Skip to main content

Баррасии ҷойгоҳи зан дар густураи жарфи таърих аз ду зовия сурат мегирад: аз назари ҷинсият (gender) – шакли иҷтимоӣ, фарҳангӣ, равоншинохтӣ ва нишон додани тафовут миёни мардон ва занон; аз лиҳози қудрат (authority) - қудрат/иқтидор бартарии иҷтимоӣ, табиӣ дар ҷомеа аст.

Зан зеботарин вожаи офариниш, муассиртарин омили саломатии ҷисмиву равонии фарзанд, ҳамсар ва ҷомеа аст. Вожаи зан аз ҷании [jani]-и эронии бостон ва guenī-и ҳиндуаврупоӣ маншаъ гирифта, имрӯз дар бархе аз забонҳои эронӣ ба гунаҳои ҷан (балуҷӣ), жин (курдӣ), жан (гуронӣ) роиҷ аст.

Тахминан даҳ ҳазор сол пеш аз мелод занон нигаҳбони оташ буданд. Дар ҳазораҳои ҳафту ҳашт дар умури зиндагӣ вазоифи гуногунро иҷро намуда, ба мақоми илоҳӣ расида, ҳамчун намод парастиш мешуданд. Дар ҳазораи панҷуми п.м. занон корҳои сафолгарӣ, бофандагӣ ва кишоварзиро анҷом медоданд. Дар ҳазораи дувуми п.м. мевачинӣ, домпарварӣ аз вазоифи хонадории занон маҳсуб меёфт.

Зан дар аҳди бостон корҳои хона ва хонаводаро идора мекард ва аз неруи шигифтангезе бархурдор буд, зеро дар ҷомеаи модарсолор ба неруи қудрат, ҷавҳари ҳаёт ва устурагуна будани ӯ қоил шуда, ӯро ба мақоми эзадӣ расонида буданд, ки мавҷудияти эзадбону Аноҳито гувоҳи ин гуфтаҳост. Аноҳиторо эзадбонуи обҳои ҷаҳон, илоҳаи ҳосилхезӣ ва борварӣ мешумурданд ва дар Яшти панҷуми Авесто - Ардвисур Аноҳито яшт (обон яшт) парастиш шудааст:

126.Намоён ситод' аст [ин дам]

‐ Ардвии сурҳан Аноҳита

духтаре нозанин, зебо,

рехтаву баландболо,

таҳам, камар баста баланд,

тандуруст, озода, ройманд,

ҷомаи бад гарон бар тан

зарнигор бо ҳазор озин.

127. Бад-он барсуми дар дар даст-ш,

ба гушвори зар, чортарка,

баростӣ шигарфу зебосту

бонуи бас фарҳехта[`ст] Адвисура Аноҳита (3).

Аммо оғози асри хирад поёни нақши устураӣ ва сутурги занро рақам мезанад. Дар даврони Ҳахоманишиён вазоифи занон маҳдудтар шуд, аммо мақоми онҳо дар умури сиёсӣ ва фарҳангӣ ҳамчунон боқӣ монд. Ёдгориҳои лавҳаҳои гилини девони Тахти Ҷамшед аз нақши пуррангу муассири занони хонадони салтанатӣ ба мисли маликаҳо Ртастана, Апокиш, Отусо – духтари Куруши кабир ва ҳамсари Дориюш, амлоку коргоҳҳои бузургро идора кардани онҳо ёдовар мешаванд. Тибқи нигораҳои ин лавҳаҳо духти либос, яъне дӯзандагӣ ба зиммаи занон буда, дастмузди занону мардон баробар буда, зан метавонист барои таваллуди кӯдак мураххасӣ гирад. Лавҳаҳои гилини Тахти Ҷамшед аз мақоми зан дар замони ҳукмронии Дориюши бузург ва назир надоштани он дар миёни дигар мардумони ҷаҳони бостон гувоҳӣ медиҳанд (1;5).

Дар даврони Ашкониён дар хонадони салтанатӣ бисёрзанӣ роиҷ буд, аммо танҳо як зан нигаҳдории конуни хонаводагиро бар уҳда дошт ва дар сурати норозӣ будан аз ҳамсар метавонист талоқ бигирад. Дар миёни авом доштани як зан маъмул буд, зеро мард наметавонист ба осонӣ ҳамсари худро талоқ диҳад. Дар ин давра занон дар сари қудрат ва умури ҳукуматдорӣ ширкат доштанд ва дар таърих исми шаҳбону Музо ба унвони подшоҳ боқӣ мондааст.

Дар ҷомеаи мардсолори Сосониён сарварии хонавода ба зиммаи мард буд, аммо тасмимот дар мувофиқа бо зан гирифта мешуд. Дар китоби фиқҳи зардуштӣ “Ривояти Озарфарнбағи Фаррухзодон”, ки иборат аз 148 пурсишу посух аст, дар мавриди солории мард дар хонавода омадааст:

“1. Пурсиш: Марде, ки ӯро духтаре ҳаст ва вайро ду мард ба занӣ мехоҳанд ва падар ба марде диҳад, духтар бо он мард мувофиқ набошад ва майлаш ба марди дигар бошад, (оё) ихтиёр бо падар аст ё бо духтар? Ва агар падар ба майли духтар рафтор накунад, оё духтар ихтиёри солор гирифтан ва шавҳар кардан дорад? Ва агар бигирад, (оё он) духтар подшоҳзан аст ё на?

Посух:

Чунон ки ман медонам, падар ихтиёри солорӣ додан дорад (ва) то вақте зинда аст, ҳар гоҳ лозим бошад, ихтиёри бозистодани солориро (ҳам) дорад, аммо бо мувофиқати зан ва солор ғайр аз он нест, то падар зинда аст, шавҳар фақат бо мувофиқати падар аст ва пас аз падар фақат бо мувофиқати солор ҷуз он натавон кард” (4,18).

Ва бо ризояти падар ихтиёр – солорӣ ба духтар дода мешавад:

“19.Пурсиш:

Марде, ки духтари хешро гӯяд, ки туро ба тани хеш солор ва подшоҳ кардам, (дар сурате ки) духтар болиғ ё ноболиғ (бошад), он гоҳ солориаш бо кист?

Посух:

Чунон ки ман медонам, агар духтар болиғ бошад ва (падараш) гӯяд, ки туро ба тани хеш солор ва подшоҳ кардам, солорӣ ба ин духтар мерасад, (аммо) агар духтар ноболиғ бошад, он гуфтаро набояд ба чизе дошт (эътибор надорад)” (4,21).

Дар ин даврон ҳуқуқи занон дар хонавода низ кам набуд, зеро ӯ ҳаққи моликият дошт ва аз бадрафтории шавҳар ба додгоҳ метавонист шикоят барад ва талоқ танҳо бо ризояти тарафайн сурат мегирифт.

Паймонномаҳои издивоҷ дар миёни ақвоми эронӣ роиҷ буда, намунаи чанде аз онҳо ба забонҳои форсии миёна, суғдиву бохтарӣ то замони мо боқӣ мондааст ва ин суннат аз даврони Ҳахоманишиҳо омадааст. Ногуфта намонад, ин гуна паймонномаҳо (брачный контракт/ marriage contract) дар ҷаҳони муосири мутамаддини Ғарб дар авохири қарни ХХ пайдо шудаанд. Ҳадаф аз ин паймонномаҳо ҳифзи ҳуқуқи тарафайн буд. Паймонномаҳои шаҳрвандон маъмулан дар шакли хаттӣ ва ақди динӣ шифоҳӣ анҷом мешуд. Дар ин паймонномаҳо масъалаи вазоифи мард, ҳаққи мерос, ҳуқуқи тарафайн ва шартҳои талоқ сабт шудааст. Дар паймонномаи суғдӣ зан ҳаққи талоқ талаб карданро аз шавҳар дошта, молики амволи шавҳар буда, ҳангоми ҷудо шудан ба ними амволи шавҳар ҳақ дорад. Ҳамчунин дар ин паймонномаҳо аз мамнуъ будани бисёрзанӣ сухан меравад.

Дар санади дигари суғдӣ, ки исми санад ё ваколатномаи арус (vuδkarnē ət nāmē- “bride’s document”)-ро дорад, домод вазоифи худро ба зимма гирифта, ба сарвари хонаводаи арус онро месупорад (9).

Шавоҳиде низ аз рӯзгори сахти занҳо дар хонавода бар ҷой мондааст. Инҳо ёдгориҳое аз забони суғдианд, ки рӯзгори талхи зани суғдӣ ва ҳаёти номуваффақи ӯ пас аз издивоҷ ва кашидани заҷру ранҷ дар муҳоҷиратро бозгӯйӣ мекунад. Ду номаи пур аз ҳасрати ҷудоӣ ва мусофирати зани суғдӣ – Меванӣ ба модар ва шавҳараш аз Чин ба Суғд, ки дар авҷи фақру ноумедӣ қарор дошт, хеле ғамангез аст:

Ба бағ (соҳиб, ҷаноб)-и ман Нанҳидоти баландмартаба, барои адои эҳтиром бар зону афтодан, ҳамон гуна ки бар арбобони илоҳӣ тақдим мешавад! Барои касе ки мумкин аст, Шуморо солим, шод, орӣ аз беморӣ ва бо ҳама бубинад, рӯзи хубе хоҳад буд ва вақте хабари саломатии шуморо мешунавам, ҷаноб, худамро дерина (дарозумр) медонам. Аммо бубин, ман ба унвони як овора, фақир, нохуб, бадбахт зиндагӣ мекунам. Ва худамро мурда медонам. Борҳо ва борҳо барои Шумо нома мефиристам, аммо номае аз Шумо дарёфт намекунам. Пас ман аз Шумо ноумед шудам. Бадбахтии ман ин аст, ки ман ба хотири алоҳазрат се сол дар Дунҳвонг сокин ҳастам. Сафаре ба хориҷ аз бори аввал, дувум то панҷум буд. Аммо Шумо аз берун овардани ман худдорӣ кардед. Сипас, аз раҳбарони хонавода дархост кардам, ки аз ҳимояти ман ба Фарнхунд расонанд ва ӯ чунин мегӯяд: Ман на хидматгори Нанесат ҳастам ва на сармояи ӯро дорам”.

Ман низ чунин дархост кардам: “Агар ӯ аз бурдани ман ба шавҳарам дасткашӣ кард, пас барои муроқибат аз ман ба чунин ҳимояте ниёз дорам, то ӯ маро назди модарам бубарад”...

Шахси наҷибе Оберғдӣ ризоияти чиниҳоро гирифта, ба ман либос дода, маро солим нигаҳ медорад. Ва Шумо дар посух дар бораи ман ҳама дастури худро бинависед, то ман мунтазири Шумо бошам. Ва ман бояд бидонам, чӣ гуна фикр кунам ва агар мунтазири Шумо набошам, пас Шумо бароям бинависед, то бидонам бояд ба чиниҳо хидмат кунам. Дар хонаи обо ва аҷдодиям он чунон ки дар канори Шумо ҳастам (маҳҷур, муҳим) набудам. Фармони Шуморо бар сарам пазируфтам (итоат кардам) ва ба Дунҳвонг омадам ва ба гуфтори модару бародаронам гӯш надодам. Арбобони илоҳӣ аз рӯзе, ки ман дустури Шуморо анҷом додам бо ман хашмгин шуданд! Ман тарҷеҳ медодам, зани саг ё хук бошам, то зани шумо! Ва ман ... шинохтам. Фиристодаи бандааш Меванӣ...” (10).

