тоҷик дар кулли музаффариятҳояшон ҳам дар дохил ва ҳам хориҷи кишвар ҳамчун ливои зафар бо ҳисси баланди ғурури миллӣ парафшон менамоянд. Имрӯз бо итминон гуфта метавонем, ки аз давлату давлатдории тоҷиконаи Тоҷикону Тоҷикистон ифтихору қаноатмандӣ намуда, истиқлоли давлатии мамлакат, муқаддасоти миллӣ, арзишҳои миллӣ, пойдории сулҳу субот ва оромии ҷомеаро ҳифзу гиромӣ медорем.

Давлиёрова Сафаргул Тешаевна, н.и.ф., дотсент, ходими пешбари илмии Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Subscribe to Мақолаҳо