Замони салтанати Сосониён иқтидори сиёсиву иҷтимоӣ бар дӯши мардон буд, ки шукуҳу шаҳомату эътибори мардони ин сулоларо метавон дар осори гузашта ба монанди “Таърихи Табарӣ” дид, аммо дар радифи мардони қудратманд занон ҳам ба сари қудрату салтанат омадаанд ва аз худ номи нек бар ҷой мондаанд. Аз ҷумла маликаи сосонӣ Пурондухт – духтари Хусрави Парвиз нахустин шаҳбонуи зан аз соли 630 то соли 632 мелодӣ ва пас аз ӯ хоҳараш Озармидухт дар Эрон ҳукумат кардаанд ва дар умури роҳбариву давлатдорӣ муваффақ буданд. Бино бар қавли шаҳбону “нияти хайр дорам ва бар адолат фармон медиҳам”. Дар “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ адолатхоҳии Бурондухт чунин тавсиф шудааст:

Чунин гуфт пас духти Пурон, ки ман

Нахоҳам парокандан анҷуман.

Касеро, ки дарвеш бошад зи ганҷ,

Тавонгар кунам, то намонад ба ранҷ.

Мабодо зи гетӣ касе мустаманд,

Ки аз дарди ӯ бар ман ояд газанд.

Зи кишвар кунам дур бадхоҳро,

Бар ойини шоҳон кунам гоҳро.

Фирдавсӣ фармонравоии Озармидухтро низ ситоиш мекунад:

Ҳама кор бар доду ойин кунед

Аз ин пас ҳама хишт болин кунед...

Аммо дар адабиёти мо баъзан абёти занситезонае, он ҳам аз номи шоирони номдор, ворид гардидааст, ки мусалламан маншаи он фарҳанги миллӣ нест, ба монанди

Занонро ҳамин бас бувад як ҳунар,

Нишинанду зоянд шерони нар.

Дар фарҳанги асрҳои миёна мақоми зан, ҳуқуқи хонаводагии зану мард фалсафаи хосе дорад ва он бар пояи аҳкоми шариат бунёд ёфтааст. Ҷойгоҳи зан ва ҳуқуқи ононро дар ояти зер мебинем: “Ва занонро бар мардон ҳаққе аст. Ҳамчунон ки мардонро бар занон, бар асоси он чи ки саҳеҳ аст, ва мардонро бар онон ба мизоне бартаре аст” (Сураи Бақара, ояи 228).

Дар китоби “Низоми ҳуқуқи зан дар Ислом” омадааст, ки “ҳуқуқ ва вазоифи як зан мусовии як мард аст, аммо илзоман мушобеҳи онҳо нест. Мусовот (баробарӣ) ва мушобеҳот (якнавохтӣ) ду мафҳуми комилан мутафовит ҳастанд”, зеро зану мард шабеҳи ҳам нестанд, аммо баробар халқ шудаанд. Аз нигоҳи Ислом дар умури хонаводагӣ, зан рисолати модарӣ ва мард рисолати падариро анҷом медиҳад; зан барои аъмоли некаш подоши арзанда мегирад; зан барои таҳсилу дониш андухтан, озодии баён бо мард ҳуқуқи баробар ва ҳаққи мерос дорад (8,75).

Намунаи боризи мақому манзалати занро дар шарқи асримиёнагӣ метавон дар китоби “Симои ду зан”-и адабиётшинос Алиакбар Саидии Сирҷонӣ дид, ки ба шарҳи образҳои Лайлӣ ва Ширини достонҳои “Лайлӣ ва Маҷнун” ва “Хусрав ва Ширин”-и Ганҷавӣ бахшида шудааст: “Дар диёри Лайлӣ ҳукумати мутлақ бо хушунат аст ва мардонагӣ ба қабзаи шамшер баста аст. Ҳатто ба маросими латифе чун хостгорӣ ҳам бо табли ҷанг ва тири хаданг мераванд. Лайлӣ парвардаи ҷомеае аст, ки дилбастагӣ ва тааллуқи хотирро муқаддимаи инҳироф мепиндорад, ки натиҷааш суқуте ҳатмӣ аст. Дар муҳите чунин як лабханди кӯдакона мумкин аст ба доғе нанг шавад бар ҷабини афроди хонавода ва ҳатто қабила.

Аммо дар диёри Ширин ҳатто бар мусоҳибату муоширати марду зан монеае нест. Писарону духтарон бо ҳам менишинанд ва бо ҳам ба гардишу шикор мераванд ва бо ҳам дар ҷашнҳо, меҳмониҳо ширкат мекунанд. Духтарҳо, модарон ва пирони хонаводаро мушовирони некандеши хештан медонанд. Духтаре саршинос якаву танҳо пушти асп менишинад ва бе ҳеч мулозим ва посдоре аз нофи Арманистон то қалби Тисфун метозад” (6,56). Ин ҷо муҳити зист ва ҳуқуқу озодии духтарони ориёӣ дар муқобили Лайлии қабилае аз аъроб бармалост.

Дар Инглистон асрҳои XVII-XVIII андешаҳое дар мавриди ҳуқуқи башар баён шуда, дар соли 1688 ҳуқуқи иҷтимоӣ ва сиёсии одамон дар эъломияе зикр гардид. Сад сол баъд (1776) дар конгресси Филоделефияи Амрико эъломияе дар бораи истиқлоли умумӣ мунташир шуд. Дар асри ХХ Ғарб, ки гаҳвораи демократия аст, аввалин бор ба ҳуқуқи зан таваҷҷуҳ намуда, онро бо ҳуқуқи мард баробар эътироф кард. Ахиран, дар соли 1948 эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар аз ҷониби Созмони милали муттаҳид қабул ва мунташир шуд, ки дар муқаддимаи он омадааст: “Аз он ҷо мардуми милали муттаҳид бовари худро ба ҳуқуқи башар ва мақому арзиши фарди инсонӣ ва тасовии ҳуқуқи марду зан дар маншур эълон кардаанд...”

Рӯйдоди муҳимме, ки ба мақоми иҷтимоии зани тоҷик ва рӯзгори суннатии ӯ тағйироти куллӣ ворид кард, ин инқилоби октябр ва бунёди ҳукумати шуравӣ буд. Ҳанӯз як моҳ пас аз инқилоби соли 1917 ҳукумати шуроҳо тамоми қонунҳои Империяи Русияро бекор карда, қонун дар бораи ҳуқуқу озодии занон ва раҳоии онҳо аз зери зулму истибдодро қабул кард ва дар соли 1918 дар моддаи 64 Конститутсияи шуравӣ “баробарҳуқуқии мардону занон дар интихобот” дарҷ гардида, минбаъд дар тули 70 сол дар тамоми асноди қонунгузорӣ иловаҳое дар масоили занон ворид мешуд. Ба занҳо ҳаққи интихоби касбу кор ва таҳсил дода шуд.

Дар кишварҳои Осиёи Миёна кӯшиши шикастани қолабҳои суннатии зисту зиндагонии мардум ва дур кардани мардум аз қонуну қоидаҳои шариат анҷом шуд. Акнун дар ҷомеаи сотсиалистӣ се вазифаи муҳими иҷтимоӣ бар дӯши занҳо вогузор шуд: шаҳрвандӣ, меҳнаткашӣ (труженица), рисолати модарӣ.

Рӯйдоди муҳимме, ки ба мақоми иҷтимоии зани тоҷик ва рӯзгори суннатии ӯ тағйироти куллӣ ворид кард, ин инқилоби октябр ва бунёди ҳукумати шуравӣ буд. Тамоми масоили марбут ба занон дар сатҳи давлатӣ ва дар мадди назари давлат қарор дошт, зеро ин масоил тавъам бо масоили рушди ҷомеа – индустрикунонии мамлакат, коллективонидани хочагии кишлок, барҳам додани бекорӣ, бархам додани бесаводӣ, барқарор намудани хочагии халк баъд аз Ҷанги Бузурги Ватании солхои 1941—1945 буд. Аммо қонуни баробарии зану мард ҳалли мушкилоти хонаводагии занонро осон намекард, зеро зан рисолати модариро низ дар баробари вазоифи ҷамъиятӣ иҷро мекард, аз ин рӯ баробарии воқеии зану мард ҳангоми ба зан додани имтиёзҳо мебоист амалӣ мешуд. Мувофиқи модда 35-и Конститутсияи ИҶШС (соли 1977) ба занҳо на танхо имкониятҳои баробар дар таълиму тарбия дода шуд, инчунин дар додани музди меҳнати баробар, инчунин муроқибат аз саломатии занон, муҳофизати хукукӣ, таъминоти моддию маънавии модару кӯдак, аз ҷумла додани рухсатиҳои пулакӣ ва дигар имтиёзҳо ба занони хомила ва модарон, тадриҷан кӯтоҳ кардани вакти кории занони кӯдакдор пешбинӣ шуд.

Дар солҳои 80-уми асри гузашта теъдоди занони коргару хизматчӣ дар миқёси шуравӣ 51% ва дар Тоҷикистон 39% -ро ташкил додааст. Дар натиҷаи фаро гирифтани занон ба таҳсил теъдоди омӯзгорон аз ҳисоби занон ба 71% расид, ҳамчунин аз ҳар се муҳандис якеаш зан ва аз шумори 4 табиб се нафарашон зан буд......

Занҳо дар ҳаёти сиёсии кишвар низ нақши намоён доштанд. Дар интихоботи соли 1980 зиёда аз як миллион нафар занон – коргарон, колхозчиён, духтурхо, муаллимон, муҳандисон, коркунони маданият ва санъат, роҳбарони муассисаю корхонаҳо ба вакилии Шуроҳои маҳаллӣ, Шуроҳои олии Ҷумҳурӣ ва ИҶШС интихоб гардиданд, ки 50%-ро аз шумораи умумии вакилон ташкил карданд (2, 68).

Рисолати модарӣ замони шуравӣ ҳамчун вазифаи иҷтимоии зан дониста мешуд, аз ин рӯ барои модарони серфарзанд унвони махсуси фахрии «Кахрамонмодар» ва ордени «Шарафи модарӣ» ва «Медали модарӣ» муқаррар шуда буд. Дар ҳамин давра зиёда аз 4 миллион нафар занон бо ордени «Шарафи модарӣ» ва зиёда аз 10 миллион нафар модарон бо медали «Нишони модарӣ» мукофотонида шуданд (2,75).

Имрӯз феминистон иддао доранд, ки Иттиҳоди Шуравӣ ба занон тамоми ҳуқуқҳоро додааст ва замоне озодиҳои занони шуравӣ барои феминистҳои ғарбӣ намунаи ибрат гардида буд. Аммо, ба андешаи ҷомеашиносон, баробарии гендерӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ амалӣ нашуд. Чунонки гуфтем, зан дар замони шуравӣ се вазифаро бар дӯш дод: шаҳрвандӣ, меҳнаткашӣ, модарӣ. Натиҷа ин шуд, ки аксари кори вазнин аз қабили фаррошӣ, ҳамшираҳои шафқат, коргарони фабрикаву анборҳо, кори колхозу савхозҳо ба зиммаи занон афтид. Он чизе, ки бояд занро озод мекард, бо номи индустриализатсия ба маҷбуркунӣ табдил ёфт. Дигар ин ки, ба истеҳсолот кашидани зан ва иҷтимоӣ кардани ӯ бо ҷомеаи суннатии патриархалӣ носозгор буд. Аз ин ҷост, ки дар колхозу савхозҳо, ки аксари заҳматкашонаш занҳо буданд, бригадиру раис ҳатман мард буд.

Дар соли 1988 дар як мубоҳисаи оммавӣ Михаил Горбачёв гуфт, ки "ба зан сарнавишти воқеии занонаи ӯро комилан баргардонидан лозим аст". Ин паёми инсондӯстонаи М.Горбачев амалинашуданӣ буд, зеро оилаи миёнаи советӣ бо як маоши сарвари хона рӯзгорро пеш бурдан наметавонист.

Ҳукумати шуравӣ сарчашмаи нобариро дар хонаводаҳои патриархалӣ- мардсолорӣ медид, ки акнун вазифаи солорро давлат ба уҳда дошт ва дар шахси комитетҳои партиявӣ, иттифоқи касаба ва коркунони милитсия занон пуштибони худро медиданд ва метавонист аз болои шавҳари худ шикоят кунад. Мардон накши саробон ва муҳофизи худро бо тамоми имтиёзҳо дубора барқарор карда натавонистанд ва дар буҳрони амиқи муносибатҳои хонаводагӣ қарор гирифтанд.

Пас аз пошхурии ИҶШС шароит ба маротиб душвортар гашт, зеро таҳввули иқтисод ба иқтисодиёти бозаргонӣ пеш аз ҳама ба занон зарбаи сахт зад. Онҳое, ки имкони кор накарданро доштанд, хонашин шуданд. Бархе аз занҳо аз рӯйи ҳоҷат ва таъминоти маишии хонавода ба соҳибкории хурд – тиҷорат ва кашидани борхалтаҳои молу колои хурд аз хориҷ ба кишвар машғул шуданд. Қисми боқимондаи бонувони коргар ба муасиссаҳои буҷавии кишвар рӯй оварданд. Мардҳо ба сектори соҳибкории хурду бузург худро заданд. Муҳаққиқон замони бозсозиро замони эҳёи мардсолорӣ (патриархатный ренессанс) номиданд. Иддае фикр мекарданд, ки ин як стратегияи наҷоти муваққатӣ дар шароити номуайянӣ аст. Ба ин ё он роҳ ба «мақсади ҳақиқӣ» баргаштани зан ба амал омад. Дар давоми қариб сад сол дар «масоили занон» шуруъ аз даъватҳо барои озод кардани занон аз «ғуломии ошхона» ва ҷалби онҳо ба сохтмони ҷомеаи нав ба поён расид.

Дар шароити кунунӣ мо дар давлати демократӣ вожаҳои “гендер”, “баробарии гендерӣ”-ро омӯхтаем. Пажуҳишҳои гендерӣ оғоз шуданд, дар муассисаву марказҳо ба омӯзиши он машғул ҳастанд – ин ҳам як қисми сиёсати давлатист.

Бо ба даст овардани Истиқлол таваҷҷуҳи сарвари давлат ва ҳукумат ба қадру манзалати занон дар ҷомеаи мустақили миллӣ ва иштироки онҳо дар умури хонаводагиву иҷтимоии ҷомеа равона гардид ва пайҳам қонунҳои мутааддиде ба тасвиб расиданд.

- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994;

- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999, №5;

- Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001, №391 тасдиқ гардидааст;

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1 марти соли 2005, №89;

- Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар се марҳила (барои солҳои 2007-2016; солҳои 2017-2022 ва солҳои 2023-2030);

- Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №801 тасдиқ шудааст;

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» аз 19 июли соли 2022, №1890;

- Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2011-2020 ва солҳои 2021-2030).

Албатта, Президенти муҳтарам ва институтҳои давлатӣ, чуноне ки мебинем, дар ин росто чораҳои зиёде андешидаанд, аммо ҷомеа бо гузаштани сӣ сол аз бунёди давлати соҳибистиқлол ба мақому манзалати зан назари ҳамгун надоранд: бахше аз афроди ҷомеаи мо ба самти сохтори мардсолорона (бар пояи суннатҳои гузашта), бахше ба самти назарияи феминистии шуравӣ ва бахше ба самти баробаргароёна (гендерӣ) ва инсонгароёна ҳаракат мекунанд. Дар тули солҳои истиқлоляти ҷумҳурӣ мақоми зан то ҳол дар маърази таҳаввулот қарор дорад ва шояд як сабаби носозгории ҷавонони тоза оила бунёдкарда дар бархурди ҳамин дидгоҳҳои мухталиф дар ҷомеа нисбати ҷойгоҳи зан ҷойдошта бошад. Умед аст, ҳар чӣ зудтар ин дидгоҳҳо бо гузашти замон, хираду заковати афроди ҷомеа ва таҷрибаи андухтаи рӯзгор суфтаву рехта шуда, шакли устувору меъёрии ба ҷомеи тоҷикӣ муносибро касб кунанд.

Сарвари давлат дар ҳар мулоқоту вохуриҳояш аз фидокории занони тоҷик, меҳнату заҳмати содиқонаи онҳо таърифу тавсиф мекунанд. Аз ҷумла дар Паёми имсола қайд карданд: “Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем”.

Мутаассифона, дар ҷомеаи мо афроде ҳастанд, ки ба зан ҳамчун ҷинси дувум назар мекунанд ва бояд ҷомеа ба самте равад, ки ин нигоҳро тағйир диҳад. Албатта, занони тоҷик дар бахшҳои мухталифи ҷомеа нақшҳои муассире иҷро кардаанд ва минбаъд ҳам бояд талош бикунанд, то дар масоили иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ширкат карда, нақши пурранг дошта бошанд. Зан бояд дониш, истиқлоли фикриву иқтисодӣ дошта бошад, то эътимод ба нафсаш боло равад ва дар корҳои хонаводаву ҷомеа ибтикору иқтидор дошта бошад, зеро зани босавод як хонаводаро босавод мекунад. Занон сангинтарин бор – тарбияти хонавода ва ба навъе ҷомеаро бар уҳда доранд.

Муҳимтарин ва арзишмандтарин вазифаҳое, ки зан метавонад иҷро кунад, вазифаи модарӣ ва ҳамсарӣ аст, ки дар пайи садсолаҳо бар пояи суннатҳову фарҳанги миллӣ устувор шудаанд, зеро ниҳоди муқаддаси хонавода рукни асосии бунёди ҷомеаи солим аст. Агар чунин набошад, бахши зиёде аз ҳувияти иҷтимои инсонӣ нобуд мешавад. Сарвари давлат ҳам борҳо ин таъкид кардаанд, ки “мо, ҳамчунин, ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад” (Паёи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2022).

Масъулияти хонаводагии зан бояд аз ҳама муқаддамтар бошад ва агар ҳузури зан дар ҷомеа боиси ба ҳам пошидани хонаводае гардад, пас ин омил боиси пасравӣ ва заволи ҷомеа мегардад. Зан метавонад масъулияти иҷтимоии муассире дар ҷомеа дошта бошад, ва ҷомеа наметавонад аз неруи кори занон бениёз бошад.

Қолаби суннатии хонавода дар ҷомеаи мо, ки дар он падар – коргар ва модар – хонадор тағйир накардааст, аммо ин қолаби хонавода ниёз ба мушорикат ва баробарӣ дорад. Зани асри ХХI мутаваҷҷеҳ мешавад, ки барои хушбахтии худ ва хонаводааш бахшҳои аслии зиндагии худ – хонавода ва кори иҷтимоиро бо ҳам таркиб кунад.

Шеъри шоири равоншод Фурӯғи Фаррухзод паёми возеҳу рушан баҳри пешрафту шукуфоии занон дар хонаводаву ҷомеа аст.

Аз баҳри ҳуқуқи хеш мекӯш эй зан,

Бинмой зи иффату шараф ҷома бар тан.

Аз илму ҳунар вуҷуди худ зинат кун,

То марди наку бипарварӣ дар доман.

Шарифзода Фарангис – директори Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии АМИТ

Адабиёт:

1. Ғафуров Б. Тоҷикон.- Душанбе, 1989.-413с.

2. Вестник статистикию – Москва,1982, № 1- С. 68-70.

اواستا.گزارش و پژوهش جلیل دوستخواح.ج.1،2ـ تهران، 1371. 3

روایت آذرفرنبغ فرخزادان. – تهران،1384. – 402 ص.4

زن و فرهنگ(مجموعه مقالات).- تهران,1382.-1015 ص.5

سیرجانی ع. سمای دو زن.- تهران,1988.-195ص. 6 

مطعری. م.نظام حقوق زن در اسلام.- تهران,1359.-359ص.7

ملایری م. تاریخ و فرهنگ ایران.ج. 4تهران:انتشارات توس، 1380.-436 ص.8

9. Asha R. Marriage Contracts.-Paris,2021.-152c.

10. Livshits V.The Sogdian “Ancient Letters” (I, III) //Iran and Caucasus. № 2.- Brill.- Pp. 289-293.

“Дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан, қарзи инсонии ҳар як фарзанди бедордил ва бонангу номус мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Вақте модар мегӯем ин фақат як калима нест, балки уқёнуси бекаронест аз ишқ, муҳаббат, меҳрубонӣ, самимият, садоқат, раҳмат, бахшиш, илм ва маърифат аст, ки бо тамоми вуҷуд эҳсос мекунем. Худованд ҳастии инсонҳо ва бақои аҳли башарро ба воситаи модар амалӣ менамояд.Модар мӯъҷизаи илоҳист ва танҳо мавҷудаст, ки моро қабл аз ба дунё омадан ҳамроҳӣ мекунад ва то охирин лаҳзаҳои ҳаёташ ҳамдаму ҳамнафаси мост.

Модар ҳастиашро ба фарзанд мебахшад, ҳамеша ба ёди ӯст ва мисли гаҳвараки чашм муҳофизаташ мекунад. Дар ғаму нороҳатии ҷигарбандаш нотобу гирён мешавад ва дар шодию муваффақияти ӯ хушҳол ва ашки шодӣ мерезад. Оғӯши гарму саршор аз муҳаббати модар ҳамеша паноҳгоҳи амну бехатар барои фарзандаш мебошад.

Модар намехобад, то фарзандаш осуда бихобад, намепӯшад, то бипӯшонадаш, намехӯрад то шикамашро сер кунад, бахшиш аз гуноҳону нофармониҳояш мекунад, то ислоҳ шавад. Модар ҳамчун оҳанрубоест, ки фарзандон дар атрофи ӯ ҷамъ мешаванд ва эҳсоси танҳоию бекасӣ намекунанд. Боҳузураш муҳити хона гарму равшан ва аз набуданаш фазо дилгиру торик аст.

Паёмбари Ислом (С) бузургтарин суханро дар ситоиши модар баён намудаанд, ки кассе чунин ҷойгоҳро барои ин олиҳаиоламӣ ҳастӣ қоил нашудааст: "Биҳишт зери қадамҳои модарон аст".

Бале, мо ба шарофати модар ҳаст шудаем ва боризояти ӯ ба саодати абадӣ мерасем. Агар тамоми умр дар хидмати модар бошем, бозҳам дар пешгоҳи ӯ қарздорем ва аз ҳазор як ҳиссаи заҳматҳояшро ҷуброн накардаем.

Ҳақ ба ҷониби шоири ширинбаён Эраҷ Мирзо, ки гуфтааст:

Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,

Бо дуҷаҳонаш натавон баркашид.

Ба дурустӣ, модар фариштаест, ки аз ҷониби Офаридгор бидуни болу пар фиристодашудааст, то зиндагии инсониятро сару сомон бахшад ва ба дидагон нур, ба дилҳосурур, ба бозувони тавон ва ба равон оромиш ато намояд.

Бузургони ҷаҳон суханони зиёде дар васфу ситоиши модар, баён доштаанд, вале ҳамагӣ дар баробари азамати ӯ натавонистаанд ҷойгоҳималакутиашро ба риштаи тасвир кашанд. Бале қалам оҷиз аст ва тавони васфашро нахоҳад дошт.

Инсон ниёз ба тарбият дорад ва танҳо модараст, ки аз нахустинрӯзҳои ба дунё омадани тифлаш ба тарбияту ғамхории ӯ камари ҳиммат мебандад, барои расидан ба камоли инсониаш талоши хастагинопазир менамояд.

Мутаассифона, баъзе фарзандон вақте ба воя мерасанд, худро аз тарбияи модар бениёз медонанд ва дар натиҷа дар шоҳроҳи зиндагӣ роҳгуммезананд ва аз осоишу лаззати зиндагӣ маҳруммемонанд. Бино бар ин морозарураст, ки дар зиндагӣ ба қадруманзалати ин ҳадяи илоҳӣ бирасем, ҳамеша дар канораш бошем вахудро комил созем.

Барҳақ дуои модар ба даргоҳиилоҳӣпазируфтанист ва саодату хушбахтии мо дар гарави ризояти ӯства байте аз ашъори Лоиқ Шералӣ хотимабахши ин навиштор хоҳадбуд.

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,

Фатҳукушоиш орад, дасти дуои модар.

Нуруллозода Ҳангомаи Мирзошариф - докторанти - PhD соли 3-уми Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ

Фаслҳои сол бо аслияти табииву ивазшавиҳо ва санаву рӯзҳо бо таърихномаву таърифномаҳои худ баҳри беҳбудиву беҳзистии инсоният чун санади тақдирсоз падид омада, то ҳастии онҳо хидмат хоҳанд кард. Ҳамин тариқ, фасли Баҳор бо авҷи гул-гулшукуфӣ, насими накҳатовар, айни ривоҷу равнақи кор ворид шуда, нахустин қадамаш бо истиқболи Рӯзи модар оғоз шуда, аз пайки Наврӯз хабар медиҳад, ки аз замонҳо хело кӯҳан ба мерос мондааст.

Ҳамин тавр, Тоҷикистон аз 3 ноябри соли1995, № 98 номгузории «Рӯзи байналхалқии занон»-ро ба Рӯзи модар иваз намуда, ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.Дар ин зимн, ба муносибати ин рӯз бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ андешида мешаванд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон модарону бонувонро бо Рӯзи модар табрику муборакбод намуда, нисбати модарон ва занон чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мегардад. Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём таъкид намудаанд, ки дар фарҳангу тамаддуни тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Дар ин зимн, меҳру ишқи Лоиқба модараш мояи даҳҳо шеъри нағзи ӯбуда, натиҷаҳояшро дар маҷмӯъаи «Модарнома» гирди ҳам овардааст:

Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ,

Сафои бомдоди ман ту будӣ.

Аё модар, ба он сон бесаводӣ,

Нахустин устоди ман ту будӣ.

Ҳамин тариқ, дар васфи ӯ хеле навиштаанду боз менависанд ва хоҳанд навишт. Тамоми адибони олам ба хусус Тоҷикистон, Ҳиндустону Покистон бо ҳар забону гӯишҳо дар бораи симои зан ё модар ва мавқеи ӯ дар ҷомеа мисолу масалҳои хуберо халлоқона баён кардаанд.

Модар, зан аз беҳтарин калимаву вожаҳое мебошанд, ки дар худ таҷассуми ҳайсияту шахсиятеро ифода мекунад, ки дар осори бузургони тамоми рӯи ҷаҳон хело хубу ошкор ба мисли оина баён гардидааст. Зеро инро метавон чун фариштае донист, ки боли пурмеҳру нозашро барои башарият мекушояду арзишмантарин ва қиматтарин неъмати дунёст, ки манбаи муҳаббати беканору чашмаи мусаффояш ҳамчун махзани ганҷ барои башарият мебошад. Аз ҳамин хотир аст, ки меҳри бепоён ва зебоиву навозишҳояш инсонро бо муҳаббати оламу одам ошно месозад. Мо мардҳо дар канори ҳамин фариштаи замин ба воя мерасему аз вай дарси меҳру латофат, садоқату инсондӯстӣ меомӯзем.

Дар ҳақиқат лафзи “Модар” агар чанде як вожаи кӯчак ба назар мерасад, вале дар он бузургтарин маъниҳои ишқу ирфон, лутфу меҳрубонӣ ва фидокориву ҷасорат мавҷуд аст. Беҳуда нест, ки мегӯянд: “Зан-Модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигараш дунёро меҷунбонад. Ба ибораи дигар модар як вожаи кӯчаку дорои ҳарфҳои хело кам буда, аммо дар ин вожа бузургтарин ишқҳо, бахшиданҳо, меҳрубониву ҷоннисориҳо ҷой гирифтанд.

Аз вуҷуди зан тасвири коинот рангину зебо гашта, аз ҳамин олиҳаи ҳусн зиндагиву сӯзи дарун пайдо мегардад. Симои дурахшони олам аз вуҷуд зан буда, ба худ рангу бӯи хоси худро мегирад. Зеро ӯ ба мисли созу навоест, ки меҳру раҳму шавқатро бедор намуда, дили инсонҳоро гарму нарм нигоҳ медорад.

Рустам Ваҳҳоб шоири ширинкалому ширинбаён дар тақвияти гуфтаҳои боло чунин ишора мекунад:

Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,

Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.

Агарчи аз занон пайғамбаре нест,

Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст.

Бузургдошти Рӯзи Модар бо қудрату матонат, эҳсону ҷасорат ва меҳру садоқати беканораш, муборак бошад.

Мирсаид РАҲМОНОВ, - ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷикон мақоми Зан- Модар дар сатҳи хеле олӣ қарор дорад. Муносибати ҳар шахс нисбат ба модар, хоҳар ва умуман зан- ин нишонаи одоби баланду ахлоқи ҳамидаи инсон аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид карданд, ки «Зан – Модар ойинаи чеҳранамои миллат мебошад». Вақте Президенти мамлакат ба Зан-Модар чунин баҳои баланд дода бошанд, пас ҳамагонро месазад эҳтироми ин олиҳаи муҳаббату латофатро ба ҷо биоваранд.

123213Вақте сухан дар бораи муқаддасоте, ба мисли Ватан-Модар меравад, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ин ду арзиши воло барои ҳар тоҷик бо самимияти хос ва эҳсосоти ба дигарон таъсирбахш сухан мекунанд. Ман фикр мекунам, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватанпарастиро аз Модари бузургашон омӯхтаанду мерос гирифтаанд ва ба фарзандони худ мерос мегузоранд. Ватанро ҳамчун Модар дӯст доштану Модарро ҳамчун Ватан иззату эҳтиром кардан — ин аст тоҷиквор дӯст доштани мамлакат, ки намунаи онро дар фаъолияти шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебинем.

Агар ба «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ рӯ биоварем, пас мебинем, ки модарону занони мо на танҳо паҳлавонҳо ба дунё меоварданд, балки худ, дар ҳолати зарурӣ ба мисли Гурдофарид ба дифои давлату сарзамини худ мебаромаданд.

Тоҷикзан дар ҳама давру замон соҳиби ифтихор, иффат, поквиҷдонӣ, шуҷоат ва меҳру садоқат буд. Имрӯзҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳазорон Гурдофаридон дар дилхоҳ соҳаи хоҷагии халқ фаъолият доранд. Ҳамаи ин натиҷаи сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки стереотипҳои куҳна ва ғайриинсонии диниро дар бораи занони ҷомеаи муосири тоҷик шикаст дод.

Мувофиқи ақидаҳои ғайриинсониимутаассибони динӣ, вазифаи зан аз таваллуди фарзанд ва аз кадбону будан иборат аст. Ҳамчунин мувофиқи ақидаи экстремистони динӣ таҳсил кардан, фаъолият кардан дар корхонаҳои давлатӣ, соҳибкорӣ кардан барои занони тоҷик манъ аст. Ба сифати далел муттаассибони динӣ афкори догматикии асримиёнагиро мисол меоваранд. Экстремистони динӣ, яъне меъморони давлати динмеҳвар бо такя ба ақидаҳои ифротии динӣ дар ҳама давру замон ба зан ҳамчун шахси дуюмдараҷа муносибат мекунанд, бехабар аз он ки ба занон ҳамчун ба шахси дуюмдараҷа муносибат намудан ба онҳо имконияти таҳсил ва фаъолият надодан, имконияти интихоби ҳамсар, интихоби касб ва ҳатто интихоби либосро надодан- ин ба нестӣ бурдани миллат аст. Танҳо миллатҳое, ки ба модар ва занони худ ҳамчун ба муқаддасоти миллӣ муносибат мекунанд, ба назари мо, соҳиби саодати комил хоҳанд буд.

Саломати зан, ҳолати равонӣ ва ҷисмонии ӯ инъикосгари саломатӣ ва ҳолати равонии тамоми миллат аст. Танҳо модар ва зани хушбахт метавонад насли солимро барои миллати худ ба дунё биоварад. Модарон ва занони тоҷик бо хизмати ҳаррӯзаи худ баҳри хушбахтии оила, таваллуд ва тарбияи фарзанд, бо саҳми худ дар таҳкими соҳибистиқлолии давлат сазовор ҳастанд, ки дар радифи муқаддасоти миллӣ ҷой гиранд.

Пешвои миллат тамоми кӯшишҳои худро ба он равона сохтаанд, ки барои занони тоҷикдилхоҳ шароитро барои таҳсилва фаъолияти меҳнатӣ фароҳам оваранд. Бо ибтикори Пешвои миллат дар замони соҳибистиқлолӣ якчанд стратегияву барномаҳои давлатӣ қабул гашта, барои фаъолияти занон имконияти васеъ фароҳам оварда шуд. Барои мисол метавон аз ду соҳаи иҷтимоӣ — маориф ва тандурустӣ ёдовар шуд, ки солҳои охир дар ин сохторҳо шумораи занону духтарон бамаротиб афзоиш ёфтааст. Имрӯз ин ду соҳаи муҳим, ки барои тавлиди сармояи инсонӣ масъул аст, бо иқтидори занону духтарони тоҷик фаъолият карда истодаанд.

Пешвои миллат ҳамешатаъкид мекунанд, ки «мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Баробари ин, медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Ба ин хотир, мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем».

Рустам ҲАЙДАРЗОДА, - директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,
доктори илмҳои фалсафа

Зан-модар ягона олиҳаи ҳусни табиат ва фариштаи рӯи замин мебошанд, ки зиндагии ҳар инсон аз онҳо сарчашма гирифта, бо онҳо идома меёбад. Пас ҳурмату эҳтиром гузоштан, ба қадри заҳматҳои содиқонаи онҳо расидан ва донистани қадру қиммати ба хусус модар вазифю қарзи ҳар як фарзанди боақлу бохирад ба ҳисоб меравад.

Зеро занону модарони миллати тоҷик дорои ақлу фаросати воло ва хирадманду меҳрубон мебошанд, ки қобили таҳсин аст. Воқеан модар мисли Замину Осмон яктост ва меҳру муҳаббати модар мисли баҳр софу беканор буда, таҷассумгари хушбахтии фарзандон мебошад. Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад ва тавре ки бузургон гуфтаанд, бо як дасти худ гаҳвора ва бо дасти дигараш сайёраро меҷунбонад.

Қобили зикр аст, ки зан-модар ба мисли гулҳои баҳорӣ пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодоб мебошад. Дар фасли баҳор бахшида ба занону модарон ҷашни “Рӯзи модар” таҷлил мегардад, ки ин ҳам аз шарофату бузургии модар сарчашма гирифтааст. Модар ягона шахсест, ки барои фарзанд дунёро такон медиҳад ва барои фарзанд такягоҳ мешавад. Чунки пас аз Худованд, зан-модар дуюмин офаридгор дар рӯи замин мебошад, ки ба инсоният ҷон мебахшад. Тамоми бузургон, шоирону қаҳрамонони гузаштаву замонро модар ба дунё овардааст. Бузургии зан-модар дар он мебошад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насли солим, тарбияткунанда, ҳифзкунандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Модар аввалин мураббӣ, омӯзгор ва тарбиятгар мебошад, ки ба фарзанд роҳ рафтан, сухан гуфтан, дуруст ғизо хӯрдан ва тамоми ҳаракатҳоро ба тифл меомӯзонад. Дар ҳақиқат оид ба бузургиҳои модар чӣ қадаре ҳам сухан гӯем кам аст, чунки модар шахсияти нотакроре мебошад, ки дили меҳрубони бузург дорад.

Ҳамин аст, ки нақши модарону бонувон дар пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ, дар ҷомеа ҷойгоҳи баланд дошта, баҳри тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ нақши арзишманди худро мегузоранд. Дар замони Истиқлол, занону модарон дар ҳама соҳаҳо кору фаъолият намуда, дар пешбурду рушди кишвар саҳмгузор мебошанд. Ҳукумати кишвар, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуқуқ ва мақоми зан модарро дар ҷомеа баланд мебардорад ва ҳамеша занону модарон ва духтаронро дастгирӣ менамоянд. Ҳамзамон бояд гуфт, ки Сарвари давлат дар тамоми баромадҳои худ оид ба мақоми зан-модар, бузургиву манзалати модар суханрониҳо намуда, ба насли ҷавон ҳамеша муроҷиат намуда, ҳамчун падарона насиҳат менамоянд, ки ба қадри модарони азизамон расем, ҳурматашона дар вақти зинда буданашон ба ҷо орем ва дуои неки модарро ҳамеша гирем.

Қобили зикр аст, ки имрӯз зан-модари тоҷик дар баробари модару ҳамсари хуб будан дар тамоми соҳаҳо аз ҷумла: роҳбар, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олиму омӯзгор, муҳандис, ҳунарманду соҳибкор, табиб, ронанда, варзишгару рӯзноманигор кору фаъолият менамоянд. Аз таҳлилҳо чунин бармеояд, ки мақоми зан дар ҷомеа дар сатҳи баланд қарор дорад ва нақши занон дар фаъолиятҳои сиёсиву иҷтимоӣ махсусан дар сатҳи идоракунии давлатӣ низ назаррас мебошад.

Дар охир мехоҳам баҳри тамоми модарони азизу меҳрубони Тоҷикистони азиз таманиётҳои неки худро иброз намуда, ба муносибати ҷашни “Рӯзи Модарон” ҳар яки онҳоро табрику таҳният гуфта, барояшон тани сиҳату умри дароз, хонаи ободу хушбахтии ҷовидон таманно намоям. Бигузор ҳамеша модарони ба ҷону дил баробари мо тансиҳат бошанд ва ҳеҷ гоҳ рӯзи ғаму дасти камро набинанд.

Муаллифон: Бӯризода А.М., Аюбов Д.Қ.

Модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон

Модар! Дар умқи ин мафҳум манбаи меҳру муҳаббат, мазҳари хушгуфторию хушрафторӣ, ифодаи бузургию муҷассамаи хоксорӣ ниҳон аст. Модар - қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ буда, зиндагӣ аз ӯ ибтидо мегирад. Зан - модар таҷассумгари симои маънавию ахлоқӣ ва зоҳирию ботинии ҳар як миллату давлат, ҷомеаи мутамаддин буда, сатҳи хираду маърифат, дониш, камолоту пешрафт, гузашта, имрӯз ва ояндаи ҷомеаро инъикос менамояд.

Зан мӯъҷизаи илоҳист. Беҳуда нагуфтаанд: «Саодати зиндагӣ дар калимаи зан нуҳуфтааст».

Зан олиҳаест, ки дар садафи дили ӯ қимматтарин марворидҳои башар таҳияву такмил ёфтаанд. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршед аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад.

Ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистон мекунад. Худованд ба зан зебоӣ, иффат, дилрабоӣ, шуҷоат, садоқату ҳунармандӣ, меҳру муҳаббат, наслофарӣ ва фариштахӯиро эҳдо кардааст.

Чуноне, ки шоири тоҷик Муҳаммад Ғоиб мефармояд:

Қисмат ба тоқи хонаи ҳастӣ навиштааст,

Модар фаришта нест, баланд аз фаришта аст.

Тасбеҳи зиндагист, ҳама муҳраҳои меҳр,

Дурдонаи мароми ҳамин нармришта аст.

Вақте ки вожаи муқаддаси Модарро ба забон меорем, қабл аз ҳама, пеши назар симои ҷаззобу нуронии шахси бароямон ҳамеша азизу арҷманд, гаронмоятарин мавҷуди рӯйи замин ва сароғози ҳастии насли башар, сарчашмаи мусаффои меҳру муҳаббат, ягона шахси дар пастию баландиҳои рӯзгор барои инсон мунису ғамхор ва дар маҷмӯъ, офарандаву идомадиҳандаи зиндагии инсон ҷилвагар мешавад.

Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар ситоишу тавсифи зан чунин андешаронӣ кардааст: «зан қонуни пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббату дӯстӣ ва чашмаи бахшоиш аст». Ҳастии модар барои ҳар як шахс бахти бузургест, домони модар биҳишти воқеии ҳар як инсон аст. Аз ҳама шахси бахшоянда, меҳрубон, ғамхор, дуогӯ, мушфиқ, дӯстдорандаи фарзанд танҳо модар аст.

Ҳакиме дар бораи моҳияти зан овардааст: «Он лавҳ аз шишаест, ки шаффоф буда ва ботинашро метавонӣ бубинӣ. Агар бо мадоро бо ӯ муносибат кунӣ, дурахшҳояш афзун мешаванд ва сурати худро мисли ин ки дар он пинҳон шуда мебинӣ, аммо агар рӯзе онро шикастӣ, ҷамъ кардани шикастҳояш бар ту сахт мешавад ва агар аҳёно ҷамъаш кардӣ, беҳис бинӣ. Байни шикастҳояш фосила мемонад ва ҳар мавқеъ даст ба марҳалаи шикастагӣ бикашӣ, дастат захмӣ мешавад. Зан инчунин аст, пас онро нашикан».

Дар суханони ин ҳаким маъниҳои зиёде ҳаст, яъне зан бо нафосати худ мисли оина зебо, озода, тоза буда, зоҳиран шаффофу пок ҳаст, ки дар он тамоми зебоиҳои дунёро бубинӣ ва ботинан поку беолоиш аст, меҳрубонию муҳаббати хосаш дар умқи табиати худ қудрати бузурге дорад, ки бори дунёро мегунҷонад.

Табиист, ки фарзанд аз рӯзи таваллуд то лаҳзаҳои охири зиндагӣ ба ёди модар аст, зеро ҳар шахс роҳи рости ҳаёт, покизагию назокат, гуфтору рафтор,некиву накӯкорӣ, одобу муомила, вафодориро маҳз аз модар меомӯзад.

Дар тӯли таърих бархӯрди зану мард ва умуман инсонҳо дар ҳар кишвари дунё мухталиф буд. Ба таври мисол занон дар Чини Бостон ҳуқуқи дар ҳузури шавҳаронашон сарфи ғазоро надоштанд.

Дар Ҳиндустон занонро ба ҳайси каниз мешинохтанд, ё дар бисёре аз кишварҳо занонро зинда мегурониданд, хариду фурўши зан, туҳфа намудани он расми юнониҳову румиёни бостон буд. Вале, бо вуҷуди ин ҳама беадолатиҳо нисбати онҳо, занон пайваста мекушиданд, соҳиби ҳуқуқ будани худро исбот созанд. Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳама давру замон новобаста аз чигунагии шароити зиндагӣ ва равандҳои сиёсии ҳаёт бонувоне буданд, ки дар ҷомеа барои аз ҳуқуқҳои хеш ҳимоя кардан кушиш менамуданд.

Исбот кардан мехостанд, ки онҳо низ узви комилҳуқуқи ҷомеа маҳсуб меёбанд. Мо ифтихор аз он дорем, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол тамоми шароит барои фаъолияти озодонаи занону бонувон фароҳам оварда шудааст.

Месазад, ки мо бонувон бо пешниҳоди назар ва андешаҳои созандаи худ барои рушди соҳаҳои гунгогуни кишвари хеш саҳми арзанда гузорем.

Бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – дар самти баргузории барномаҳои давлатӣ оид ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа барои занон ва бонувони тоҷик дастгирии беандоза намудааст.

Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои кишвар қавитар гардид. Аз ҷумла Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 таҳти рақами №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва дар асоси ҳамин Фармон аз 1 марти соли 2005, таҳти №89 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробарии амали гардонидани онҳо» ба тавсиб расиданд.

Имрӯз аз ҳисоби занону духтарон кормандони олитахуссус хеле зиёд ба чашм мерасад, ки дар сохтор ва соҳаҳои гуногуни кишвар кору фаъолият мекунанд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 6-уми марти соли 2009 8-уми март «Рӯзи Модар» эълон гардид. Ин як падидаи тозае дар ҳаёти бонувони кишвар буд. Бонувон низ дар навбати худ аз ин иқдом ва ташаббусҳои сарвари давлат пуштибони намуда ҷавобан дар пешрафти кишвар ва суботу осоиштагӣ маҳорату донишҳои худро истифода мебаранд.

Ин ва чанд санадҳои ҳуқуқии дигар¸ барои пешрафт ва рушд намудани фаъолияти бонувони кишвар имрӯз амали шуда истодааст. То имрӯз дастовардҳои зиёде аз ҷониби бонувони кишвар ба чашм мерасад, ки ин ҳама аз шарофати истиқлолият аст.

Воқеан, имрӯз зани тоҷик дар раванди таҳкими давлатдории миллӣ рисолати нигаҳдории фарҳанг, забон, урфу одат ва анъанаҳо, рисолати ҳифзкунандаи муқаддасоти оила ва тарбияи фарзанд ва рисолати ходими фаъоли ҷамъиятию давлатиро адо намуда истодааст. Бонувони тоҷик дар соҳаҳои гуногун дар қатори мардон содиқона ва оқилонаву ҷасурона фаъолият карда истодааст.

Имрӯзҳо мақому манзалати занонро дар тамоми корҳои давлативу ҷамъиятӣ ба таври мусбӣ метавон зикр намуд. Иштироку саҳмгузории онҳо дар чорабиниҳои фарҳангию сиёсии кишвар ва берун аз он боиси ифтихор аст.

Бахшида ба ин саннаи фархундаи Рӯзи Модар тамоми модарону бонувони азизи кишварамонро барояшон умри дарози бобаракат, хушиву осудагии рўзгорро таманно мекунам. Барои модарон, ки қалбашон пур аз меҳр асту вафодорӣ ва ин меҳр мояи ҳастии ҳар яки мост аз забони шоир гуфтаниям:

Намехоҳам ба рӯяш гард бошад

Дилаш дар зиндагони сард бошад,

Тавалло дорам аз холиқи якто

Вуҷуди Модарам бе дард бошад.

Ман аз ҳастии ӯ шукрона дорам,

Ба мӯйҳои сафедаш шона дорам

Ба ҳар ҷое равам бо амри тақдир,

Бигӯям сарвате дар хона дорам.

Иброҳимова С. Ҳ. н.и.ф., ходими калони Шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Таърихи ҷашнгирии Иди занон бо номи Клара Сеткин алоқаманд буда, гурӯҳи инқилобии худро, ки аз занон иборат буд, барои мубориза бар зидди истисморгарон ташкил карда буд. Рӯзи байналхалқии занон дар аввал, Рӯзи мубориза бар зидди беҳуқуқии занон буд.

Ҳарчанд барои ин кор рӯзҳои бисёр сарф шуда буд, вале аъзои гурӯҳ ба қароре омаданд, ки рӯзеро чун Зодрӯзи «Пролетариати занон» ҷашн гиранд. Соли 1910 дар шаҳри Копенгагени Дания дар конфронси дувуми занони сотсиалист бо пешниҳоди Клара Сеткин қарори ҷашнгирии «Рӯзи муборизаи занон барои ҳуқуқҳояшон» қабул карда шуд. Дар он гуфта мешуд, ки ҳар сол бояд рӯзи занон ҷашн гирифта шавад ва он бояд «Пеш аз ҳама барои ташвиқи ба занон додани ҳуқуқи овоздиҳӣ» хизмат кунад.

Ҷашнгирии Иди бонувон чун даъвате ба муборизаи занон барои баробарҳуқуқӣ, қашшоқӣ, эҳтироми занон ва ҳуқуқ ба меҳнат буд. Бори аввал Рӯзи байналхалқии занон соли1911 дар Олмон, Австрия, Дания ва Швейтсария ҷашн гирифта шуд. Дар Россия Рӯзи байналхалқии занон маротибаи аввал соли 1913 дар Санкт-Петербург ҷашн гирифта шуд. Аз солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ, 8-уми март иди давлатӣ гардид. Дар моҳи марти соли1917 занон ҳуқуқи овоздиҳӣ пайдо карданд ва дар Сарқонуни соли1918 сиёсати баробарҳуқуқии занон акс ёфт ва дар ҳаёт татбиқ шуд. Оҳиста-оҳиста Рӯзи байналхалқии занон аҳамияти сиёсии худро гум кард. Аз соли 1965 бо қарори Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС он рӯзи ғайрикорӣ гардид.
Аз соли 1975 Созмони Милали Муттаҳид, аз сабаби Соли байналхалқии Занон буданаш, 8-уми мартро чун Рӯзи байналхалқии занон эълон намуд. Дар Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои собиқ ИҶШС анъана шудааст, ки дар ин рӯз занон аз мардон таваҷҷӯҳ, гул ва тӯҳфаҳо интизоранд. Дар оилаҳои шаҳрвандон ба модарону занон тӯҳфаҳо супорида мешаванд. Рӯзи 8-уми мартро ҳамчун санади эҳтиром ба ҳамон ҷашнвораи миллии ниёгони шарафманди мо "Рӯзи Модар" эълон намуданд. Тадбири мазкур аз сӯи дигар бар он ишорат мекунад, ки дар низоми сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ беҳтарин анъана ва суннатҳои фарҳанги қадимаи миллии мо мавриди татбиқ қарор гирифта, мақоми бонувон бар асоси ситоишномаҳои донишварону соҳибназарон дар ҷойгоҳи хосае қарор гирифтааст. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии Зан-Модар вобаста аст. Зани тоҷик, ки намунаи олитаринизан-модар аст, дар доираи модарсолорӣ аз аввал то имрӯз боқӣ мондааст. Рисолати аслии зани тоҷик сабурии ӯст. Зан-модари тоҷик заҳматкашу меҳнатқарин буду ҳаст ва мемонад.

Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст. Ҳар чӣ ки дар рӯйи замин дорем, ҳатто ҷони азизи худро лозим шавад, тайёрем барояш фидо созем. Рӯзи 8-уми мартро ҳамчун санади эҳтиром ба ҳамон ҷашнвораи миллии ниёгони шарафманди мо “Рӯзи Модар” эълон намуданд. Тадбири мазкур аз сӯи дигар бар он ишорат мекунад, ки дар низоми сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ беҳтарин анъана ва суннатҳои фарҳанги қадимаи миллии мо мавриди татбиқ қарор гирифта, мақоми бонувон бар асоси ситоишномаҳои донишварону соҳибназарон дар ҷойгоҳи хоссае қарор гирифтааст. Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро, меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда. Навозиши дастони модар барои фарзанд беҳтарин истироҳат аст, новобаста ба синну сол.

Модар - калимае мебошад, ки ҳамагӣ аз панҷ ҳарф таркиб ёфтааст. Вале дар мазмуну мӯҳтавои он як ҷаҳон маънӣ, шукӯҳу шаҳомат нуҳуфта аст, ки дар тасвирашон садҳо достону романҳо офарида ва ғазалу таронаҳо сароида шуданд. Ин мафҳум барои ҳар як инсон ончунон азизу муқаддас аст, ки барои ҳифзи ҷону нангу номусаш фарзандони арзанда ҷони худро дареғ намедоранд! Бузургии Зан-Модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Расулов Т.М. номзади илмҳои иқтисодӣ, Муассисаи давалатии Маркази таҳқиқоти технологияҳои инновасионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Соли 2024 бо ташаббус ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30-юмин солгарди қабули санади тақдирсози миллат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд ва ба ин муносибат соли «Маърифати ҳуқуқӣ» эълон шуда, таваҷҷуҳ ба ин масъала мубрамияти хоса касб кард.

Пешвои муаззами миллат, воқеан нақши таърихии Конститутсияро дар ташаккул ва рушди далватдории нави миллии Тоҷикистон дурурст арзёбӣ намуда дар Паёми худ аз 28 декабри соли 2023 таъкид карданд, ки «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».

Тоҷикистон бо қабули Конститутсия, чун давлати демократӣ, ҳуқуқ­бунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ ва ягона шоҳроҳи давлатдорию, сохтори давлатӣ, табиати қудратофарию реҷаи сиёсии ояндаи худро ба ҷаҳониён мисли ташкили як ҷомеаи сиёсии адолатпаравару давлати намунавии инсондӯст ва сулҳхоҳ муаррифӣ намуд. Интихоби ҳар яке аз ин роҳҳо бо таҳлили чуқури авзои сиёсии кишвар ва ҷаҳон дар мувозонаи манфиатҳои миллӣ, арзишҳои таърихӣ ва ҳамоиши мавзуни онҳо бо арзишҳои башарӣ дар партави Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ ва ҳуқуқӣ сурат гирифт.

Имсол моҳи апрел аз оғози фаъолияти яке аз рукнҳои Конститутсия, шохаи ҳокимияти қонунгузор, аввалин иҷлосияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати якум 30 сол пур мешавад. Бояд қайд кард, ки дар раванди таъмини сулҳу субот, ризоияти саросарии ҷомеа, ваҳдату ягонагӣ, вусъати худогоҳиву худшиносӣ, иҷлосияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати якум, ифтихору ҳувияти миллӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ ва ба сулҳу ваҳдат даъват кардани халқи тоҷик нақши муассир дошт, ки дар ҳамин замина минбаъд ташаккули андешаи созанда ва муосири миллии мо тадриҷан шурӯъ гардида Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.

Албатта, ин ҳама даствовардҳо ва музаффариятҳо бемушкилию қурбониҳо, осон ба даст наомад. Гузашта аз он тоҷикон бо вуҷуди дастоварду музаффариятҳояшон дар рӯзгори беш аз се даҳсолаи охир, ҳанӯз вазифаю масъулиятҳои зиёди то охир ҳазмношударо дороанд, ки фаҳму ҳалли онҳо таъсири мустақим ба ободии ватан ва рушди давлатдори тавъам аст.

Дар давраи соҳибихтиёрӣ, ки тоҷикон бо роҳбарии Пешвои худ ба музаффарияти бузурги соҳибистиқлолӣ ноил шуданд, бо ҳама пастию баландиҳояш, воқеан як даврони хотирмону ҳикматомӯзи таърихист, ки қадру манзалат ва асрору бузургии он бо мурури замон ва гузашти рӯзгор фарохтар, азимтар ва пурҷилотар эҳсос хоҳад шуд. Ҳар қадаре, ки таърих моро аз ин санаҳои таърихӣ дур менамояд, ба ҳамон андоза қадр ва манзалати он дар рӯзгори наслҳои оянда азимтару бошукуҳтар намудор мегардад. Ин амри табиӣ аст, зеро шохаи ҳокимияти олии қонунгузории навини мо маҳз аз ҳамин нукта оғоз меёбад ва маҳз дар домони ҳамин муборизаҳои сиёсӣ ташаккул меёбад ва аз майдони нофаҳмиҳо ва муноқишаҳо то ба домони ватандорӣ, худшиносӣ ва қонунэҷодкунӣ ҳаракат мекунад.

Дуруст аст, ки проблемаҳо, душвориҳо ва масъалаҳои зиёди ҳалталабе, вобаста ба шароиту замону макон пайваста давлати моро дар пешорӯи бӯҳронҳои вазнини сиёсию ҳуқуқӣ ва иқти­содию иҷтимоӣ қарор дода, масъалаҳои ҳалталаб ҳалли оҷилии худро дар доираи манфиатҳои миллӣ масъалагузорӣ намуда, ба мазмуни давлатдорию ташаккули ҳуқуқи миллии мо бо мурури замон махсусиятҳою аломатҳои фарқкунандаро ворид менамуд. Аммо, кордонию таҳаммулпазирӣ, хирадмандию дурандешии Роҳбари муаззами мо ба сони Пешвои асили миллӣ тавонист ҳамеша ин мушкилу ноҳамвориҳои иҷтимоию иқтисодиро ҳамчун имконҳои нави рушди мафкураи миллӣ ба майдони ташаккули ҷомеаи навини мо ба маърази муборизаи созандагию ободкориҳои миллӣ кашад.

Воқеан шарафёбӣ ба ин ифтихороти таърихӣ дар он сурат имкон дорад, ки агар мо ва наслҳои ояндаамон мисли ҳамон халқиятҳои пешрафта тавонем атрофи арзишҳои меҳварии Конститутсия ба монанди аввалин иҷлосияи Маҷлиси Олӣ ва дигар дастовардҳои бунёдии миллатамон, пайваста устувору муттаҳид буда, андеша ва амалҳои Пешвоямонро, дар масири рӯзгори имрӯзи худ ва ояндагон азизу муҳтарам дошта, арҷгузорӣ ва пайравӣ намоем.

Ба вижа қадршиносӣ ва эҳтиром аз дастоврадҳои бунёдии халқ ба сони Истиқлол, Конститутсия ва рукнҳои он ба мисли аввалин иҷлосияи Маҷлиси Олӣ, Ваҳдати миллӣ, Адолати иҷтимоӣ, Эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, риояи қонунҳои миллӣ ва ғ. ба сони орзуву омол ва одати зиндагии мардум табдил ёбад. Махсусан, қадршиносӣ аз Конститутсия ва таҷзияи ҳокимият, ки инъикоси ҳастии давлат аст, мояи устуворӣ ва пурқувватии сиёсии ҷомеа хоҳад буд. Зеро давлат устувории худро дар устувории меъёрҳои конститутсия ҳамчун тору пуди васлшавандаи сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ пайдо хоҳад кард.

Конститутсия дар мисоли аввалин Иҷлосияи Маҷлиси Олӣ дар тули сӣ сол на танҳо заминаи бунёдии ҳуқуқии роҳи ягона ва асосии халосии давлат ва миллат аз кашмакашию нооромиҳо гашт, балки ба ҳайси як ҳуҷҷати тақдирсози миллӣ ягонагии мардумро дар харитаи сиёсии ҷаҳон чун давлати мустақили Тоҷи­кистон муаррифӣ кард.

Масъалаҳои тайи бештар аз си соли иқтиқлол ва си соли таҷрибаи Парламентсолории навин паси сар шуда, ҳамагӣ собит менамоянд, ки роҳ дар бунёди давлати ободу зебо бо асосҳои сохтори Конститутсиониаш кори саҳл набудааст.

Дар ин ҷо нақши Маҷлиси Олӣ дар барқарорсозии рукнҳои давлатӣ, бо қабули қонунҳои конститутсинӣ ва қонунҳои дигар, ки тавассути онҳо асосҳои сохтори давлати фаъолият менамоянд таҳия ва қабул гардидаанд, бениҳоят калон аст.Қонунҳои зерини дар иҷлосия якум қабул гардида аз қабили инҳоянд; Қонунҳои Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи статуси вакили халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъи фавқулодда», ва дигар қонунҳо қабул карда шуданд, ки шаҳодат аз тантанаву волоияти қонун буда, ҳамагонро дар Ҷумҳурӣ ба кору фаъолият дар доираи қонун ҳидоят менамуданд.

Дар ин замина адолатхоҳ будани сифати ҳуқуқии конститутсия ва шохаҳои он ба мо кӯмак намуда, бо ислоҳотиҳои конститутсионӣ (солҳои 1999,аз он ҷумла гузаштан ба Парламенти касбӣ, тағиротҳои дигари солҳои 2003 ва 2016) тавонист халқи моро бо сарбаландӣ ба касбияти қонунэҷодкунӣ ва сатҳу сифати нави зиндагӣ ҳидоят намояд.

Таҷрибаи истиқлолият собит сохт, ки ҳар як аз равандҳои давлатсозӣ таҳлили амиқи илмиро аз назари иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ талаб намуда, ҳамзамон инқилоби илмии фанҳои ҷамъиятию дақиқро дар сатҳи донишгоҳҳою сохторҳои илмии кишвар хостор аст. Насли нави донишманд, хирадманд, техноложӣ, мафкурасози давлатмеҳвар барои рушди давлати миллӣ ногузир шудааст. Дар баробари ин барои насли нав зарур аст, ки ба чанд масъалаҳои меҳварии рушди давлатдорӣ таваҷҷуҳи хос дода, вазифаҳои аввилиндараҷаи давлатдориро бо рисолати таърихӣ бояд дарк ва ҳазм намоянд.

Бо дарки ин масъулиятҳои шаҳрвандӣ, бо эҳсоси фараҳмандӣ аз шаҳрвандии ин кишвари тозаистиқлол, бо шарофатмандӣ аз пайраву дастпарвари мактаби сиёсии Пешвои миллат будан, бо эҳсоси решаи ғании фарҳанги миллӣ ва таҷрибаи бойи давлатдории ниёгон, бо дарки вазифаю масъулиятдорӣ назди бузургони гузашта ва эҳсоси ҷавобгарӣ дар назди наслҳои оянда, аз ҷумла наберагону аберагонамон, зарур шуморидем, ки ба яке аз ин шоҳсутунҳои пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллиамон – Конститутсия дар симои Президент, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумат ва ҳокимияти судӣ андешаҳои худро дар ҳамбастагӣ бо назари бузургони илми ҳуқуқ дар партави давлатсозии миллиамон баён намуда бошем.

Бошад, ки ин гуфтаҳо то ҳадде барои мафкураи миллии мо ва васлияти он бо амалияи ҳуқуқӣ мутобиқ ба талаботи арзишҳои конститутсионӣ хидмат намояд.

Хулоса ин аст, ки миёни ҳама дастовардҳои истиқлолият Конститутсия ва шохаҳои он, аз он ҷумла мақомоти олии қонунгузории кишвар мавқеи хосаи сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва васлгарии арзишҳои бунёдии соҳибистиқлолии давлатро дорад.

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт – Президенти АМИТ, профессор

13123Бо ташаббус ва пешн­иҳоди бевоситаи Асос­гузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои милл­ат, Президенти кишва­р, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз соли 2009 – 8 март ҳамчун “Рӯзи иди модар” таҷлил карда мешавад ва ин басо рамзист, зеро ҳаёт аз модар сарчашма мегирад.

Боиси хурсандӣ аст, ки ҳамасола дар оғози фасли зебои баҳор, ҷашни фархундаи Рӯзи Модар таҷлил карда мешавад.

Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба ӯ меомӯзад ва бо ҳазор нияту орзуҳои нек ӯро ба воя мерасонад.

Имрӯзҳо бо саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши бонувону духтарони тоҷик дар ҷомеа баланд гардида, онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона кору фаъолият менамоянд ва бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлатамон саъю талош мекунанд.

Дастгирии занону духтарон ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеа дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 таъкид гардид. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки “…занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Мо минбаъд низ дастгирии занону духтаронро густариш бахшида, ташаббусҳои созандаи онҳоро дастгирӣ менамоем”.

Ба таъбири дигар за­н-модар олиҳаи зебоӣ, манбаи меҳру муҳаб­бат ва раҳму шафқат буда, ҷаҳонро бо озо­дагиву нафосат ва на­зокату малоҳати худ рӯҳи тоза мебахшад.

Тамоми таърихи инсон­ият маҳсули офаридго­рии зан-модар аст. Бузургтарин шахсиятҳои таърихӣ, арбобони давлату сиёсат, илму фарҳанг, адабиёту ҳунар тарбиятдидаву тарбиятгирифтаи зан-м­одар будаанд. Чуноне, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳ­мон қайд менамоянд: «Имрӯз ҷомеаи Тоҷики­стон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки си­ёсатмадори шинохта, донишманди асил, сар­вари муваффақ, соҳиб­кори саховатпеша, та­биби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номд­ор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубон­ро мебинад, ки ин мо­яи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад».

Имрӯз модари тоҷик бо сари баланд ифтих­ор дорад, ки ба мона­нди Абуабдуллоҳи Рӯд­акӣ, Абулқосим Фирда­всӣ, Абулфазли Балъа­мӣ, Абуалӣ Ибни Сино, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шеро­зӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абд­улқодири Бедил, Аҳма­ди Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуро­в, Мирзо Турсунзода, Эмомалӣ Раҳмон ва садҳо дигар фарзандони фарзона, нобиғагони бузург ва номбардо­рони миллатро ба дунё овардааст:

Туӣ пирам, туӣ тадби­ри пирам,

Дуоям кун, дуоятро бигирам.

Намемирӣ ту, эй мод­ар, агар ман,

Барои модари миллат бимирам.

Маҳз ҳамин аст, ки ашъори зиёди гузаштаг­они номдори мо ба зе­боиву назокат, ҳусну малоҳати занону дух­тарони тоҷик бахшида шуда, дар давоми са­дсолаҳо вирди забон гардидаанд:

Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан!

Сутуни гунбади мино­ӣ, эй зан!

На танҳо қалъаи дил­ҳоӣ, эй зан,

Ки ҳатто қалъаи дун­ёӣ, эй зан!

Бояд зикр кард, ки дар тамоми давраҳои таърихии миллатамон қадру қиммати зани то­ҷик ҳамеша баланд буд ва нақши он дар ин­кишофи тамаддуни фар­ҳанги миллӣ басо буз­ург аст. «Таърих номи олиҳаи зебоӣ ва ҷа­сорат Гурдофариди са­фшикан, номи занҳои муборизу ватанпарвар Томирису Рухшонаю Маликаи Бухорхудот ва садҳо дигар модарону хоҳарони моро ёд дорад, ки барои истиқ­лолу озодии мардум ва сарзамини худ бо аҷнабиён талош кардаа­нд».

Оре, сарчашмаи тамо­ми музаффариятҳои мо модарон низ будаанд. Беҳуда нагуфтаанд: «Вақте ки мо писарро тарбия мекунем, мо як мардро ба воя ме­расонем, аммо вақте ки духтарро ба камол мерасонем, миллат ба камол мерасад».

Бо ташаббус ва даст­гирии бевоситаи Пешв­ои миллат имрӯзҳо як қатор тадбирҳои муш­аххас, аз ҷумла, қаб­ул гардидани барномаи давлатӣ оид ба ҷоб­аҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занон, бунёди хобгоҳҳо барои дон­ишҷӯдухтарони лаёқат­манди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ҷудо намуд­ани грантҳои президе­нтӣ барои сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва даҳҳо масоили дигари занони замони мо ам­алӣ шуда-истодааст.

Бузургии Зан-Модар дар мақому манзалат ва хислатҳои ӯ таҷас­сум меёбад. Агар чун­ин намебуд, дар кито­би муқаддаси Қуръони маҷид яке аз сураҳои калонтарин, яъне Нисо, ки саросар дар бораи зан ва ҳуқуқҳои ӯст, оят нозил нам­ешуд.

Убайдулло М.О - ходими калони илмӣ Маркази инноватсионии биология ва тиб

Ҳеҷ шоир мисли модар ин қадар бедор нест,

Дар сари гаҳвораи шеъраш чунин афгор нест.

Ҳаст ҳар як сатри шоир қатрае аз хуни дил,

Ҳамчунон модар, вале ӯро дили хунбор нест.

Модар! Дар зери ин панҷ ҳарф чӣ қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву муҷассамаи ҳоксорӣ ниҳон аст. Дар олам муқаддастар аз модар мавҷудоте нест. Оре, маҳз бо туфайли ҷонкоҳонии модар мо ба дунё омада, одам ном гирифтем. Аз ин ҷост, ки мо ӯро муқаддас мешуморему дар лаҳзаҳои душвортарин номашро ба забон мегирему мегӯем: Модарам! Модарҷонам!

Меҳру муҳаббату самимияти модар ва шабзиндадориҳои модар ин ҳамаро бо ҳеҷ чиз баробар натавон кард. Модар ҳаст, ки мо ҳастему ҳаёт ҳаст. Кист он касе, ки аллаи модаро нашунида бошад, аз шири сафеди ӯ баҳра наёфта бошад.

Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Чи тавре ки бузургон гуфтаанд.

“Чаҳор чиз саодати шахс аст: ҳамсари шоиста, фарзандони хайрхоҳ, рафиқони хуб ва рӯзӣ дар Ватан”.

Ба ин маънӣ, занону модарон ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода созанд. Зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим ба қадру манзалати падару модар, Ватан ва таъриху тамаддуни миллат мерасад ва барои давлату миллати худ хизмат мекунад.

Ин масъулияти бузург модаронро вазифадор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзандони худ онҳоро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳомии марзу бум тарбия намоянд.

Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст. Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад.

Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст. Ҳар як модари барои фарзанд гиромитарин ва наздиктарин инсон ҳастанд. Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда.

Hавозиши дастони модар беҳтарин истироҳат аст барои фарзанд, новобаста ба синну сол. Модар бузург аст. Бузургии модар дар он аст, ки бузургтарин неъмати дунё – фарзандро ба дунё меорад. Шабу рӯз дар фикри он аст, ки фарзанд бузург, донишманд, ҳунарманд шавад ва барои ҷомеа инсони саҳмгузор гардад.

Вақте, ки фарзандаш 1-2 сола мешавад, модар ба вай аввалин калимаҳоро ёд медиҳад. Вақте ки фарзанд калимаҳоро аз бар карда натавонад, модари бузург бо вай пайваста калимаҳоро такрор карда, омӯхтани онро мусоидат менамояд, то ки фарзанд сухан карданро ёд гирад, тарзи озодона сухан карданро аз худ намояд ва дар синни 3-4 солагӣ ба ӯ тарзи рафтору кирдор ва ба калонсолон чӣ тавр суханронӣ намуданро нишон медиҳад.

Дар ҳаққи модарон чӣ қадар сухан гӯем кам аст… онҳо хеле бузурганд!

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст

Дар зери қудуми Модарон аст.

Маҳмадулоева Н.М. Лаборанти калони шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқи ИФСҲ-и АМИТ

Душанбе – яке аз калонтарин шаҳри Тоҷикистон ва пойтахти бошукӯҳи он буда, маркази сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии кишвар аст. Майдонҳои таърихӣ ва осорхонаҳои қадимии он дар бораи ҳаёти тамаддунҳое, ки ҳазорсолаҳо пеш дар қаламрави шаҳр зиндагӣ мекарданд, нақл мекунанд. Дар соҳили Душанбе ҳанӯз дар асри сеюм ва шояд ҳатто дар асри чоруми пеш аз милод як шаҳри қадимӣ пайдо шуд, ки андозаи он дар замони Кушониён - дар марзи даврони мо ва баъдтар барои шаҳри замони худ муқаррарӣ буд ва бозёфтҳои зарфҳои антиқӣ дар дигар ноҳияҳои Душанбе ба он ишора мекунанд, ки дар паси деворҳои шаҳр шаҳракҳои деҳотӣ низ мавҷуд буданд.

Ҳудуди Душанбе ва музофоти атрофи он дар асрҳои миёна бо номи шаҳр ва вилояти Шумон ёд шудааст. Дар рисолаи «Ҳудуд-ул-олам» (982-983) ин макон чунин тасвир шудааст: «Шумон шаҳрест устувор ва гирди ӯро кӯҳҳо иҳота кардаанд, андар миёни он рӯди бузург аст ва аз вай заъфарон хезад».

Аввалин зикри хаттӣ дар бораи деҳаи Душанбе дар охири соли 1676 ба қайд гирифта шудааст. Он дар чорроҳаи роҳҳо пайдо шуда, рӯзҳои душанбе дар ин ҷо бозори калон мегузашт, ки аз ин рӯ чунин номгузорӣ шудааст. Дар деҳа зиёда аз500 хонавода ва тақрибан8000 нафар зиндагӣ мекарданд.

Тибқи иттилои муаррихон соли 1747 Душанбе дар ҳайати бекигарии Ҳисор ба Аморати Бухоро тобеъ мегардад. Дар давраҳои минбаъда бекигарии Ҳисор аксар вақт сиёсати мустақилонаи худро пеш бурда, ба марказ кам итоат мекард. Ҷангҳои феодалии ин давра барои марказонидани минтақаҳои саркаш боиси харобии шаҳру деҳот мегардид. Метавон гуфт, ки ин боис шуд то дар асри XIX Душанбе якчанд маротиба мавриди тохтутоз қарор гирад. Аз ҷумла дар солҳои 40-уми асри XIX шаҳр ду маротиба: аввал аз ҷониби беки Дарвоз –Исмоилхон, сипас аз ҷониби ҳокими Балҷувону Кулоб – Мизробшо вайрон карда мешавад.

Соли 1826 шаҳр Душанбе-Қурғон ном доштва нахустин харита бо нишондоди шаҳри Душанбе соли1875 тартиб дода шудааст. Он вақт шаҳр як қалъа дар соҳили канори кӯҳ буд, ки 10 000 нафар аҳолӣ дошт. Маҳаллаҳои шаҳр ҳам аз рӯи мансубияти касбии устодон ва ҳам аз рӯи ҷамоатҳои миллӣ тақсим карда шуданд. Марказҳои ҳаёти ҷамъиятӣ корвонсаройҳо буданд.

Имрӯз Душанбе пойтахти муосири ҷаҳон, шаҳри офтобӣ бо инфрасохтори рушдёфта мебошад, ки он аз рӯи шумораи кӯчаҳо, хиёбонҳо, майдонҳое, ки бо номи шоирону нависандагон номгузорӣ шудаанд, пешқадам аст, ки ин бори дигар хотираи амиқи таърихии тоҷиконро тасдиқ мекунад.

Душанбе оинаест, ки дар он таърихи ҳаёти халқи тоҷик ва давлати тоҷикон инъикос меёбад. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду пешрафти Пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун маркази маъмурӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Дар эътирофи саҳми барҷастаи шаҳр дар таҳкими арзишҳои сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамбастагӣ дар ҳаёти ҳаррӯза4 августи соли 2004 Бо қарори ЮНЕСКО ба Душанбе Ҷоизаи Якуми "Шаҳри Сулҳ"-и минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором барои солҳои2003-2004 дода шуд.

Бояд гуфт, ки рушди босуботи пойтахти азизамон аз заҳмату корнамоиҳои раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ далолат мекунад. Соли 2021 пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон шуда буд, ки дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маросими ифтитоҳи расмии эълон гардидани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” баргузор гардида буд, ки дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бародаршаҳрҳо, корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии муқими шаҳри Душанбе, роҳбарияти вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, раёсату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, коршиносон, ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуда буданд. Котиби Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бекетжан Жумангулов ва директори иҷроияи Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ Анатолий Иксанов дар бораи таърих ва аҳамияти барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод” суханронӣ намуда, Сертификати махсуси “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021”-ро ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ супорида буданд.

Ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи пойтахт ҳамчун иди давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Он барои мардум аҳамияти таърихӣ ва фарҳангӣ дошта, рамзи дастовардҳои бузург аст, ки дар сиву се соли охир беҳисобанд. Муҳимтарини онҳо сулҳ, субот ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки аз ҷониби нерӯҳои солими ҷомеа таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст.

Давлатова Фарида, - ходими хурди илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳре аст, ки имрӯз ба маркази бузурги чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ин шаҳр дорои марказҳои илмӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва идории муҳимтарин дар кишвар мебошад. Илова аз ин дар шаҳри Душанбе бузургтарин ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд.

Душанбе калонтарин шаҳри Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорои чаҳор ноҳияи маъмурӣ: Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Сино мебошад. Имрӯз, ин шаҳр дар як муддати кӯтоҳ пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, ба яке аз шаҳрҳои зебои ҷаҳон табдил ёфтааст. Ҳамзамон ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои гуногун, махсусан кишварҳои Ховари Миёна, боиси тавсеа ёфтани равобити бародаршаҳрии Душанбе бо онҳо гаштааст, ки равобитро бо кишварҳои хориҷӣ хеле афзудааст.

Дар айни замон Душанбе бо 18 шаҳри давлатҳои Осиё, Аврупо, Амрико, Африқо ва ИДМ бародаршаҳр мебошад. Ин бародаршаҳрҳо шомили Санъо (Ҷумҳурии Яман), Лоҳур (Ҷумҳурии Исломии Покистон), Теҳрон ва Шероз (Ҷумҳурии Исломии Эрон), Мазори Шариф (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон), Урумчӣ, Сямэн, Чиндао ва Музофоти Хайнан (Ҷумҳурии Мардумии Чин), Анқара(Ҷумҳурии Туркия), Клагенфурт(Ҷумҳурии Австрия), Ройтлинген(Олмон), Боулдер(ИМА), Монастир(Тунис), Лусака(Замбия), Ашқобод(Ҷумҳурии Туркманистон), Санкт-Петербург (Федератсияи Россия) ва Минск (Беларус) мебошанд.

Иқдомҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ назаррас буда, ин раванд яке аз роҳҳои муаррифии шаҳри Душанбе ва дигар мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон барои ҷомеаи ҷаҳон мебошад. Ҳолометавон гуфт, ки Душанбеи навини Тоҷикистон бо кӯшиш ва талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба симои расмии Ватани азизамон табдил гардида, таҳти роҳбарии шаҳрдори ҷавонаш муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахт ба шаҳри пешрафта бо инфрасохтори муосир ва мувофиқ барои шаҳрдорӣ ва шаҳрнишинӣ табдил шудааст.

Зикр намудан ба маврид аст, ки дар шаҳри Душанбе як қатор мушкилотҳои сатҳи байналмилалӣ баррасӣ ва роҳи ҳалли худро меёбанд, ки яке аз ин падидаҳо дар ҷаҳони муосир ин мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм мебошад, ки вобаста ба ин масъалаи мубрам чандин мартоиба ҳамоишҳову конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ баргузор гардид. Ин зуҳурот, бо таваҷҷӯҳ ба хатарҳои глобалӣ, тамоми ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш ва нигаронӣ овардааст. Бо дарназардошти чунин вазъият, моҳи майи соли 2018, бо ташаббуси Тоҷикистонва дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳо ва сарони кишварҳои ҷаҳон, дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» баргузор гардид, ки онро «Раванди Душанбе» номиданд. Дар оянда, «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» ҳамчун платформаи муҳим барои ҳамкории созанда ва судманд байни ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор барои таҳкими амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ хизмат хоҳад кард. Номбар кардан зарур аст, ки намояндагони Ӯзбекистон, Тунис, Испания, Шри-Ланка, Кирибати, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Чин, Марокаш ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар СММ дар баромадҳои худ дар брифинг, саҳм ва ташаббусҳои байналмилалӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ муҳим арзёбӣ карданд. Онҳо иқдоми навбатии кишвари моро оид ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд муҳим ва саривақтӣ хонданд.

Ҳамчунин, яке аз масъалаҳои муҳимми ҷомеъаи ҷаҳонӣ ин масъалаи об мебошад. Дар моҳи июни соли 2024 даршаҳри Душанбе Конфронси сеюми байналмилалӣ дар соҳаи об баргузор гардид. Ин вохӯрӣ масъулиятҳои навро ба миён овард, ки дар он ҳамкориҳо дар самти об ва ҳифзи пиряхҳо, баррасии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хавфу хатарҳои офатҳои табиӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда идома ёфт ва барои тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи «Раванди оби Душанбе», тадбирҳои зарурӣ андешида шуд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо сокинони шаҳри Душанбе дар атрофи давлат ва Ҳукумати кишвар сарҷамъ омада, барои пойдории оромӣ, амният ва зиндагии шоиста кӯшиш намуда истода, барои ҳифзи дастовардҳои нав дар замони соҳибистиқлолӣ ва хизматҳои шоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори ҷавонамон муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои расидан ба уфуқҳои тозаи пешравиҳо ҳамқадаму ҳамфикру ҳаммароманд. Онҳо бо садоқат ва муҳаббат ба миллат ва давлат, барои таҳкими амният, осудагии халқ, рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, инчунин боз ҳам баланд бардоштани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ талош мекунанд.

Одинаев Абдуҳалим, - ходими пешбари илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Subscribe to Мақолаҳо